JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Декабри 2022 07:45

Рушди нерӯи инсонӣ - падидаи  муҳим дар сиёсати иҷтимоии давлат

Муаллиф: Зокирзода Н.М.

  Масъалаи нерӯи инсонӣ  ҳамчун  падидаи махсуси  иҷтимоӣ  ҳамеша  мавриди  баррасӣ  ва  таҳқиқи  ҷомеашиносон қарор  гирифтааст. Бино  ба  таълимоти  сотсиология  «инсон ҳамчун  шахс  таваллуд  намешавад, балки ба шахс  табдил меёбад».[4.133] Раванди ташаккули  нерӯи инсонӣ низ як  раванди иҷтимоӣ аст, ки  бо  раванди иҷтимоишавии шахс алоқамандии зич дорад. Вақте ки мафҳуми «нерӯи инсонӣ» истифода мешавад, ба таври интуитивӣ, мо тахмин мезанем, ки мо дар бораи моликият  ва иқтидоре сухан меронем хусусиятҳои шахс, гурӯҳ ва ҷомеа пеши назар  меоянд, ки дар шароити муайян ба одамон барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ кӯмак мерасонанд ва  дар  амалияи  иҷтимоӣ аллакай  истифода  шудаанд: «Ҷавҳари нерӯи инсониро қобилият ташкил  дода, ва асоси он талабот  мебошад. Омодагӣ бошад  механизмест, ки ниёзҳо ва қобилиятҳоро ба ҳаракат медарорад».[2.16]

  Истиқлолияти  сиёсӣ  дастоварди  беназире буд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ноил гардид. Ин  падидаи  муҳим  омили муҳиме буд, ки барои рушди  иҷтимоӣ-сиёсӣ  ва  иқтисодӣ-фарҳангии  кишвар  таъсир гузошт. Чунки  худмухторият  ё  истиқлоли сиёсӣ ҳамчун  мафҳуми  илмӣ  категорияи  илмии як  қатор илмҳо, аз он ҷумла,  фалсафа,  сотсиология,  сиёсатшиносӣ  ва  дигар илмҳо ба шумор  меравад. Вобаста  ба  шарҳи  мафҳуми   «истиқлол» ё  «истиқлолият» ҳаминро  метавон  қайд кард, ки он ҳокимияти  комил, истиқлоли  иқтисодӣ, идеологӣ, ба  таври  комил  муайян  намудани тақдири  хеш,  пеш  аз  ҳама аз  нигоҳи  сиёсӣ мебошад. Истиқлолият   комилан  шароит  фароҳам меорад, ки  як  халқ,  ё давлат ба  таври  ихтиёрӣ ташкили  ҳуқуқӣ-давлатӣ, сохтори  давлатдорӣ,  муносибати  байниҳамдигарӣ бо  дигар  халқу  миллатҳо ва  ҳаёти иҷтимоиву  иқтисодии  худро  озодона  муайян  намояд.

  Албатта, ба  даст  овардани  соҳибихтиёрии сиёсӣ марҳалаи  нав дар  таърихи  давлатдории  навини кишвар ба  шумор  меравад. Ин марҳалаи нави ташаккули истиқлолияти миллӣ ва сохибихтиёрии халқи тоҷик аст. Хусусияти асосии ин марҳалаи нав  дар он ифода меёбад, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлолият ва  давлатдории миллӣ гардид.

