«…умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натаиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд».
Ин сатрҳои воқеӣ ва таърихиро аз китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардем. Дар асари мазкур Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки 9 сентябри соли 1991 давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол арзи вуҷуд намуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир номи кишвари азизи мо бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт.
Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқовиматро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои муътадили зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмӯаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, шартан фарҳанг ном гирифтаанд, мадад кард. Аз ин ҷост, ки фарҳанг қудрат ва тавоноии равонию ҷисмии инсон аст, ки ӯро дар идомаи ҳастӣ кумак мекунад ва дар бархӯрдҳои зиндагӣ муқовиматпазир месозад.
Бо он ки доир ба осору рӯзгор, мероси адабӣ ва таъсири шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ҳанӯз аз замони зиндагии ин суханвари сутург аввалин андешаҳои монданӣ рӯйи коғаз омада буданду минбаъд то ба ҳол идома доранд, ба сабаби аз байн рафтани иддаи бештари онҳову ба риштаи таҳқиқи илмӣ-муқоисавӣ кашида нашудани баъзе маъохизи дастрас ва гузашта аз ин, ҳанӯз ба пуррагӣ пайдову мавриди омӯзиш қарор нагирифтани сарчашмаҳое, ки дар синаи худ порашеърҳои маликушшуарои аҳди Сомониёнро ниҳон медоранд, дар масъалаи рӯдакишиносӣ, бахусус матншиносии осори бозмондаи ӯ душвориҳои зиёде пеши рӯй меоянд. Вақте мо ба осори бозмондаи устоди шеъри Аҷам ва дар ҳамин замина ба зиндагиномаи вай баҳои дурусти дархурди илмӣ дода метавонем, ки ақалан нусхаи қаламии ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабии дар ҷаҳон маҳфузбуда ва шояд ин ҷо нусхаҳои қаламии туркӣ низ истисно набошанд, омӯхтаву баррасӣ гарданд. Ба гумони банда мо бояд аз ҳамин қуллаи баланди душворрас ба рӯзгори сипаришудаи устод Рӯдакӣ, ба шеъри устод Рӯдакӣ, ба осори бозмондаи устод Рӯдакӣ нигоҳи амиқи ҷамъбастӣ намоем, ки ин бешак аз заҳамоти рӯдакишиносони оянда хоҳад буд.
Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқатро дар ибтидои садаи сарнавиштсози XX устоди аллома Садриддин Айнӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) чунин ба қалам оварда буд: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре, ё тасаллути подшоҳу амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо, маҳз ба тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқии мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орӣ аст, дар ин ҷоҳост» [1, 9].