Миллати тоҷик чи гуна дар давраҳои хосси таърихии худ дорои парчам ва нишони хеш буд, дар овони соҳибистиқлоли низ дорои парчами миллӣ худ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари озодии миллӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мегардад, ки дар он таърихи бойю ғанӣ ва ояндаи дӯрахшони миллат таҷҷасум гаштааст. Маҳз бо шарофати бозгашти истиқлол миллати тоҷик дигарбора соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид, ки ин марҳилаи бунёди давлати миллӣ ба шумор мерафт. Дар ин масир ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва рукнҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёби гардид ва зарурати таҷҷасум гардидани онҳо дар рамзҳои давлати дар ин марҳилаи нави давлатдори ба миён омад. Махсусан васл намудани андӯхтаҳои тамаддуни ориёи ба рукнҳои давлатдори, инчунин ифодаёбии онҳо дар рамзҳои давлати аз махсусиятҳои давлати навини тоҷикон мебошад.
Латифа яке аз жанрҳои хеле маълум ва машҳури ҳаҷви халқӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки халқ дар ҳамаи давраҳо ба воситаи латифаҳо бар зидди золимони, риёкор, авомфиребон ва душманони худ мубориза бурда, ба онҳо хандаи баланди ғолибонае кардааст. Дар латифа фикр хеле кӯтоҳ, муъҷаз ва возеҳ ифода ёфта, он барои тасвири воқеаву ҳодисаҳои манфӣ ва характери типӣ, шакли хеле муносиб мебошад. Агар дар даврони гузашта хандаи тамасхуромези ин жанр ба муқобили амирон, феодалон ва ҳомиёни дину шариат нигаронида шуда бошад, пас ҳоло он бар зидди ҳодисаву воқеаҳои манфии ҳаёт, хусусият ва ахлоқи ношоями шахсони алоҳида, ки монеаи пешрафтҳои ҳаёт мегарданд, нигаронида шудааст. Аҳамияти тарбиявию ахлоқии латифаҳо дар мубориза бо ҳар гуна монеаҳои ҳаёт ва тарбияи одамон дар рӯҳи идеалҳои пешқадами ҷомеа пайваста меафзояд.
Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2,3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии демократии Корея, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон инҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад ва дар ин муддат ба натоиҷи хуби иқтисодиву сиёсӣ даст ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар пойгоҳи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тайван ҳамчун кишвари алоҳида оварда нашудааст. Бо ҳамин сабаб, мо таҳлилҳои омории ин кишварро дар партави таҳлилҳои омории Чин анҷом медиҳем. Аммо, модели иқтисодии ин кишварро метавонем дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем.
Баъди хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба сари қудрат омадани “Таҳрики Исломии Толибон” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон мубрамтару муташанниҷтар гардидааст. Аз “фатҳи” Кобул қариб дуву ним моҳ сипарӣ шуд. Оё таҳдиду хатарҳои террористӣ аз ин мамлакат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст ва ё баракс афзудааст? Кушиш менамоем то андозае ба саволи матраҳгардида посух диҳем.
Тавре ки медонем то хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва суқути давлати лухтакии Ашраф Ғанӣ сарҳадоти байни Афғонистону давлатҳои Осиёи Марказӣ то андозае аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар назорат мешуд. Ҳамзамон фаолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгарои муқими ин давлат таҳти назорати хадамоти махсуси амниятӣ қарор дошт. Муассирии иқдомоти сохторҳои муваззафи Ҳукумати қаблӣ алайҳи гурӯҳҳои террористиву ифротгарову ҷангҷӯ мавзӯи баҳси дигар мебошад ва ба он дахолат намекунем.