  Ҳамин  тавр, чуноне ки  маълум  гардид, истиқлолияти  давлатӣ   имконият  медиҳад, ки  давлати  соҳибистиқлол   ҳаёти  иҷтимоӣ ва  сиёсати  иҷтимоии  худро  муайян  кунад  ва онро  дар  амал татбиқ  намояд. Аз ин рӯ,  истиқлолият  барои  тоҷикистониён  марҳалаи  навро  дар  раванди  татбиқи  сиёсати  иҷтимоӣ  боз  намуд. Таваҷҷуҳи  хосса  намудан ба ҳаёти иҷтимоии  аҳолӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон пеш  аз  ҳама  дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ  гардидаанд. Чуноне донишманди  тоҷик Назри Яздонӣ қайд  мекунанд:

  «Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои "рушди нерӯи инсонӣ", "беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ", "зиндагии шоиста", "ҳамқадами илму технологияи муосир будан", таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати ҳамешагӣ доштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст, ба ҳукми таъбиру калимаҳои калидӣ дида мешаванд».[3] Дуруст аст, ки  саломатии  халқ, ин  сармояи  миллат  ба шумор  меравад ва  рушди  сиёсати  иҷтимоӣ  низ  ба  ҳамин омил  алоқамандии зич дорад.

  Яке  аз  самтҳои  муҳимми  сиёсати  иҷтимоии кишвар рушди  соҳаи  маориф  мебошад. Мо медонем, ки  дар  даврони  шӯравӣ  ва  ҳам  дар  солҳои  аввали  истиқлолият вобаста  ба  нооромиҳо базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии  кишвар  заиф гардида  буданд. Маълум  аст,  ки  дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  таваҷчуҳи  хосса  ба  базаи  моддию техникии    муассисаҳои  таълимиӣ  дода  шуд. Бунёди  мактабҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  дар   минтақаҳои  гуногуни ҷумҳурӣ  далели ин  гуфтаҳост. Ҳамзамон, шароити  муосир талаб  менамояд, ки  насли  муосир,  насли  огоҳ ҳам  аз ҷиҳати  сиёсӣ  ва  ҳам  аз  ҷиҳати  маънавию  фарҳангӣ бошад. Рушди  технологияи  муосир  ба  он  водор  мекунад,  насли  ҷавон бояд  аз ҷиҳати  технологияи   пешрафтаи  замони  муосир  босавод  бошад. Кишварҳое, ки  аз ҷиҳати  технологияи  муосир  ва  истеҳсолоти  он  пеш рафтаанд, кишварҳои  дигарро  ҳамчун  бозори истеъмолии маҳсулоти  худ  қарор додаанд.

  Аз ин  лиҳоз,  ба  хотире он, ки  мо  ба  талаботи  замони  муосир  ҷавобгӯ  бошем, бояд  ба  рушди  нерӯи  зеҳнӣ дар  кишвар аҳамияти  хосса диҳем. Ба  қавли  устод Назри Яздонӣ, мо  таърихан аз  ҷумлаи  миллатҳои  тамаддунсоз ҳастем,  бояд  нерӯи  инсониро  тақвият  диҳем: «Вақте мо дар бораи рушди нерӯҳои инсонӣ, пешрафту такмили қудратҳои зеҳнӣ андеша мекунем, дар қадами аввал бешубҳа ба хотир меояд, ки миллати мо дар баробари миллатҳои қадимаи чинӣ, ҳиндӣ, юнонӣ яке аз миллатҳои тамаддунсози ҷомеаи башарист ва албатта табиист, ки мо инро бо эҳсоси ифтихор ба ёд меорем, ки дар ҷараёни тағйироти глобалӣ, хосса дар қисмати фарҳанг масъулияти умумибашарӣ дорем. Харобиҳое, ки дар ҷаҳони маънавии инсон пайдо шудаанд, танҳо ба воситаи фарҳанги ҷаҳоншумули ориёӣ-тоҷикӣ ислоҳ мешаванд».[3]

  Дар  баробари  ин, метавон  таъкид  намуд, ки  масъалаҳое мавҷуданд дар  ҷомеаи  имрӯза, ки ба  рушди  нерӯи  инсонӣ  монеа  мешаванд, аз он ҷумла:

  1. Таҳдидҳои ҷаҳони муосир. Пеш  аз  ҳама  ба  арзишҳои  маънавӣ  ва  фарҳангии ҷомеа зарба  мезананд, ки рушди  нерӯи  инсонӣ аз пойдории  ин ду  арзиши  муҳим  вобастагӣ  дорад.
  2. Фаъолшавии гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ  ва  падидаҳои зӯроварӣ, манфиатҳои  шахсиро  аз  манфиатҳои  ҷомеа  боло  гузоштан.
  3. Коҳиш ёфтани эҳтироми   калонсолон, падару  модар ҳисси эҳтиром   ба  арзишҳои ахлоқӣ  ва  ғайра.

