JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 10 Декабри 2022 17:10

Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муқобили таҳдидҳои экстремизм ва терроризм

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

 Бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон-10 декабр 

  Инсоният ҳамеша  дар  ҳар  давру  замон  ҳаракат  менамуд, ки  ҳуқуқ  ва  озодиҳои  худро  ҳимоя  кунад  ва  дар баробари  он барои  эътирофи ҳуқуқҳои  худ кӯшиш  менамуд. Яке  аз авалин эъломияҳои  ҳуқуқи  башар, Эъломияи  Куруши Кабир (590-530 т.м.) буд, ки  ӯ  барои  баробарии инсонҳо, барҳам додани ғуломӣ ва озодии инсон баромад кард.

  Мафҳуми «ҳуқуқи инсон» ба маънои муосири худ аз замони Ренессанси Аврупо (Эҳёи Аврупо), замони тадриҷан аз байн рафтани авторитаризми феодалӣ ва консерватизми динӣ, ки дар тамоми асрҳои миёна ҳукмфармо буд, сарчашма мегирад. Дар ин давра донишмандони аврупоӣ кӯшиш карданд, ки як навъ варианти дунявии ахлоқи диниро ташаккул диҳанд. Маҳз ақидаҳои  дунявият дар  давлатдорӣ  аз  ҳамин  давра  оғоз мегардад.

  Дар  асри XIX бошад, баъд аз Инқилоби Фаронса  дар соли 1848 маҷмӯи ҳуқуқҳо расмӣ мегардиданд, ба монанди  ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, моликият, интихобот, баробарҳуқуқӣ ва ғайра.

  Дар садсолаи ХХ бо барқарор гардидани ҷомеаи сотсиалистӣ ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ: ҳуқуқи дохил шудан ба иттифоқҳои касаба, кор, истироҳат, ёрии иҷтимоӣ ва ғ.) илова карда шуданд.

  Ҷанги  дуюми ҷаҳон (1941-1945), ки дар таърихи  инсоният мудҳиштарин воқеа дар таърихи инсоният буд, қурбониҳои зиёдеро оварда буд ва дар навбати худ ҷаҳиши  бузурге дар  рушди  ниҳоди ҳуқуқи  башар гардид.  Ин буд, ки дар  таҳкими  ҳуқуқи  инсон ва густариши соҳаи нави ҳуқуқ – ҳуқуқи  байналмилалӣ  замина  гузошт. Маҳз  қабул  гардидани «Эъломияи  умумии  ҳуқуқи инсон», ки  дар Ассамблеяи Созмони  Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 тасдиқ  гардидааст, қадами  бузурге дар  ин самт буд. Эъломияи  мазкур  ҳуҷҷати муҳим буда, ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранг, ҷинс, забон, дин, мавқеи сиёсӣ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият, амвол ё мақоми дигар эълон кард. Эъломия  иборат  аз 30 модда буда, матни он  имрӯз ба зиёда аз 500 забон тарҷума  гардидааст.

  Дар  Моддаи 1 «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон»  чунин омадааст: «Тамоми одамон озод ва баробар ба шаъну шараф ва ҳуқуқҳои худ ба дунё меоянд. Онҳо дорои ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд».[4] Ин модда зербинои ҳамаи ҳуқуқҳои  инсонӣ мебошад.

