JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 29 Ноябри 2024 12:43

Насли бедори миллӣ ва миллати фалсафӣ

Муаллиф:

(мулоҳизоте иҷмолӣ дар ҳошияи маҳфили илмӣ-фалсафии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)

    Ҳамасола дар муҳитҳои академӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ панҷшанбеи ҳафтаи севуми моҳи ноябр Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Одатан, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки бо Қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо ҳузури файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну донишҷӯён маҳфилҳои вежаи ихтисосию фалсафӣ ва нишастҳои илмӣ доир шуда, дар ин замина гузоришҳои илмӣ ва мубоҳисаҳои фалсафӣ ироа мегарданд.

    Дар муҳити академии мо ҳам Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст ва ба ин муносибат 22 ноябри соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори садорати Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури доираи васеъи файласуфону донишмандон чорабинии илмӣ-ихтисосӣ баргузор гардида, ба 90-солагии академик Мусо Диноршоев бахшида шуд. Дар чорабинии илмӣ-фалсафӣ суханрониҳои ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-мудири Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ Маҳмаддовуд Саломиён, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов Нозим Маҳмадизода, академик Кароматулло Олимов, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор М. Музаффарӣ, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Насиба Содиқӣ, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ Бобо Самиев,  доктор Башир Азизӣ ва дигарон мавриди истимоъ қарор гирифт.  Ҳамчунин, дар бахши хотимавии чорабинӣ фарзандони академик Мусо Диноршоев (доктори илми фалсафа Зарина Диноршоева ва доктори илми ҳуқуқ Азиз Диноршо) суханронӣ карда, аз масъулин ва дастандаркорони маҳфил ҷиҳати қадрдонӣ изҳори сипос намуданд. Дар маҳфили илмӣ-фалсафӣ донишҷӯёну устодону муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.  

    Дар заминаи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа чанд мулоҳизаеро иҷмолан хидмати хонандагон ироа медорем:

    Якум. Фалсафа илмест, ки пеш аз ҳама, сатҳи огоҳӣ ва бедории фикрии башарро боло мебарад ва роҳро барои гуфтумону мабоҳиси созанда миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамвор месозад. Аз сӯйи дигар, фалсафа насли бедори миллатро тарбия менамояд ва нақди мунсифонаю созандаро ба унвони меъёри зиндагии инсонӣ талаққӣ карда, фарзонагиро талқину таблиғ месозад. Мунтаҳо, ҳар миллате. Ки фалсафа гироиш дорад, миллати созандаю офаранда буқда метавонад ва баръакс, миллату ақвоме, ки аз фалсафа канор мегиранд, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳанд буд. Ин аст, ки фалсафа ба миллату ақвом, пеш аз ҳама, огоҳӣ ва худшиносию бедорӣ медиҳад ва ҳунари пусишгарию наққодиро ба мардум ато мефармояд.

    Дувум. Мутаассифона, сол то сол бар асари бетафовутию саҳлангорӣ ва тамошобинии донишмандону зиёиёни ватанӣ тафаккури фалсафӣ аз фазои мо рахт барбаста, ҷойро ба хурофоту таассуб додааст. Дигар дар муҳитҳои илмию фалсафӣ ва адабию маданӣ ҳаводори фалсафа ва баҳсҳои фалсафӣ хеле кам монда, дар баробари ин, тарафдорони андешаҳои хушку хурофотӣ зиёд шудааст. Ин ҳолат хеле нигароникунанда аст. Аз бепарвоию бетарафӣ ва фориғболию тамошобинии зиёиёну донишмандону муҳаққиқони ватанӣ, ки ғолибан аз баҳсҳои ҷиддии фалсафӣ дурӣ ҷуста, танҳо ба хотири рӯз кӯр кардану мақому ҷойгоҳи иҷтимоӣ ёфтан ҳангомаю воҳима мекунанд, истифода намуда, табақаҳои дигари фурсатталаб фаъол шуда, ҷомеаро ба гирдоби хурофадовариҳо мекашонанд. Дар зимн, солҳои пеш баҳсҳои ҷиддие дар заминаи мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ва муҳимтар аз ҳама, буҳрони фалсафӣ аз ҷониби файласуфони фақиди миллӣ устодон Султон Наврӯзов ва Абдусамад Самиев (равонашон шод ва хотираи некашон гиромӣ бод!) сурат мегирифт. Ин ду файласуфи муосири миллӣ ба масоили доғи рӯз – буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ ва нуфузи хушкандешӣ, ки ҷомеа, миллат ва саранҷом давлатро ба гирдоби парокандагию нобудӣ мекашанд, тамаркуз карда, кӯшидаанд, ки аз тариқи нақди фалсафию илмӣ ба мушкилоти муосири миллӣ расидагӣ намоянд ва ҳавзаҳои илмӣ, муҳити донишгоҳӣ ва ҷомеаи маданиро аз вазъи ноҷури равонию ҳувиятӣ ва билохира ҳолоти буҳронӣ огоҳ созанд, то сатҳи буҳрони фалсафӣ коҳиш ёбад ва роҳҳалҳое дар ин замина манзур гардида, мушкилот бартараф шаванд (барои иттилооти бештару муфассал таваҷҷуҳ шавад ба: Наврӯзов, Султон. Файласуфони гумном ё арвоҳҳо дар фалсафа (Нашри дуюм). –Душанбе: “Ирфон”, 2016. -220 саҳ.; Наврӯзов, Султон. Игры в науку. Книга первая. –Душанбе, 2012; Наврӯзов, Султон. Игры в науку. Книга вторая. –Душанбе, 2012; Самиев, Абдусамад. Нақши фалсафа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ (Суҳбати ихтисосӣ). //Илм ва Ҷомеа, №3-4 (2016). -С.76-86; Самиев, Абдусамад. Фалсафаи тоҷик дар талоши дарёфти худ. //Фараж, №15,16,17 аз 08.04.- 15.04.-22.04.2020).

