JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Октябри 2022 08:28

Ҷаҳонбинии дунявӣ (мулоҳизоти иҷмолӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Аз бомдоди таърихи башарӣ то ба имрӯз инсон ва ҷомеаи инсонӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ дар пайи бароварда сохтани эҳтиёҷоти моддӣ ва ниёзҳои маънавӣ аз тариқи сохтусози низоми муътадили сиёсӣ, ки дар қолиби давлату ҳукумат инҷом меёбад, буда ва мебошад. Албатта, кайфият ва чигунагии низоми сиёсию иҷтимоӣ, ки дар тасаввуру зеҳни башари моқабли таърих ва ҷавомеи баъдӣ ғунҷоиш ёфтааст, ба тарзи ҷаҳоншиносӣ, шеваи тафаккур ва тариқаи арзишгузории табақаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, мардум бастагӣ доштааст. Ин аст, ки ҳар табақа ва ҳар мардум дар ҳар вақту замон ё ба истилоҳ, модели низоми сиёсию иҷтимоии дилхоҳро сохта, дар доираи он баҳсу доварӣ кардаанд.

  Ба ин тартиб, дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфтааст. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.

 Он чи ки ба унвони арзишҳои инсонӣ (аз ҷумла меҳру муҳаббат, отифату шафқат, маърифату шарофат, дӯстию рафоқат, адлу адолат, донишу фазилат, иродаву қудрат ва амсоли инҳо, ки категорияҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд) талаққӣ мешаванд, дар ҷомеаҳое нуфуз дошта метавонанд, ки хирадмеҳвар ва адолатпарвар бошанд. Гузашта аз ин, барои роҳандозӣ намудани барномаҳои вежаи сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ, ки бар мабнои хираду дониши инсонӣ мураттаб гардидаанд,  вуҷуди давлат зарурат дорад. Мунтаҳо, на ҳар гуна давлат ва низоми сиёсию иҷтимоӣ ниёзҳои равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва мадании мардумро бароварда месозад, балки танҳо давлати дунявӣ, ки бар мабнои ақлу хиради инсонӣ ва адолати иҷтимоӣ шакл гирифтааст, аз уҳдаи таъмини рифоҳ ва озодию истиқлоли мардумӣ мебарояд. Ин нуктаро таърихи башарӣ собит кардааст. Бар илова, дунявият ва ба истилоҳ, секулоризм  (“secular space”, яъне дунявият ба маънои ин ки ақлу мантиқ ва илму дониш аз таъсири ҷоду (magic) ва афсона (mythology) озоданд ва  ақлу мантиқ ва илму дониш метавонанд дунёи мардумро ба таври солим шакл бидиҳанд) навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи биниши инсонӣ аст. Биниш ва тарзи ҷаҳонбинии дунявӣ, ки ба ақли солим ва мантиқи зиндаи инсонӣ такя мекунад, пеш аз ҳама, дар фароҳам овардани муҳиту фазоҳои муътадили фикрӣ, корӣ, идорӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мусоидат менамояд.

  Агар ба фарҳанги бостонии миллӣ таваҷҷуҳ кунем, тарҳ ва ё модели сохтусози давлат ва ҷомеаи ормонӣ, ки дар он арзишҳои инсонӣ ва хираду дониш авлавият доштаанд, собиқа дорад. Дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолабҳои устуравӣ ва мифологӣ рехта шудаанд, масъалаи сохтусози давлат ва ҷомеаи ормонӣ муҳим будааст. Дар асотири бостонии миллӣ, минҷумла устураҳои Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав ва амсоли инҳо ормонгаройии миллӣ дар заминаи давлатдории дунявӣ хеле хуб инъикос ёфтааст. Қабл аз он ки дар адабиёти юнонию римӣ ва исломӣ  (аз ҷумла Искандарномаҳои адабиёти давраи исломӣ) ормонгаройӣ реша бигирад, дар фарҳанги форсии тоҷикӣ нуфуз доштааст. Масалан, дар устураҳои Симурғӣ, Ҷамшедӣ ва Фаридунӣ модел ва тарҳҳои давлат ва ҷомеаи дунявӣ рехта шудаанд. Сарчашма ва маншаи барномарезиҳое, ки дар заминаи сохтусози ҷомеаи дунявӣ ва ҷаҳонбинии секулорӣ дар қолиби осори устуравии миллӣ таҳаққуқ ёфтаанд, воқеият аст. Аз ин ҷост, ки воқеияти зиндагӣ асли фаҳмиши масъалаи дунёмадорӣ дар қолибҳои устуравии миллист.

  Боризтарин  намунаи давлат ва  ҷомеаи дунявӣ дар устураи Ҷамшед зуҳур кардааст. Ниёкони мо ҳазорсолаҳо пеш дар дил орзуи як ҷомеаи солиму бутунро парваридаанд, ки бар асоси меҳру хирад бунёд меёбад. Зуҳур ва ҳузури Ҷамшед дар асотири бостонӣ ба маънои вуҷуду ҳузури давлат ва ҷомеаи дунявӣ будааст.

