Муҳтаво. Нақши соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат шарҳ ва таҳлил карда шудааст. Асосан ба паҳлӯҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили асосии пешрафти он ба ҳисоб меравад, диққати махсус дода шудааст. Инчунин соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ё бозори сайёҳӣ ва даромад аз ин соҳа бо дигар давлатҳои пешрафта муқоиса ва баррасӣ карда шудааст. Вобаста ба пешбурд ва дурнамои соҳибкории сайёҳӣ дар мамлакатамон пешниҳодҳои муфид тавсия дода шудааст.
Дар низоми давлатдори Фаронса зери мафҳуми дунявият, асосан ҷудо будани давлат ва дин фаҳмида мешавад. Яъне, давлат ба равандҳои ҳаёти динҳои мухталифи дар кишвар мавҷудбуда бетараф аст. Ба дигар маъно, мафҳуми дунявият ифодакунандаи шарти конститутсионӣ дониста шуда, ҷудоии давлат аз созмонҳои диниро мефаҳмонад.
Дар ҳеҷ давру замон шумораи олимон, оқилон, донишмандон ва хирадмандон ба ин ҳад зиёд набуд, ки имрӯз ҳаст. Аммо ҳеҷ гоҳ башар то ба ин ҳад дар ҳалли мушкилии замони худ оҷиз набуд, ки имрӯз аст. Инсон чунин як зарфияти тағйири ҷаҳон, сафар ба кайҳон ва фароҳам овардани шароити зист дар онро пайдо намудааст, аммо дар баробари оддитарин мушкилҳои ҷамъиятиву ҷаҳонӣ ҳайрону нотавон аст. Ҷомеае, ки инсон онро сохтааст, дар он зиндагӣ кардан барои худи ӯ мушкил ва ҳатто номумкин гаштааст. Ҳамарӯза ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон бо нишони эътироз аз ин навъи ҷомеа даст ба худкуши мезананд ва робитаи худро ба таври ҳамешагӣ бо ин ҷаҳон қатъ месозанд.
Вақте ба таърихи пушти сар намудаи ду ҳазор соли охири мардуми сарзаминамон менигарем, хоҳем дарёфт, ки дар ин дарозои замонӣ сарзамини мо борҳо мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифтааст. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба ин сарзамин ҳуҷум овардаанд, дар баробари таъсиргузориҳои хеш, таъсирпазириҳои зиёдеро низ аз миллату аз ин мардум доштанд. Иддае аз пажӯҳишгарон бар онанд, ки ҳар гоҳ пас аз 50 соли ба ин сарзамин ҳамлавар шудани бегонагон ва нобудию аз байн бурдани авомили фарҳангӣ дубора мардумони ин сарзамин дар рушд ба пояи олӣ расидаанд. Зеро ки тамоми васоили рушд чи аз назари истеъдоди мардум ва обу хоки ин сарзамин бо хусусиятҳои хоси худ дубора ба рушду тараққӣ пардохтаанд. Вале чунин назар то куҷо метавонад дар баробари хатароти ҷаҳони имрӯз воқеан ин миллатҳоро ҳифз намоянд.