Имрӯз замоне расид, ки тамоми халқу миллат ва қавму қабоил бояд ҳувияти миллӣ ва фарҳанги аҷдодии хешро дошта бошанд. Дар ин хусус суханони бисёре гуфта шуда, миллатҳо муқобили ҳамдигар андешаҳои «алтернативӣ»-и худро мегузоранд ва мо – нажоди ориёӣ аз ин амал бетараф буда наметавонем. Алалхусус, миллати араб тавонист, ки бо як фарҳанги «ширишутурхӯрию сустморхӯрӣ» ва дини «поку беолоиш»-и худ фарҳангу тамаддун ва маданияту маърифати форсу тоҷикро чунон нобуд созад, ки ин нажоди ориёӣ дар тӯли чордаҳ асри баъдӣ ҳеҷ ба худ наомад. Ҳатто аслу насаби худро фаромӯш кард ва ба гуфтаи Айтматов «манқурт» шуд. Хушбахтона, дар тӯли таърихи беш аз 5000-солаи миллати ориёӣ кам нестанд фарзонагоне, ки барои нигоҳ дошатани тамоми анъанаю урфу одати ниёгон ва суннатҳои миллӣ ҷонбозиҳо намуданд ва ин ҷо шоири ширинкалом Низом Қосим дуруст мефармояд: «мо намурдем аз дигар пайдо шудем». Имрӯз миллати тоҷик ба ягон дину мазҳаб, ба ягон «қувваи осмонӣ», ба ягон «ҷирми аз осмон афтида» ва чандин чизи дигаре, ки аз миллатҳои бегона ба мо таҳмил гардидааст ва мерос мондааст, эҳтиёҷ надорад. Зеро миллати тоҷик дар масири таърих аз асри XVIII пеш аз милод оғоз карда, то имрӯз (асри XXI) чунин нобиғаҳоеро тарбия карда ба воя расонид, ки онҳо бо илму дониши худ аҳли Замину замонро ҳайратзада мекунанд. Маҳз ин нобиғаҳо расулону анбиё, ин алломаҳо пайғамбарону авлиё, ин донишмандон қувваҳои осмонию кашшофи ҷирмҳои кайҳонӣ ва ҳамин алломаҳо бунёдгузорону таконбахшони фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мебошанд.
Дар даврони сарнавиштсоз рӯ овардан ба фарҳанги маънавии ниёгон аҳамияти беш аз пеши назариявию амалӣ пайдо менамояд. Махсусан, ҳадафи тадқиқу таҳқиқ қарор додани афкори илмӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҷамъиятию сиёсии мутафаккирони гузаштаи миллат дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ бағоят муҳим аст. Ин ҷо мехоҳем, хонандагони арҷуманд ва миллатдӯсту меҳанпарастро водор намоем, ки ба таъбири файласуфи соҳибмактаб Комил Бекзода «Пайғамбарони миллати тоҷик» маҳз ҳамин равшанфикрон мебошанд:
Ҷамшед писари Вивангаҳон поягузори фарҳанги миллии ориёӣ ва нахустин кошифи «зиндагии ҷовидона» мебошд. Вай подшоҳи гуманисту соҳибмаърифат ва донишманду фарҳангӣ буда, дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи табиатшиносию кайҳонии ҳаммеҳанонаш тавонист ба чандин ҷашнҳои миллии мо асос гузорад. Илова бар ин, шоҳ Ҷамшед беш аз 18 кашфиёт кардааст, ки ҳамагӣ баҳри беҳбудии зиндагии инсон мусоидат менамоянд.
Зардушт писари Гистасп нахустпайғамбари башар ва асосгузори дини аҷдодиамон – зардуштӣ мебошад, ки кохи муҳташами он бар пояи «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» бунёд ёфтааст. Рамзи дини зардуштӣ оташ буда, гавҳари бунёдии онро покию озодагӣ, инсону инсонмеҳварӣ ва инчунин, муносибати оқилона нисбат ба олами набототу ҳайвонот ташкил медиҳад.
Муҳаммади Хоразмӣ аз намоёнтарин донишмандони табиатшиноси форс (тоҷик) буда, бунёдгузори риёзиёти Хило-фати Араб ва системаи ҳисоби даҳӣ мебошад. Маҳз тавассути осори Хоразмӣ системаи ҳисоби нуҳрақама дар алгебра роиҷ гардида, худи вожаи алгебра аз номи асари ӯ «Китоб-ул-ҷабр ва л-муқобала» гирифта шудааст. Мафҳуми алгоритм, ки аз истилоҳҳои асосии ҳисоббарорист, аз шакли лотинишудаи номи ин нобиғаи тоҷик гирифта шудааст.
