JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Июли 2017 10:17

Нақши омилҳои иқтисодӣ дар мазҳабишавии ҷомеа

Муаллиф:

  Аз замони пайдоиши низоми давлатдории демократӣ, рушди иқтисоди кишвар ва таъмини рифоҳи мардум яке аз вазифаҳои асосии ҳар як ҳукумати демократӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қисми зиёди ниҳодҳои давлатӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум равона карда мешавад. Маориф, фарҳанг, ниҳодҳои иқтисодиву молиявӣ, адлияву қонунгузорӣ ва бонкҳо дар ин самт фаъолият мекунанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва оилаҳо низ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва рушди иқтисодии кишвар саҳми худро мегузоранд.

  Таъмини амнияти иқтисодӣ натанҳо хатари мушкилоти моддии мардумро ҳал мекунад, балки яке аз роҳҳои асосии бартараф ва пешгирӣ кардани бисёре аз хатарҳои дигар низ мебошад. Маориф, тандурустӣ, фарҳанг, қонунгузорӣ, идораи давлатӣ ва амнияти миллии ҳар як кишвар замоне дар пайраҳаи рушди устувор қарор мегиранд, ки амнияти иқтисодии он таъмин ва сатҳи зиндагонии мардум нисбатан беҳтар бошад.

  Падидаи шуми ифротгароии мазҳабӣ, ки тайи ду даҳаи охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони садҳо ҳазор инсонро рабуда, кишварҳои як замон орому шукуфонро ба харобазор табдил додааст,  мушкилест, ки тамоми мардуми сайёраро нигарон кардааст. Махсусан, баъди он ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии динӣ тавонистанд қисме аз кишварҳои Сурия ва Ироқро таҳти тасарруфи худ дароварда, барои худ давлати асримиёнагӣ созанд. Онҳо тавонистанд, лашкари худро аз ҳисоби ҷавонону мардони минтақаҳои таҳти тасарруфи худ ва дигар кишварҳо таъмин кунанд ва онҳоро дар ҷангҳо истифода баранд. Аз ҷумла, бо сабабҳои гуногун ва бо роҳҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба Сурия ва Ироқ рафта, ба сафи лашкари ин давлати ифротӣ ва бунёдгарои мазҳабӣ пайвастанд ва инсон мекушанду худ кушта мешаванд. Шумораи онҳоро аз чандсад то 1500 нафар тахмин мезананд.

  Солҳои охир дар тамоми ҷаҳон коршиносони соҳаҳои гуногун даст ба омӯзиш ва ҷустуҷӯи омилҳои густариши ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва ифротгароӣ дар миёни ҷомеаҳои мусалмонӣ зада, сабаби пайвастани ҷавонони мусалмон ба ин гурӯҳҳоро дарёфтан мехоҳанд.  Дар тамоми ҷаҳон садҳо мақола ва китобҳо дар ин мавзӯъ навишта ба чоп расидаанд ва дар Тоҷикистон ҳам коршиносони соҳаҳои гуногун мақолаҳо ба нашр расонда, сабабҳои сар задани ин вабои асрро баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла, коршиноси тоҷик Исомиддин Шарифзода дар мақолаи худ таҳти унвони “Чаро хурофазадаем?” (Маҷалаи “Илм ва Ҷомеа” №1-2, 2015-2016) нуҳ омили густариши хурофазадагӣ ва ифротгароиро пешкаш кардааст, ки инҳо мебошанд:

  • Заъфи фарҳанги нақдӣ ва қавӣ будани фарҳанги нақлӣ;
  • Қудсият бахшидан ба анвои гуногуни боварҳо ва иддаоҳои сохта ва пардохта дар ҷомеа;
  • Набудани навандешӣ ё бозандешӣ дар боварҳои умумӣ;
  • Сари вақт таҳлили воқеии илмӣ наёфтани ҳаводиси иҷтимоӣ;
  • Эҳсоси нотавонӣ дар афроди ҷомеа, ки гӯё онҳо қудрати таъсиргузорӣ ба равандҳо ва шароитҳоро надоранд ва ин вазъро онҳо марбут ба тақдир медонанд;
  • Заъф ва набудани масъулияти иҷтимоӣ, ки он боиси фирор аз масъулият ва пазириши бечуну чарои боварҳо мегардад;
  • Ҳал нашудани мушкилоти одии зиндагӣ ба васила ва шеваҳои шинохташудаи ақлонӣ ва фикрӣ;
  • Худдорӣ аз гуфтани назарҳои илмӣ, ба хотири фирор аз вокунишҳои қаҳромез ва тардомези намояндагони дин.

