Консититутсияи кишвари мо дарвоқеъ санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик аст. Аз замоне ки ин ҳуҷҷати таърихӣ тавассути райъдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, бисту ҳафт сол сипарӣ мегардад. Конститутсияи кишвари мо воқеан санадест, ҳамрадифи рӯзгори давлатдории навини миллати мо, ки он бешубҳа фарогири тамоми дастовардҳои замони истиқлол аст. Зеро қабули ин санади сарнавиштсоз, ки дар лаҳзаҳои ҳасос ва нооромии ҷанги дохилӣ сурат гирифт,тавонист ҳисси эътимоду боварии халқро ба фардои ободу осудаи худ боз ҳам қавӣ гардидонад ва як гардиши куллиеро дар фазои сиёсиву иҷтимоӣ ба миён овард. Ин санади олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад тартиби ҳокимияти сиёсӣ, шохаҳои ҳокимият, салоҳиятҳои онҳо, меҳвари қудрати иҷтимоӣ ва равобити байни шаҳрвандону ҳокимияти сиёсӣ ҳамчунин тариқаҳои ширкат дар равандҳои сиёсиро муайян месозад. Конисититутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ навъ низом ва сохти давлати тоҷиконро муаяну мушаххас намуд, бар мабнои он давлати мо ҷумҳуриявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягон аст. Ин ҷо мехоҳем бартарияти низоми дунявиро, ки имрӯз бо такя ба он тавонистаанд, кишварҳои ҷаҳон ба пешрафтҳои бузург ноил гарданд, дар чанд нукта шарҳ диҳем.
Тавре маълум аст, инсоният тули таърихи мавҷудияташ дар муоширати ҳамешагии байниҳамдигарӣ мебошанд ва бидуни ин замина ҳастии онҳоро низ тасаввур кардан имконнопазир аст. Муоширате, ки инсонҳо байни ҳамдигар анҷом медиҳанд дар доираи меъёрҳои муайян сурат мегиранд. Дар алоқамандӣ бо инкишофи муттасили инсону ҷомеа, тарзи муошират ва меъёрҳои батанзимоварандаи он низ пайваста инкишоф меёбад. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо одамон фаъолият менамоянд ва дар робитаҳои байниҳамдигарӣ суханронӣ менамоянд. Махсусан сиёсат ва суханварӣ ҳамеша дар муносибати байниҳамдигарии муштарак қарор доранд ва заминае барои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми риторикаи сиёсӣ, ки ба шакл ва намудҳои гуногун ҷудо гардидааст, бузург мебошад. Риторикаи сиёсӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар навъҳои гуногун зоҳир шуда, амалӣ мегардад. Яке аз шаклҳои риторикаи сиёсӣ, ин риторикаи дипломатӣ мебошад.
16 ноябри соли 2021 мардуми тоҷик 29 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Иҷлосияи мазкур дар таърихи кишварамон воқеан ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, нақш бастааст. Ба туфайли ин Иҷлосияи таърихӣ мардуми мо тайи ин муддат дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебарад. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзанда аст.
Оила муҳимтарин мактаби наслу нажод буда, арзишҳои баланди инсониро дорост. Ин мактаб ба инсон дар роҳи ташаккули насли ахлоқию сиёсӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузоштанро меомӯзонад. Ҳамчунин ячейкаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад, чунки кӯдак дар он ҷо тарбия ёфта, ба воя мерасад ва одобу ахлоқу муоширати иҷтимоӣ аз он ҷо сарчашма мегирад. Падару модар бояд рисолати муқаддаси худро дар тарбияи поктинатӣ, зебоипарастӣ, заҳматкашию ободкориро дар замири фарзандон ҷой намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандорӣ ба камол расонанд.