JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Августи 2017 06:19

Мудирият ва воқеияти масъулиятшиносӣ

Муаллиф:

МУДИРИЯТ ВА ВОҚЕИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

 (дар асоси китоби: Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Равоншиносии мудирият. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён)

 Ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари қишрҳо ва баданаҳои иҷтимоии мо яке аз мушкилоте, ки ба он дар қадами аввал рӯ ба рӯ мешавем, ин мудирияти номуваффақи ниҳодҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳову муассисаҳо мебошад.

 Мудирият (менеҷмент), гарчанде таърихи муштарак бо илмҳои гуногун дорад. Ҳамчун илм, яке аз илмҳое мебошад, ки ба қонуну қоидаҳои хеш илми муосир ҳисобида мешавад. Баъди интегратсияи илмҳо дар ҳавзаи илмҳои гуманитарӣ, мисли инсоншиносӣ ва равоншиносиву ҷомеашиносӣ ва иқтисод фанни дигаре ба вуҷуд омадааст, ки равоншиносии мудирият ном дорад (ниг. Равоншиносии мудирият. Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён).

  Баъди мутолиаи ин асар хостем барои бартараф кардани ин мушкилоти ҷомеа таҷрибаи ин донишмандро ба таври муҷаз ва хулосаҳои ин китобро пешниҳод созем. Бовар дорем, ҳар нафаре, ки аз худ ва хонавода шуруъ карда, то ба мақомотҳои маҳалливу олӣ ҷойгоҳе,  дорад метавонад ин таҷрибаҳоро истифода намояд ва барои муваффақ шудан дар ин самтҳо таҷрибаҳои донишмандонро дар худ парвариш диҳад.

Дар қисмати аввали ин китоб аз мутолиаҳои инсонҳо ба таври инфиродӣ, яъне воҳидҳои мудирият шӯруъ мешавад ва дар аввали фасли ин қисмат муҳаққиқ бар ин назар аст, ки инсонҳо бо якдигар монанд ҳастанд. Монандии инсонҳо дар заминаи рафтор мебошад ва дар мавриди рафтори инсон се фарзия мавҷуд аст, ки комилан бо якдигар иртибот доранд:

1)     Ҳама гуна рафторҳои инсон тобеи сабабе (иллате) ҳастанд.

2)     Рафторҳои инсонҳо тобеи ангезае ҳастанд.

3)     Ҳама гуна рафторҳо дар ҷиҳати расидан ба ҳадафе кӯшиш мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба се асли зикршуда фарзияҳои дигаре, ки мумкин аст дар ин замина вуҷуд дошта бошанд, рад мешаванд. Масалан, мо “идеяи худ ба худии рафтор” ва ҳамчунин “тасодуфӣ будани” рафторро медонем, яъне рафторҳои зиёди инсон гӯё дорои ҳадафе нестанд ва бе ҳеҷ сабабе иброз мешаванд, ки ин фаҳмишҳо асоси илмӣ надорад.

Ин се фарзия ба шакли як мадор бастаи ҳамдигар мебошанд: аз иллат ба ангезиш ва аз ангезиш ба ҷиҳати расидан ба ҳадаф равона мешавад. Расидан ба ҳадаф омили ғайрифаъол шудани иллат мешавад, бинобар ин ангеза аз байн меравад, яъне рафторе, ки мутаваҷҷеҳи ҳадафе ҳаст, дигар содир нахоҳад шуд. Гарчанде баъзе ҳадафҳо мумкин аст маҳдуд набошанд, ҷиҳатгирии навбатӣ пеш меояд. (Ҳамон китоб.-С.12).

Дар фасли дуюм мавзӯи фарқияти инсонҳо баҳс мешавад. Пеш аз он ки ҳар мудире масъулияти роҳбариро ба дӯши худ мегирад, бояд, пеш аз ҳама, монандиҳо ва фарқиятҳои инсонро шиносад. Монандии инсонҳоро, муҳаққиқон дар сабаб ва ангезаҳои рафтори онҳо мебинанд.

Дар фасли дуюми ин қисмат, ки дар он тафовутҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, чунин хулоса карда мешавад: мардум бо ниёзҳои физиологӣ таваллуд мешаванд. Дар тайи даврони рушд дар онон ниёзҳои дигаре бо номи ниёзҳои иҷтимоӣ ва ё ниёзҳои марбут ба худкомагӣ ҷавлона (ҷавлон, зуҳур) мезанад. Ин ниёзҳои равонии ҷадидро метавон ба чунин бахшҳо тақсим кард;

1)     Ниёзҳои ҷисмонӣ.

2)     Системаи асосии мавҷуд дар бадан,

3)     Вобастагӣ ба ҳамаи мардум.

Кӯдак вобаста ба бузургсолон аст. Бузургсолон метавонанд, ин вобастагиро дар ҷиҳати касби ризоияти хотир ва ё ба вуҷуд омадани нокомии хурдсолон тела диҳанд. Ризоияти хотир зербинои амният ва ҳамаи ниёзҳои марбут ба худкомагӣ мегардад.

Шароити вобастагии марбут ба даврони туфулият баъдҳо дар коргоҳ ва муассисаҳое, ки фаъолияти худро идома медиҳад ва ҳар ҷойи дигар дубора такрор мегардад. Ба ибораи дигар, ҳамон формулаи ёдгирии замони кӯдакӣ мумкин аст дар бузургсолӣ такрор шавад.

Аммо ниёзҳои амалии бузургсолон мумкин аст мутафовут бошад. Бар асоси посухҳое, ки ба ниёзҳо медиҳем, метавон гуфт, ки моил ба ташкили як низоми силсиламаротиб ҳастем, ки ниёзҳои физеологӣ дар сурате, ки ризояти онҳо таҳдид шаванд, дар садри ин низом ҷой хоҳанд дошт. Аммо, агар мо таъмини физиологӣ дошта бошем, ниёзҳои иҷтимоӣ ва ниёзҳои марбут ба худкомагӣ ҷузъи ниёзҳое мешаванд, ки мо барои қоеъ ва сероб сохтани онҳо хоҳем кӯшид. (Ҳамон китоб.-С.29).

Дар фасли сеюм, ба андешаи муҳаққиқ, мардум ашё ва умурро ба тарзҳои гуногун мебинанд ва ҳатто “ҳақиқатҳо” мумкин аст ба василаи афроди мухталиф комилан мутафовит (гуногун) мушоҳида шаванд. Ниёзҳои (талабот) шахсӣ муҳимтарин омилҳое ҳастанд, ки дар қазовати шахс дар бораи падидаҳои муҳитӣ муассиранд. Умуре, ки ба ризояти ниёзҳои шахс кумак мекунанд, хеле зуд дарк мешаванд. Ҳамчун умуре, ки ба сурати “монеъ” дида мешаванд, агар таҳдидкунанда набошанд, даркашон хеле зуд муяссар мегардад. Бо инкори мушоҳидаҳои монеасоз, мардум худро аз таъсироти онҳо ба таври муваққат “дур” нигоҳ медоранд. Аммо, агар онҳо, воқеан, хатарнок шаванд, мардум чашмпӯшиҳоро канор гузошта ва бо монеаҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, яъне тавофутҳои(фарқият) инсон вобаста ба ниёзҳову талаботи онҳост.

Яке аз чизҳое, ки дар баробари идрокҳои мо қарор мегирад “худ” ва “соири афрод”ё дигарон аст. Барои муҳофизати хеш мо саъй мекунем, ки тасвиреро, ки дигарон аз мо доранд, бо ниқобе чунон бипӯшонем, ки мардум моро он тавре бибинанд, ки мо моил ҳастем. Муваффақияти мо дар иҷрои нақшҳое, ки ба уҳда гирифтаем ва бовар кунонидани дигарон беш аз ҳар чиз ба қудрати мо дар ташхиси саҳеҳи вокунишҳое бастагӣ дорад, ки дигарон дар баробари рафтори мо аз худ нишон медиҳанд. Албатта, ташхиси саҳеҳи вокуниши дигарон кори осоне нест, зеро ки худи онҳо низ саргарми ифои (иҷрои) нақш (бозӣ) ҳастанд. Мавриди ғафлат қарор додани тафовутҳои мавҷуд дар заминаи идрок, мавриди ғафлат қарор додани омили аслӣ ва таъйинкунандаи рафтор аст. Бо ин ҳол ба осонӣ метавон фарз кард, ки ҳар кас дунёро ба унвони як нозир ва аз дидгоҳи ӯ (яъне мудир) тамошо мекунад. Замоне, ки сарфи таҳсили як назари куллӣ ва умумӣ шавад, беҳуда талаф нашудааст ва арзиш хоҳад дошт. (Ҳамон китоб. –С. 45-46).

Дар фасли чорум баҳс дар мавриди нокомист. Барои амалишавии ҳадафҳо мо бештар ба нокомӣ дучор мешавем, ки моро дар ҳолати нигароникунанда қарор медиҳад. Ин ҳолат на ба тақдири одам вобастагӣ дорад ва на ба ягон омили берунае, ки монеасози мутлақ дар роҳҳалҳои аз байн бурдани нокомӣ бошад.

Аз назари муҳаққиқон, нокомӣ як ҳақиқат нест, балки як эҳсос аст. Эҳсосе аст, ки бар асари бархӯрд бо монеаҳое, ки махсусан, роҳи расидани ӯро ба ҳадафҳои муайян сад (монеа) гузоштаанд, ба вуҷуд меояд. Ин навъ эҳсос, замоне эҷод мешаванд, ки монеаҳо ва масоил ғайриқобили ҳал ҷилва кунанд ва инчунин замоне, ки шикаст дар муқобили онҳо сурат мегирад, ки кайфияти ҷисмӣ ва равонии онҳо мавриди таҳдид қарор гирад,  яъне мавридҳое, ки лозими расидан ба ҳадаф аз роҳи кӯшиши худ бошад.

Афрод ҳангоми бархӯрд бо чунин монеаҳо ба василаи пархош (ҷангу даъво) аз худ вокуниш нишон медиҳанд. Агар шахс аз тавоноии худ дар ҳалли мушкилот мутмаин ва дар натиҷа хушбин бошад, пархоши ӯ (хархаша, ҷангу ҷидол) монеаҳоро ба вуҷуд меорад ва пархош ҷанбаи берунӣ пайдо мекунад. Аммо, агар дар мавриди истеъдод ва Қобилиятҳои худ шак дошта ва ё аз худ мутмаин набошад, дар ин сурат пархош ҷанбаи дарунӣ пайдо мекунад. Ба ибораи дигар, шахс ба сарзаниш кардани худ мепардозад ва ин бештар дар сурате иттифоқ меафтад, ки фард дар зиндагии гузаштааш рӯ ба рӯ бо шикастҳои пайдарпай шуда бошад.

Монеаҳо бештар ҷанбаи маҳрумият доранд, то нокомӣ, зеро монеаҳо ҳалношуда ба назар намерасад ва ё ин ки ҳадафҳо ҷанбаи марказӣ ва асосӣ барои “худ” надоранд. Бинобар ин баъзе аз мардум мумкин аст бо нокомиҳои камтаре рӯ ба рӯ шаванд, зеро роҳҳои беҳтаре барои аз байн бурдани монеаҳо доранд ва ё ин ки ба андозаи кофӣ ба худашон итминон ва эътимод ба нафс доранд. Дар натиҷа, дар бархӯрд бо ҳар монеъи тоза зарурате ба исботи эътибори шахсӣ эҳсос намекунанд.