Аҳмади Фарғонӣ аз мунаҷҷимон, риёзидонон ва ҷуғрофидонони аввалини тоҷик буда, яке аз нахустустурлоб-ҳоро (дастгоҳ барои муайян кардани ҷойгиршавии ҷирмҳои кайҳонӣ ва масофаи байни онҳо) сохт ва кусуфу мавҷудияти доғҳоро дар Офтоб пешгӯӣ кард. Ӯ курашакл будани Заминро собит намуда, ба 7 минтақаи иқлимӣ тақсим шудани сатҳи онро аз Шарқ ба Ғарб бо координатаҳои дақиқ нишон додааст. Ҳамчунин, бо номи «миқёси ҷадид» асбобе сохт, ки онро барои чен кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва имрӯз бо номи «нилометр» маълум аст.
Закариёи Розӣ аз мутаффакирони камшуморест, ки дар донистани тамоми илмҳои замон, бештар аз ҳама доир ба улуми табиатшиносӣ ва махсусан, тиб ва кимиё дасти қавӣ дошт. Розӣ аввалин донишмандест, ки оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис дод ва ҳамчунин, дар бораи тибби амалию назарӣ ва сохтани шифохонаҳо саҳми бузург дошт, бинобар ин бо тахаллуси «табиби мористонӣ» (талафузи арабии «бемористон») маъруф аст. Огоҳӣ, бедорӣ ва далерии Розӣ дар он зоҳир мегардад, ки шаклҳои ҳастии ҳаюло – макон, замон, вақт, фазо ва ҳаракатро абадӣ шуморида, ҳастии Худоро на офаринандаи кулл, балки ҷузъе аз ин қатор меҳисобид.
Абулқосими Фирдавсӣ яке аз поягузорони фарҳанги тоҷик аст, ки ҳамеша озодихоҳии миллии мардуми эроннажодро васф менамуд. Ҳаким Фирдавсӣ тавонист, ки пас аз забткориҳо, талаву тороҷ ва қатлу ғорати бераҳмонаи араб фарҳанги миллии хешро аз вартаи нобудӣ раҳонад ва эҳёи дубора бахшад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи ӯ мавзуъҳои муҳаббат ба меҳану дифои он, кӯшишҳои истиқлолхоҳӣ ва мубориза ба муқобили халқҳои аҷнабӣ, пос доштани фарҳанги ниёкон, муқаддас доштани марзу бум ва дигар мавзуоти ифтихороти миллӣ инъикоси воқеӣ ёфтаанд. Бояд тазаккур дод, ки Фирдавсӣ шоири миллатдӯсту меҳанпараст буда, тамоми дороии хешро баҳри эҳёи фарҳанги миллӣ сарф намуд.
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ихтироъкорон, мунаҷҷимон ва риёзидони номвари тоҷик аст, ки ба навиштаи аллома Берунӣ дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар асбобҳои нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон будааст. Маҳз бо асбоби сохтаи худ бори аввал қимати майли мадори (эклиптика) Офтобро 23°32'21" муайян кард, ки ин бузургӣ аз рӯйи формулаи астрономи амрикоӣ Саймон Нюком 23°34'13" аст. Дар баробари нуҷум, дар риёзӣ низ дониши фавқулода дошта, ба теоремаи машҳури математикаи муосир, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ӯ Хуҷандӣ ибтидо гузошт. Инчунин, дар илми мусалласот (тригонометрия) теоре-маи синусиро барои секунҷаи сферавӣ исбот кард, ки он барои ҳалли бархе масоили астрономияи сферавӣ ибтидо гузошт.
Абӯрайҳони Берунӣ намоёнтарин мутафаккиру дониш-манди тоҷик буда, оид ба ҳама илмҳои замон, махсусан улуми табиатшиносӣ дониши мукаммал доштааст. Далели ин гуфта он аст, ки Берунӣ қариб дар ҳама соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала мушаххас баён намудааст ва ақоиди илмию фалсафиаш бештар ҷанбаи табиатшиносӣ, яъне назароти натурфалсафӣ доштааст. Вай бисёр масоили физикиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васешавии ҷисмҳо, зиҷҳову солшумориҳо, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба андешаи Берунӣ манбаи асосии муваффа-қияти илм танҳо дар асоси таҷрибаю мушоҳида ба даст меояд ва ҳамин аст, ки бо хизматҳои илмию эҷодӣ ва фарҳангии худ илму фарҳанги миллати тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонид.