  Ин маҷмӯи омилҳое мебошанд, ки донишмандону коршиносони зиёд онҳоро сабаби густариши хурофазадагӣ ва ифротгароии мазҳабӣ медонанд. Инҷо омилҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо сахт вобаста аст. Аз ҷумла, омили ҳал нашудани мушкилоти одии зиндагӣ ба васила ва шеваҳои шинохташудаи ақлонӣ ва фикрӣ. Дар ин матлаб омилҳои иқтисодии мазҳабишавӣ ва густариши ифротгароӣ дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

  Асри 21-ум асрест, ки дар он бештари мушкилоти зиндагии мардум роҳи ҳалли илмии худро ёфта, бартараф мешаванд ё осон мегарданд. Аммо, азбаски ҷаҳон бо шартҳои иқтисоди бозаргонӣ кор мекунад, барои дастрасӣ ба имконоти мавҷуда ва ҳалли мушкилоти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ маблағи зиёд лозим аст. Кишварҳое, ки иқтисоди варшикаста доранд ва сатҳи зиндагии аҳолиашон паст буда, даромади кофӣ надоранд, аз дастрасӣ ба техникаву технологияи нави мушкилосонкун маҳруманд ва шаҳрвандони ин кишварҳо наметавонанд мушкилоти ҷории худро ба васила ва шеваҳои ақлонӣ ва фикрӣ, ки илм ба вуҷуд овардааст, ҳал кунанд. Дар натиҷа, мардум дубора рӯй меоранд ба дину мазҳаб ва фолбину ҷодугару муллову шайху эшон.

  Бо вуҷуди он ки илми тиб дар замони муосир пешравии бузург дорад ва техникаву таҷҳизоти тиббӣ зарфияти ташхис ва табобати бемориҳои гуногунро доранд, бештари мардум қобилияти молиявии баҳрабардорӣ аз онро надоранд. Ҳамин тариқ, методологияи нави таълим, ки метавонад мутахасисони дараҷаи баландро омода кунад, дастраси бештари сокинони кишварҳои фақир нестанд. Дар ҷомеаҳое, ки мардуми босавод, солим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин нест талабот ба маҳсулоти фарҳангӣ кам аст ва бе ин фарҳанг рушд намекунад.

  Солҳои охир мушкилоти иқтисодӣ сабаб шудаанд, ки ҷавонони зиёд рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ДИИШ пайвастаанд, маҳз муҳоҷирон будаанд. Муҳоҷироне, ки таълиму тарбияи дуруст нагирифтаанд ва дар муҳоҷират дур аз назорати падару модар ва дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ба доми таблиғгарони равияҳои ифротии динӣ меафтиданд. Раванди муҳоҷират ҳам ба вазъи иқтисодии кишварҳо вобастагии зич дорад ва ба танзим даровардани он метавонад то дараҷае шиддати ифротгароиро кам кунад.

  Роҳи дигари паст кардани сатҳи ифротгароӣ ва мазҳабишавии ҷавонон густариш додани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури интиқодӣ аст, ки раванди давомдор ва пурмасраф аст. Мардуми фақир имкони чунин хароҷотро надоранд ва давлатҳои ақибмонда бо иқтисоди варшикаста ҳам ҳазинаи онро таъмин карда наметавонанд. Мутаассифона, дар баробари ин барои ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии динӣ, ки боиси хурофазада ва ифротгаро шудани ҷавонон мегардад, ҳазинаи зиёде лозим нест ва ин ҷаҳонбинӣ дар кишварҳои фақир бештар паҳн мегардад.

  Инсон доимо аз ояндаи худу оилаи худ андеша мекунад ва агар хатаре дар пеш бошад ё ояндаи норӯшан бошад, ӯро тарс ва ноумедӣ фаро мегирад. Диндорӣ ва мазҳабгароӣ, асосан зодаи тарс аст ва агар амнияти иқтисодии оилаҳо таъмин набошад, тарс аз оянда пайдо мешавад ва боиси густариши боварҳои хурофотӣ мегардад.