Агар ҳадафҳои шахсӣ бо тавониҳои у ҳамвазну баробар бошад, дигар роҳи тозае ҷиҳати эҷоди нокомӣ пеш намеояд. Аммо, агар омолу орзуҳои фард боло аз тавониҳояш шаванд мумкин аст дучори шикасти пай дар пай гардад, зеро тобу тавони чунин бори гароне ё тахаюлеро надорад.

Падару модар, ҳамсолон, мудирон ва ба таври  куллӣ ҳамаи мардум бо рафтори худ дар эҷоди тавсеаи эътимод ба нафси фард таъсири қобили таваҷҷуҳе доранд ва дар натиҷа ҳангоми бархӯрди ӯ бо монеа комилан муассиранд, яъне таъсир мепазиранд. Зеро эътимод ба нафс тобеъ аз мувафақият аст ва муваффақият ғолибан он чизе аст, ки дигарон мумкин аст таъйин кунанд.(Ҳамон китоб.-С. 59).

Дар бахши паҷуми ин китоб дар мавриди таорузи (нишонаҳои беморгуна) равонӣ баҳс мешавад, ки хулосаи ин фасл чунин аст:

Рушди шахсият ҳамзистии ниёзҳои мухталифро имконпазир месозад. Мавқеиятҳои таорӯзӣ мавридҳое ҳастанд, ки интихоб байни ниёзҳо ҳамзистӣ ва мухолифатро зарур мешуморад. Ҳангоме ки дар эҷоди таъорӯзҳо ниёзҳои асосӣ ва ҳатмӣ дахолат доранд ва ҳеҷ роҳи гурезе ба назар намерасад, ба ҷуз аз вокунишҳои шадид дигар навъи бархӯрд вуҷуд надорад.

Таорӯзҳое, ки роҳҳалҳои ифротиро зарур мешуморанд, маълуман бо ниёзҳое марбут ба “виҷдони хулқӣ ё (рафторӣ)”, ки заминааш ахлоқ ва риояти муносибатҳои иҷтимоӣ аст робита доранд. Роҳҳалҳои ифротӣ, ғолибан шахсро маҷбур мекунанд, ки яке аз ниёзҳоро ба қисмати нохудогоҳи зеҳн бисупорад ва аз ин тариқ (яъне ба василаи фаромӯшӣ) таорӯзро (мушкилӣ)-ро инкор намояд.

Мумкин аст, ки таорӯзҳои заминадор ва ҷиддӣ дар созмонҳои санъатӣ(истеҳсолӣ) ба вуҷуд биёяд. Таъорузҳои байни ниёзҳои  вобастагӣ ва ниёзҳои марбут ба худмухторӣ ва истиқлол аз таорӯзҳое ҳастанд, ки ғолибан мушоҳида мешаванд, зеро дар муҳитҳои санъатӣ таъкид бар рӯи вобастагӣ аст, вале дар айни ҳол ба истиқлоли фардӣ низ аҳамияти зиёде дода мешавад.

Дар мавриди тасмимҳои рӯзмарра ҳам таорӯзҳо муҳим ҳастанд, аммо сатҳитар мушоҳида мешаванд. Заминаҳои отифӣ ва механизмҳои мантиқии ин таорӯзҳо, ғолибан бо якдигар омехта мегарданд. Бинобар ин бисёр мушкил аст таъйин кунем, ки чӣ миқдор аз уҳдадории мо дар баробари як тарҳ ё як амал беғаразона ва мантиқӣ буда ва чи миқдор аз фаъолиятҳои мо марбут ба ҳифзи ҳамоҳангии равонии мо мебошад. Зеро мавҷуди инсонӣ мехоҳад, ки таодулашро ҳифз кунад ва дар зимн, носозгории равоние, ки бар асари бархӯрди ақидаҳо ва идеяҳои зид ба вуҷуд меояд, парҳез намояд. Бинобар ин, ҳангоме ки мо раъйи худро дар гирифтани як тасмими мушкил нишон медиҳем моилем, ки ба ҳар роҳе аз ин шеваи интихоби хеш пуштибонӣ кунем ва дар зимн, дар пайи далелҳои бештаре бошем, то бо пешниҳод намудани онҳо ба худ ҳақ диҳем, ки дар интихоб ва гирифтани тасмим иштибоҳ накардаем. (Ҳамон китоб.- С. 82).

Дар фасли шашум дар мавриди ёдгирӣ, тафаккур ва масъалагушоӣ баҳс матраҳ мешавад, ки хулосаи ин фасл чунин аст.

Ёдгирӣ ҷараёни фаъол буда, барои аз худ кардани мавзӯъҳо фаъолият ба харҷ медиҳанд. Барои ба даст овардани иттилоот мекӯшанд ва барои гирифтани тасмим иқдом мекунанд ва барои асоси тасмимҳои худ амал мекунанд ва пас аз анҷоми амал саъй мекунанд ба хотир биёваранд, ки чӣ кардаанд ва асароти тасмимҳояшон чӣ будааст ва ба ин тарз дар беҳбудии худ мекӯшанд. Мардум аз рӯ ба рӯ шудан бо таҷрибаҳои мухталиф чизҳои мухталиф ёд мегиранд. Таҷриба иборат аз куниш ва вокуниши фард дар муҳит ва нисбат ба омилҳои муҳитӣ аст, ки ин ёдгирии фаъол аст.

Агар тобеи назарияи ғайрифаъол бошем, ҳамвора арзиши зиёде барои таҷрибаҳо ва дониши метафизикӣ(абстрактӣ, бетаҷриба) қоил мешавем ва фикр мекунем, ки ин хирад ва таҷрибаро аз роҳи панду андарз ва хондану навиштан дар бораи хираду таҷрибаҳо ба ҷавонон мунтақил мекунонем. Ҳамвора кучактаронро ташвиқ мекунем, ки пояшонро дар ҷойи пойи бузургон бигзоранд, аммо агар аз назарияи ёдгирии фаъол истифода кунем, хирад ва таҷрибаи бузургон фақат дар замоне ба кор хоҳад омад, ки мавриди ниёзи кучактарон бошанд. Мо ҷавононро ташвиқ хоҳем кард, ки ибтидо масоилеро, ки мехоҳанд ҳал кунанд, ёд бигиранд.

Хулоса, дар ёдгирии ғайрифаъол мо ибтидо бояд чизҳои билқувва муфидро ёд бигирем ва баъд саъй кунем, ки онҳоро ба кор бандем. Аммо агар тобеи назарияи ёдгирии фаъол бошем, бояд ёдгирандаро ташвиқ кунем, ки вориди амал шавад ва сипас аз натиҷаи аъмоли худ истифодаҳои муфидро касб кунад.

Инсонҳо сад дар сад мавҷудоти истидлолию мантиқӣ нестанд, вале ин тавоноиро доранд, ки фикр кунанд ва огоҳона ва бо далеловарӣ ёд бигиранд. Инсонҳо ба тамоми абзорҳое, ки лозим доранд, муҷаҳаз мебошанд. Онҳо дорои ҳавоси дарёфткунанда ва дастгоҳҳои иҷрокунанда ва механизмҳои марбут ба ҳофиза, ангезиш, гирифтани тасмим ва ё интихоб кардан ҳастанд. Фақат дар солҳои ахир аст, ки мо тавонистем мошинҳое бисозем, ки дорои хосиятҳое бошанд, ки битавонанд чанд амали ҳушмандии маҳдудро ба шеваи инсонҳо анҷом диҳанд.

Аз тарафи дигар, ба назар мерасад, ки инсонҳо абзорҳоеро, ки табиат дар ихтиёрашон қарор додааст, ба таври шоиста ба кор намебаранд. Яке аз далелҳои ин мавзӯъ ин аст, ки абзорҳояшон, воқеан, хуб ҳастанд ва бо ба кор гирифтани онҳо, ҳатто ба тариқи маҳдуд ва муайян метавонанд чизҳои зиёде ёд бигиранд. Онҳо, ҳамин тавр, эҳсосот ва назарҳоеро, ки заҳмат барои ёдгириҳо мешаванд, фаро мегиранд.

Тавоноиҳои инсонҳо дар ёдгирӣ аз ҷонибе бисёр маҳдуд аст ва аз назари дигар номаҳдуд. Бо истифода кардан аз табақабандӣ, гурӯҳбандӣ ва дастабандии инсонҳо метавон мавриди бисёр – бисёр мухталиф ва гуногуннавъро таҳти мақулаҳои муносиб даровард ва бо таваҷуҳ ба масъала ва ё масоили мавриди назар миқдори нисбатан зиёди иттилоотро ба ҳофизаи худ биспорид.

Агар мардуми боистеъдод таҳти таъсири интизориҳои атрофиён қарор бигиранд ва нахоҳанд, ки тибқи интизороти онон дар рӯ ба рӯ бо масъалаҳо фақат дунболи беҳтарин роҳҳал бошанд ва ба ҷойи он танҳо бо бадаст овардани роҳҳали ризоятбахш иктифо кунанд, метавонанд миқдори зиёд аз вақтро, ки дар ин роҳ мебоист сарф кунанд, сарфаҷӯӣ намоянд, зеро ба даст овардани як нақшаи тавлидии хуб ва хеле арзонтар (аз назари сарфи вақт, пул ва энергия) тамом мешавад, то ин ки шахс бихоҳад беҳтарин тарҳи тавлидиро ба даст биёварад.

Албатта, мавзӯи зикршуда ба ин маъно нест, ки ҳеҷ василае абзор ва равиши таҳқиқии беҳтар аз равиш ва абзори дигар нест. Балки, баръакс василаҳо ва шеваҳои ҷадиди таҷзия ва таҳлили масоил ҳар рӯз беҳтар аз рӯзи пеш ба вуҷуд меоянд ва ба назар мерасад, ки шеваҳои ҷадид бо шеваҳои маъмул ва мутадовил, ки имрӯз кӯдакони мо ҳам ҳатто аз вуҷуди онҳо бехабаранд, тафовути зиёде доранд.

Бефоида нахоҳад буд, ки ба тафаккур ва ёдгирӣ ҳамчун ҷараёни фаъол, ки аз норизоиятиҳо сарчашма мегиранд, бинингарем. Агар мардум эҳсоси норизоиятӣ кунанд, тамоми фаъолиятҳои марбут ба ҷустуҷӯ дар муҳит ва дар ҳофиза, ки марбут ба интихобҳо ва озмоиши рафторҳои ҷадид мебошанд, ҳар як ба тартиби хос, аммо фаъолона анҷом хоҳанд гирифт. (С.113-114).

Арзёбии мардум унвони фасли ҳафтум мебошад. Хулоса, дар ин фасл (7) се тариқи умумӣ барои арзёбии расмии мардум пешниҳод шудааст: 1) тестҳои санҷишӣ - навиштанӣ (бо қалам ва қоғаз); 2) тестҳои фароафканӣ ва 3) равишҳои сотсиометрӣ. Ҳар як аз инҳо дорои бартарият ва хубиҳое ҳастанд ва масрафоти пулӣ низ доранд.

Тестҳои санҷишӣ нисбатан арзонқимат ҳастанд ва то ҳудуде ҳам стандарт шуданд, аммо мавориди истеъмолии онҳо фақат маҳдуд ба мавқеиятҳое ҳастанд, ки мехоҳем гуруҳеро аз миёни як иддае нисбатан зиёд баргузинем.

