Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, бавижа дар кишварҳои мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Суистифода аз дини ислом, парокандани тухми кинаву адовати мазҳабӣ, нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои Ховари Миёна барои таҳиягарони сенарияҳои сиёсӣ ба ҳайси абзори асосӣ хидмат мекунад. Зиёда аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллии мардум низомҳои динӣ - мазҳабӣ дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд ва сохтори сиёсӣ бар асоси сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ татбиқ мешавад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, профессор Аслиддин Низомов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Саразм - оғози тамаддун» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ташаккулу таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл, тафаккури эҷодию воқеӣ - реалистии мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва тафаккури сиёсию дунявиро таҳкиму тақвият бахшидаанд.
Представьте себе такое утро. Вы только что проснулись и, лежа в постели, вы решаете встать и понимаете, что не можете двигать ни одной частью тела. Вы пытаетесь двигать пальцем, но не можете. Вы паникуете и, желая позвать на помощь, пытаетесь кричать, но не можете открыть рот. Чувствуя интенсивный вес на груди, дыхание становится тяжелым. Вы ощущаете чье-то присутствие в комнате и погружаетесь в чувство, будто вы умираете.