   Севум. Аз қадимтарин замонҳо инсон донистан ва шинохтани муаммоҳои олами ҳасту буд ва бар ин мабно тасмим гирифтанро меъёри кор қарор дода буд. Ба ёд меоварем ду қавли пири файласуфони ҷаҳонӣ Арастуро: “Мардум, табиатан, мехоҳанд бидонанд” ва “Барои файласуф набудан ҳам файласуф бояд буд”. Дар асрҳои миёна мафкурасозони динию мазҳабӣ фалсафиданро, ҳарчанд ки интиқод мекарданд, ба фалсафа ва улуми фалсафӣ таваҷҷуҳ доштанд. Масалан, яке аз суфиёни матраҳи асримиёнагӣ Маҳмуди Шабистарӣ (1287-1320) дар маснавии машҳури “Гулшани роз” гуфта буд:

Зи дурандешии ақли фузулӣ,

 Яке шуд фалсафӣ, дигар фузулӣ.

      Аз тарафи дигар, дар асрҳои миёна ба фалсафа ва улуми фалсафӣ на танҳо беэътиноӣ мешуд, балки ин навъ илмро, ки ба тартиботи шаръӣ ва низоми мафкуравии динӣ-мазҳабӣ ҷур дарнамеомад, сахт накуҳиш мекарданд. Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221), ки аз ҷумлаи мутасаввифони машҳури асримиёнагист, ба фалсафа ва ҳикмати юнонӣ назари хуб надорад ва муддаӣ аст:

 Шаръ фармони паёмбар бурдан аст,

Фалсафиро хок бар сар кардан аст...

Ҳикмати Ясриб басат, ай марди дин,

Хок бар Юнон фишон аз гарди дин.

        Дар ҷойи дигар, Шайх Аттор, бо вуҷуди интиқодоту танаффуроти шахсию ҷамъӣ фалсафаро “кори шигарф” унвон мекунад ва мардона иқрор мешавад, ки худ  “марди ин кори шигарф” (аҷибу шавқовар) нест:

То ба кай гӯйӣ ту, ай Аттор, ҳарф,

Нестӣ ту марди ин кори шигарф.

