JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Ноябри 2022 13:46

Конститутсия - бахтномаи миллати тоҷик

Муаллиф: Субҳиддин Зиёев

  Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар  Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

  Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

  Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.

  Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

  Халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

  Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст: “Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд”.

  Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ, ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиётӣ аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд.

 Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

  Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиии минтақави ва байналхалқиро  дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намудаст.

  Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт.

  Он ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

 Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард. Он ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.

 Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад.

 Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия - кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

 Мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи Конститутся  муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон баҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

 Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

 Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва  байналмилалӣ пазируфта шуд.

 Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

 Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

 

Субҳиддин Зиёев,

номзади илмҳои филологӣ

Хондан 919 маротиба