JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 03 Ноябри 2022 05:23

Қонуни асосии кишвар - кафили ҳуқуқии ҷомеаи озод

Муаллиф: Ҳамидов Б.А.

   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

  Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ марҳилаи нави рушди конститутсионии Тоҷикистон оғоз мегардад. Хусусияти хоси ин марҳила дар он аст, ки акнун масоили ислоҳоти конститутсиониро худи мақомотҳои дохилӣ ҳал менамуданд, дар тафовут аз он, ки қаблан Конститутсияи Тоҷикистон аз Конститутсияи ИҶШС рӯйбардор карда шуда буд. Қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1994 ҷараёни гузаришро аз давраи низоми сотсиалистӣ ба давраи инкишофи соҳибихтиёрию комилҳуқуқии кишвар оғоз намуд. Меъёрҳо ва муқаррароти он марҳилаи муосири тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Тоҷикистонро чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунанд ва эълон менамоянд, ки асноди байналхалқию ҳуқуқии эътирофкардаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мебошанд.

  Дар қонуни асосии замони соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда, шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳои он муайян карда шудаанд. Қабули ин санади олӣ ибтидои аз самти ҳуқуқӣ расмигардонии давлатдории навини миллат, анҷоми давраи шӯравии сотсиалистии ташкилу инкишофи давлати Тоҷикистон аст. Ин ҳолатҳо дар мазмуну таъиноти Конститутсияи соли 1994 равшан ифода ёфтааст. Дар матни Конститутсия ба таври умумӣ раванди гузариш ба давраи нави инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа инъикос карда шудааст. Яке аз моҳиятҳои давлат иҷтимоӣ будани он муайян карда шудааст, ки ҳадафи асосии он барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад. Асоси иқтисодии ҷумҳуриро Конститутсия гуногуншаклии моликият, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият муќаррар кардааст. Моҳияти демократии Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ сурат гирифтани инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ муайян карда шудааст. Дар маҷмӯъ ин меъёрҳо дар бораи симо ва тарҳи нави сохтори ҷамъиятии ҷумҳурӣ маълумот медиҳанд.

  Яке аз нишонаҳои асосии ҳама гуна давлату давлатдорӣ соҳибихтиёрӣ, яъне истиқлоли сиёсии он мебошад. Конститутсияи мо ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлоли миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин менамояд. Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёди давлати соҳибихтиёрро дар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.

  Халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу озоди худ озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намудааст. Ин арзиши олӣ, ки дар дебоча зикр шудааст, инъикоси худро дар таҳкими маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайдо мекунад, ки ба ҳар фарди ҷомеа сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, мазҳабӣ ва тафовутҳои дигар тааллуқ дорад. Ба ҳамин тартиб дебоча дарбаргирандаи андешаҳои бунёдии Конститутсия ва муайянкунандаи ҳадафу вазифаҳои муқаррароти он ва заминаи татбиқи бевоситаи Конститутсия мебошад. Бо мақсади дарки амиқи ҳадафу вазифаҳои Конститутсия бояд мафҳуму ифодаҳое, ки дар сарсухан мавриди истифода қарор гирифтаанд, ҳамаҷониба таҳлил карда шавад. Дебочаи Конститутсия баёнгари арзишҳои таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, иҷтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиву давлатӣ буда, барои дарки дурусти мазмуну муҳтавои он хизмат мекунад.

  Пайдоиши боби алоҳида дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон ва аз он оғоз ёфтани матни Конститутсияи мазкур дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурӣ чизи нав мебошад. Матни боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шаклан ва ҳам мазмунан бо қисми аввали конститутсияҳои дигар давлатҳои узви ИДМ умумияти зиёд дорад. Ин фаҳмост, чунки заминаҳои пайдоиш ва инкишофи давлатдории онҳо, даст кашидан аз қолабҳои пешина ва бунёд кардани шаклу сохторе, ки пойдорию устувории давлату ҷамъияти онҳоро таъмин намоянд, ба ҳам хеле монанд ва наздиканд. Баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки ҳолату меъёрҳои боби якуми Конститутсия барои дигар бобҳои он хусусияти муайянкунӣ ва таъсисдиҳӣ доранд, гарчанде ки меъёрҳои боби якум хусусияти мустақиман амал кардан доранд.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити қабули Конститутсияи нав роҳбарияти давлат роҳи рушди озод, демократӣ, ҳуқуқии ҷомеаро пеш гирифтанд, ки он ба талаботи ҳар як шахс пурра ҷавобгӯ буда, ба таъмини осудаҳолии моддиву маънавии он нигаронида шудааст. Давлати ҳуқуқию демократӣ инчунин ҳаёту меҳнати осоиштаи одамон ва ризоияти миллиро дар мамлакат таъмин менамояд.

  Таъсиси чунин ҷомеа кори осоне нест. Барои ба вуҷуд овардан ва мустаҳкам кардани ғояҳои волои умуминсонӣ дар шуури ҳар як шаҳрванд, дарки моҳияти қонунҳо, эҳтиром ва ҳимояи истиқлоли давлатӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни асосиии кишвар, мақомоти ваколатдори давлатиро мебоист муборизаҳои шадиду дурударозе баранд. Баъди ќабули Конститутсия дар ин ҷода ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам чораҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ ва сиёсиву тарбиявиро амалӣ намуданд.

  Дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсия инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир гардонид. Ин ба он маъност, ки ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Дар моддаи 14-и Конститутсия омадааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Яъне, дар маркази арзишҳо гузаштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Шахсе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд.

  Дар моддаи 6-и Конститутсия халқ ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст, ки он аҳамияти махсус дорад ва зуҳури иродаи халқ дар навбати аввал дар интихоби раъйдиҳандагон вобастагӣ дорад. Дар асоси ин муқаррароти Конститутсия шаҳрвандони кишвар бидуни ягон маҳдудият ҳуқуқи дар ҳаёти сиёсии кишвар ширкат варзидан ва ошкор изҳор доштани ақидаи худро доранд. Фарқияти байни конститутсияи нави ҷумҳуриву конститутсияҳои пешинаи давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бар арзишҳои синфӣ пойдор буданд, маҳз аз ҳамин иборат аст.

  Ба андешаи мутахассисон, дар тамоми давраҳои рушди Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсияи ҷумҳурӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дарҷ гардидааст. Қонуни асосӣ принсипи «худдорӣ ва муқовимат»-ро ба сифати пояи аслии ҳокимият дар Тоҷикистон эътироф намудааст. Бо назардошти дурнамои рушди кишвар ва аҳамияти муносибатҳои иқтисодии гуногун Конститутсияи Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликиятро ба сифати асоси иқтисодиёти кишвар эътироф кардааст. Тибқи Қонуни асосӣ давлат масъул шудааст, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат диҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳуқуқи фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд.

  Масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз моҳияти давлати демократӣ бармеояд. Мувофиқи санадҳои байналхалқӣ ва қисми 5-уми моддаи 8-и Конститутсия «таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст».

  Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз намуда, фаъолияти озоди шаҳрвандонро дар доираи меъёрҳои худ кафолат медиҳад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бар асоси ин санади тақдирсози миллӣ арзиши олӣ эътироф шуда, риоя ва ҳифзу таъмини онҳо вазифаи давлат ва аҳли ҷомеа дониста мешавад.

 

Ҳамидов Б.А.,

н.и.ф., муаллими

калони кафедраи ҳуқуқ

 

Хондан 744 маротиба