   Чаҳорум. Фалсафа (фарзонагӣ ва хираддӯстӣ) донишест, ки ба тааммул, тафаккур ва пурсиш дар бораи масъалаҳои бунёдӣ ва асосие (мисли ҳастӣ, огоҳӣ, воқеият, арзиш, хирад, зеҳн, забон ва амсоли инҳо), ки дар ҷаҳону зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ ҳастем, посух меҷӯяд ва дар ин замина муколима ва гуфтумонро ба роҳ меандозад. Аз тарафи дигар, фалсафа на танҳо ба унвони тааммули назарӣ, балки ҳамчун “шева ё ҳунари зистан” ва талоше барои “хубу шоиста зистан” муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамеша фалсафа собит кардааст, ки хубу шоиста зистан, қабл аз ҳама,  ба талошҳои мудавоми насли ҳушманди башарӣ бастагӣ дорад. Гузашта аз ин, ин хубу шоиста зистан имкон фароҳам меоварад, ки хираддӯстӣ ва фарзонагӣ (фалсафа ва донишҳои фалсафӣ) дар ҷомеа ва қаламрави иҷтимоӣ реша давонанд ва мардумро дар марзи огоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ мунсаҷим созанд. Ин хуб зистан ва шоиста умр ба сар бурдан аст, ки мардумро ба сӯйи хирадмандӣ, фазилатгаройӣ ва инсонпарастӣ савқ дода, шароити мусоидро барои раҳоӣ аз мушкилоту печидагиҳои  зиндагию рӯзгор фароҳам меоварад. Ҳанӯз Суқроти ҳаким дар муколимоту гуфтумонҳои худ миёни ҷавонон ин пурсиши фалсафиро матраҳ мекард: “фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст?”. Аз ин ҷост, ки фалсафа, аз як тараф, ба моҳияти ҳастиву вуҷуд тамаркуз мекунад ва аз ҷониби дигар, назарияи ахлоқию сиёсиро мабнӣ бар беҳтарин шеваи зист матраҳ месозад. Ба ин маъно, файласуфи ҷаҳонӣ Бертран Рассел фалсафаро ҷузви зиндагии иҷтимоъ донистааст (ниг.: Рассел Бертронд. Таърихи фалсафаи Ғарб ва равобити он бо авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз қадим то имрӯз. Тарҷумаи Наҷаф Дарёбандӣ. Нашри электроникӣ, баҳманмоҳи 1388. –С.8). Ҳарчанд ки фалсафа дар доираи илми алоҳида омӯхта шуда, мунҳасир ба як ихтисос аст, ниёзҳои муштараки мардумиро инъикос мекунад. Ин аст, ки мардум ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба фалсафа алоқаманданд ва ин алоқамандӣ ва ба истилоҳ, шефтагӣ ба ниёзҳои муштараки инсонҳо бастагӣ дорад.

  Панҷум. Фалсафа, қабл аз ҳама, бо шахсияти файласуф ва ҳарфу сухани фалсафӣ тавъам аст. Файласуф нафарест, ки воқеияти зиндагиро дар мизони ақлу мантиқ баркашида, дар баробари мушкилоти ҳаётӣ, зулму истисмор, беадолатию беинзиботӣ, хурофоту таассуби ҳамагиру вогир қад алам мекунад. Ба ин маъно, муҳаққиқон файласуфро виҷдони огоҳ ва бедори башар номидаанд. Аз ҷумла, файласуфи овозадори ғарбӣ Эдмунд Ҳуссерл гуфта буд: “Файласуфон хидматгузорони башар ҳастанд”. Файласуф ҳамеша фаротар аз авом фикр мекунад ва дар ҳолати рӯ задани бархурдҳои иҷтимоию сиёсӣ, мушкилоти маданӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби динию дунявӣ дар раддаи пеши муборизаҳо қарор мегирад ва дар масири маҳори буҳронҳои маъноӣ, мафҳумӣ ва маънавӣ гомҳои устувор бармедорад. Файласуф дар ҷараёни рӯёрӯйӣ бо таҳдиду хатару мушкилот аз силоҳи донишу мантиқ кор мегирад ва бо ҷасорати мунҳасир ба фард дар майдони муборизоту муқовимоти мафкуравӣ қарор мегирад.

  Файласуфони номовари асри бистум Бертран Рассел (1872-1970), Карл Ясперс (1883-1969), Жан Пол Сартр (1905-1980), Албер Камю (1913-1960), Габриэл Марсел (1889-1973), Симона де Бовуар (1908-1986), Мишел  Фуко (1926-1984) ва дигарон намунаи барҷастаи шахсиятҳои фалсафианд, ки дар баробари мушкилоти замон ва буҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ қаҳрамонона воистодаанд ва ҷасоратмандона ба башар паёми озодӣ ва масъулияти инсониро расонидаанд. Бузургӣ, ҷуръатмандӣ, масъулият ва фазилати онон ба дараҷае будааст, ки то имрӯз насли нави файласуфону андешамандон ва донишомӯзон дар Рӯзҳои ҷаҳонии фалсафа навор ва сабти садои суханрониҳои ононро гаштаю баргашта тамошо ва гӯш мекунанд. Маҳз фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар сесад соли ахир Аврупо ва Ғарбро ба мароҳили нави таҳаввулоту тараққиёт расонида, инсонро аз сатҳи як мавҷуди биологӣ ба мақоми баланди шаҳрвандӣ боло бурдаанд. Озодӣ, истиқлол, гуфтумон, муколима, мардумсолорӣ, озодандешӣ, либерализм, ҳуманизм ва ба ин монанд мафоҳими мудерн, ки тору пуди давлат ва ҷомеаҳои ғарбиро ташкил медиҳанд, самараи муборизаи зиёда аз сесадсолаи файласуфону равшанфикрони ғарбист.