   Ҳамин  тариқ,  ҷомеаи  имрӯзаро  зарур  аст, ки  бар зидди  ин  падидаҳои  номатлуб, ки  ба  рушди  нерӯи  инсонӣ   монеа  мешаванд,  мубориза  барад. Ҷомеаи  муосир, ки  бо  равандҳои мураккаб  ва  серпаҳлӯи  худ, дар раванди  глобализатсия  ё ҷаҳонишавӣ қарор дорад, баъзан дар  натиҷаи  «бозиҳои бузурги абарқудратҳо» ба  ҳолати  буҳронӣ  ва  пешгӯинокарданӣ  табдил  меёбад. Дар  натиҷаи  ин  набардҳо, арзишҳои  милливу фарҳангӣ  ва маънавии  инсоният  маҳв  мегарданд ва  ба  ҷои  он ғасбу ғорат ва  қатлу куштор меояд, ки  дур  аз  ахлоқи инсонист: «Дар улуми ҷомеашиносӣ ва инсоншиносии имрӯза истилоҳоти наве, монанди "трансгуманизм", "дегуманизатсия", "постгуманизм" пайдо шудаанд, ки аслан, аз назари эволютсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, як марҳилаи нави ғайричашмдошт ва ғайриинтизор мебошад. Ин истилоҳот ҳанӯз таърифи мушаххасу равшан надоранд. Дар ҳар сурат дар ҳоли имрӯз чунин шарҳу таъриф доранд. Постгуманизм раванди рушду тараққии инсоният, вазъи сиҳат ва таъминоти ӯ аз назари ҷаҳони постиндустриалӣ ва дастрасии инсонҳо ба натиҷаҳои муъҷизагунаи улуми ҷаҳонӣ, хусусан биотехнология, генетика мебошад. Дар ин маврид дар назар мегирем, ки тақсимоти синфии ҷомеа дар марҳилаи постгуманистӣ комилан ғайригуманистӣ, ғайриинсонӣ шудааст, яъне ин самарот баъзан ба сабаби гаронбаҳо буданашон ва баъзан ба сабаби худхоҳии пулдорони абарқудрати ҷаҳон барои инсоният дастрас нестанд. Ин яке аз мисолҳои равшану мушаххаси ғайригуманистӣ ва ғайриинсонӣ будани низоми давлатҳои ба истилоҳ пешрафта аст. Дар ин давлатҳо маълум аст, ки чунин арзиши бунёдии умумибашарӣ, ки адолат, ҳамдардӣ, баробарӣ ном дорад, комилан сарфи назар шудааст».[3]
   Ҳамин  тариқ,  ин  равандҳо  ба  рушди  нерӯи  инсонӣ  зарба  мезананд ва  ба  камолоти  инсонҳо,  махсусан  ҷавонон  монеа  мешаванд.

  Дар  баробари  ин  метавон  қайд кард, ки равандҳои транформатсионӣ, ки дар ҳаёти  иҷтимоии ҷомеа ба  вуҷуд  омада  истодаанд, он воқеиятро  тақозо менамояд, ки низоми нави  сиёсӣ  ба  вуҷуд ояд ва  ҳамзамон дар  асоси  шакли  нави низоми  сиёсии эътирофшуда модели  нави  сиёсати иҷтимоӣ  ба вуҷуд  ояд.   Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  асоси  Конститутсия, роҳи  нави   эъмори  давлати  иҷтимоиро   муайян  намуд. Бешубҳа,  модели  давлати  иҷтимоӣ,  талаб  мекунад, ки  манфиатҳо ва  ҳуқуқҳои  тамоми  қишрҳои ҷомеа  ҳимоя  карда  шаванд ва  вазъи  иҷтимоии  мардум  дастгирӣ  ёбад. Аз ин рӯ,  дар  асоси  пешбурди  сиёсати  иҷтимоӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамгироӣ  ва  ҳамдигарфаҳмӣ  дар  ҷомеа  ба вуҷуд ояд,  шароити хуб  баҳри  ҳифзи  иҷтимоии шаҳрвандон  омода карда шуда,  дар  баробари фаъол гардидани  ниҳодҳои иҷтимоӣ вазъи  иҷтимоии  аҳолӣ  хуб  гардад.

