JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 16 Декабри 2024 07:59

Муҳиммияти таҳқиқи вижагиҳои забонии мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ

Муаллиф: Акобиров Умедҷон

   Дар мақолаи мазкур масъалаи муҳиммияту зарурати таҳқиқу омӯзиши зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ, хусусан, вижагиҳои забонии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки мақолу зарбулмасалҳо ба сифати як жанри муҳимми фолклор ва инъикоскунандаи арзишҳо, анъанаву одатҳо ва дигар хусусиятҳои халқ аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ, аз ҷумла вижагиҳои забонии онҳо ниҳоят муҳим дониста мешавад.

 Мақолу зарбулмасалҳо ҳамчун яке аз жанрҳои асосии фолколор ва ҷузъи муҳимми мероси фарҳангӣ ва забонии ҳар миллат, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Донистани зарбулмасалу мақолҳои дилхоҳ халқ на танҳо ба забондонӣ, балки ба дарки беҳтару васеътари образи афкор ва характери халқ мусоидат мекунад. Нақши мақолу зарбулмасалҳо дар ҳамаи забонҳо, бешубҳа, қиммату аҳамияти бузург дорад. Онҳо ҳамеша бахши муҳимми фарҳанги инсонӣ буданд ва мемонанд.

Мақолу зарбулмасалҳо шакли хоси фолклори шифоҳӣ буда, мазмуну маънои амиқи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро ифода мекунанд. Мақолу зарбулмасалҳо дар фолклор ҳамчун ҷумлаҳои кӯтоҳ, пурмаъно ва пандомез баён мешаванд.

Аз тарафи дигар, раванди ташаккули ҳар як шахс бар меъёрҳои рафтории дар шуури ҷомеа афзалиятдошта асос меёбад. Онҳо чаҳорчуби тамаддуни ҳар як миллатро муайян мекунанд, анъанаҳои таърихӣ-фарҳангии халқро ташаккул медиҳанд ва ба рафтору рушди фард ҳамчун шахсияти забонию фарҳангӣ таъсири амиқ мегузоранд. Яке аз чунин моделҳои рафторӣ, бешубҳа, мақолу зарбулмасалҳо мебошанд. Онҳо ба сифати муайянкунандаи мавқеи инсон дар ҷамъият зуҳур дошта, дар зеҳни одамон натиҷаҳои манфиатноки фаъолиятро шакл медиҳанд.

Маҳз зарбулмасалҳо ҳамчун мулоҳизаи умумии баҳодиҳанда, инъикоскунандаи ягонагии коллективии (забонӣ) ва фардӣ (иҷтимоӣ-фарҳангӣ) таҷриба ва боварҳои мардумиро инъикос мекунанд, қоидаҳои дар афкори ҷомеа мустаҳкамгардидаи рафторӣ, кодексу қонунҳои фикри солимро инъикос мекунанд. Онҳо таҷассумгари донишу таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии халқҳо, аз ҷумла миллати тоҷик мебошанд. Бинобар ин, таҳқиқи вижагиҳои забонии мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ барои фаҳмиши амиқи фарҳанг ва забони миллӣ аҳамияти зиёд дорад.

Дилхоҳ забони тушаккулёфта дорои мақолу зарбулмасалҳои зиёд мебошад. Мавҷудияти онҳо яке аз аломатҳои ғанӣ ва тавоно будани забон аст. Мақолу зарбулмасалҳо ба таври барҷаста менталитет, хусусиятҳои миллии анъанаву одатҳо, боварҳо, махсусиятҳои фарҳангу маишат ва тасаввуроти устуравии халқро инъикос мекунанд. Онҳо нуктаи назари махсуси миллатҳоро ба ҷаҳон баён мекунанд.

Мақолу зарбулмасалҳо хсусиятҳои хоси характери миллӣ, қобилияти фикрронӣ, арзишҳои маънавӣ-эстетикиро, ки зери таъсири омилҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғ. зуҳур кардаанд, маънидод мекунанд. «Мақолу зарбулмасалҳо – ин асари нодири коллективии санъат, қисми ҷудонашавандаи фарҳанги мардум, падидаи худҷуш, худшиносӣ ва худзоҳиршавандаи фарҳанги миллист».[1]

Бо назардошти муҳим будани жанри фолклории мазкур, олимону муҳаққиқони зиёде ба омӯзишу пажӯҳиш, гирдоварӣ ва нашри  мақолу зарбулмасалҳо машғул гардидаанд. Таҳқиқоти илмӣ доир ба масъалаҳои марбут ба мақолу зарбулмасалҳо то ҳануз зарур ва мубрам дониста мешавад.