Пури Сино машҳуртарин олим, табиб, шоир ва донишман-ди тоҷик аст, ки таърихи башар ҳамтои беназирашро хеле кам дидааст. Ҳарчанд, ҷаҳонбинии Пури Сино идеалистист, вале назарияи маърифатии нобиға тамоюли материалистӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Сино дар рушди зиёд улуми замонаш саҳми бузург гузошта, аз ҷумла барои пешрафти илмҳои дорушиносию дорусозӣ беш аз 811 навъ доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданиро тавсиф додааст, ки 70 навъи доруҳои ихтироъ-кардааш то ба имрӯз ҳам дар тибби ҷаҳонӣ мавриди истифодаанд. Саҳми Пури Сино махсусан, дар рушди илми тиб бағоят бузург буда, шуҳраташ то ҷое расидааст, ки дар як китоби дарсӣ (соли 1471) мураттиб ба Гипократ ҳамагӣ 150 бор, ба Ҷолинус 500 ва ба Пури Сино 3000 дафъа муроҷиат кардааст. Ва ё Фарарри де Гардо (соли 1469) дар шарҳи «Китоби ҷадиди Мансурӣ»-и Абубакри Розӣ аз Буқрот 150 маротиба, аз Розӣ ва Ҷолинус 500 борӣ ва аз Сино 3000 маротиба ном бурдааст. Ҳамин тавр, Пури Сино дар умри кӯтоҳи худ беш аз 480 асар эҷод карда, дар аксар бахшҳои илм хизмати ҷаҳонӣ анҷом дод ва арҷгузории оламиён ба ин фарзанди фарзонаи миллат боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷик аст.
Носири Хусрав аз бузургтарин шоирон ва забардастарин файласуфони тоҷик буда, ҳамеша манфиатҳои оммаи меҳнат-каш ҳимоя намудааст. Вай яке аз тарғибгарони фарҳанги миллӣ ва зиёиёни пешқадами мардуми заҳматкаш буда, қисми зиёди умри хешро дар дарбор барои ҳимояи манфиатҳои миллии халқҳои ориёӣ ва ба эътидол овардани муносибот миёни ҳаммеҳанон ва Салҷуқиёну Хилофати араб гузаронид.
Умари Хайём дар таърихи илму адаби форс ва ҷаҳон чун муаллифи рӯбоиҳои иҷтимоиву фалсафӣ машҳур аст. Бо вуҷуди ин, Хайём дар риёзиёт, нуҷум, ҳандаса ва ғайра забардаст буда, нақши ӯ дар ҳалли муодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ оид ба асли панҷуми Уқлидус, номашро ба унвони риёзидоне барҷаста дар тарихи илм сабт кардааст. Тақвиме, ки Хайём дар заминаи ҳисобҳои риёзӣ ва мушоҳидоти нуҷумӣ мураттаб сохтааст, бо саҳеҳию дақиқии худ аз дигар тақвимҳо ба кулли фарқ мекунад ва дар давоми 4500 сол фақат як шабонарӯз тасҳеҳ металабад. Ҳамчунин, аз Хайём рисолаҳое хурд, вале арзишманде дар бахшҳои механика, гидростатика, ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст.