  Умуман, моҳият  ва  арзиши модели  давлати иҷтимоӣ  дар  он  зоҳир  меёбад, ки  дар  он шаҳрвандон ҳуқуқҳои  бунёдии худро  дарк  мекунанд, барои  рушди  шахсияти  ҳар  як  фард имконият  фароҳам  меояд ва  ҳар  як  фард  масъулияти  шахсӣ  ва  иҷтимоии  худро  дар  ҷомеа баҳри  беҳбуди  моддии худ мешиносад. Барои  татбиқи   сиёсати  иҷтимоӣ  низоми  сиёсии  ҳар  як  давлат  ҳадаф  ва  вазифаҳои  худро доро  мебошад.

  Дар ин раванд, яке  аз  падидаҳои асосӣ ва муҳимми амалишавии ҳадафи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистони  соҳибистиқлол  дар  солҳои  охир  аз  он иборат  аст, ки он  ба  даст  овардани  оромӣ, коркарди  барномаи   барҳамзании   камбизоатӣ, баланд  бардоштани  сатҳи  некуаҳволии  мардум,  тадриҷан   бо  ҷои  кор  таъмин  намудан  ва  ғайра  мебошад. Яке аз  шароитҳои  мусоиде, ки  барои  рушди  сиёсати  иҷтимоӣ  дар кишвар  мусоидат  намуд, ваҳдати  миллӣ  буд, ки  он ҳамчун  заминаи   бунёдӣ  барои  рушди  иқтисодии  кишвар  гардид. Маҳз дахолати   давлат дар  ҳаёти иқтисодии кишвар  баҳри  риоя  ва рушди  сиёсати  иҷтимоӣ мебошад, ки  саҳми корхонаҳои  давлатӣ,  ташкилот  ва  созмонҳои  ғайридавлатӣ  низ  дар  пиёда  гардидани  ин  сиёсат назаррас бошад. Чи тавре, доктори илмҳои  сотсиология Ш. Шоисматуллоев қайд  мекунанд: «Вақте дар  бораи дастовардҳои кишвар  гап мезанем, набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии рушди  бонизоми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ  мебошад. Ин  дастоварди мустаҳками мо аст, ки барои пешравии  давлат имконият фароҳам меорад. Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист, ки  ба манбаи асосии стратегии рушди давлат  қарор гирад».[5.73]