Аммо мавқеи илмии олмону муҳаққиқон доир ба масъалаи мақолу зарбулмасалҳо яксон нест. Масалан, В. В. Виноградов мақолу зарбулмасалҳоро ба сифати воҳиди фразеологӣ намеҳисобид. Дар ин замина, як қисми муҳаққиқон ба В.В. Виноградов пайравӣ карда, аз рӯйи хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикӣ мақолу зарбулмасалҳоро ба гурӯҳи махсус нисбат додаанд.

Вале дар ин масъала ақидаҳо мухталиф буда, олимоне ба мисли А. С. Аксамомтов, И. В. Арнолд, Н. М. Шанский, Н. С. Валгина ва дигарон назарияи В. В. Виноградовро рад карда, бар ин ақидаанд, ки шумораи зиёди фразеологизмҳо маҳз аз зарбулмасалҳо ташкил ёфтаанд ва онҳо аз рӯйи истифодаи маҷозӣ, сохтор ва воситаҳои услубиашон умумияти зиёде бо фразиологизмҳо доранд.

Мақолу зарбулмасалҳо дар байни фразеологизмҳо ҷойи махсус доранд. Онҳо тағйирнопазиранд, аз ҷиҳати лексикӣ ивазнашавандаанд ва шакли грамматикиашон доимӣ мебошад.

 Н. М. Шанский зарбулмасалҳоро ифодаҳои фразеологӣ меҳисобад ва онҳоро ба таркиби умумии фразеологияҳо мансуб медонад. Ба ақидаи вай, яке аз хусусияти махсуси мақолу зарбулмасалҳо он аст, ки дар раванди муошират онҳо ҳамчун воҳидҳои тайёр бо таркиб ва маънои доимӣ баён карда мешаванд. Яъне мақолу зарбулмасалҳо аз ҷумлаҳои одӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо аз тарафи хотираи гӯянда яклухт зоҳир мегарданд, дар ҳоле ки ҷумла аз сӯйи гуянда тибқи грамматика, аз ҳисоби калимаҳои алоҳида дар раванди худи муошират ташкил дода мешавад.[2]

Бо вуҷуди мавҷудияти шумораи зиёди таҳқиқот оид ба масъалаҳои гуногуни марбут ба мақолу зарбулмасалҳо, пахлӯҳои гуногуни ин мавзуот дар забонҳои мухталиф то ҳануз ба таври амиқ омӯхта нашудаанд. Дар ин маврид масъалаи омӯзиши зарбулмасалу мақолҳои забони тоҷикӣ, аз ҷумла вижагиҳои забонии онҳо низ истисно нест. Зеро таҳқиқоту омӯзиши зарбулмасалу мақолҳо дар забони тоҷикӣ камтар анҷом дода шудаанд.

Ба хусиятҳои хоси зарбулмасалу мақолҳо ҳамчун жанри муҳимми фолклорӣ услуби махсуси забонӣ ҳам вобастагӣ дорад. Ба услуби зарбулмасалҳо ва мақолҳо, пеш аз ҳама, кӯшиши омӯзондан, машварат додан, ҳақиқатро тасдиқ кардан, тарбия намудан таъсиргузор аст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат онҳо таъкидӣ буда, ба ҳамсӯҳбат нигаронида шудаанд. Ин ҳолат дар интихоби шаклҳои феълӣ ва сохтори умумии синтаксисии онҳо ба таври барҷаста ифода меёбад.

Дар зарбулмасалҳо навъи ҷумлаҳои умумӣ-шахсӣ бо шакли фармоишии феъл васеъ истифода мегарданд, масалан: «Бо бадон бад бошу, бо некон наку».

Хусусияти таъкидии зарбулмасалҳо комилан қобили дарк буда, як навъ киноя дорад:  «Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ», «Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё намон».

Ҳамчунин, бояд таъкид кард, ки дар мақолу зарбулмасалҳо шаклу маъно ба ҳамдигар иртиботи зич доранд, дар онҳо маъноҳои маҷозӣ зиёд ҷой гирифта, ифода меёбанд.

Дар замони муосир мақолу зарбулмасалҳо ба сифати жанри муҳимми фолклорӣ мавриди таҳқиқи якчанд соҳаҳои илм, аз ҷумла фразеология, паремиология, семасиология, этимология, синтаксис, фарҳангшиносӣ ва забоншиносӣ, инчунин психолингвистика, сотсиолингвистика ва адабиётшиносӣ  қарор мегиранд.

Муҳаққиқон инчунин мақолу зарбулмасалҳоро аз нигоҳи мантиқӣ, грамматикӣ, лексикӣ, коммуникативӣ, прагматикӣ ва лексикографикӣ таҳқиқ менамоянд.