Насириддини Тӯсӣ аз симоҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ва ифтихори тоҷик буда, саромади мутафаккирони асри ХIII ба ҳисоб меравад. Вай бори нахуст дар таърихи илми риёзӣ ададҳои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул-қитъа» пешниҳод кард, ки аврупоиён онро пас аз 400 сол кашф карданд. Тӯсӣ аввалин донишмандест, ки назарияи куравии ҳамвории чортарафа ва секунҷаи куравии қутбиро пешниҳод намудааст. Хизматҳои ӯ оид ба хатҳои мусовӣ тригонометрия-ро ба илми мустақил табдил дода, барои геометряи ғайриэвклидӣ замина фароҳам оварданд. Яке аз дастоварди бузурги аллома Тӯсӣ дар соҳаи нуҷум қабл аз Кеплер пешниҳод кардани амсилаи ҳаракати сайёраҳо мебошад. Дар биология низ Тӯсӣ яке аз аввалинҳоест, ки ғояи таҳаввулотро иброз дошт ва тибқи таълимоти ӯ дар ибтидо танҳо унсурҳои аввалия ва тадриҷан аз онҳо маъданҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одамон пайдо шуданд. Гузашта аз ин, Тӯсӣ бо гурӯҳи донишмандон дар шаҳри Мароға (соли 1259) расадхонаи калонтарини даврро бунёд кард, ки дар заминаи он «Академияи байналмилалии олимон» ташкил шуд ва дар он беш аз 100 олим тадқиқот мебурданд ва дар ин ҷо беш аз 10 асбоби дақиқсанҷ сохта шуд.
Ҷалолиддини Балхӣ файласуф ва мутафаккирест, ки ҷавҳари асосии андешаҳои ӯро фалсафаи шахсият ташкил менамояд. Зеро нуктаи аз ҳама баландтарини фалсафаи Мавлоно инсон, ҳастӣ ва зиндагии ӯст. Дар андешаҳои гуманистии Мавлоно зоти мутлақ, ин ҳамон худи инсон аст. Мавлоно аз ҷумлаи он мутафаккиронест, ки дунёи афкору андешаҳои ӯ ба андозаи Галакатика ва умуман, Кайҳон нопайдоканор мебошад.
Ҷамшеди Кошонӣ яке аз ситорагони тобноки улуми дақиқ дар фарҳанги тоҷик ва илми ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар рушди нуҷум ва риёзӣ саҳми босазо гузоштааст. Кошонӣ наза-рияи мукаммали ададҳои касриро кор карда, 400 сол қалб аз Нютон ҷудокунии биномро маълум намуд. Асари мондагори ӯ «Мифтоҳ-ул-ҳисоб» қомуси риёзии асри XV ба ҳисоб рафта, бо забони лотинӣ борҳо тарҷума шуд ва дар таърихи илми башар инқилоберо ба вуҷуд овард.
Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз шоирону мутафаккирони садаи XV тоҷик мебошад, ки маҳз бо хизматҳои ин орифи давр адабиёти сирф тоҷикӣ ташаккул ёфт. Ҷомӣ дар шаҳрҳои бузурги тоҷикнишин – Самарқанду Ҳирот ва Балху Бухоро шоирону носирон, наққошону меъморон ва дигар намоянда-гони илму ҳунарро сарҷамъ намуда, ба бунёди марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ замина гузошт. Мавлоно Ҷомӣ дар баробари офаридани асарҳои назмию насрӣ дар рушди назарияи мусиқӣ саҳми бағоят бузург доштааст.
Халифа Ҳасан аз машҳуртарин донишмандон ва нахуст-ирригатори тоҷик буда, дар ободонию обёрии шаҳрҳои Астрахан, Қазон, Самара (Россия), Лоҳур (Покистон), Самар-қанд, Қӯқанд, Панҷакент ва ғайра ва дар обшор намудани соҳили дарёҳои Волга, Ганг, Зарафшон ва ғайра нақши хеле калон гузоштааст. Маҳз тавассути лоиҳаҳои ӯ якчанд наҳрҳои обёрии сунъӣ, аз ҷумла, Дараи Нушор (дарозӣ – 10,4 км ва ҳаҷми обкашӣ – 2 м3/с), Зебон (Моғиён) (дарозӣ – 45 км ва ҳаҷми обкашӣ – 10 м3/с) ва Дашти Чӯпон мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аҳмади Дониш асосгузори маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ ва «ситораи дурахшони зулмотшаб»-и бехирадиҳои мардуми ақибмондаи Аморати Бухоро мебошад. Дониш мисли гузаштагони миллат тавонист, ки дар давраи ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ чароғи илму маърифати тоҷикро фурӯзон намояд. Хизмати ҷаҳонии Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тамоми равшанфикорони миллиро дар атофи худ ҷамъ оварда, ба ғояҳои миллатхоҳӣ асос гузошт.