  Дарин замина, ин  нуктаро  бояд  қайд  намуд,  ки дар  равандҳои  трансформатсионӣ дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа ба  вуҷуд  меоянд дар  худ  ҳам  ҷанбаи  манфӣ  ва ҳам  мусбӣ  доранд. Дар сохтори  иҷтимоӣ  фарқиятҳои  иҷтимоӣ  дар  қишрҳои  иҷтимоии нав  ба  вуҷуд  омад, ки  инсонҳоро  ба  нодору  доро,  ҷудо  намуд, авҷи  бекорӣ,  рушди муҳоҷирати меҳнатӣ, таназзули  сатҳи   некуаҳволии  шаҳрвандон ва  ғайра. Ҳамзамон, дар фазои чунин дигаргуниҳо низоми нави  муносибатҳои  сиёсӣ  ва иҷтимоӣ ба  вуҷуд  омад, ки  дар  худ ифодагари  тамоюлҳои  арзишии ба  худ  хос  буда, бевосита масъалаҳои иҷтимоии   ҷомеаро дар худ дошт. Чуноне  гуфтем,  дар  натиҷа зеҳни афроди  ҷомеа аз  тамоюлҳои  арзишии  хос иборат аст, баъзан  рушд  ва  коҳиши арзишҳо  ба  вуҷуд омад.  Дар   рафтори  иддае  аз  шаҳрвандон муҳим  будани арзишҳои  ҷамъиятӣ ба монанди ватандӯстӣ, масъулияти  шаҳрвандӣ, эҳтироми  калонсолон, эҳтиром  ба  арзишҳои  оилавӣ ва  ғайра  гум гардида,  ба  ҷои  онҳо боло  гузоштани   фоида  ва  манфиати  шахсӣ  аз  дигарон, худкомагиву  худписандӣ  ва  дигар  хислатҳои  манфӣ  боло  гирифт.[6.15]

  Барои  ҳал  намудани  ин  проблемаҳои иҷтимоӣ на танҳо  манбаҳои иқтисодӣ  зарур  аст,  балки  аз  нигоҳи  сиёсӣ,  ки ҳадафҳои дарозмуддати  рушди  иҷтимоии  ҷомеа  дар  маҷмӯъ  зарур аст. Ҳамзамон аксар  комёбиҳо  дар  ин самт аз  амният   ва  суботи  ҷомеа,  дастгирии қишрҳо ва  гурӯҳҳои мухталифи ниёзманди ҷомеа ва  пешбурди  сиёсати  муваффақи иҷтимоӣ  мебошад.[1.4]

  Дуруст  аст, ки  рушди  нерӯи  инсонӣ, низ  ба  рушди  арзишҳо  дар  ҷомеа  вобастагии  зич  дорад. Ҷомеаи  тоҷикистонӣ, ки  дар раванди  трансфарматсионӣ   қарор  дорад,   низоми  арзишҳо  низ бевосита  дар  ҳоли  таҳаввул  ва  ташаккул  қарор  мегиранд. Ба  ақидаи  донишманди тоҷик Шоисматуллоев Ш.: «Дар миёни  аҳолии Тоҷикистон метавон  се  категорияи ба худ  хосси  низоми  арзишҳоро ҷудо  намуд: 1) қишри калонсолон, ки  тарафдорони  арзишҳои «даврони шӯравӣ» буда, барои онҳо арзишҳо ҷамъиятӣ аз  арзишҳои  шахсӣ, арзишҳои маънавӣ аз арзишҳои моддӣ боло буда, дар  онҳо  арзишҳои  ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи  ҳамида  ва  ғайра  дар  мадди  аввал  қарор доранд; 2) «бозориҳо», онҳое, ки  хеле ҳам  зуд ба иқтисоди бозорӣ мувофиқ  гардидаанд. Арзишҳои ин қишри ҷомеа  муқобили  арзишҳои   қишри  даврони  шӯравӣ қарор  дорад…;3) қишри  миёна, ки  ҳанӯз  арзишҳоро  доро  намебошанд ва онҳо  на  ба  қишри  даврони  шӯравӣ  ва  на  ба  қишри  «бозориҳо» тааллуқ надоранд. Дар  ин қишри  ҷомеа  ҳанӯз як  низоми  муайяни арзишҳо ташаккул  наёфтааст».[6.17]

  Ҳамин тариқ, сиёсати иҷтимоӣ яке аз  самтҳои  муҳимми сиёсати  дохилии  ҳар  як  давлат  ба шумор  меравад. Вале  дар  ҳолати дуруст ва бо  низоми муайян амалӣ  нагардидани  сиёсати иҷтимоӣ, метавонад дар ҷомеа  бекорӣ  рушд  намояд ва  нобаробарии  иҷтимоӣ  ба вуҷуд ояд. Ҳанӯз аз  рӯзҳои  аввал  барои  Тоҷикистон  зарур  буд, ки модели  нави  сиёсати  иҷтимоиро  коркард  намуда, ба роҳ монад, ки  ба  талаботҳои  нави ҳаёти  ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошад.