  Шашум. Кори фалсафа гуфтумон аст, гуфтумон барои ҳалли мушкилоти башарӣ ва ҷилавгирӣ аз фоҷеаю мусибатҳо, ки бар асари нодонӣ, хурофазадагӣ, бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ, худшефтагӣ, беҳувиятӣ, ҷоҳталабӣ, мансабталошӣ ва амсоли инҳо иттифоқ меафтанд. Ҳоло ки ҷаҳон дучори буҳрони амиқи бемаъноӣ шудааст, вуҷуду ҳузури фалсафа, файласуф ва мабоҳиси фалсафӣ асли зарурат аст. Дунёе, ки дучори бемаъноӣ мешавад, дунёи тафаккурзудо ва хирадситез аст. Муҳаққиқони фалсафаи муосир ба ин нукта ишора мекунанд, ки баҳсу мнозироте, ки дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд, ин воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки мо бо буҳрони амиқи бемаъноӣ ва тафаккурзудоӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ин ки имрӯз бо ҳаракатҳои тундрави динию дунявӣ мувоҷеҳем, натиҷаи ҳамин андешазудоӣ ва тафаккурситезист. Барои як ҳаросафкан ва тундрав ҳама арзишҳо яксонанд ва дунёро дар тарозуи зеҳни худ ва тасоҳуби ҳақиқате, ки худ ва ё муассисонаш ба ӯ додаанд, бармекашад ва арзёбӣ мекунад. Ин аст, ки барои бурунрафт аз халои фикрию зеҳнӣ ва тафаккурӣ ба фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ниёз дорем. Ҳар қадар ин пурсишҳо зиёд матраҳ гарданд ва зеҳни хоболуди мо, инсонҳоро, ба андешидан ва пурсидан водоранд, ҳамон қадар шароити мусоиди бурунрафт аз мушкилоти фикрию идеологӣ фароҳам меояд. Ба сухани дигар, баҳсҳои фалсафӣ, ки бар мабнои мантиқ тарҳрезӣ мешаванд, озодӣ ва истиқлоли фикрии ҷомеаро таъмин мекунанд. Ба ин маъно, фалсафидан андешидан ва андешидан озод будан аст. 

  Ҳафтум. Навиштан ва таълим додан (пири файласуфон Суқроти ҳаким ва шогирдаш Афлотун тавассути таълим ва гуфтугӯ бо ҷомеа ва бахусус, насли ҷавон дар тамос мешуданд ва дар ташаккули ҳунари пурсишгарӣ ва ҷасоратмандӣ саҳми муносиб мегирифтанд) аз муассиртарин фарояндҳои иваз кардани зеҳну тафаккури башар ва махсусан, насли наврас ба шумор меравад. Тавре ки болотар ишора кардем, башар бо буҳрони маъноӣ ва ҳувиятӣ мувоҷеҳ гардидааст. Буҳрони ҳувиятӣ натиҷаи буҳрони маъноӣ аст. Имрӯз, мутаассифона, баъзе аз арзишҳои ҳуманистӣ дар миёни насли ҷавон камтар маъно доранд. Файласуфон, ки  пурсишгарони воқеиётанд, тавассути пурсишҳо ва баҳсу гуфтумон ҷомеа ва насли ҷавонро ба сӯйи худшиносӣ савқ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, пеши роҳи буҳрони маъноӣ, ҳувиятӣ ва омӯзиширо, ки насли ҷавонро ба чолиш кашидааст, фалсафа ва мабоҳиси фалсафӣ гирифта метавонанд. Воқеият ин аст, ки як гурӯҳ технократҳо пешрафтро танҳо дар рушди улуми табиию риёзӣ ва техникӣ имконпазир медонанд ва мақоми фалсафа ва улуми фалсафиро дар рушди фикрию техникӣ нодида мегиранд. Ин аст, ки арзишҳои инсонӣ ҷойро бар арзишҳои дигар, ки дар қолаби фиребои “инноватсия” инсиҷом ёфтаанд, додаанд ва ба ин тартиб, раванди роботишавии ҷомеаро тақвият кардаанд. 