Юсуфи Хуҷандӣ дар улуми нуҷум, география, геология, кӯҳкорӣ, гидрология ва кишоварзӣ дониши мукаммал дошта, дар асоси мушоҳида ва тадқиқоти илмӣ глобуси дақиқтаринро сохт, экспедитсияи олимони (соли 1896) Петербург ва Маскавро дар водии Фарғона роҳбарӣ кард ва дар обёрӣ кардани заминҳои бекорхобидаи Хуҷанд, атрофи он (корези «Хоҷа-қурғон») ва тайёр намудани пилла ҳамчун ашёи хом саҳми бағоят бузург гузоштааст.
Садриддин Айнӣ яке аз муқаддастарин фарзонагони миллати тоҷик аст, ки барои ҷовидона гардонидани исми ӯ тамоми Тоҷикистонро ба номаш гузорем ҳам, кам аст. Устод Айнӣ чунон олим ва адиби дурандеш ва ҳақиқатнигоре буд, ки ҳар асаре менавишт қаблан медонист, ки ин асар ба дарди миллат мехурад ё на. Маҳз устод Айнӣ тавонист, ки солҳои 20-уми асри гузашта миллати ҷафодидаи тоҷикро умри дубора бахшаду аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Истиқлоли имрӯзаи давлатии Тоҷикистон заминаи хидматҳои ин марди шариф мебошанд.
Бобоҷон Ғафуров шахсиятест, ки баҳри фаъолияти давлат-дорӣ, тарбияи кадрҳои миллӣ, инкишофи тамаддуну худшино-сӣ хидматҳои босазое намудааст. Аллома Ғафуров ба воситаи асару мақолоти илмӣ-тадқиқотиаш баҳри мавҷудияти миллати тоҷик ва ҳамзамон соҳиби тамаддуни бузург, худшиносии миллӣ, санъату фарҳанг ва илму таърихи халқи тоҷик хизмат-ҳои арзанда кардааст. «Тоҷикон»-и Ғафуров ойинаи тамом-намо ва ё ба маънии дурусту ҳаққонӣ шиносномаи миллати тоҷик ба шумор меравад.
Мирзо Турсунзода содиқтарин «писари коммунизм» ва намоёнтарин шахсияти муосири тоҷик аст, ки ҳатто ҷаҳониён тавассути исми мубораки ин фарзонафарзанди миллат меҳани моро мешинохтанд. Мавзуи бунёдӣ ва асосии шеърҳои устод Турсунзода муборизаи халқҳои Осиёву Африқо, озодӣ, истиқ-лоли миллӣ ва сулҳу дӯстии байни миллатҳо буда, ба ин восита шоир тамом мардуми сайёраро ба ҳалли масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ даъват менамояд ва гуфтааст: «Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим, Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест».
Лоиқ Шералӣ ҳамчун пайғамбари назми муосири форсизабонҳои дунё солҳои шастуми асри гузашта ба арсаи адабиёт ворид гардида, дирӯзи ниёгонро ба имрӯзи миллат ва имрӯзро ба ворисони ояндаи ин халқ пайванд дода тавонист. Маҳз бо офаридани шеърҳои дилнишини лирикӣ ва фалсафӣ Лоиқи миллатдӯсту меҳанпараст пайванди маънавию рӯҳонии на танҳо форсу тоҷик, балки кулли мардуми сайёраро дар алоқамандӣ бо аҷдоду авлод таъмин намуд.
Бозор Собир – булбӯле дур аз Ватан. Устод Бозор баробари шомили майдони назм шудан, дар шеъри муосир ва қолабии «коммунистӣ»-и тоҷик рӯҳияи ватанпарастию милладӯстӣ ва озодию истиқлолхоҳиро ворид кард. Ин шоири ширинкалом, адиби хушсалиқа ва тасвиргарои моҳир воқеияти замонро бе ягон мубоҳисаву муболиға ва ҷасурона тасвир менамояд. Ӯ ҳамеша он чиеро гуфт, ки дар дил дошт.
Ҳамин тариқ, олимону мутафаккирони фарҳанги миллии тоҷик ба хизматҳои шоёнашон шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд, ки дар бораи ҳар яки онҳо метавон шоҳасарҳо офарид, вале ин ҷо ба қадри имкон бо чанд ҷумлаи кӯтоҳу одӣ ба ин мавзуи муҳим ишора намудем.
Номвар Қурбон
Бознашр аз рӯзномаи «Самак»,
№12 (72), 20.03.2013, саҳ.15.
Дурахши ахтарони илм (Бахши аввал). - Душанбе: «Дониш», 2022. - 267 с.