  Яке аз таҳдидҳои замони муосир, ки ба ҳуқуқҳои инсонӣ, чӣ хусусӣ (шаҳрвандӣ), иқтисодӣ, сиёсӣ, молу мулкӣ, фарҳангӣ ва  ғайра таҳдид мекунад фаъолшавии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву  террористӣ  мебошад. Бубинед, ки чунин  ташкилотҳои  номатлуб фазои  иттилоотиро  аз худ  карда, ҳамчун  манбаи  таҳдид  ба ҷомеаҳо таъсир мерасонанд. Терроризм, экстремизм, радикализм, мубориза  бар  зидди  экстремизм ва  терроризм, кибертероризм, амнияти иттилоотӣ ва  ғайра аз ҷумлаи  серистеъмолтарин мафҳумҳое  ҳастанд, ки дар хабарҳои иттилоотии сайтҳои интернетӣ, мақолаҳои публисистии  рӯзномаву  маҷаллаҳо  ва  мақола  ва  асарҳои илмии коршиносони  соҳа ва  санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқии қонунҳои кишварҳо имрӯзҳо  истифода  мешаванд. Чунин  ба  назар  мерасад, ки  ин мафҳумҳо ва  амалҳои вобаста ба  он, ба  яке  аз  масъалаҳои  муҳимми  ҷомеаи  имрӯза ба  шумор  рафта,  сабабҳои  объективии худро  дорад.

  Воқеан, радикализм, ифротгароӣ ва терроризм чист? Агар  аз  ҷиҳати  маънои   назар  кунем, пас  ҳар  сеи ин  вожаҳо  ба  ҳам  муродифанд, ки  барои  як  мақсад  равона  гардидаанд. Ҳамаи  ин  калимаҳо  лотинӣ  буда, радикализм, аз «radix» - «реша»; extremus «ифрот» — «аз ҳад зиёд», «ҳадди ниҳоӣ»  ва «terror» -  «даҳшат», «тарс» мебошад.  Бояд  қайд  кард, ки  ҳар  сеи  ин  мафҳумҳо  дар  фарҳангҳои  муосир истилоҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ба шумор мераванд, гарчанде ки дар  гузаштаи  на  чандон  дур дар  соҳаҳои  илмҳои  дигар,  аз  он ҷумла  илмҳои  табиатшиносӣ  ба  кор  бурда  мешуданд. Масалан,  ибораҳои («радикальные меры») – «тадбирҳои радикалӣ» (чораҳои  зурурӣ  ва  амалӣ андешидан), («экстремальные условия»)  «шароити шадид» (ҳолати  ғайричашдошт, ба  ногоҳ  ба  вуҷуд меояд, ки  ба  ҳаёти  одамон ё гирду  атроф  таъсири  манфӣ  мерасонад)  дар илмҳои тиб, кишоварзӣ, ҷуғрофиё ва ҳатто  дар санъати тасвирӣ  -«радикальный цвет» «рангҳои радикалӣ») мафҳумҳои ошно буданд.

   Дар  баъзе  фарҳангҳои  сиёсӣ  чунин  омадааст,  ки «Радикализм маҷмӯи ақидаҳо ва амали ҷамъиятию сиёсиест, ки ба тағйири қатъии тартиботи мавҷуда нигаронида шудааст, ки дар давраи буҳронӣ, давраи гузариши таърихӣ ба таври намоён зуҳур меёбад».  Дар  ин  таъриф  як  мафҳум   вуҷуд  дорад, ки  он «тағйироти қатъӣ дар тартиботи мавҷуда” мебошад, ки  дар  моҳияти  ҳамин  се  падида  - радикализм, экстремизм ва  терроризм  дида  мешавад.

   Дар ин ҷо  метавон  қайд  намуд, ки экстремизм, радикализм ва терроризм бояд дар сатҳи ҷиддии илмӣ омӯхта шавад. Дар ҳақиқат  терроризм ба як мушкили глобалӣ, «таҳдид ба ҷаҳон» табдил ёфта аст.

   Амалҳои террористӣ, ки дар ин  ва  ё  он минтақаи  ҷаҳон  амалӣ  мегарданд,  таҳдиду  хатар  ба ҷони  инсонҳо  ва  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  мебошад. Чунки ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба шумор  мераванд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин зуҳурот яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳокимиятҳои давлатӣ бо мақсади ҳифзи амнияти миллии кишварҳо ва ҳуқуқи инсон мебошад.

