Устод Садриддин Айнӣ (15.04.1878 – 15.07.1954) аз нависандагон ва муҳаққиқони бузурги Машриқзамин буда, дар баробари осори бадеии мансуру манзум аз худ мероси бои илмӣ ба баъдинагон гузоштааст. Агар вай адабиёти баъдазинқилобии моро аз солҳои 20-уми асри гузашта, зимни истифода аз мероси ғании адабиёти пешинаамон ба чаҳорчӯбаи лозима дароварда, ба он ним аср ҳодию раҳнамо шуда бошад, пас дар ҷодаи илми замон ҳам ҳамон қадар заҳматро бар дӯш дошт. Бояд гуфт, ки корҳои тадқиқотии Садриддин Айнӣ дар нимаи авали асри XX дар соҳаи маориф, таърихшиносӣ, кишваршиносӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ илми тоҷикро, фарҳанги тоҷикро ҳар чӣ бештар аз пештар ҳам ба худамон ва ҳам ба ниёзмандони ин адабу фарҳанг муаррифӣ намуда тавонист.
Рӯдакишиносӣ то ба имрӯз тавонистааст ба масоили зиёди хираву норавшан ва баҳсталаби замон, рӯзгор ва осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дахл намуда, дар заминаи боэътимодтарин маъхазҳои дастрас иддае аз дастовардҳоро бар манфиати илм пешкаши аҳли таҳқиқ гардонад, то дубора ба онҳо баргаштану баъдинагонро ба каҷфаҳмиҳо кашидан зарурате пеш наояд. Дар ин ҷо масъалаи зодгоҳи устоди шеъру адаби форсизабонон, кӯри модарзод будан ё набудани Одамушшуаро, андешаҳои дарҳамбарҳами аз дарбор ронда шудани шоир, баҳсҳои то ҷойе баъзан бебунёд роҷеъ ба теъдоди абёти осори ӯ, дурустхонии баъзе аз абёти бозмондаи устод аз нусахи қаламӣ ва ғайра дар назар аст. Беҳтар он ки дар ин ҷода пеш аз ба рӯдакишиносӣ рӯй овардан аз он ҳама огоҳӣ дошта бошем ва бо навҷӯйиву навгӯйӣ ба майдон бароем. Дар ғайри он ҳаваскорона ба рӯзгору осори устод муроҷиат намудану масоили ҳалшударо, то дарёфти маъхазҳои тозаву муътамад, дигарбора ба саҳнаи баҳси илмӣ кашидан чӣ маънӣ дорад?
Мудирият иборат аз анҷом додани кор ба василаи дигарон аст. Мудирият илм аст ва он аз ҷумлаи улуми иҷтимоӣ буда, дар он масоили марбут ба ҷомеа, мутобиқ ба хусусиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа мавриди мутолиа қарор дода мешавад, ки роҳ ва равиши расидан ба ҳадафҳои идораро ба сурати умум танзим менамояд. Мудирият иборат аз ҳунарест, зеро ҳунар иборат аз маҳорат дар анҷоми корест, ки ба василаи таҷрибаи такрор ва мушоҳида ба даст омада бошад. Пас, дар мудирият ҳам таҷриба, ҳам назария ва рукни саввумии асос низ шомил мегардад, зеро агар шахс дорои таҷриба ва таҳсил бошаду агар эҳсоси анҷом додани кор дар ӯ набошад, мудириятро беҳтар анҷом дода наметавонад.
Дар мақола дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс дар давраи Истиқлол сухан меравад. Ҳамчунин масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф ба натиҷае расидааст, ки дар ин давра Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон вусъат пайдо карда, ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқии он амиқтар шудааст.