  Маҷмӯи мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ кишварҳои фақирро ба гирдоби ҷаҳонбинии динӣ-хурофотие меандозанд, ки муқаддас ва осмонӣ пиндошта шуда, боиси фурӯ рафтани ин ҷомеаҳо дар ботлоқи  ифротгароӣ мегардад. Соҳаи маориф дар кишврҳо ва ҷомеаҳои фақир ба таври зарурӣ ва кифоӣ маблағгузорӣ намешавад, мардум аз хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ бархӯрдор нестанд, амнияти иқтисодии оилаҳо ва давлат таъмин нест ва тарс аз ояндаи норӯшан боиси густариши ҷаҳонбинии динӣ ва ифротӣ мегардад.

  Тақсимоти ноодилонаи захираҳои моддии як кишвар дар қатори ноадолатиҳои иҷтимоӣ, норозигӣ дар миёни ҷомеаро боло мебаранд. Мусаллам аст, ки намояндагони исломи радикалӣ аз ин норозигиҳо ба манфиати худ истифода карда, ҷавонони аз нобаробариҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҷӯшомдаро ба осонӣ ба доми худ медароранд ва онҳоро дар роҳи манфиатҳои худ қурбон мекунанд. Аз ин ҷост, ки тамоми низомҳои муосири давлатдорӣ дар худ фишангҳое доранд, ки даромади миллиро тақсимоти одилона мекунанд. Ҳатто низоми капиталистӣ дар замони муосир бо роҳҳои гуногун аз қишри сарватманди аҳолӣ андозҳои зиёдтар гирифта, ба қишри нодор тақсим мекунад. Онҳо дар ин роҳ шакли прогрессивии Андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андозҳои бавоситае монанди ААИ ва Андоз аз фурӯши чаканаро ҷорӣ карда, то дараҷае адолати иҷтимоиро таъмин мекунанд. Дар инҷо пардохти ҳар шахс ҳам дар баробари иҷрои кораш мешавад. Наметавон коре накарда ё кори кам карда баробари дигарон даромад дошт. Аммо, ба ҳар ҳол, механизмҳое амал мекунанд, ки намегузорад ҳама даромадҳо дар дасти як қишри муайян қарор гиранд. Падидаҳое ба монанди ришвахорӣ, адами адолати судӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ омилҳое ҳастанд, ки боиси нобаробар тақсим шудани даромади миллӣ мегарданд ва норозигиро дар ҷомеа афзоиш медиҳанд.

  Нобаробарии иқтисодӣ ва адами амнияти иқтисодӣ дар ҷомеа эҳсоси ноумедии амиқ, нотавонӣ ва дилмондагиро ривоҷ медиҳад, ки ин дар навбати худ дар шакли бераҳмӣ, бадбинӣ ва хушунат буруз мекунад. Инро дар аксари кишварҳои мусалмоннишине, ки сатҳи ифротгароӣ баланд аст, дидан мумкин аст. Дар ин кишварҳо омилҳои номбаршуда имкон намедиҳанд, ки ҷавонон дар зинаҳои тахассусии муайян ҳолати боло рафтан дошта бошанд, қонун дуруст кор карда бошад ва дороиҳои мамлакат баробар тақсим шаванд.

  Дар конференсияи илмӣ-амалии “Афғонистон 2017: дурнамои рушди вазъият, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 23 майи соли 2017 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИҶТ баргузор гардид, вакили Парлумони Афғонистон, раҳбари Ҳизби “Кунгураи миллӣ”-и Афғонистон, шоир ва сиёсатмадор Латифи Пидром дар ин маврид таъкид кард:

 “Дар баробари ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва тафаккури мазҳабии равияҳои аҳли суннат ва ҷамоат, масъалаи Толибон ва ДОИШ масъалаи иқтисодӣ ҳам ҳаст. Ҳарчанд ин сабаби меҳварӣ нест, аммо бекорӣ ва маоши ночизи корхонаҳои давлатӣ ва дар баробари ин, маоши баланди Толибон, боиси густариши ҳаракати Толибон дар шимоли Афғонистон шудааст. Толибон ба аъзои худ моҳона дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ медиҳанд ва бо як мотосикл таъмин мекунанд. Дар баробари ин, агар Афғонистон ором шавад ва манобеи табиии худро ба бозор барорад, рақиби асосии кишварҳое, ба монанди Қатар ва Арабистон мешавад. Ин кишварҳо барои нигаҳдории мавқеи худ Афғонистони оромро намехоҳанд ва Толибонро кумак мекунанд ё ДОИШ-ро дар Афғонистон дастгирӣ мекунанд. Ҳама он мадрасаву масоҷиде, ки ин кишварҳо дар Покистону Афғонистон сохтаанд, барои ифротӣ кардани ҷавонони минтақа истифода мешаванд. Тақрибан 8000 мадраса дар Покистон амал мекунанд. Аммо инҳо як озмоишгоҳи шимиёвӣ ё физикӣ намесозанд. Чун мақсад омода кардани террористони мазҳабӣ мебошад, ба рушди илму маориф ва инфрасохтори дигар таваҷҷуҳ, аслан сурат намегирад. Ба даст гирифтани хатҳои фурӯши маводи мухаддир дар шимол ва баъди соли 2011 дастрасӣ ба кумакҳои НАТО, ки аз шимол ба Афғонистон дохил мешуданд, аз ҷумлаи авомили дигари иқтисодии густариши ҳаракати Толибон дар шимоли Афғонистон маҳсуб меёбад.”

  Албатта, танҳо мушкилоти иқтисодӣ омили асосии хурофазадагӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа буда наметавонад ва наметавон гуфт, ки бо бартараф кардани ин мушкилот масъалаи ифротигароӣ ва пайвастани фарзандони миллат ба сафи гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳалли худро меёбад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтае мисли Белгия, Олмон, Фаронса, Британия ва ИМА нишон медиҳад, ки иқтисоди пешрафта ва сатҳи баланди рифоҳи мардум, мушкилоти ифротгароиро ба пуррагӣ ҳал карда наметавонад. Аммо барои кишварҳои ақибмонда ва рӯ ба инкишоф таъмини иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум дар ҷойи аввал меистад.

 Бурузи падидаи ифротгароӣ, ки тайи чанд даҳсолаи ахир ҷаҳонро фаро гирифтааст, решаҳои амиқи торихӣ, динӣ-эътиқодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва тарбиявиро дорад. Яъне як раванди бисёрҷабҳа буда, омилҳои гуногун онро ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, мубориза ба ин вабои аср ҳам бояд бисёрҷабҳа бошад ва дар қатори муборизаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва амниятӣ, бартараф кардани мушкилоти иқтисодии мардум ҳам як ҷабҳаи муҳими мубориза аст. Дуруст аст, ки бартараф кардани мушкилоти иқтисодӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва кам кардани норозигиҳои иқтисодӣ ифротгароиро решакан намекунад. Аммо ин метавонад қисман ба манфиати ҳар ҷомеа ва давлат бошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки як қисми назарраси ҷавон бо сабабҳои иқтисодӣ ба гумроҳӣ афтода, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Инро бояд ҳатман дар назар гирифта, ислоҳоти ҷиддӣ ва саривақтӣ баҳри бартараф кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум роҳандозӣ кард. Таъхир дар ин ҷода ҳатман бар зарари ҳар кишваре анҷом меёбад.

 

Меҳр СОБИРИЁН,

иқтисодшинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

Сарчашмаҳо:

  1. Исомиддин Шарифзода. Чаро хурофазадаем? Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” №1-2, 2015-2016).
  2. Суханронии Латифи Пидром дар конференсияи илмӣ-амалии “Афғонистон 2017: дурнамои рушди вазъият, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои Осиёи Марказӣ”, Душанбе-2017.
  3. Галым Жусипбек. В чем причины радикализма и кровопролития в мусульманском мир. Сомонаи “Центр Азия» 19. 08. 2015.
  4. Галым Жусипбек, Жанар Нагаева. Взглянуть по-новому на причины радикализма и терроризма – и что делать? Сомонаи “Rethink Institute». Март 11, 2016.
Хондан 2996 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Мудирият ва воқеияти масъулиятшиносӣ »