Тестҳои фароафканӣ дар асоси бардоштҳо аз тасвирҳое сурат мегиранд, ки шахсияти инсон муайян мешавад ва ба қисматҳои амиқтарини шахсияти инсон роҳ меёбанд ва иттилооти бештар ва ҷолибтаре ба даст медиҳанд. Аммо, маъмулан ҷанбаи назарӣ ва фардӣ доранд. Ба илова, гаронқимат ҳастанд ва аз ҳамаи инҳо гузашта, наметавон ба натиҷаҳои бадастомада аз онҳо итминон кард.

Равиши сотсиометрӣ осон ва нисбатан қобили эътимод ҳаст. Аммо аз назари эҷоди қудрат дар сатҳҳои мухталифи созмони муассиса ғолибан хатарҳое ҳамроҳ доранд.

Арзёбии рӯзонаии афрод масъалаест душвор ва мавридҳое, ки метавонанд дар ин замина кумаки шоёне арза намоянд, иборат аз баҳсҳои созмонёфта дар заминаи шахсият ба кор бурдани техникаҳои ҷадиди мусоҳиба ва афзоиши бештари шиносоии фард дар бораи худаш.

Қисмати азим ва муҳими мавзӯи арзёбӣ ин нест, ки “чӣ гуна” онро анҷом диҳем, балки принсипҳои муҳим дар ин маврид иборатанд аз “чаро” арзёбӣ кунем ва “то чӣ андоза” бояд дар анҷоми он бикӯшем. (С.142).

Дар фасли баъдӣ (фасли 8) равобити байни инсонҳо матраҳ аст. Барои он ки робитаи байни афрод аз тарафи як мудир дуруст ба роҳ монда шавад, “дар муҳити кор ва фаъолият ҳамвора бояд тарафдори танаввуъ ва тағйир буд, на хостори сукун (доимӣ, исто) ва субот. Бояд пӯё ва ҷӯё буд, на роҳатталаб ва исто. Ба таври куллӣ, дар тӯли ҳаёти як муассиса набояд танҳо хоҳони якнавохти дурахшиш ва ризоияти хотир собит буд, балки бояд дар ҷустуҷӯи ислоҳ ва беҳбуд ва интиқоди созанда буд, то кинаҳо ва ғаразҳо ногуфта намонанд ва рӯи якдигар анбошта (болои ҳам гузошта) нагарданд, ки хатари таркиш дар пай доранд”. (-С.148).

Хулоса, “робитаҳо иборатанд аз кӯшишҳои афрод дар заминаи қонеъ кардани ниёзҳояшон ба кумаки якдигар. Бинобар ин, аъзо дар робитаҳо бо якдигар вобастаанд ва метавон интизор дошт, ки ин вобастагиҳо эҳсосоти зиддиятнокеро (мутазодеро) нисбат ба якдигар ба вуҷуд меоварад. Бо вуҷуди ин, наметавон аз созмонҳои муассисоте, ки бар асоси робитаҳо бино шудаанд, интизор дошт, ки таодули равонии комиле дошта бошанд. Танаввуи (гуногунии) робитаҳоро метавон аз чанд чанба баррасӣ кард. Ин ҷанбаҳо иборатанд аз: -тӯли муддати робита, тавзеъи (вазъи) қудрат, муқаррарот ва қонунҳои рафтор, ки тобеъи омилҳои муҳитӣ аст ва нақшҳои инфиродӣ ва иҷтимоии аъзои робита. Ҳар яке аз ин ҷанбаҳо якчанд пурсишҳои мухталиферо дар заминаи аъмоли нуфузи як узв нисбат ба узви дигар, ки ҳамзамон натиҷаи бадастомада ба ирзои (қонеияти) ниёзҳои ҳар узв ба василаи дигаре мешавад, матраҳ менамояд.  Иртибот василаи асосӣ дар барқарор сохтани робита аст. Ин васила дар бештари робитаҳо ҳам барои ҷамъоварии иттилоот ба кор меравад ва ҳам барои нуфузи аъзои робита дар якдигар мавриди истифода қарор мегирад (С.154).

Дар фасли минбаъда перомуни аҳамияти гуфтушунид дар заминаи ҳалли мушкилот сухан рафта, ҳамчун як навъи иртибот дониста мешавад. Иртибот дар хулосаи ин фасл ҳамчун муқаддимотитарин васила ҷиҳати тағйир додани рафтор аст. Мо ба соддагӣ метавонем ҷаҳор ҷанбаи (буъди) мустақилро дар ҷараёни ҳар иртибот ташхис диҳем: 1) муҳтавои иртибот; 2) сарусадо; 3) шабакаи иртибот; 4) ҷиҳати иртибот.

Иртиботи яктарафа аз назари сурат бар иртиботи дутарафа бартарӣ дорад. Иртиботи яктарафа ҳамчунин ин имтиёзро дорад, ки фардро аз ташхиси иштибоҳоти худ ва масоили печидаи дигари мудирият маҳфуз медорад. Имтиёзи иртиботи дутарафа  дар ин аст, ки дурустии бештареро соҳиб аст ва дар зимн, дар шунаванда эҳсоси итминон ва эътимоди зиёдтаре ба вуҷуд меоварад. Аммо иртиботи дутарафа як навъ риски равониро ҳам барои гӯянда (ё фиристандаи паём) дар худ дорад. Иртиботи дутарафа эҳтиёҷ ба омодагӣ ва тарҳрезии камтаре аз тарафи гӯянда дорад. Аммо, аз назари мудирият мушкилоти зиёде дар заминаи ҳифз ва тавсеаи иртиботи дутарафа мавҷуд аст. (С.171).

Дар фасли даҳуми ин китоб дар мавриди рафтори муассир ва нофиз (муҳим) баҳс мешавад.

Мардум рафтори худро дар сурате тағйир медиҳанд, ки барояшон маълум шавад, ки рафтори қаблии онҳо муносиб ва зарурӣ набуданд, зеро бо нокомӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Тағйир ин ёдгорист. Дар ин фасл тамаркузи баҳс бар рӯи чанд ҷанбаи умумии мавқеиятҳои “тағйир”- и рафтор аст.

Омили тағйир, ки ӯро А меномем, дар шиносоии корие, ки мехоҳад анҷом диҳад, бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Ғолибан А-ҳо намедонанд чӣ аъмоле анҷом медиҳанд ва ҳамин тавр огоҳ нестанд, ки чаро чунин кореро анҷом медиҳанд. Ангезаҳои онҳо мумкин аст бештар нахудогоҳона ва даркнашуда бошад ва ҳачунин онон дар шиносоии ҳадафҳои хеш басирати (нигоҳ) кофӣ надошта бошанд. Тафаккури амиқ дар заминаи ҳадафҳо мумкин аст, натиҷааш бо таҷдиди назар дар интихоби онҳо бишавад ва ё ин ки шахсро дар раҳо кардани амри “тағйир” -и рафтор ташвиқ намояд.

Тасмими ниҳоӣ дар мавриди қабули тағйир бо касоне аст, ки бояд тағйир кунанд. Онҳо ё қабул мекунанд, ки “тағйир”-ро бипазиранд ва ё баръакс, хоҳанд кӯшид, ки тағйир дар вуҷудашон сурат нагирад (касеро, ки бояд тағйир бипазирад, В номидаем). А- фақат метаваонад дар гирифтани тасмим нуфуз дошта бошад, вале наметаваонад тасмим бигирад, таъсирпазир аз омилҳои бешуморе хоҳад буд, ки танҳо яке аз онҳо нерӯи нуфузи А мебошад.

Баъзе аз А-ҳо саъй мекунанд, ки пеш аз кӯшиш дар роҳи тағйир додани В-ҳо сабабҳои рафторҳои кунунии онҳоро пайдо кунанд. А-ҳои дигар ба чунин коре иқдом намекунанд. Инҳо бештар ба ҷанбаҳои муштараки инсонҳо такя менамоянд. Дар ташхиси сифатҳои В қоидаҳое тасвир шудааст, аммо, ба ҳар ҳол, агар гирифтани тасмими ниҳоӣ дар заминаи қабули “тағйир” бо В бошад, беҳтар аст, ки А ба В кумак кунад, ки у хусусиятҳои худро беҳтар бишиносад.

Ба илова, ин ташхиси сифатҳо ё хусусиятҳо метавонад ҳам ба сурати дарёфти ҳақиқатҳо бошад ва ҳам ба сурати шиносоии эҳсосот. Ақидаи муҳаққиқ ин аст, ки шиносоии эҳсосот, агар аз маърифат ба ҳақиқатҳо муҳимтар набошад, камарзиштар аз онҳо нест. Масъулияти ниҳоӣ барои эҷоди тағйир ҳам мумкин аст ба танҳоӣ бар уҳдаи А бошад ва ҳам мумкин аст, ки В онро қабул намояд. Вале қабули ин масъулият метавонад бар уҳдаи ҳар ду нафар бошад. Омилҳои тағйир (А-ҳо), махсусан мавқеъе, ки мақоми волотаре дошта бошанд моиланд, ки масъулияти тағйирро марбут ба худ бидонанд. Аммо агар битавон В-ро водор ба қабули қисмате аз масъулиятҳои марбута намуд, тағйироти ҳосила мумкин аст пойдортар ва умумитар бошанд (-С.185-186).

Дар фасли 11 баҳс дар мавриди қудрат ва истифодаи он матраҳ аст. Қудрат дар матни мудирият ба маънои нуфуз ва механизми амалишавии қудрат фаҳмида мешавад.

Қудрат дар ҳар системаи иҷтимоии печида як василаи эҷоди назм аст ва онро ба унвони механизме, ки муҷиби эҷоди назму тартиб дар фаъолиятҳо мегардад, истифода менамоем. Қабули масъулият ниёз ба қудрат дорад.

Вале, ҳар гоҳ шахс дастур медиҳад, бояд бидонад, ки ӯ худ масъули натиҷаҳои он дастур аст. Пас, масъулият амри такмилшуда, вале мақбул ва писандида аст, ки шахс онро дар ивази ҳаққи дастур додан ба ҷанг меорад.

Дар хулосаи ин фасл муҳаққиқ мегӯяд, ки доштани ихтиёрот як навъ қудрати қобили вогузорӣ аст.

Қудрати нуфуз кардан дар рафтори дигарон мумкин аст аз манобеи мухталиф сарчашма бигирад. Аз ҷумла метавон аз маҳоратҳо, шахсият ва қудрати молӣ ном бурд.

Ба назари мудирон (идоракунандагон), истифода аз қудрати таҳдидӣ василае барои эҷоди назму тартиб ва контроли фаъолиятҳо мебошад. Ба унвони натиҷаҳои бадастомада, аз ин равиш шояд битавон аз ризоияти хотире ном бурд, ки ба суҳулат ва сурат барои омили муқтадире, ки ба худ итминон ва эътимоди чандоне надорад, фароҳам мешавад. Ҳамчунин ба кумаки ин равиш метавон то ҳадде байни назароти зердастон стандартҳои мудирон ҳамнавоӣ падид овард.

Яке аз камбудиҳое (ишколоте), ки дар истифода аз қудрати таҳдидӣ вуҷуд дорад, ин аст, ки мумкин аст ба ҷои тағйире, ки фарди соҳибқудрат моил аст ба вуҷуд оварад, як навъ тағйири дигаре дар нигариши афрод ва ҳамзамон дар рафтори онон падид ояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ, қабули назар набошад. Маҳдудият мумкин аст муҷиби нокомӣ ва дар натиҷа сабаби эҷоди пархошгарӣ нисбат ба омили тағйир гардад. Бинобар ин маҳдудият метавонад ба мизони ночизе рафторро тағйир диҳад, дар ҳоле, ки мизони хусуматро афзоиш ва огоҳӣ аз натиҷаҳоро коҳиш диҳад. Пас, маҳдудият дар айни ҳол мумкин аст муҷиби гусехтагии равобит шавад.