Бо вуҷуди ин, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла муайнсозии мақоми лингвистикии зарбулмасалҳо, омилҳои дарки маъноӣ, мушаххассозии фаҳмиши сохтор, семантика ва ҳолати истифода, ифодаи лексикографӣ, хосиятҳои сохторӣ ва коммуникативӣ-прагматикӣ, образҳои асосӣ, тобишҳои эҳсосӣ-арзишӣ, услубӣ, муқаррарсозии ҳадди истифодаи онҳо дар матни асарҳои бадеӣ ва дар алоҳидагӣ таҳқиқу пажуҳиш мехоҳанд.

Ҳалли ин масъалаҳо таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи мақолу зарбулмасалҳоро  аз мавқеи лингвистикаи муосир ва аз нуктаи назари сохтор, мантиқ, хосияти вазифавӣ муҳим мегардонад.

Бо назардошти андешаҳои дар боло баён гардида, доир намудани таҳқиқоти алоҳида оид ба вижагиҳои забонии зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ муҳим ва зарурӣ дониста мешавад.

Бояд таъкид кард, ки дар забони тоҷикӣ низ зарбулмасалу мақолҳо мавқеи муҳим дошта,  дорои хусусиятҳои зайл мебошанд:

- мустаҳкамии шакл: аксарияти онҳо сохтори доимӣ ва тағйирнопазир доранд, дар тули асрҳо батағйир мондаанд;

- маънои маҷозӣ: маънои онҳо аз маънои луғавии калимаҳо фарқ мекунад;

- ҷанбаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ: ҳадафи онҳо ибрози панду ҳикмат ва интиқоли таҷрибаи зиндагӣ мебошад.

Аз рӯйи ин вижагиҳо, мақолу зарбулмасалҳо баёнгари табиати хосси забони тоҷикӣ ва тафаккури мардумӣ мебошанд.

Аз ҷиҳати грамматикӣ мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ аз дигар забонҳо бо содагии сохтор ва истифодаи калимаҳои рӯзмарра фарқ мекунанд. Масалан:

- «Оби равон сангро меканад»;

- «Дӯсти ҳақиқӣ дар рӯзи сахт маълум мешавад».

Лексикаи мақолу зарбулмасалҳо бештар аз калимаҳои одӣ, вале пурмаъно иборат аст. Лексикаи мақолу зарбулмасалҳои забони тоҷикӣ одатан вожаҳои аслии тоҷикӣ, инчунин аз забонҳои арабӣ ва туркӣ иқтибосгардидаро дар бар мегирад.

 Бояд таъкид кард, ки дар мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ  калимаҳо маъноҳои васеътар касб мекунанд.

Мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ аз лиҳози сохтор аксар вақт аз ҷумлаҳои сода ва мураккаб сохта мешаванд:

- ҷумлаи сода: «Ҳар чизе, ки коштӣ, ҳамонро медаравӣ»;

- ҷумлаи мураккаб: «Агар бод шинонӣ, туфон даравӣ».

Сохтори мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза ин воҳидҳои забонӣ барои фаҳмидан ва пазируфтани омма мутобиқ шудаанд.

Истифода гардидани воситаҳои бадеӣ дар мақолу зарбулмасалҳои забони тоҷикӣ хеле фаровон ва зебою ҷолиб аст.
Дар асл, мақолу зарбулмасалҳо дар забони тоҷикӣ яке аз воситаҳои ниҳоят таъсирбахш буда, тавассути ташбеҳ, истиора, киноя ва дигар василаҳои бадеӣ мазмун ва мафҳуми амиқро ба шунаванда мерасонанд:

- ташбеҳ: «Дӯст мисли соя аст»;

- истиора: «Об аз боло лой аст»;

- киноя: «Чашмро аз хоб сер кун, на аз мол».

Яке аз паҳлуҳои муҳимми омӯзишу таҳқиқи мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ масъалаи таснифоти онҳо ба шумор меравад. Ҳамин тавр, мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифта, мувофиқи мазмун ва мавзуъ ба гурӯҳҳои зиёд тақсим мешаванд, аз ҷумла:

- дар бораи оила ва меҳнат: «Бе меҳнат роҳат нест»;

- дар бораи вақт: «Вақт рафт, нақд рафт»;

- дар бораи дӯстӣ ва душманӣ: «Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дармондагӣ»;

- дар бораи ахлоқ ва дониш: «Дониш чашми ақлро равшан мекунад».

