JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Имрӯз (25.01.2023) қалби яке аз олимони шинохта адабиётшинос ва эроншинос, доктори илмҳои филология, узви вобастаи АМИТва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз тапидан боз монд.

 Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аз марги нобаҳангоми шарқшинос, эроншинос, адабиётшинос ва матншиноси муосири миллӣ   Устод  Мирзо Муллоаҳмад сахт андӯҳгин гардида ба хешу  ақрабо, ёрону дӯстон, ҳамкорону ҳампешагон ва кулли ақоламандону ихлосмандони шахсияти марҳум таслият арз медорад.  

 Зиндагиномаи Устод:

 Мирзо Муллоаҳмад, соли таваллудаш 1948, миллаташ тоҷик аз соли 1969 то имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири Шуъба ва муовини директори институт оид ба корҳои илмӣ, сипас сардори Шуъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира АМИТ) ва сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо кор кардааст.

 Ӯ доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира АМИТ), адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва Шарқ, роҷеъ ба адибони қарнҳои мухталиф тадқиқот анҷом додааст.

 Доираи фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад васеъ буда, таърихи адабиёти тоҷику форсро аз замонҳои қадим то имрӯз, адабиёти Эрон ва Шарқ, таърихи илму фарҳанги кишварҳои Шарқ, масъалаҳои  забоншиносӣ ва робитаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон  ва кишварҳои Шарқи хориҷӣ ва ғайраро  дар бар мегирад.

 Ӯ аз мутахассисони шинохтаи таърихи адабиёти тоҷику форс буда, асарҳои илмиаш дар шаҳрҳои Маскав, Вашингтон, Теҳрон, Боку, Машҳад ва амсоли инҳо низ чоп шудаанд. Ӯ яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ -ХХ"(Маскав, "Наука", 1999, 535 с.) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон,2001,845с.), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё»(2011) хонандагони эрониро бо осори шоирони тоҷик шинос менамоянд. Дар нашриётҳои муътабари Эрон инчунин асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ (2008, бо ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем»(2010), «Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»(2014), «Сайре дар олами эроншиносӣ»(2014) нашр шудаанд.

 Асарҳои  илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978),«Нишот ва Миҷмар»( 1983), «Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ»(1985),«Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967),«Қоонии Шерозӣ»(1992),«Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт»(2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон.Адабиёт. Фарҳанг.» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»(2012) дар нашриёти «Адиб»,«Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2011) дар нашриёти «Диваштич», «Бузургдошти инсони нек»(2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ғайра ба табъ расидаанд.

 Дар осори илмии Мирзо Муллоаҳмад илова бар назари тоза ба масъалаҳои муҳимми таърихи адабиётти тоҷику форс чандин пешниҳоду навгониҳои  илмӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла ӯ барои муайян кардани  рубоиёти асили Умари Хайём равиши тозаи ҷомеъро пешниҳод намудааст, ки барои ҳалли ин масъалаи душвор кумак мерасонад. Ӯ бори аввал аҳли илму адабро бо як навъи тозаи шеър, ки маҳсули рӯйдодҳои таърихии асри ХХ Эрон мебошад, ошно намуд. Ӯ дар чанд мақолаи худ ба субут расондааст, ки навъи қитъа бар хилофи пиндошти муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва муҳаққиқон порае аз қасида набуда, навъи мустақили шеър аст, ки аз сурудҳои бостонии тоҷику форс маншаъ мегирад. Дар рисолаҳои «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» ва «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» ӯ исбот намуд, ки сабаби асосии бузургӣ ва  мондагории «Шоҳнома» маҳз ҷанбаи ахлоқиву башардӯстии он аст. Ӯ бо далелои тоза ба субут расонд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набуда ва ӯро кӯр ҳам накардаанд ва нобиноии ӯ бар асари бемориву пирӣ будааст. Чунин тозакориҳо дар осори илмии  ӯ зиёданд.

 Мирзо Муллоаҳмад дар матншиносӣ ва нашри осори гузаштагон низ саҳми калон гузошта, «Қобуснома»-и Кайковус (1979, 2007) «Рубоиёти Умари Хайём» (1983),«Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (бо ҳамроҳӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (бо ҳамроҳӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (бо ҳамроҳӣ, 1989),«Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (бо ҳамроҳӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993),    «Донишнома»-и Майсарӣ(1999), «Андарзномаи ҳаким Носири Хусрав»(2003)), «Дахунома»(2003), «Гулчини девони Ҳофиз»(2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ»(2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), «Дар партави хуршед»(2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав»(2013) ва ғайраро  ба чоп расондааст.

 Ба қалами Мирзо Муллоаҳмад беш аз 500 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудааст, ки аз ҷумла 20 монография ва маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири  форсизабон буда, бо кӯшиши ӯ ба табъ расидаанд.

 Мирзо Муллоаҳмад дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҷумла котиби масъули  симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675- солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс»(2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) буд. Ӯ бо суханрониҳои илмӣ дар беш аз 30 конфаронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам  баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла дар толори Созмони милали муттаҳид дар ш. Ню-Йорк(18 июни соли 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ – шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад буда,бо сарварии ӯ «Донишномаи Рӯдакӣ»таълиф мешавад, ки ду ҷилди он ба табъ расидааст.

  М.Муллоаҳмад дар тарбияи кадрҳои  илмӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи  номзадӣ, 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуда, 5 нафар рисолаҳои илмии худро омода  кардаанд.

  Ӯ узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шӯъбаи илмҳои  ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи илмӣ-оммавии «Илм ва ҳаёт», маҷаллаи «Рӯдакӣ»(Теҳрон),  фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии  «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд(Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО(Теҳрон), узви ҳайати илмии «Доиратулмаорифи инсоншиносӣ» (Теҳрон), раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  ва ғ. мебошад. Ӯ аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Ҷоизаи «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ» мебошад.

 Маҳфили илмӣ – фалсафии “Ҷаҳони андеша”

 ш. Душанбе

Сешанбе, 24 Январи 2023 11:11

Назаре ба мафҳуми рушди устувор

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзуи «Назаре ба мафҳуми рушди устувор» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

(Паёми табрикӣ ба муносибати зодрӯзи дӯст ва бародари хирадманду хирадсолор, донишманди фарзонаву фарҳехта ва шахсияти миллатдӯсту меҳанпараст Назрӣ Асадзода)

 Дӯсти хирадманду хирадсолор, бародари азизу гиромиқадр, марди ростқавлу поквиҷдон ва шахсияти соҳибназару андешаманд,

Устод Назрӣ Асадзода,

Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо н.и.ф., Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи "Нақши Устод Мӯъмин Қаноат дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.