Ба назар мерасад, ки истифода аз қудрат ба сурати як механизми таҳдидӣ дар замони кӯтоҳ, дар мавқеиятҳои махсус, дар мавридҳое, ки тавоноии интиқомҷӯии В дар ҳадди ақал аст, истифода мешавад ва инчунин, ҳангоме ки тағйироти мавриди назар тағйироте ҳастанд, ки дар заминаи аъмол ва рафтори воқеии махсус бояд сурат гиранд ва билохира дар мавридҳое, ки маҳдудиятҳо ҷанбаи маҳрумият дорад ва на нокомӣ, то ҳадди қобили мулоҳизае муфид бошад.

Ҳамчунин ба назар мерасад, ки истифода аз қудрат барои нуфуз кардан дар дигарон, то ҳадди зиёде таҳти таъсири ангезаҳои ниёз ба назму тартиб, кифоят ва контрол мебошад. Дар моделҳои марбут ба истифода кардан аз қудрат, тасаввур мешавад, ки ё В нолоиқтар аз А аст ва ё ин ки нақши А ба ӯ иҷозат медиҳад, ки бо қудрат бо В рафтор намояд. Ҳамин тавр, гумон меравад, ки В-ҳое вуҷуд доранд, ки ба муқаррароти ғайришахсӣ ва тааҳҳудоти (аҳдҳои, шартномаҳо) иҷтимоӣ эҳтиром гузошта ва онҳоро риоят менамоянд (-С.204-205).

Фасли 12-ум дар мавриди водоштан ва даст андохтан баҳс матраҳ мекунад. Яке аз мушкилоте, ки дар мудирият мебошад, ин чӣ тавр кормандонро мо ба кор водор созем, то онҳо ихтиёран масъулияти худро анҷом диҳанд. Мавҷудоти инсонӣ дорои системаҳои печида бо ниёзҳое аз қабили эҳтиёҷ ба муҳаббат, истиқлол, ҳимоят, мавриди писанд будан ва мавриди қабули дигарон қарор гирифтан ва ғайра ҳастанд.

Истифода аз намунаҳои водорсозӣ барои эҷоди тағйироти муассир дар мавридҳое сурат гирифтааст, ки истифода аз қудрат ва ихтиёр имкон надоштааст. Дар намунаҳои иқтидорӣ В ҳамқатор ва ё зердасти А мебошад. Намунаҳои водорсозӣ дорои ҷанбаҳои муштараке мебошанд. Аз он ҷумла метавон ба нукоти зер ишора кард: А- ҳои водоркунанда баъзе аз ангезаҳои худро аз назари умум махфӣ нигоҳ медоранд. А-ҳои водоркунанда саъй мекунанд, ки бо В равобити наздик барқарор созанд. Ин равобит ғолибан ҷанбаи вобастагӣ пайдо мекунад, вале батадриҷ аз худ вобастагиҳо ба унвони як василаи муассир баҳрагирӣ мешавад: яке марҳилаи барқарории иртибот ва дигаре марҳилаи нуфуз А-ҳои водоркунанда, дар муқобили ниёзҳо ва авотифи инсонӣ ҳассос ҳастанд ва саъй мекунанд, ки нуфузи худро батадриҷ ва ғайримустақим эъмол (таҳмил) намоянд (-С.214-215).

Фасли 13-ум идомаи баҳси қудрат буда, дар мавзӯи нуфуз кардан дар дигарон бе тавассул (пайвастан) ба қудрат баҳс мекунад. Дар ин фасл, ки равиш ва модели А,А ном дорад, аз қудрат ва ихтиёр ва ҳамчунин ҳиллаҳое, ки ба кумаки онҳо битавон мардумро водор ба анҷоми амре намуд, истифода намешавад.

Мардум бояд бештарин миқдори масъулиятро ҷиҳати тағйир додани рафтори худ қабул намоянд. Ва инчунин касоне, ки хостори тағйир додан ҳастанд, бояд ба унвони омили водорсозанда худ тасмим гиранд.  Дар чунин шароите қудрат ба сурате ҷилва хоҳад кард, ки зердастон ба он васила ба ризоияти ниёзҳои хеш  даст ёбанд, на ба шакли андозае, ки муҷиби тарсу ваҳшати онҳо гардад (-С.239).

Фасли 14-ум таъсири пул дар мавриди мудирияти бештари мардум баррасӣ мешавад. Пул василаи ирзои ҳар навъ ниёзе дар ҷомеаи имрӯзӣ аст. Ба илова, пул омилест, ба осонӣ контрол мешавад ва миқдори он низ қобили андозагирӣ аст. Пул як “воқеият” аст ва аз он метавон ба унвони як омили иртиботӣ низ истифода кард. Пул дар маънои дигар омилест, ки ба василаи он шахс ниёзҳои мутанаввеи худро берун аз муҳити кор қонеъ менамояд.

Дар хулосаи ин фасл омадааст, ки пул ҳанӯз яке аз омилҳои муҳим ва ангезиши қавӣ барои анҷоми кор дар ҷомеа мебошад. Вале, албатта, омили мунҳасир ба фард нест. Пул ба унвони як омили ангезишӣ ва низ тарҳҳои подоши инфиродие, ки бар ҳамин асос ба вуҷуд омаданд дар назари коргарон ва коркунон муносибтарин ва муҳимтарин муҳаррикҳо аст ва зарурат бар ин ки афрод битавонанд комилан мустақил анҷоми вазифа намоянд ва вазифаашонро ҳам ба хубӣ тартиб дода шаванд, ки битавонанд чунин истиқлолеро ҳис кунанд. Агар бихоҳем аз ин системаи инфиродӣ дар мавридҳое, ки афрод ба якдигар вобаста ҳастанд ва вазифаҳои онҳо низ мутақобиланд, ба якдигар иртибот доранд, истифода кунем, ба мушкилоти зиёде бархӯрд хоҳем кард. Яке аз ин мушкилот ин хоҳад буд, ки кори тавлидшуда ба василаи ҳар фард дар заминаи вазифаи махсусе, ки ба ӯ вогузор шудааст, ба ҳадде, ки мавриди интизор аст, нарасанд ва низ маҷмӯи корҳои ин афрод баробар бо тавлиди куллие, ки аз муассиса ба сурати як воҳид (маҷмаа) интизор меравад, набошад.

Тарҳҳои гурӯҳие, ки ҳамаи сатҳҳои компанияро дар бар мегиранд, аз назари равоншиносӣ, ба тарҳҳои инфиродӣ мутафовит (фақият) ҳастанд. Дар системаҳои фардӣ (шахсӣ, инфиродӣ) саъй бар ин аст, ки фард ва кораш аз воҳиди кулли созмон ҷудо шавад. Аммо дар тарҳи гуруҳӣ назар аст, ки як ҳадафи умумӣ ҳадафи ҳамаи афрод бошад. Ин таваҷҷуҳи умумӣ ба ҳадафи муассиса боиси эҷоди тағйироте дар равобити байни мудир – коргар мешавад ва ҳамин амр муҷиби афзоиши доманаи ризоияти хотир барои афроде мегардад, ки дар муассиса машғул ҳастанд. Ҳамчунин масоили мушкили марбут ба таъсир ва пазириши таъсирро низ аз ҳамин роҳ беҳтар метавон баррасӣ кард.

Аз назари механизм нуфуз кардан дар дигарон, системаи подоши инфиродии бештар ба рӯи рафтори зоҳирии афрод таъсир мегузорад, то нигариши асосии онҳо. Аммо тарқи гурӯҳие, ки шабоҳати бисёр наздикӣ ба модели А дорад, мумкин аст дорои таъсири амиқтар ва дар сатҳ васеътар бошад.

Дар қисмати сеюми ин китоб доир ба мудирияти инсонҳо дар гурӯҳҳои аз се то бистнафарӣ матраҳ аст, ки онҳо чӣ тавр ба кор ҷалб шаванд ва бо кадом қудрат метавон ба онҳо нуфуз кард.

Суолҳое, ки мо метавонем ҷавобашро аз ин китоб дарёбем, ин аст, ки “чӣ гуна” бояд аз гурӯҳ истифода кард? Яъне чӣ гуна гурӯҳҳоро ба кор водорем ва чӣ гуна гурӯҳҳоро дар силсиламаротиби созмонҳо ҷой диҳем?

Дар қисмати аввал фасли понздаҳум ҷойгир аст, ки мавзӯи шабакаи иртибот дар гурӯҳҳо унвон дорад.

Шабакаҳои иртибот ҷанбаи сохтории як гурӯҳро ташкил медиҳад. Ин шабакаҳо барои мо мушаххас мекунанд, ки афроди гурӯҳ ба чӣ сурат ба якдигар марбут мебошанд. Бинобар ин таҷзия ва таҳлили дақиқи авзои шабакаҳои иртиботӣ василаи бисёр муносибе барои марбут кардани масоили рафтори фардӣ бо масоили рафтори созмонӣ ва ташкилотӣ мебошад.

Дар хулосаи ин фасл омадааст, ки сохтмони содаи шабакаи иртиботӣ дар як гурӯҳ ва истиқлоли афрод дар гурӯҳ маҳдудиятҳое дар тарзи амали гурӯҳ ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар гуруҳҳое, ки ҳалли мушкилоташон зарурат ба ҷамъоварии иттилоот аз ҳамаи афроди гуруҳ аст, суръати амал дар сурате вуҷуд хоҳад дошт, ки як фард дар марказ қарор гирифта ва дигар афрод монанди бозиҳои як ситора дар даври ӯ пароканда шаванд. Аммо, агар доштани рӯҳияи олӣ, тасҳеҳи иштибоҳот ба василаи худи шахс ва ҳамин тавр халлоқияти ӯ мавриди таваҷҷуҳ бошад, он навъ шабакаи иртиботие, ки дар он ба ҳар фард имкони дастрасӣ ба чандин канали иртиботӣ мавҷуд бошад ва ҳамаи афрод дар як сатҳ қарор бигиранд, муносибтар хоҳад буд.

Гурӯҳҳое, ки ба ҳадди мумкин мутамарказ ҳастанд, ғолибан аз назари субот ва татбиқ бо тарҳҳои умумии созмонӣ, суръати амал ва қобилияти контрол  дар анвои дигар бартарӣ доранд, аммо ҳамин тарҳҳо ба унвони василаи дифоии равонӣ ва ҳазфи (бартараф кардани) “нуқоти заъф”-и болотарҳо дар муқобили зердастҳо ва ба акс ба кор гирифта мешавад. (-С.275-276).

