(Мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи китоби Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд:
решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр”)
Рушду шукуфоии мамлакат ва дар заминаи он баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, орзуи ҳамешагии ҳар як давлатмард ва пажуҳишгар мебошад. Ин мавзуъ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши бештар қарор гирифт ва то имрӯз китобу мақолаҳои илмии зиёде дар бораи ин ки чаро баъзе кишварҳо дар пайраҳаи рушд қарор гирифта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо мекунанд, вале кишварҳои зиёди дигар шикаст мехӯранд, таълиф шудаанд. Китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” аз ҷумлаи онҳост (муфассал таваҷҷуҳ шавад: Daron Acemoglu and James A. Robinson, “Why Nations Fail: The Origins of Power, Prosperity, and Poverty”, Crown Publishers, USA, 2012, 544 p)..
Қисмати фаъоли таркиби луғавии забонро калима, ибора ва ҷумлаҳои шевагию лаҳҷавӣ ташкил медиҳанд, ки забони тоҷикӣ низ аз ин ҳолат бархурдор аст. Диалектизмҳо он калима, ибора ва ҷумлаҳоеанд, ки аз шеваю лаҳҷаҳои гуногун дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаҳои муайяни услубӣ, барои ба вуҷуд овардани обуранги хоси ин ё он маҳал, барои тавсифи нутқи персонажҳо истифода мешаванд. Диалектизмҳо, ки хоси шеваҳои ҷудогона мебошад бо аломату хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ ва семантикӣ, аз забони адабӣ фарқ мекунанд. Муҳаққиқон ҳамаи тафовутҳои луғавии диалектизмҳоро ба ҳисоб гирифта онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардаанд:
Ҷомеае, ки олами ҳастӣ, қонунмандиҳои равандҳои он ва мантиқи воқеиятро дуруст дарк мекунад, бидуни шак, барои ҳифзи бақо ва манфиатҳои худ имкони интихоби беҳтарин мавқеъгириро аз маҷмӯи гузинаҳои мавҷуда хоҳад дошт. Омили аслии такомул ва ё таназзули ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он нуҳуфтааст. Бо назардошти ин воқеият он чӣ нигаронкунанда аст, кайфият ва чигунагии ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеаи мост. Мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ”-и сиёсатмадори варзида ва олими шинохтаи кишвар С.Ятимов, ки чанд рӯзе пеш аз матбуоти даврӣ мутолиа кардам, маҳз дар заминаи дарки ин воқеият ва шинохти вазъият эҷод шудааст. С.Ятимов дар ин мақола дар робита ба вазъи нигаронкунандаи шуури ҷамъиятӣ дар кишвар изҳори назар карда, аз дидгоҳи илмӣ роҳҳалҳои мушаххасеро низ барои рафъи мушкилоти мавҷуда пешниҳод кардаанд. Мавқеъгирии муаллиф ҳини арзёбии масъала чун ҳамеша дар такя ба ду асл сурат гирифтааст, ки яке меъёрҳои методологияи илмӣ ва дигаре манофеи миллист. Барои ба истиқлоли зеҳнӣ расидани миллат ва таҳияи заминаи рушди ояндаи давлат муаллиф нақши соҳаи маорифро меҳварӣ дониста, онро моҳиятан ҳамчун абзори муҳандисии шуури ҷамъиятӣ талаққӣ кардааст. Аз ин аст, ки бо итминон таъкид мекунад: “Мактаб ва маориф дар поягузорӣ, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозанд”.[1] Дурустии ин иддаои воқеъбинонаи муаллифро таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд. Бо назардошти муҳтавои мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” мехоҳам ин ҷо андешаҳои худро пиромуни масъалаи матраҳшуда дар алоқамандӣ ба дидгоҳи баъзе мутафаккирони Ғарбу Шарқ ироа дорам.
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,
Ӯро на ниҳоят, на бидоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.