   Экстремизм ва терроризм аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳони муосир ба шумор рафта, мутаассифона, кишваре нест, ки дар он одамон аз зуҳуроти онҳо азоб накашанд. Афзоиши ҷиноятҳо дар ҷомеа боиси нигаронии ҷомеа гардида, ба давлат зарари калон мерасонад. Шубҳае нест, ки ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба амнияти миллии кишвар, сохти конститутсионӣ, равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии он таҳдид намуда, дар баробари ин, барои татбиқи ҳуқуқҳои инсон аз ҳама муҳим таҳдид мекунанд.

   Ҳамин тариқ, маълум аст, ки масъалаҳои мубориза бо ин зуҳурот ҳамчунон актуалӣ боқӣ мемонанд. Ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ метавонанд тарсу ҳарос, воҳима, нобовариро ба фардои нек намонда, номуайяниро дар бораи устувории давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва эҷоди хатари пурафзуни ҷамъиятӣ, инчунин таҳдид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ба вуҷуд оранд. Албатта, ҳамаи ин ба ҳуқуқҳои инсон дар ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ бевосита дахл дорад. Хавфи асосии ин зуҳурот дар таҳдид ба ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як шахс — ҳуқуқ ба ҳаёт аст.  Дар  ин  замина, «муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм», то ҳадди ақал  ошкор ва рафъи зуҳуроти онҳо, таъмини  амнияти  шаҳрвандон  аз  ин  зуҳуроти  номатлуб ва ҳифзи ҳуқуқҳои  шаҳрвандонро  дар  назар  дорад.

   Имрӯз  ҳам  дар  сатҳи  байналмилалӣ  ва  ҳам  дар кишвар мубориза  бо  ин  падидаҳои  номатлуб ба роҳ монда  шудааст. Дар  сатҳи  байналмилалӣ  барои  мубориза  бар зидди терроризм дар  сатҳи СММ – «Идораи мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид» (UNOCT) (Контртеррористическое управление Организации Объединенных Наций (КТУ ООН) 15 июни соли 2017 бо қатъномаи 71/291 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд. Таъсиси дафтари мазкур ҳамчун аввалин ислоҳоти бузурги ниҳодии Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии давлатҳои узв дар татбиқи Стратегияи глобалии мубориза бо терроризм мебошад. Ин  яке  аз аввалин  санадҳои муҳим дар самти мубориза бо экстремизм  ва  терроризм буд, ки дар он тадбирҳои бартараф кардани шароити мусоид барои густариши терроризм, чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм; тадбирҳо оид ба таҳкими иқтидори давлатҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва тадбирҳо оид ба таъмини эҳтироми умумии ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун ҳамчун  меҳвари  асосии мубориза бо терроризм мебошад.[2]

   Ҳамзамон  дар  асоси санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ заминаи  муайян  ва мустаҳками ҳуқуқӣ баҳри  мубориза  бар зидди  экстремизм ва терроризм  муҳаё гардидааст. Махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»,Стратегияи  миллии муқовимат бо  экстремизм ва терроризм барои  солҳои 2021-2025 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардидаанд.  

  Дар  Моддаи 1 Коститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки  «Тоҷикистон давлати  иҷтимоӣ буда, барои  ҳар  як  инсон шароити  зиндагии арзанда ва  инкишофи  озодонаро  фароҳам  меоварад».[1] Ҳамзамон  дар  Моддаи 6 Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва  озодиҳои ӯ арзиши  олӣ  мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар  ҳуқуқҳои фитрии дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро  давлат эътироф, риоя  ва ҳифз менамояд».[1]

  Инчунин,  дар  асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва  маҳаллӣ ҳар як давлат уҳдадор аст, ки ҳаёти ҳар як шаҳрвандро, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунад, ҳифз кунад. Таъмини ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба ҷазо кашидани ҷинояткорон вазифаи бевоситаи давлат мебошад.

  Сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳадди аксар ба пешгирӣ, кам кардан, рафъи оқибатҳои ин гуна ҷиноятҳо, инчунин ҳифзи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Албатта, ҳар як давлат ҳадафи таҳияи сиёсати муассир барои ҳифзи шаҳрвандон аз таҳдидҳои ифротгароиву террористиро дорад. Бояд  қайд намуд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  дар  назардошти воқеиятҳои  мавҷуда як қатор  барнома стратегияҳои  муқовимат  бар зидди  экстремизм  ва  терроризм таҳия  намуда,  амалӣ  гардонда  истодааст. Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке  аз  кишварҳои  пешсаф дар раванди мубориза  бар  зидди  терроризм  ва  экстремизм  мебошад. Махсусан  қабул  гардидани Стратегияи  миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар  солҳои (2016-2020) ва  давраи  минбаъда  барои  солҳои 2021-2025, ҳуҷҷати  муҳимми  танзимкунанда дар  самти пешгирии хатару таҳдидҳо аз фаъолияти  эктремистиву террористӣ  мебошад. Ҳадафи  қабули  стратегияи  мазкур ҳифзи  асосҳои сохти  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти  ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва  озодиҳои  инсон аз  хатару  таҳдидҳои  ин  падидаҳои барои  инсоният  ногувор  мебошад.

  Бояд  қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста  ба  ин   ҳамоиш  ва  вохӯриҳои  минтақавӣ  ва  байналмилалиро  доир  менамояд. Махсусан  солҳои  охир  конфронсҳои  сатҳи  баланд  бо  ҳамкории СММ ва  шарикони  байналмилалӣ  дар  ҷумҳурӣ  доир  мегарданд. Чуноне  дар таърихи 18-19 октябри соли  2022 дар шаҳри Душанбе, Конференсияи  байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкориҳои  байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба  амният ва  мудирияти  сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм  ва  пешгирӣ аз таҳарруки  террористон» доир  гардид. Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  ин ҳамоиши  сатҳи  баланд баромад  намуда оид  ба  фаъолшавии хатарҳои  ҷаҳони  муосир изҳори  нигаронӣ карда, хатари  онҳоро  ба  кишварҳои  Осиёи Марказӣ ҷиддӣ  арзёбӣ  намуданд. Таъкид  гардид, ки  интиқол  ва  таҳрики   гурӯҳҳои  террористӣ   як    минтақаи  ҷаҳон боиси  таҳдид  ба кишварҳо  мегардад.

   Президенти  кишвар  қайд  намуданд, ки  мубориза  бар зидди  экстремизму  терроризм  бояд  дар  сатҳи  кишвар, минтақа  ва  ҷаҳон дастаҷамъона  бошад: «Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муқовимати муассир роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд».[3]

  Албатта мубориза  бо ин  падидаҳои номатлуб бояд  дастаҷамъона бошад. Ин аст, ки  вобаста  ба  ин  таҳдиди  ҷаҳони  муосир дар  корхонаҳои давлатӣ,  муассисаҳои   илмиву  таълимӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар,  семинарҳо, нақша-чорабиниҳо ва  дигар ҳамоишҳо  баргузор  карда  мешаванд ва  дар  бораи  моҳият, шаклҳои  зуҳур, хусусиятҳо ва  роҳҳои  пешгирии он   аз ҷониби  коршиносони соҳа, пешниҳодҳо карда  мешаванд.

 

Нусратулло Зокирзода

номзади илмҳои фалсафа

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА

  1. Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 1;6.
  2. Пять основных функций КТУ ООН. https://www.un.org/counterterrorism/ru/about. День обращение: 20.11.2022.
  3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд зери  унвони «Ҳамкориҳои  байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба  амният ва  мудирияти  сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм  ва  пешгирӣ аз таҳарруки  террористон». Душанбе. 18-19 октябри соли 2022.
  4. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Моддаи 1.
Хондан 964 маротиба