Дар фасли баъдӣ (16) муҳтавои иртибот дар гурӯҳҳо матраҳ аст. Дар хулосаи ин фасл муаллиф мегӯяд, ки шояд иштибоҳ бошад, ки дар корҳои гурӯҳӣ короиеро бо муназзам ва мураттаб будан муодил (ҷойгузин, баробар) қарор дод. Мумкин аст сару садоҳои музоҳим      (заҳматдиҳанда) ва номарбуте, ки ба василаи афрод дар гурӯҳҳо эҷод мешаванд, намояндаи кӯшишҳои онҳо барои ризоияти ниёзҳои шахсии онҳо бошад. Агар баёни чунин сару садое манъ гардад, ин навъ падида, ки сарчашма аз омили дарунӣ аст, махфӣ мешавад, вале он омили аслӣ мумкин аст дар амали корҳо гуруҳро аз роҳи аслӣ мунҳариф созад. Баръакс, мумкин аст дар як гурӯҳ ҳеҷ ва ё хеле кам сару садо вуҷуд дошта бошад. Ба ин маъно, ки чун дар системаи иртиботи монеаҳо вуҷуд дорад, иттилооти марбут ва лозим аз тарафи аъзо пешниҳод намешавад. Баъзе аз ин монеаҳо механикӣ ҳастанд. Дар ҳоле, ки баъзеи дигар ҷанбаи равонӣ доранд. Монеаҳо марбут ба ихтилофи сатҳи мақомҳо ва ҳасодатҳо ва назароти хасмонаи шахсӣ аз навъи монеаҳои дастаи ахир ҳастанд.

Дар ҳар ҳол, чи садоҳои музоҳим зиёд бошанд ва чи  мизони онҳо ба ҳадди ақал бирасад, беҳтар он аст, ки ҳамвора дар беҳтар кардани вазъи иртибот ва на маҳдуд сохтани он кӯшиш шавад. Маънои ин ҷумла он аст, ки бояд саъй шавад мавқеияте фароҳам ояд, то эҳсосоти шахсии афрод ва ҳамчунин ниёзҳои фардии онҳо маълум ва мушаххас шаванд ва дар айни ҳол, иттилоот ва ҳақиқатҳои марбут ба масъалаи мавриди назар ҳам пешниҳод гарданд. Барои гурӯҳҳои муваққат ҳалли масъалаи мавҷуд бар ҳар амри дигар тақаддум дорад. Аммо барои гуруҳҳои муддати дарозтар, беҳтар он аст, ки барномаҳо ва ҷараёнҳои мутаносиб бо ҳалли масъалаҳои мутаадид (зиёд) ва ҳатто гурӯҳҳои мухталифвазъ дар назар гирифта шавад.(-С.289-290).

Дар фасли ҳабдаҳум бошад, масоили амалии гурӯҳҳо матраҳ аст.

Дар хулосаи ин фасл омадааст, гарчи ҳадафҳои аъзои гурӯҳ ба таври ҷудогона дорои аҳамият аст, бо вуҷуди ин, ошноӣ бо хусусияти гурӯҳ дар вақти амал низ метавонад бисёр муфид бошад.

Масоили марбут ба мушаххас кардани ҳадафҳо аз бузургтарин мақулаҳои марбут ба масоили кори гуруҳӣ аст. Ҳадафҳо, ғолибан дар зоҳир возеҳтар аз он ба назар мерасад, ки дар ботин ҳастанд. Ин масоилро метавон аз тариқи ғунҷонидани онҳо дар дастури ҷаласаҳо ва таҳсили мувофиқати афрод дар бораи мафҳумҳое, ки бояд мавриди назар дошт ва ба озмоиш гузаронидани муҷаддади ҳадафҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз маҷмӯи масоили мухталиф метавон масоили марбут ба персоналро аз назари аҳамият дар радифи дуюм қарор дод. Ин мушкилот шомили масоили марбут ба шахсиятҳо, ҳолатҳо, ниёзҳои фаврӣ ва соири умуре аз ин қабил мебошад. Ҳатто ба назар мерасад, ки як муҳити дӯстона беҳтар ба афрод иҷоза медиҳад, то назароти худро бетарс, дар маърази афкори дигарон қарор диҳанд ва шак нест, ки ин мавзӯъ дар ҷиҳати пешбурди кори гурӯҳ муассиртар ва беҳтар хоҳад буд.

Масоили марбут ба ҳидояти гурӯҳ низ дар радифи мушкилоти ҷиддӣ қарор дорад. Гурӯҳҳо метавонанд ончунон дар бораи матолиби мавриди музокира ба баҳс бипардозанд, ки дучори ҳайрониву саргаштагӣ шаванд. Таваққуфҳо гоҳ ба бегоҳ, дар он ҳолат пеш меояд, ки тағйир додани вазъияти гурӯҳ, аз баҳс дар бораи матолиби гурӯҳ ва баҳс дар бораи равиш ва умури дигаре аз ин қабил метавонанд дар рафъи мшкилоти фавқ (боло) кумаки муассире ба ҳисоб оянд.

Яке аз мушкилоте, ки бештар дар гурӯҳҳо мушоҳида мешавад, масоили марбут ба гирифтани тасмим аст. Агар ҳадафи гурӯҳ риояти тасмимоти пешгирифта ва амалӣ намудан бар тариқи онҳо бошад, ба даст овардани таворуқи ҳамагонӣ олитарин равиш барои анҷоми ин манзур аст.

Роҳбари гурӯҳ ба унвони як кори тахассусӣ дар назар гирифта шудааст, на ба сурати маҷмӯае аз сифот ва мушаххасоти шахс. Агар ҳадафи ниҳоӣ ҳалли масъала аст, пас раҳбарӣ ҷанбаи амалӣ пайдо мекунад, на шахсӣ. Яке аз корҳои раҳбари гурӯҳ ин аст, ки роҳи иртиботро бикушояд ва дар ҳифзи он бикӯшад. Ва нақши дигари раҳбар ин аст, ки дар афрод алоқамандӣ ва пуштикор ба вуҷуд оварад ва онҳоро ба анҷоми вазифаҳои дарпешдошта (маҳмула) ташвиқ кунад (-С. 309-310).

Фасли 18-ум, ки истиқлол ва ҳамнавоӣ ном дорад, масъалаи ҳақиқат дар баробари фишори гурӯҳ, мароҳили фишори гурӯҳ, оё гурӯҳ ситамкор ва дамдамимизоҷ шудааст?, оё интихоби роҳе ба ҷуз масири куллии гурӯҳ мутазаммини фавоиде (фоидаҳо) хоҳад буд?, оё фарди якрав ҳеҷ гоҳ пирӯз мешавад? Фарди якрав таҳти чӣ шароите метавонад мавқеияти худро ҳифз кунад? Корфармоии танҳо ва хулоса матраҳ аст.

Дар мавзӯи мароҳили фишори гурӯҳ чанд нуктаи муҳим дар роҳбарӣ барои фишор овардан ба шахсони якрав истифода мешавад, ки аз чунин марҳилаҳо иборат аст:

1)     Ибтидо бояд бо ӯ аз роҳи ақлу мантиқ суҳбат кард;

2)     Агар ин равиш коргар набуд, ӯро бо калимоти дӯстона ва истифода аз ангезаҳои отифӣ ҷалб кунем ва кӯшиш кунем, ки сар ба роҳаш созем.

3)     Дар сурате, ки боз ҳам лаҷоҷат ба харҷ диҳад, он қадар таъну лаънаташ хоҳем кард, то ин ки саранҷом даст аз сарсахатӣ бикашад.

4)    Вале, агар боз ҳам муқовимат кард, он вақт бояд аз ҷанбаи иҷтимоӣ фалаҷаш созам ва ба вуҷуди ӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ, аҳамият надиҳем. Гарчи аз назари зоҳир ӯро дар ҷаласаи худ мепазирем, вале аз назари равонӣ ба ӯ таваҷҷуҳе намекунем ва чунон вонамуд мекунем, ки аслан чунин шахсе дар ҷаласаҳо ҳузур надорад (-С.318.).

Муҳтавои хулосаи ин мавзӯоти зикршуда ин аст, ки гурӯҳ бар фарде, ки якрав бошад фишор ворид меоварад. Эъмоли фишор чанд марҳила дорад, ки иборат аз баҳсу истидлол, ба кор бурдани калимоти тахдирӣ, ҳамлаи лафзӣ ва билохира тарз ва нафй (бекор кардан)и узви такрав (якрав). Аммо бояд донист, ки ин эъмоли фишор марбут ба ҳолати садистӣ ва ё танаввуи (гуногунии) мизоҷи гурӯҳ нест. Аз нуқтаи назари гурӯҳ, ҳадаф аз ворид кардани фишор ба хотири ин аст, ки гурӯҳ битавонад ба ҳастии худ идома диҳад ва дар зимн, қодир шавад вазифаеро, ки ба он маҳмул шудааст, ба хубӣ анҷом диҳад. Фишорҳои гурӯҳӣ дар мавқеъҳое хеле эҳсос мешавад, ки шахси якрав беҳомӣ ва комилан танҳо бошад. Дар сурате, ки битавонад ба тариқе пуштибонии фарди дигареро, ҳарчанд андак бошад, ҷалб намояд,  муқовиматаш бамаротиб бештар мешавад ва камтар фишори воридшударо эҳсос хоҳад кард.

Гарчи як шахси якрав ва муқтадир дар натиҷаи доштани қудрати беҳтар аз як фарди якрави заъиф метавонад бо аъмолаш нуфуз кунад, вале рӯиҳамрафта ҳеҷ якраве наметавонад назароти худро бар як гуруҳи муташаккил, ки афроди он ваҳдати назар дошта бошанд, биқабулонад. Агарчи афроди якрав натавонанд назорати гурӯҳҳоро ба фикри бештар водор созад.

Дар ҳар сурат лозим аст, ки таваҷҷуҳи худро ба ду нукта равона созем: аввал ин ки ҳамнавоӣ накардан, то андозае беҳтар аз ҳамнавоӣ кардан аст. Аммо дар зимн бояд ба ёд дошта бошем, ки ғолибан умури дунёи имрӯз аз тариқи ҳамнавоӣ кардан бо стандартҳои пазируфташуда сурат мегиранд. Нуктаи дуюм ин аст, ки гурӯҳҳо ба василаи эъмоли фишор ба хотири ҳамнавоӣ кардани афрод ҳисси фардияти онҳоро нобуд месозанд. Дар ин маврид бояд ба хотир дошта бошем, ки ағлаб мо ҳангоме  эҳсоси истиқлол ва озодӣ мекунем, ки узви як гурӯҳ буда ва таъмини равонӣ дошта бошем, на ин ки ба танҳоӣ дар баробари гурӯҳе қиём кунем ва бе доштани ҳомӣ ва пуштибон худро тардшуда (рондашуда)ва танҳо эҳсос намоем (-С. 328-329).

Дар фасли баъдӣ(19), ки таорӯз ва рақобати мобайни гурӯҳҳо мебошад, дар мавриди тими ман ва тими шумо пирӯз хоҳад шуд ва оё ин гуна масоил дар санъат ва тиҷорат пеш меоянд? Суҳбат мешавад. Дар хулосаи ин фасл омадааст, ки бисёр сода аст шароите фароҳам кунем, ки таҳти онҳо гуруҳҳо ба рақобат бипардозанд. Дар чунин мавқиятҳо ҳамон вақт рақобат бештар мешавад ва пешрафт мекунад, ки рӯҳияи гурӯҳе босуботтар ва пайвастагии афроди гурӯҳ ба якдигар бештар бошад. Оё эҳсосе, ки мобайни гурӯҳҳо ба вуҷуд меояд, бештар хусумат ва душманӣ пайдо хоҳад кард? Дар чунин шароите тартиб додани ҷаласаҳои муштарак барои намояндагони гурӯҳҳо фақат ба печидагии масъала кумак мекунад.