   Ҳаштум. Собиқ директори генералии Созмони ЮНЕСКО Ирина Бокова дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа гуфта буд, ки нигаришҳои фалсафа дар бархурд бо печидагиҳои замони имрӯз ва бардоштани гоме ба сӯйи гуфтугӯҳои созанда барои тадвини роҳкорҳои муассири ҳалли мушкилот зарурианд. Фалсафа беҳтарин роҳ барои рӯшангарӣ ва омӯзиши шаҳрвандон ва абзори мубориза бо ҷаҳлу таассуб мебошад. Бино ба гузориши ЮНЕСКО, фалсафа бояд аз пояи дабистон оғоз шавад, то шаҳрвандонро дар баробари офатҳое назири ҷаҳл, таассуб, эътиқоду итоати кӯркӯрона, ки ҷангу хунрезӣ ва даргириҳои зиёдеро дар пай дошта ва дорад, муқовим созад. Дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ташаннуҷ пайдо мекунанд, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа саривақтӣ ва зарурати таърихист. Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба унвони рӯзи “танаввуи забонҳо”, ки ҳомили фарҳангҳои гуногун ҳам ҳастанд, дар ба ҳам овардану муттаҳид кардани миллияту халқҳои гуногунун нақши калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки фалсафа дар шароити имрӯзӣ бояд мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро расидагӣ кунад ва билохира нармиши фарҳангҳоро ба вуҷуд биоварад. Ба таври куллӣ, фалсафа дамидани рӯҳи интиқодӣ ба ҷисму бадани башар, нақди хушунат ва интиқоди тасоҳуби ҳақиқат мебошад.

  Нуҳум. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Аловуддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Болтаев, Муҳаммад Осимӣ, Насрин Идибеков, Иброн Шарифов, Султон Наврӯзов, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Мусо Диноршоев, ки дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!), аз ҷумлаи файласуфони миллӣ маҳсуб меёбанд, ки дар рушди фалсафаи миллӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ нақши асосӣ гузошта буданд. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Акбар Турсон, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода, Саид Аҳмад, Қамар Нурулҳақ ва насли нави файласуфону меҳанпарастони миллӣ, минҷумла Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобуддин, Назрӣ Асадзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода, Меҳр Собириён ва амсоли инҳо, ки дар коргоҳи илмию эҷодӣ масоили муҳимму мубрами фалсафиро матраҳ мекунанд, дар таҳкими биниши фалсафӣ ва таҳаввули озодандешии миллӣ саҳми муносиб мегузоранд. Хушбахтона, дар ҷомеа ҳанӯз нафароне, мисли Бахтиёр Аминӣ, Сайдулло Амонӣ, Фирдавси Мадё, Рустами Нур, Мустафо Қаландар, Номвар Қурбон ва амсоли инҳо ҳастанд, ки касбу кори гуногун дошта, дар шаклгирии тафаккури фалсафӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.

   Даҳум. Буҳрони фикрӣ ва ҳувиятӣ, ки ҳамакнун ба сифати чолиши ҷиддӣ ва мушкилоти саросарӣ ҷомеаи моро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад,  аз таназзули ҷаҳоншиносии фалсафии минтақа дарак медиҳад ва мутаассифона, воқеияти талхи рӯзи моро ба намоиш мегузорад. Ба ин мушкилу чолишу таҳдид, ки паёмадҳои номатлубу хатарбореро ба дунбол дорад, саҳлангорӣ кардан ва беэътиноӣ варзидан гуноҳи кабира аст. Бахусус, муҳаққиқон, олимон, пажуҳишгарон, коршиносон, зиёиён, файласуфон ва дӯстдорони фалсафа муваззафанд, ки ба вазъи буҳронӣ бетаваҷҷуҳу бетафовут набошанд, мушкилотро шиносоию решашиносӣ намоянд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи биниши миллию фалсафии насли наврасу ҷавони ҷомеа дастаҷамъона саъю талош варзанд. Агар дар ин вазъи ҳассос фориғболию саҳлангорӣ мекунем, хушкандешӣ ба унвони эпидемияи фарогир ва вабои вогир ҷомеаро ба коми худ фурӯ мебарад ва аз фарҳангу фалсафа ба ҷуз ном чизе боқӣ намемонад. Гузаштагону аҷдоди мо таҷрибаи талхи хушкандеширо дар асрҳои миёна аз сар гузаронида, заҳри ҳалоҳилашро ҳам чашидаанд. Бинобар ин, масъалаи буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ, нуфузи хушкандешӣ ва чолиши беҳувиятиро, ки ба мағзи миллат садамаи ҷиддӣ мезанад, бояд ҳамеша мадди назар қарор дод ва сари ҳалли муаммо, уқдаҳо ва мушкилоти фикрию ақидатӣ ва фарҳангию маданӣ тамаркуз бояд кард. Дар ин замина омӯзиши бардавоми фалсафа, ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таҳкими тафаккури миллӣ роҳро барои рушди миллату давлати тоҷик ҳамвор месозад. 

