JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:43

Шоколади ҳақиқи чи гуна бояд бошад

Муаллиф:

Имрӯз дар рафи мағозаву марказҳои савдо мо намудҳои гуногуни шоколадро вомехӯрем: шоколади талх, сафед, ковок (пористый), ширӣ, бо мағз, бо мавиз, бо йогурт, бо ҷем ва ғ. Умуман интихобу навъи шоколад дар рафҳо хеле васеъ мебошад. Аммо на ҳамаи ин тахтачаҳоро (плиткаҳоро) шоколад номидан мумкин аст.

 Аз барои сарфакорӣ, бисёре аз истеҳсолкунандагон ба найранг роҳ медиҳанд: Якум, онҳо метавонанд, ба ҷои какаои судашуда (тертый) хокаи какаоро истифода намоянд, ки хокаи какао асосан ҳангоми коркарди донаи какао ҳамчун партов буда, пас аз афшурдани равғани какао ҳосил мегардад.

Ба ҳар ҳол ҳар як шахс навъи шоколади дӯстдоштаи худро дорад. Ба воситаи роҳҳои зерин муайян намудан мумкин аст, ки тахтачаи шоколади рӯи мизи Шумо ҳаққонӣ аст, ё не.

Роҳи якум, «на дар даст, балки дар даҳон об мешавад» . Бо чунин роҳ як вақтҳо шоколадҳоро таблиғ менамуданд. Аммо дар амал шоколади ҳақиқӣ бояд, ки ҳам дар даҳону ва ҳам дар даст об шавад, зеро равғани какаои табиӣ дар ҳарорати +32 градус об мешавад, аммо равғанҳои қаннодии (гидрожир) камарзиш дар ҳарорати +40 градус. Агар Шумо табби баланд надошта бошед, ҳарорати баданатон +36,6 градус бояд бошад. Барои ҳамин ҳам шоколади дасти Шумо дар ин ҳарорат бояд об шавад, агар не пас шоколади ҳақиқӣ нест. Аз ин бармеояд, ки ба воситаи ҳарорат шоколади ҳақиқиро аз қалбакӣ метавон фарқ намуд.

Роҳи дуюм, пораи шоколадро ба шир андозед. Агар шоколад ғарқ шавад, маълум мегардад, ки аз равғани какао тайёр карда шудааст, пас ҳақиқи аст. Агар ин порача маҳорати шинокунӣ дошта бошад, пас маълум мегардад, ки ба он хокаи какао ҳамроҳ карда шудааст. Аммо ин роҳро барои муайян намудани шоколади ковок (пористый) истифода намудан мумкин нест, зеро шоколади ковоки ҳақиқӣ ҳам бошад, дар болои шир шино мекунад.

Роҳи сеюм, «сафедшавӣ». Ба фикрам бисёре аз дӯстдорони шоколад, боре ҳам шоколадеро харида бошанд, ки болои тахтачаи шоколадиро сафедӣ пӯшида бошад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин шоколад ҳиқиқӣ нест, аммо ҳамааш баръакс мебошад. Танҳо шоколади ҳақиқӣ метавонад сафедӣ пайдо намояд, зеро ҳангоми зуд-зуд тағйир ёфтани ҳарорат қатраҳои равғани какао ҷудо гардида, бо болои тахтача мебарояд. Як тахтачаи шоколадиро ба яхдон гузоред ва пас аз якчанд соат онро аз он ҷо гирифта, ба болои плита гузоред. Агар болои тахтача сафед шавад, ин маънои онро дорад, ки шоколад ҳақиқӣ мебошад.

Оё метавонем, шоколади ҳақиқиро дар худи мағозаҳо муайян намоем? Метавонем. Бисёре аз истеҳсолкунандагон дар тамғақоғаз таркиби маҳсулотро дуруст нишон медиҳанд. Барои ҳамин ба Шумо лозим аст, ки онро дурустакак хонед.

Агар дар тамғақоғаз нишон дода шуда бошад, ки дар таркиби шоколад равғани растанӣ ва ё хокаи какао зиёда аз 4% нишон дода шуда бошад, пас ин шоколад набуда, «тахтачаи ширин» мебошад. Дар хотир дошта бошед, ки хокаи какаоро бо номи «какао-велла» иваз намуданашон ҳам мумкин аст.

http://tiroz.org/shokoladi-hakiki-chiguna-ast/

Хондан 2305 маротиба