Ҳадафе, ки дар ибтидои ҷаласа мавриди назар аст (яъне ёфтани як роҳҳал барои масъалаи мавриди назар) ба зудӣ табдил ба таассуб, ба арзи андомҳои намояндагони гуруҳҳо мешавад. Ба ин тартиб ин ҳар намоянда мехоҳад назароти дигаронро бо лаҷан бикашад ва дар натиҷа ақидаи худро ба соирин биқабулонад, ҳамчуноне, ки рӯҳияи гурӯҳи баст меёбад ва афроди гурӯҳ ба якдигар пайвастагии бештаре пайдо мекунад ва таассуби гурӯҳ нисбат ба тарҳи пешниҳодияш бештар мешавад ва таассуби намояндаи гуруҳ нисбат ба гуруҳаш низ афзоиш меёбад. Аз тарафи дигар, агар афроде барои доварӣ интихоб шаванд, ки бастгии наздик ба ҳеҷ кадом аз гурӯҳҳо надошта бошанд, хеле зуд метавонанд дар интихоби яке аз тарҳҳои пешниҳодӣ ба унвони беҳтарин тарҳ тасмим бигиранд. Аммо,  агар ин доварон ҳам, ки ҷанбаи бетарафӣ доранд ва бихоҳанд назари худро бар гурӯҳҳо таҳмил намоянд, бо вуҷуди ин ки аз тарафи худи гуруҳҳо ба ин кор даъват шудаанд, вале боз ҳам назарашон бо муқовимати гуруҳҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Албатта, гурӯҳе, ки тарҳаш пазируфта шудааст, назари доваронро меписанданд. Аммо гурӯҳҳои дигар нороҳат ва норозӣ хоҳанд шуд. Инчунин гурӯҳе, ки тарҳаш мавриди қабул воқеъ нашудааст, дар ҳоле, ки саъй мекунад, дар баробари тасмими гирифташуда муқовимат кунад ва онро напазирад дар дохили худ низ дучори мушкилоте мешавад ва ба эҳтимоли зиёд даврони гусастагии гурӯҳ шуруъ мешавад ва афроди он аз якдигар фосила хоҳанд гирифт.

Аз тарафи дигар гурӯҳе, ки ба пирузӣ расидааст, аз тарси хатарҳои эҳтимолӣ бештар саъй мекунад сохти гурӯҳро тавре, ки ҳаст нигоҳ дорад ва пайвастагии афродро нисбат ба якдигар бештар кунад, зеро ки ҳамин сохт ва таркиб будааст, ки муҷиботи пирӯзии гурӯҳро фароҳам овардааст. Ҳамон тавре, ки мулоҳиза кардем, дар ин фасл роҳҳали ягона ва рӯшане ҷиҳати ҳалли масъалаи рақобат ва кашмакашиҳои гурӯҳӣ ироа намудааст. Вале пешниҳод шудааст, ки тафҳим ва тафоҳим бештар байни гурӯҳ ба таври куллӣ ва афроди ташкилдиҳандаи он муҷиб мешавад, ки ба ҷанбаи айнияти масъала ва роҳҳалҳои он бештар таваҷҷуҳ шавад ва ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки агар муваффақияте фароҳам шавад, ки намояндагони гурӯҳҳо низ ба шакли гурӯҳӣ дароянд, ки аъзои он ҳисси пайвастагии бештаре нисбат ба якдигар дошта бошанд, мумкин аст ба таври муассиртаре амал кунанд, гарчи пайвастагӣ ба ин гурӯҳи тоза ва намоянда будан аз тарафи дигар фишори фаровоне бар онҳо таҳмил хоҳад намуд.

Билохира агар ҳамаи афрод худро мутаваҷҷеҳи ҳусул ба як ҳадафи олитар, ки марбут ба ҳадафҳои куллии созмон ва муассисаи онҳост, бинамоянд, шояд ба беҳтарин натиҷаи матлуб бирасанд.

Дар фасли бистум тарбияти мудирон матраҳ аст, ки мавзуъоти истифода аз назароти марбут ба нуфуз дар дигарон, ёдгирии гуруҳҳо (муваффақияти ҳар кас ношӣ аз маҳорати ӯ дар чигунагии ҷамъоварии иттилоот ва ташхиси муносибатарин роҳҳал ва иттихози муфидтарин тасмим ва билохира бо мавқеъ иқдом кардан дар бораи ҳалли масъалаи мавриди назар аст. (-С. 348).

Мардум чи гуна ёд мегиранд? Ёдгирӣ иборат аз дубора созмон бахшидан ба идрокот аст. Ҳангоме, ки умури тоза ва ё куҳнатар дар дунёи идрокӣ ба шеваи навин бо якдигар марбут мешавад ва созмони ҷадид пайдо мекунад, шахс ба ёдгирӣ пардохтааст. Мавқеъе, ки як мудир масоилро дигар дар пушти айнакҳои худ намебианд, балки саъй мекунад масоилро аз назаргоҳи сарони бахшҳо мавриди мутолиа қарор диҳад, он вақт мешавад гуфт ки аз мудир чизе ёд гирифтааст. Ашхос метавонанд бо эҷоди равобити тоза байни умуре, ки пештар ёд гирифтаанд умури тозаеро ёд бигиранд ва барои ин манзур ба вуҷуди ҳеҷ омили тозае ҳам ниёз нест. Хулоса мафҳуми ёдгирӣ бар асоси “дубора созмон бахшидан ба майдони идрок аст” (-С.352-353).

Ингуна метавон афродро водор кард, ки мисли як мудир бияндешанд ва амал кунанд, таклифи гуруҳҳо чӣ мешавад, (мудири шоиста фарде аст, ки масоили марбут ба мудириятро аз тариқи ҳамкории гуруҳҳо ҳал кунад.), (касоне метавананд бо муваффақият дар дигарон нуфуз кунанд, ки аз хусусиятҳои шахсии худ огоҳ бошанд, ангезаҳои худро ташхис диҳанд ва ҳамчунин нуқоти заъфи худро низ аз назар дур надоранд ва худро ба унвони як инсон мавриди мутолиа ва озмоиш қарор диҳанд).

Равиши дигар ҷиҳати тарбияти мудирон (равиши бози кардани нақшҳои мутанаввеъ аст. Фарде, ки барои мудирият тарбият мешавад дар ҳамон давраи омӯзишӣ ё коромӯзӣ ба таври систематик ва ё ғайри систематикӣ уҳдадори чандин нақш дар сатҳҳои мухталифи созмонӣ мешавад (-С.357).

Равиши устодӣ – шогирдӣ равишест, ки касби дониш ва маълумот ба даст овардан аст. Дар тарҳи ба уҳда гирифтани нақшҳо таъкид ба рӯи таҷриба аст дар сурате, ки дар шеваи тадриси килоссикӣ таъкид ба рӯи касби дониш ва маълумот аст. Равише, ки асоси корро бар масъалагушоӣ қарор медиҳад (равиши ба вуҷуд овардани кумитаи корфармоён ва мудирон дар сатҳи поинтар).

Хулосаи ин бахш дар он ифода меёбад, ки ҳар фарде, ки алоқаманд ба тарбияти мудир барои созмонҳои санъатӣ ва тиҷорӣ бошанд бояд ба се суол, ки монанди калиди ҳалли муаммо ҳастанд таваҷҷуҳ кунад: 1) мардум чигуна ёд мегиранд? 2) як мураббӣ (ё сарпарасти барномаи омӯзишӣ) чигуна афродро тарбият мекунад? 3) хусусияти як мудир чист?.

      Барои тарбият кардани афрод бояд масоиле ба онҳо пешниҳод дод, ки ҳалли онҳо зарурати дубора созмон бахшидани идрокоти фард бошад. Ин масоил дар мавқеиятҳое бояд матраҳ шаванд, ки барои ҳалли онҳо дониш ва таҷрибаҳои лозим, аз ҷумла иттилоот ва таҷрибаҳои мартуб ба гуруҳҳо фароҳам бошад.

      Мудири идеал ин аст, ки метавонад дар ҷамъоварӣ ва таҷзияю таҳлили иттилоот, иттихоз (гирифтан)и тасмим ва амал намудан бар асоси тасмимҳои гирифташуда кушиш намояд. Ҳамчунин як мудир бояд комилан аз ин нукта огоҳ бошад, ки масоили мутағайир ва моҳияти онҳо аксаран қобили пешбинӣ нест ва ба илова ба соири мардум вобаста аст ва сирфан ба хотири мақоме, ки дар силсиламаротиби созмонӣ дорад фишорҳои мутанаввиъе бар ӯ таҳмил мешавад (-С. 363-364)

      Қисмати ҷаҳоруми ин китоб аз шаш фасл иборат буда, фасли 21-ум аз бахшҳои созмони мутағайир,ки аз мавзӯъҳои ҳар чиз мумкин аст ангезае барои ҳар чизи дигар бошад, (Масъулиятҳои куллӣ ва ҷузъии ҳар фард бояд рушан шуда ва саъй шавад ба ҳар тариқе, ки мумкин аст афродеро ба вазифаашон ошно кард, то битавонанд ба хубӣ вазифаи маҳмуларо анҷом диҳанд (-С. 372), ки таъкид ба рӯи ҷанбаҳои инсонӣ ва беҳбудии равобити инсонӣ бошад. Ҳар фард мумкин аст, дар дидани назароти дигарон “нобино” бошад. Аммо мудир набояд ва наметавонад чунин бошад. Ӯ бояд созмонро як чизи мутаҳаррик ва пуё бидонад.

Хулосаи ин фасл он аст, ки созмонҳо як маҷмӯа аз системаҳои марбут ба якдигар ҳастанд, барои анҷоми вазоифи печида тарҳрезӣ шудаанд. Барои ин ки битавонем вазъи анҷоми вазоифро беҳбуд бахшем ва ё ин ки дар он тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварем метавонем ба се тариқ иқдом кунем: 1) Метавонем дар заминаи ташкилот ва сохти созмон тағйироте ба вуҷуд оварем. Ин гуфта ба он маъно аст, ки қодирем  системаи иртиботӣ ва системаи қудрат ва ихтиёрро ба тариқи хосе контрол намоем. Ҳамин тавр дар системаи фаннӣ ва технологии созмон дахолат кунем, яъне васоил ва абрози тозатар ва мудернтар ва муассиртаре дар ихтиёри коркунон бигузорем, ки касби иттилоот бо суҳулат ва сурати бештар имконпазир гардад ва ё ин ки метавон ба ҷанбаи инсонияти афрод таваҷҷуҳи бештар  дошт – яъне саъй кунем, ки дар нигариш ва равобити инсонии афрод тағйироте ба вуҷуд оварем. Ҷиҳати анҷоми ин манзур мумкин аст барои афрод фурсатҳои коромӯзии илмӣ ва амалӣ фароҳам созем. Ё теъдоди афроди шоғил (коргар)-ро кам ва зиёд кунем, ба ибораи дигар мумкин аст лозим бошад ивази фардиро бихоҳем ва ба ҷойи у шахси дигареро даъват кунем. Аммо ҳеҷ гоҳ набояд фаромуш кунем, ки агар мо аз яке аз назарот ва пешниҳодҳои додашуда, пуштибонӣ мекунем ин ба маъное нест, ки соири назарот нодуруст ҳастанд. Аз се ҷанбаи ташкилот, технологӣ ва афрод ҳеҷ кадом ба танҳоӣ наметавонанд амал кунанд, зеро ҳар як аз ин ҷанбаҳо муҷиди(пайдоиши) тағироти муҳим дар ду ҷанбаи дигар буда бошад ва худ низ аз онҳо мутассир аст (-С. 376-377).

