JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 01 Ноябри 2022 06:08

Ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф: Абдулҳамид Ал-Кибӣ

  Тоҷикистон дорои гуногунандешии этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳамзистии осоишта аст ва ин вежагии асосӣ воқеияти ҷомеаи муттаҳид ва ҳамгирои тоҷиконро ташкил медиҳад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона машғули кору фаъолиятанд, бар мабнои  Конститутсия ва ба истилоҳ, Қонуни асосӣ озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи шаҳрвандонро кафолат медиҳад.

  Дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил ва ҷамъӣ мустақар буда, солҳои дароз миёни ҷомеа ҳеҷ гуна ихтилофот ва ё низоъҳои мазҳабию қавмӣ рух надодааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи сиёсати ҳамзистии фикрию ақидатии минтақавӣ як ҳолати интерактивиро ба вуҷуд овард, ки боиси пайдоиши ҳаёти осоиштаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ  гардид.

  Аз тарафи дигар, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин кишвар сулҳу оромии комил барқарор буда, ҷомеаи ҳуқукбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар ҳоли рушд мебошад.

  Дар Тоҷикистон қонун фаъолияти озоди ташкилоту  муассисаҳои диниро таъмин мекунад. Шаҳрвандон озодона аркони диниро тибқи майлу хоҳиши худ ба ҷо меоранд. Таҷрибаи ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, рӯҳонияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди озодандешӣ ва ҳамзистии ақидатиро таҳкиму тақвият бахшида, роҳро барои гуфтумони маданӣ, тафоҳуми мардумӣ ва демократияи куллӣ ҳамвор месозад.

  Аз ин ҷост, ки бар асари ҳамзистии осоишта, озодии виҷдон ва таҳаммулпазирӣ фазои муътадили маданӣ дар кишвар ба вуҷуд омада, сатҳи ифротгаройии динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб  коҳиш ёфта истодааст.

 Маълум аст, ки тамоми тасмиму тадбирҳои ҳукумат дар самти танзими фаъолияти динӣ ва авзои ақидатӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, озодиҳои диниро  дар ҷомеа маҳдуд намекунанд ва давлат бо такя ба арзишҳои фарҳангӣ ва роҳандозӣ намудани пружаҳои ҳамзистӣ аз ҳузуру нуфузи  гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрави динӣ-мазҳабӣ ҷилавгирӣ менамояд.Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон намуна-модели ҳамзистии осоиштаро барои ҳифзу бақои низоми сиёсию давлатӣ, ки дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии ҳамаи қишрҳои ҷомеа  асос меёбанд, пешниҳод менамояд.

  Дар ҳоле ки хатарҳои глобалие назири терроризму экстремизми динӣ ҷаҳон ва минтақаро таҳдид мекунад ва дар баъзе кишварҳо раванди ҳамзистии ақидатӣ ва мушорикату муколимоти мазҳабӣ ба таври шоиста ҷараён намегирад, раҳбарияти олии давлати Тоҷикистон аз таҳаммулпазирӣ ва озодии виҷдон  дифоъ мекунад ва аз ин тариқ сулҳу субот ва оромишу амниятро дар минтақа ҳифз менамояд. Албатта, дар ин ҷода хидмати Сарвари давлати  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Абдулҳамид Ал-Кибӣ

нависандаи яманӣ

Хондан 684 маротиба