  Ёздаҳум. Ҷаҳон, воқеан, дар буҳрони фикрӣ қарор дорад ва буҳрони фикрӣ аз адами андешамандӣ, фикрсозию фикрдорӣ шуруъ мешавад. Ҷорҷ Бернард Шоу (1856-1950) ба буҳрони фикрӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, гуфта буд: “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Конуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум (Octoder 2014). Ба қавли Алберт Эйнштейн (1879-1955), “Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -С.24). Дар ин миён, фалсафа, пеш аз ҳама, фикр карданро ба инсон меомӯзад ва ӯро бехабару ноаён тағйир медиҳад (дар таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи: философия изменяет человека незаметно). Ин аст, ки ҳар қадар ба фикр кардан мутамоил бошем, ҳамон қадар имкони пешрафтро хоҳем дошт ва баръакс, ҳар қадар аз фикр кардан дур бошем, дигарон аз ҷойи мо фикр хоҳанд кард ва сарнавишти моро бо завқу салиқа ва табъу тақозои хеш хоҳанд сохт. Вақте ки миллат аз фикр кардан (яъне фалсафа омӯхтан ва донишҳои фалсафӣ аз бар кардан) бозмонд, эпидемияи хушкандешӣ сирояташ мекунад, худро дар ойинаи воқеияти зиндагӣ мебозад, худбохтаву беҳувият мешавад ва саранҷом сарнавишташро ба дасти дигарон месупорад. Агар миллате тайи таърих ба иттифоқоти баде назири ҷаҳолатмаобӣ, хушкандешӣ, ақибмондагӣ, вопасгароӣ, беҳувиятӣ, худбохтагӣ ва манқуртӣ мувоҷеҳ гардидааст, бешубҳа, ба сабаби камзарфиятию безарфиятии фикру андешааш будааст. Бинобар ин, фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар омӯзишу шинохту ташхиси мушкилоту муаммою уқдаҳои фикрию ҳувиятии мо, ки ҳамагӣ дар батни фарҳанги мо нуҳуфтаанд, кумак мекунанд. Ба ин маъно, бояд ба фалсафа гироиш пайдо намуда, фикр карданро ёд бигирем ва аз ин тариқ, решаҳои мушкилотро шиносем ва баъдан дар пайи дармонашон гом бардорем. Воқеан, мо зодаи  фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа бисёр муҳим аст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.16).

  Дувоздаҳум. Тавре ки дар ибтидо ишора кардем, фалсафа на танҳо миллатро огоҳу бедор месозад, балки насли нави бедори миллатро, ки кулли масоили зиндагиро бар мабнои истиқлоли фикрию андешавӣ андозагирӣ мекунанд, ба вуҷуд меоварад. Насле, ки бар асоси ақлу мантиқ меандешад, худро навсозӣ мекунаду то ба сатҳи худогоҳию худшиносӣ мерасонад, бо назардошти арзишҳои инсонӣ ва манофеи миллию фаромиллӣ баҳсу мунозира меорояд, бо такя ба донишҳои зиндаи фалсафӣ барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ талош меварзад ва билохира ба унвони насли комилу воҳиди фалсафӣ худро муаррифӣ месозад. Умед мекунем, ки фалсафа минҳайси ҷаҳонбинии интиқодӣ ва биниши таҳлилӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик мутадовил гардад ва роҳро барои рушду таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва иқтисодию маданӣ ҳамвор созад. Бигзор, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар қаламрави ҷумҳурӣ ба унвони Рӯзи фарҳангу хиради миллӣ маҳбубият пайдо намояд ва насли ҷавони мо, бо такя ба фарҳанги Симурғӣ, Ҷамшедӣ, Фаридунӣ ва Хусравонӣ дар бунёди давлат ва ҷомеаи мутамаддини миллию дунявӣ саҳми арзанда гузорад.

         Рӯзи ҷаҳонии фалсафа муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 153 маротиба