Фасли бисту ду дар мавриди сохт, мардум ва технология баҳс мекунад, ки чунин мавзӯъҳоро дар бар мегирад: чанд назарияи асосӣ ва решаи пайдоиши онҳо, назарияи асосӣ марбут ба мудирияти илмӣ (кори ҳар кас бояд дар беҳтарин вазъи мумкин, ки мутаносиб бо хусусиятҳои фардии уст сурат гирад ва на танҳо фард вазифаи худро тавре анҷом диҳад, ки муносибтарин вазъи мумкинро барои ӯ дошта бошад, балки бояд наҳваи кор аз назари ширкат ҳам ҷолибтарин ва аз роҳи сарфаҷуӣ зиёд бошад. Ҷараёни кор ба таври илмӣ таъйин хоҳад шуд ва ҳамчунин маҳдудиятҳо ва масъулиятҳои ҳар фард ба тариқи илмӣ мушахас мегардад (-С. 381).

Арзиш ва фоидаи мудирияти илмӣ зуҳури мудирияти муштарак, яъне таваҷҷуҳ намудан ба неруи гурӯҳ ва истифода аз он ба ҷои қудрати фардӣ, зеро афрод аз он ҷо ки худ ба вуҷуд овардаанд, дар ниҳояти самимият ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд.

Муқовимат ва манзалати мудирияти муштарак дар чист? Дунёи навин ва технологияи иттилоотӣ (абзорҳо ва васоили технологӣ мисли компютере, ки ҷиҳати андозагирӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва инсонро водор намесозанд, ки бо дасту пояш кор кунад, балки ба ӯ фармон медиҳанд, ки аз нерӯи мағзӣ ва фикрӣ истифода кунад).

Дар мудирият ҷараёне бо номи телиризм мавҷуд буд, ки тақсими корро дар заминаи қобилияти ҷисмии организм ба роҳ монда буд ва тарҳрезиро аз анҷом додани кор ҷудо сохт ва дар натиҷа назарияи эҷоди тахассусро дар умури санъатӣ эҷод кард, ки бар асоси он масоили пешбини нашудаи муқовимати инсонӣ ба вуҷуд омад. Мавриди истифодаи ин равиш (ҳадди ақал дар шакли аввалияш) дар сатҳи корҳои соатӣ буд.

Равиши мудирияти муштарак тарҳрезӣ ва анҷоми корро бо ҳам даромехт ва ин маҷмӯаро ба унвони амали гуруҳҳо пешниҳод кард. Ин равиш гарчи барои коргарони корҳои соатӣ қобили иҷро менамуд, вале асари муҳими он дар сатҳҳои марбут ба мудирият ҷилвагар шуд ва дар натиҷа ба афзоиши монеаҳое, ки дар масири ҳаракат аз коргарӣ ё кормандӣ ба суи мудирият буд кумак кард.

Технология дар заминаи корҳои фикрӣ дубора тарҳрезиеро аз анҷоми кор ҷудо сохт. Ин равиш бар тамоми сатҳҳои мухталифи созмон асар гузошт ва то ҳадди зиёде бар зидди мудирияти муштарак ба мубориза бархост, зеро ки ин равиш ҳам мудиронро ҳидоят мекунад (яъне бар мудирон ба наҳве ҳукумат мекунад) ва ҳам ба мудирият коргарони соатӣ мепардозад.

Ин се равиш системаҳои сад дар сад ҷудо аз ҳам нестанд. Ба ибораи дигар шахс маҷбур нест, ки ҳатман яке ё дигареро интихоб кунад. Ҳар як аз ин равишҳо агар натавонад боре аз души аъзои созмон бардорад, ҳадди ақал қадаме аст, ки дар роҳҳали мушкилоти созмонӣ бардошта мешавад (-С. 397.)

Фасли 22 бошад гирифтани тасмим дар созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзӯъҳои ҳадафҳо, мушкилот ва вазоифи созмонҳо чигуна дар ҳалли масоил иқдом мекунанд? Созмонҳо дар гушоиши чи навъ масоил ва мушкилоте иқдом мекунанд? (инсон тамоюли рӯ ба рӯ шудан бо мавқиятҳои ношинохта ва мубҳам надорад ва барои ҳамин дар бархурд бо чунин вазъиятҳое саъй мекунад онҳоро бишиносад ва таҳти контрол ва назм даровард. (-С.405) ва масоил барои созмонҳо чигуна ба вуҷуд меояд? Созмонҳо чигуна ва чӣ вақт мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки мушкилиеро ҳал кардаанд? Чи навъ масоиле барои аъзои як созмон дар ҳукми масоили воқеӣ ва қабили аҳамият ҳастанд? матраҳ месозад.

Дар хулосаи баҳси ин мавзӯъҳо муҳақиқ мегӯяд созмонҳо ҳам монанди афрод ба ҷустуҷӯи масоил мепардозанд ва аз пайдо кардани роҳҳали онҳо эҳсоси ризояти хотир менамоянд. Аммо созмонҳо бо доштани гуруҳҳои мутаддид  ва қудратҳои гуруҳии мутафовут дар дохили онҳо, дар гирифтани тасмим ва интихоб кардан бо афрод тафовут доранд. Ҳар созмонеро метавон системаи муташаккил аз системаҳои кучактар донист, ки ҳадафҳо ва алоқаҳои мутанавеъ ва мухталифро дар бар дорад. Бинобар ин дар гирифтани тасмимҳо як созмон бояд чунон амал кунад, ки ваҳдаташ дастхуши тазалзул ва чанддастагӣ нашавад.

Гуруҳҳои кучак ё системаҳои кучактар дар созмонҳо, то андозае бар асоси барномарезӣ шудан ва мушаххас будани вазифаҳо ба вуҷуд меоянд. Афрод васоил ва ташкилоте, ки барои кор кардан дар заминаи баъзе масоили нашинохта ва барономарезӣ нашуда муносиб ҳастанд барои анҷоми умуре, ки чунин мушахасотеро надошта бошанд муфид нахоҳад буд. Бинобар ин дар як замон мумкин аст, ки гуруҳҳои мухталиф дар ҳар сатҳе  ба вуҷуд ояд.

Аз он ҷо ки таваҷҷуҳ ба вазифаҳои мушаххас ва муайян ва натиҷаҳои мустақиме, ки аз ин гуна умур ба даст меоянд мумкин аст муҷиби мавриди ғафлат қарор гирифтани умури барномарезӣ намуда ва номушаххас гарданд. Лизо ҳар созмон бояд фурсатҳое барои таҳқиқ дар заминаи ин гуна умур фароҳам гардад. Механизмҳое, ки дар фароҳам кардани чунин фурсатҳое ба кор мераванд, иборат аз: истифода аз афроде, ки дорои шахсияти пуё мебошанд ва ҳамвора ба дунболи ҳалли масъалаи тозае ҳастанд, истифода аз гуруҳҳои мутахассис барои анҷоми таҳқиқоти маҳз ё асосӣ ва саранҷом ширкат додани афрод дар анҷоми вазифаҳои мутанаввеъ мебошанд.

Дар арзишёбии натиҷаҳои ҳосила аз анҷоми тасмимҳо, созмонҳо ағлаб бо мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад. Технология дар ба даст овардани иттилооти дуруст ва дақиқ аз натиҷаҳои кор ба созмонҳо кумак кардааст. Бо илова созмонҳо бо истифода аз имконоти технологӣ метавонанд иттилооти лозимро бо сурат ба даст биоваранд ва дар натиҷа кори худро осонтар арзишёбӣ кунанд. (-С. 414-415).

Дар фасли 24 созмонҳо ва афрод мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки нақши инсонии система, ҳарамҳо ва мардум, қудрат доштан ва вобастагӣ, муамои печидаи масъулият (қабули як масъулият бояд ҳамроҳ бо доштани қудрати муносиб бо он масъулият бошад), (-С.437), андоза матраҳ аст (ҳар гоҳ афрод дар мавқеияте қарор гиранд, ки эҷоди иртибот барояшон мушкил бошад ва натавонанд иттилоотро дуруст дарёфт кунанд дучори нокомӣ хоҳанд шуд ва чӣ басо дар асари ин ҳолати равонӣ нисбат ба якдигар пархошҷӯ ва хашмгин ҳам бишаванд), (-С. 437).

Тағийри созмонҳо ба василаи таъвиз ва тағйири афрод баррасӣ мешавад, ки хулосаи ин фасл чунин аст: порае аз хусусиятҳои созмонҳои санъатӣ дар асри ҳозир ба таври зарурӣ ба рӯи афроде, ки дар онҳо саргарми анҷоми вазифа ҳастанд таъсир мегузорад. Баъзе аз ин асарот манфӣ ва бад ҳастанд, зеро ё ба шахсияти афрод латама мезананд ва ё ин ки  дар фаъолиятҳои марбут ба масъалагушоии созмонҳо дахолат менамоянд. Вале шояд ҳеҷ як аз ин асароти бад воқеан то он ҳад бад набошад, ки мазаёи хусусияти фавқуззикрро дар заминаи контроли воқеаҳои иқтисодӣ таҳтутшуоъ қарор диҳад.

Хусусиёте, ки дар назар аст ҳамон шакли ҳарафии ташкилот ва тамоюл ба аздиёди рақобатҳои дохилӣ ва шахсӣ аст. Тавзеъи (вазъи) қудрат ва ихтиёр тибқи риояти силсиламаротиб, тамоюл ба афзоиши вобастагӣ ва тарс аз арзёбӣ шудан, назарияи масъулияти фардӣ бо ин фарз, ки корҳои бузургро метавон ба таносуби афрод ба қитъаҳои кучак тақсим кард ва истифода аз назарияи  “андозаи маҳз” дар созмонҳои мудери бо мушкилоте, ки дар заминаи иртиботот вуҷуд дорад, ҳама ва ҳама ҷузъи хусусиятҳои фақуззикр ҳастанд.

Ба таври куллӣ, ҳар кадом аз ин хусусиятҳо дар ҳадди худ муҷиби эҷоди таъорӯзи равонӣ ва нокомӣ дар афрод мешавад ва ба тадриҷ бар мизони фишорҳои равоние, ки бар мудир ворид мешавад меафзояд.

Васоил ва шеваҳое барои рафъи мушкилоте, ки баён шудаанд пешниҳод гардидаанд. Яке аз шеваҳое, ки бештар аз соирин мавриди истифода қарор гирифтааст, назарияи гуруҳи рушдёфта ва ё таълимдида аст. Назарияи гуруҳи таълимдида дар айни ҳоле, ки ба тағйири равобити афрод кумак мекунад ва нокомиҳо фароҳам месозад ба тағйири сохтмон ва ташкилоти созмонҳо низ хидмат мекунад ва ташкилотро бори дигар чунон месозад, ки корҳо ба таври табиӣ ва ба наҳви шоиста анҷом пазирад.

Фасли 25 дар мавриди ташкилот ё сохти созмонӣ баҳс мешавад, ки мавзӯҳои порае аз абъоди ташкилоти созмонӣ, танзили (поин овардани) мақоми шахси муқтадир дар созмон, иртиқои мақоми иртибот ва нақши ташкилот ва аҳамияти тарҳи созмониро дар бар мегирад.

