JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи  адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)

   Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ҷашни мелод доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, устод Асрори Раҳмонфар)

   Субҳи барвақти 14 – уми феврали соли ҷорӣ хабари даргузашти бармаҳали шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, Асрори Раҳмонфарро шунида сахт андуҳгин шудем. Устод Раҳмонфар, ки бо тахаллуси Сосонӣ шеъру таронаҳои зиёде ба нашр расондааст, солҳои дарозест дар ҷабҳаи илму адабиёти миллӣ заҳмат кашида, то ба дараҷаи як муҳаққиқ ва шоири баркамол расидааст. Дар баробари  омӯзишу таҳқиқ Устод Раҳмонфар умре ба шеър ва адабиёт сару кор дошт ва ҳамчун муҳаққиқу шоири варзида миёни доираҳои илмию адабии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Асосгузори маҳфили “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода, ки бо марҳум ифтихори дӯстию ошноӣ дошт, ёддоштеро дар робита бо ин шахсияти фарҳехтаи миллӣ доимо ба забон меоварад, ки мазмунан чунин аст: аёми донишҷӯӣ, тибқи муқаррароти замонӣ, донишҷӯёнро ба маъракаи пунбағундорӣ ба водии Ҳисор ҷалб кардаанд.

  Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён иштирок намуданд.  Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷанбаҳои хештаншиносӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 09 Феврали 2023 10:44

Тарғибгари дастовардҳои олимони тоҷик

 Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.