  Муҳаққиқи  тоҷик Зубайдов З.Н. дар  диссертатсияи  худ зери  унвони  «Хусусиятҳои  ташаккули   сиёсати  иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  солҳои соҳибистиқлолӣ»,  сиёсати   иҷтимоиро  баррасӣ  намуда, нақши  давлатро  чунин  арзёбӣ  мекунад: «Дар  ин  ҷо  саҳми  давлатро дар  назорат  ва  амалӣ  намудани  сиёсати иҷтимоӣ  дар  фаъолияти субъектҳои  гуногун  метавон  мушоҳида  намуд, ки  иборат  аст:

- набудани  назорати  қатъии давлат дар  танзими таносуби  меъёрҳои  меҳнат  ва  истеъмолот;

- иқдоми  шаҳрвандон аз ҷониби давлат дар  бораи ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоӣ  дастгирӣ  карда  мешавад;

-  фаъолияти шаклҳои мустақили  хоҷагидорӣ  дастгирӣ  карда  мешавад;

- на  танҳо  давлат, балки  ташкилотҳои дигар, аз ҷумла  иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳо ҳамчун субъектҳои  сиёсати  иҷтимоӣ баромад  мекунанд,  ки  давлат  замина  ва  шароитҳои  ҳуқуқиро баҳри фаъолият  ва иҷрои  масъалаҳои иҷтимоӣ барои онҳо  муҳаё  месозад;

- ҳамзамон, вобаста  ба  натиҷаҳои  фаъолияти  иқтисодӣ,  корхона  ва  ташкилотҳо новобаста  аз шакли фаъолияташон  метавонанд мустақилона  музди  меҳнати  кормандонро   муайян кунанд, вале  танҳо  бо  назардошти музди ақалли  меҳнат, ки  давлат  онро  муайян кардааст».[1.9]

  Ҳамин тариқ,  яке аз масъалаҳои  калидии рушди  иҷтимоӣ-иқтисодӣ  дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани сиёсати мутамарказ, ки ба фароҳам овардани шароите, ки коҳиши нобаробарии ҷомеа, баланд бардоштани амнияти молиявии шаҳрвандони кишвар, мавҷудияти равандҳои истеҳсолиро таъмин менамояд, боқӣ мемонад. Инчунин имтиёзҳои иҷтимоие, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва ба маънии том пешбурди сиёсати иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мебошад. Рушди  нерӯи  инсонӣ низ як раванд  аст,  сол  ба  сол он дар  фазои  давлати  демокративу  иҷтимоӣ такмил  ёфта  истодааст.

Зокирзода Н.М.

номзади илмҳои фалсафа 

           

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Зубайдов З.Н. Особенности формирования социальной политики Республики Таджикистан в годы независимости. Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата политических наук. Душанбе. 2006.
  2. Иванов О.И. Человеческий потенциал.(формирование, развитие, использование).Монография. Санкт-Петербург. 2013.
  3. Назри Яздонӣ. Рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паём. Манбаи электронӣ:http://harakat.tj/main/ciyosat/32398-rushdi-nerui-inson-va-udratoi-zen-dar-partavi-paem.html Рӯзи муроҷиат: 20.05.2022.
  4. Шоисматуллоев Ш., Идиев Х., Баҳромбеков В., Миров Ф. Сотсиология. Китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Душанбе. «Донишварон». 2019.- 520 саҳ.
  5. Шоисматуллоев Ш. Таджикистан в годы независимости: социальные и социокультурные трансформации. Душанбе. 2018.
  6. Шоисматуллоев Ш., Миров Ф.С. Умумияти арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили стратегии таъмини ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи  тоҷикистонӣ. Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2017.№3(1).
Хондан 1101 маротиба