  Дар асотири бостонии миллӣ даврони фаъолияти инсонӣ ба ҳазораҳо мунқасим шудааст. Зимнан, дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шудааст (ниг.: Ниберг С. Динҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1359. -С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. Теҳрон, 1379. –С.18.). Ин аст, ки ҳазораи Ҷамшед ба унвони ҳазораи сиёсат, давлатмадорӣ, хирад. дод ва фарҳанг шинохта мешавад. Дар ин ҳазора модели давлат ва ҷомеаи дунявӣ аз тарафи Ҷамшеди Пешдодӣ бунёд мешавад ва мудирияти давлатӣ бар мабнои хирад ва дод сурат мегирад. Муҳимтар аз ҳама, дар даврони давлатдории Ҷамшедӣ маргу нестӣ ва дарду ранҷурӣ инсонҳоро тарк мекунанд ва мақомро ба буду ҳаст, тандурустию солимӣ ва хушнудию рифоҳ вогузор менамоянд. Даврони хушҳолию рифоҳ ва бедардию бемаргии Ҷамшедиро Ҳаким Фирдавсӣ сесад сол мушаххас карда, он муддатзамонро хеле зебо ба риштаи тасвир баркашидааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55-56)

  Шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ бо замин ва зиндагии воқеӣ пайвастагӣ дошта, дар ин ҷаҳон комравоӣ ва инсонвор зистанро асл ба шумор овардааст. Андешаи давлати дунявӣ ва тарзи биниши дунёмадорӣ (секулярӣ), ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бар ин аслҳо сахт боварманданд, ҳазорсолаҳо пеш дар қолаби асотири Ҷамшедӣ матраҳ гардидаанд. Ин Ҷамшед буд, ки ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ (секулярӣ) камар баста, асос ва хишти нахустини чунин ҷомеаро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст.

 Ба ин тариқ, асотири миллӣ ормонҳои миллатро ифода мекунанд ва Фирдавсӣ дар доираи достонҳои “Шоҳнома” тарҳ-моделҳои секулорӣ-дунявиеро  манзур месозад, ки бар мабнои донишу  хирад ва доду адолат сохта шудаанд. Паҳлавонони “Шоҳнома” бори ҷомеаи ормонии як миллатро бар дӯш доштаанд.  Зимнан, ҳар чи ки аз тарҳ-моделҳои  манзурнамудаи Фирдавсӣ, ки бар асоси асотири бостонии миллӣ созмон ёфтаанд,  буруз мекунад, бар мизони хирад баркашида мешавад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.46).

  Мусаллам аст, ки озодиҳои фардӣ ва ҷамъӣ дар ҷомеаи секулярӣ ва низоми давлатдории дунявӣ риоят мешаванд ва Ҷамшед тавонистааст, ки бо такя ба ақлу хирад ва иродаю қудрат як давлат ва ҷомеаи намунавии секулорӣ бунёд намояд. Файласуфи муосири тоҷик устод Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: “Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ғайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст” (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51).

 Дар модели сохтаи Ҷамшед инсонҳо бо дарназардошти донишу биниш ва ҳунару маҳорат ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб мекунанд. Ба ин тартиб, Ҷамшед ба унвони нахустин бунёдгузори давлат ва фарҳанги дунявӣ сохтори табақотӣ (синфӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад ва бо ин тарзи мудирияту фаъолият таносуби неруҳои корӣ ва фикриро танзим мекунад. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо назардошти воқеият ва бар мабнои истеъдод ва маҳорату малака инсонҳоро ба фаъолият ҷалб месозад. Ин нуктаро Фирдавсӣ ба забони назм ин тавр баён сохтааст:

Ки то ҳар кас андозаи хешро

Бубинад, бидонад каму бешро.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55)

  Равиши демократӣ ва мардумсолорӣ ҳам дар низоми давлатдории бостонии миллӣ ба назар мерасад. Ба назари муҳаққиқон, мардумсолорӣ ё ширкати мардум дар таъйини сарнавишти худ (наҳваи шӯройӣ) се ҳазору сад сол пеш дар бахше аз сарзамини паҳновари Эрон (Сурия, Ироқ ва Эрони имрӯз) поярезӣ шуд. Ҳадафи мардумсолорӣ дар он замон ҷилавгирӣ аз ҳукумат ба василаи қудратмандон, сарватмандон ё як гурӯҳ буд. Аз ин ҷост, ки  мардумо мо се ҳазору сад сол пеш системаи хирадгаройи мардумсолорро поярезӣ кард ва се ҳазор пеш роҳу равиши зиндагии иҷтимоии мутамаддин, улгӯйи инсони такомулёфтаро арза намуд; ду ҳазору панҷсад соли пеш ҳуқуқи табии инсон ва таҳаммули дигарандешро ба ҷомеаи башарият ироа дод (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.19-20). Ба ин маъно, мо ҳақ ва ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки аз асотир, таърих ва фарҳанги бостонии миллӣ, ки дар шаклгирии ҳувияти мо нақши калидӣ доранд, сарфи назар кунем. Баръакс, мо бояд дар сохтмони давлатдории миллӣ, ҷомеаи секулорӣ ва дастгоҳи мадании худ аз тарҳ-моделҳои устуравӣ ва таърихӣ васеъ истифода бубарем ва роҳро барои расидан ба дараҷаи баланди миллӣ ва дунявӣ ҳамвор созем. Махсусан, шинохти асотири куҳани миллӣ ва корбасти улгуҳои бостонӣ дар таҳкими раванди ҳувиятсозии миллӣ муассиранд. Зеро ки дониши асотир дар шиносоии таърихи тамаддун, равиши сохтани гӯшаҳои торики сохтҳои иҷтимоии куҳан ва пай бурдан ба тарзи тафаккур ва эътиқодоти мардумони даврони бостон бисёр муфид аст. Дониши асотир имкон фароҳам меоварад, ки бисёре аз ниҳодҳои ибтидоии давраҳои қадими тамаддуни башарӣ ва иртибототи ақвом бо ҳамдигар мушаххас шаванд ва ба бахши мубҳами бостоншиносӣ равшанӣ бахшад (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Эрони бостон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Созмони мутолеа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. –С.55).

Нозим Нурзода, 

пажӯҳишгар

https://farazh.tj/sahifai-asosy/siyosat/ahonbinii-dunjavy/ 

Хондан 636 маротиба