JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе аз дастовардҳо дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва супоришҳои минбаъда расонида шуд. Дастовардҳои сиёсати дохилӣ дар соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ ироа шуд. Яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

    15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад  Сафарзода  (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ  пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ ҳанӯз солҳо қабл дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгарони маъруфи миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмӯаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута  саҳми муносиб гузоштааст (дар ин замина ниг.: Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи аҷдодӣ арзёбӣ мекунад.

Якшанбе, 13 Ноябри 2022 05:21

Машҳура, Меҳр - Олиҳаи ишқу отифат!

(Паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Машҳура Вазирова)

   Имрӯз -- 13 ноябри соли 2022 муҳаққиқбонуи муосири тоҷик Машҳура Вазирова зодрӯз доранд. Ин бонуи илму фарҳанги тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар риштаи илмҳои сиёсӣ пажӯҳиш мекунад ва бо ташаббусоту ибтикороти илмию амалии хеш уфуқҳои тозаеро дар ростои фалсафаи сиёсии миллӣ боз мекунад. Бону Машҳура Вазирова таҷрибаи кориро дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) оғоз карда, аз вазифаи лаборантӣ шуруъ карда, то ба вазифаҳои илмию раҳбарӣ дар идораҳои гуногун расидааст.

   11 ноябрро мо, ҳамкорону дӯстони Исомиддин Шарифзода дар доираи маҳдуд ҳамасола чун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ санасозӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ  ва  хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.