Мақолу зарбулмасалҳо ҳамчун захираи бузурги ахлоқӣ ва фарҳангии миллат на танҳо забон, балки одату анъанаҳо ва арзишҳои миллиро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд. Онҳо таҷассумгари арзишҳо, ахлоқ, одоб ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик мебошанд.

Яке аз хусусиятҳои хоси зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ бештар моҳияти тарбиявӣ доштани онҳост. Тавре фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов қайд кардааст: «Зарбулмасалу мақолҳо барои тарбияи инсон, ба вижа насли ҷавон ва танқиди хислатҳову рафтору гуфтори номатлуби баъзе ашхоси ҷомеа мавқеи муҳим доранд. Зеро дар ҳамаи мавзуъҳои ҳаётӣ даҳҳо зарбулмасал эҷод шуда, густариш ёфтаанд».[3]

Дар адабиёти классикии тоҷику форс, мисли осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва ғ. таъсири мақолу зарбулмасалҳо ба таври равшан эҳсос мегардад. Масалан:

- Фирдавсӣ: «…ки зангӣ нагардад ба шустан сафед»;

- Саъдӣ: «Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дармондагӣ».

Мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ бо содагию тарзи баёни зебо, вижагиҳои махсуси забонӣ ва мазмунҳои амиқи худ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг ва забони миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо воситаи иртиботи шифоҳӣ, балки оинаи таҷассумкунандаи ҳаёт ва ҷаҳонбинии мардум мебошанд. Омӯзиши онҳо дар рушди забоншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ дар баробари доштани хусусиятҳои хос, умумиятҳои зиёде бо зарбулмасалу мақолҳои забонҳои дигар доранд. Дар баробари ин, онҳо қисми ҷудонашавандаи забон буда, ифодакунандаи санъати баланди сухан, эҷодиёти умумии халқ мебошанд. Ба ин захираи нодири сухан тамоми шоирону нависандагон ва дигар зиёиёни эҷодкор ҳамеша рӯ меоранд ва аз он фаровон истифода мекунанд.

 

Акобиров Умедҷон Муҳаббатович,

докторанти PhD-и соли 3-юми

Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ 

Рӯйхати адабиёт

  1. Корнилов О. А. Языковые картины мира как производные национальных менталитетов. Москва: ЧеРо, 2003. 349 с.
  2. Шанский Н. М., Иванов В. В. Современный русский язык. Ч.1. Москва: Просвещение, 1981. 191 с.
  3. Раҳимов Д. Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон. Душанбе, Истеъдод, 2012, 136 с.
  4. Бобоҷонов, А. Фарҳанги мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ. Душанбе: Ирфон, 2005.
  5. Носирова, М. Мақол ва зарбулмасал дар осори адабии тоҷикон. Душанбе: Маориф, 2010.
  6. Ҳикматуллоев, Ш. Забон ва фарҳанг. Душанбе: Дониш, 1998.
  7. Назаров, А. Асосҳои фолклори тоҷикӣ. Душанбе: Ирфон, 2015.
  8. Ахмедов, Х. Забони шифоҳӣ ва нақши он дар фарҳанг. Душанбе: Дониш, 2020.
  9. Ҳамидов, С. Мақолу зарбулмасалҳои халқи тоҷик: Мазмун ва аҳамият. Душанбе: Адиб, 2012.
  10. Раҳимов, З. Маънавият ва забон. Душанбе: Ирфон, 2018.
  11. Ҳоҷиев, А. "Таҳлили сохтории мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ". Маҷаллаи илмӣ-таҳқиқотӣ, 2017, №2, саҳ. 34-40.
  12. Каримова, М. "Нақши фольклор дар интиқоли арзишҳои фарҳангӣ". Ахбори Академияи илмҳо: Ҷамъиятшиносӣ, 2020, №4, саҳ. 56-62.
  13. Абдуллоев, Ҷ. "Мазмун ва маънои маҷозии мақолу зарбулмасалҳо". Забон ва фарҳанг, 2019, №3, саҳ. 22-30.
  14. Раҳмонов, А. "Шаклҳои мухтасар ва мафҳумҳои васеи мақолу зарбулмасалҳо". Фарҳанги миллӣ, 2016, №5, саҳ. 12-18.

[1] Корнилов О.А. Языковые картины мира как производные национальных менталитетов. Москва: ЧеРо, 2003. Стр. 201.

[2] Шанский Н.М., Иванов В.В. Современный русский язык. Ч.1. Москва: Просвещение, 1981. стр. 120.

[3] Раҳимов Д. Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон. Душанбе, Истеъдод, 2012, с. 3-4.

 
Хондан 142 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Насли бедори миллӣ ва миллати фалсафӣ