Дар хулосаи ин фасл омадааст: ташкилоти созмонӣ бояд бештар аз як сохтори созмонӣ дар зеҳн эҷоди маъно кунад. Дар сохтори созмонӣ се қисмат қобили ташхис аст, сохти марбут ба мофавқ ва афроди соҳибқудрат, сохти иртиботӣ ва сохти марбут ба намоиши нақшҳое, ки бояд иҷро шаванд. Дар сохти ин қисматҳо чунон нишон дода шудаанд, ки ҳар як ба наҳве бо дигаре марбут аст ва ба  таври куллӣ табақоти болотари сохт, ки марбут ба мофавқ аст тавре ёдоварӣ мешаванд, ки гуё аз соири қисматҳо бисёр муҳимтаранд. Аммо руиҳамрафта омилҳое аз қабили тавсеаи созмонҳо, тахассус дар умури мухталиф ва саранҷом фароҳам омадани дониши ҷадид ҳама бо ҳам дар коҳиш додани афроди соҳибқудрат дар созмон (яъне афроди мо фавқ) муассир буда ва ҳастанд. Албатта дар муқобил ба аҳмияти умуре аз қобили иртибот ва сохти нақшҳо низ афзуда шуда ва афзуда ҳам хоҳад шуд.

Аммо пас аз ин ки масъалаи ташкилоти созмонҳо барои солиёни дароз мавриди ғафлат қарор гирифт, акнун мо бори дигар дар сададе баромадем, онро мавриди мутолиа ва мулоҳизаи дақиқ қарор диҳем. Таваҷҷуҳ ба ташкилоти созмонӣ аз ду ҷиҳат дорои аҳмият аст: яке ин ки  эҷоди тағйир дар созмонҳо имконпазир аст ва дигар ин ки ин тағйирот дар рафтори афроди созмон ба таври ошкоро муассир аст. Агар мо  бихоҳем бифаҳмем, ки дар асари эҷоди тағйироте махсусан чи навъ натиҷаҳое ҳосил хоҳад шуд, он вақт метавонем ба суоле аз қабили пурсиши зер посухи муносиб диҳем.

Фасли 26, ки технология ва созмон ном дорад, дар мавриди дунёи фаъол ва ҷадиди созмонӣ (тағйирот ҳангоме воқеъ мешавад, ки назарот ва идеяҳо табдил ба барномаҳое барои абзори навин гарданд (-С.451)

Технологияи мошинҳо илова бар доштани ҷанбаи механикӣ ҷанбаи зеҳнӣ низ пайдо кардаанд ва на танҳо корҳое, ки инсонҳо бо дасту по анҷом медоданд ба соддагии бешатар анҷом медиҳанд, балки вазифаҳои мағзии онҳоро ҳам ба уҳда гирифтаанд изтироб ва парешон шудаанд. (-С.453) Дар технологияи имрӯз “дигар лузуме надорад умури содда, такрорӣ ва якнавохт ба василаи инсонҳо анҷом шаванд, балки метавон дар иваз аз вуҷуди фард ба унвони сарпарасти чандин кору фаъолияти бо арзиш, ки ба василаи мошинҳо сурат мегирад истифода кард. (-С.454.) ва аз чанги корҳои касалкунанда ва якнавохт раҳонид. (-С. 455).

Тасаввуроти зеҳнии мо аз як мудир ба эҳтимоли қавӣ ин аст, ки ӯ фарде аст бо қудрат, бузург, мунфарид, беҳамто, ки дорои хусусиятҳое аст, ки аз тарафи табиат ба таври зотӣ дар ӯ вуҷуд дорад, вале бояд афзуд, ки дигар умри чунин тасаввуроте ба сар омадааст, зеро мудир сарфи назар аз хусусиятҳои зотӣ бояд аз таълим ва тарбияти хосе низ баҳраманд бошад. (с 464.)

Хулосаи фасли охири китоб, ин аст, ки баҳс ба таври куллӣ дар бораи технологияи таҷзия ва таҳлили иттилоот ва техникаҳои марбута ва асароти ин навъ техникаҳо ба рӯи мардум дар сатҳи мухталифи созмонӣ буда аст. Техникаҳо бар корҳои мардум дар ҳамаи самтҳои созмонӣ кам беш массиранд, аммо асароти онҳо бар аъмоли  афрод дар бахшҳои мхталиф дараҷаҳои мутафовуте доранд.

Агар бадбин бошем метавонем дар бораи асароти бади мошинҳо дар ҷонишин шудани инсонҳо, то ҳадде нигарон бошем. Ин ҷонишинӣ фақат дар умури механикие, ки ба василаи дасту по анҷом мегиранд нест , балки мавзӯъи анҷоми қазоват ва иттихози тасмим ҳам дар миён аст. Аммо агар шахси хушбине бошем хоҳем дид, ки ҳамин дастгоҳҳои электрикӣ муҷиби ба вуҷуд омадани фурсатҳо ва роҳҳои беҳтаре дар заминаи масъалакушоӣ шудаанд. Ба иловаи ин мошинҳо роҳҳалҳоеро пешниҳод мекунанд, ки ҳаргиз то қалб аз ин вуҷуд надоштанд. Иттихози тасмимҳои дурусттар ва сареътар ҳам яке дигар аз натиҷаҳои истифода аз ин навъи мошинҳост.

Натиҷаҳои ҳосилшуда аз технологияи таҷзия ва таҳлили иттилоот бо идеяҳои марбут ба мудирияти муштарак бархурдҳое доранд, зеро ки дар мудирияти муштарак таъкиди бештаре ба рӯи арзишҳои инсонӣ аст. Ва чун вазифаҳо ба сурати барномаӣ дарнаёмадаанд, лизо ба умуре монанди қудрати созандагӣ, офаринандагӣ ва ибдоъ (эҷод) таваҷҷуҳи шоёне мешавад. Аммо ҳангоме, ки вазифаҳо ба сурате барномавӣ даромаданд ва мошин иҷрои барномаҳоро кантрол кард, он вақт байни ду неруи мухталифҷиҳат, ки яке мутаваҷҷеҳи арзишҳои инсонӣ аст ва дигаре фақат коройи ӯро дар назар мегирад бархурд ва таъорӯзе ( уқдае, гиреҳе) пеш хоҳад омад.

Бар асари рушду тавсеаи техникаҳои таҷзия ва таҳлили иттилоот имкони эҷоди ҳарфаӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин ҳолат, тарбияти мудирон на танҳо пураҳмияттар шудааст, балки бояд дар замони тулонитар сурат гирад  ва дар зимн барномаи мушкилтар ва печидатареро таъқиб кунад. Стандартҳое, ки дар соли  1980 барои интихоби як мудир дар назар гирифта хоҳад шуд ба эҳтимоли қавӣ дар сатҳе ба маротиб болотар аз сатҳи имрӯзӣ хоҳад буд.

Аз назари созмонӣ, эҳтимоли ин ки тағйироти амиқ ва шигарфе дар созмонҳо ба вуҷуд ояд тақрибан ба яқин наздик шудааст. Дар натиҷаи таъсироте, ки риояти усули марбут ба мудирияти муштарак ва ҳамчунин технологияи таҳлили масоил дар созмонҳо доштаанд, метавон гуфт, ки барои аввалин бор дар созмонҳо ташкилоте ба вуҷуд меояд, ки дар асрҳои гузашта ҳаргиз собиқа надоштааст. Ба ҷурат метавон гуфт, ки аҳамияти нақши соҳибони қудрат ва ихтиёр дар созмонҳо (яъне табақае, ки дар сатҳҳои олии созмон қарор доранд) рӯз ба рӯз камтар мешавад, зеро ки дар ташкилоти марбут ба мудирияти муштарак ва ё созмоне, ки дар он мудирон аз равишҳои технологӣ барои таҷзия ва таҳлили иттилоот истифода мекунанд баҳрагирии чандоне аз ӯ амр ва навоҳӣ (боздоштҳо) ва ё қудрат ва ихтиёр намешавад. Ба эҳтимоли зиёд тасмим иборат аз воҳиде хоҳад буд, ки бар асоси он созмонҳо тарҳрезӣ мешаванд. Дар муқобили хоста шудани аҳмияти қудрат ва ихтиёр ба арзиш ва аҳамияти таълиму тарбияту парвариши неруи фикрӣ афзуда мешавад.

 Билохира дар сурате, ки хонанда фикр кунад, ки мавзӯи мавриди баҳс чизе ҷуз тавсифи арзишҳои инсонӣ ба сӯи мавқеияти собит ва контрол шуда набуда, балки бояд гуфт, ки ба ақидаи нигоранда барои он чи ки дар риштаи мудирият рух додааст ин тавсифи одилона нест. Ба ибораи дигар мо танҳо аз суе ба суи дигар ҳаракат накардаем, балки ончи иттифоқ афтодааст шомили басту тавсеаи чандин навъи иттилоот ва дониши ҷадид будааст. Ҳамроҳ бо ин донишу иттилоот образҳои навзуҳуре барои ба марҳилаи амал даровардани ин назарот ва пешниҳодҳо ба бозор арза шудаанд панҷоҳ сол пеш уламои улуми иҷтимоӣ дар сатҳи дигаре дар саҳна зоҳир шудаанд ва дар замони ҳозир донишмандони улуми иртиботӣ ва мутахассиҳо техникаҳои таҷзия ва таҳлили масоил аз тариқи ба кор гирифтани комютерҳо вориди майдон шудаанд. Гурӯҳи ахир, ки аз усули риёзиёт илҳом мегиранд ба суръат ва қударти чашмгиртаре дар пешбурди назарҳои худ кушо ҳастанд.

 Тамоми ин назарҳо ва васоиле, ки ба ҳамроҳи онҳо ба вуҷуд омадаанд ба мо нишон медиҳанд, ки бояд дар ақидаҳои худ нисбат ба созмонҳои санъатӣ ва бозаргонӣ ва ташкилоти марбутаи онҳо ва ҳамчунин дар мавриди тарбияти афроде, ки битавонанд дар ин созмонҳо ба хубӣ фаъолият намоянд таҷдиди назар кунем.

Ағлаб иттифоқ меафтад, ки мо дар бораи сиҳати ақидае, ки муддатҳо доштаем пофишорӣ мекунем ва аз сиҳат ва дурустии он дифоъ менамоем. Ҳамон тавре ки аз шуруъ ба даврони муҳандисӣ - санъатӣ афроди зиёде аз равишҳои куҳна ва қадимии  пешина дифоъ мекарданд ва аз кори худ ҳам комилан хушҳол буданд. Зеро муҳандисони тозакор дар тарҳҳои худ ба омили инсонӣ чандон таваҷҷуҳе накарда буданд ва лизо касоне, ки ба ин тарҳҳо бо назари интиқодӣ менигаристанд бо хушҳолӣ мегуфтанд, ки “кори электрикӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи кори фалон устодро намегиранд”, эҳтимол ҳам дорад, ки дифоъи мо аз як система ба хусус ба ин иллат (сабаб) бошад, ки ба омилҳои отифӣ он қадар таваҷҷуҳ мешавад, ки ба ҳадди ифрот мегарояд ва лизо мо муътақид мешавем, ки чунин вазъияти хатарноке набояд вуҷуд дошта бошад.

Шояд он чиро ки мо анҷом медиҳем, ҳамон чизҳое бошанд, ки мавриди таъкиди муҳаққиқон ва мутафаккирон будааст. Ин умур иборат аз беҳтар шинохтани муваффақиятҳои печида ва масоили инсонӣ ва ғайриинсонии марбут ва кӯшиш дар роҳҳали онҳо барои касе, ки дар оянда моил аст, ки ҳирфаи мудириятро интихоб кунад, ки нисбат ба тамоми омилҳои қадимӣ ва муассир таваҷҷуҳ кунад ва онҳоро ба хубӣ бишиносад ва дар роҳи рафъи мушкилоти худ аз вуҷуди онҳо истифода ҷӯяд.

Таҳияи Ёрмаҳмад НИЁЗӢ

Хондан 3010 маротиба