Бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бошад ва ту низ хирагии худ маҷӯй ва бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандони худ тамаъдорӣ, ки бо ту бошанд. Зеро ки он ки аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падар дорӣ, ки ба масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд беш кунӣ, мева аз вай накӯтару беҳтар ёбӣ. Ва зинҳор ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чи рӯзии ту бошад, ба ту бирасад…
…Ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба касе нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту батар бошад… Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бесурат.
Унсурулалмаолии Кайковус.