JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 17 Феврали 2022 09:31

Сиёсати хориҷии Тайланд: мубориза барои роҳбарии минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ  

Муаллиф: Pongphisoot Busbarat

 Муқаддима

  Сиёсати хориҷии Тайланд ҳамчун сиёсати мутобиқшаванда ва амалгаро нисбат ба муҳитҳои беруна шинохта шудааст. Ин вижагӣ  номи дипломатияи "хам шудани бамбук бо шамол"-ро дорад. Ба ин маъно, ки "мустаҳкам реша давондааст, аммо ба қадри кофӣ нарм аст, ки ба ҳар тарафе, ки бод вазад, барои зинда монданаш, хам мешавад" (Kislenko, 2002, p. 537). Ин тасвир ба табиати давлатҳои хурд дар муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад, ки зинда мондани давлат дар ҷаҳони анархӣ ҳадафи ниҳоӣ мебошад. Аммо, чунин нуқтаи назар дар шарҳи сиёсати хориҷии Тайланд дар давраи баъд аз Ҷанги Сард мушкилот пайдо кардааст. Ин мақола даъво  мекунад, ки сиёсати хориҷии Тайланд оянданигарона шудааст, то роҳбарии худро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ собит кунад. Ҳадафи асосии ин мақола нишон додани он аст, ки чӣ гуна Тайланд кӯшиш кардааст ба ҳадафи худ бирасад. Он ҳам тавассути амалҳо дар сиёсати хориҷии худ пас аз ҷанги сард. Бо вуҷуди ин, роҳбарии минтақавии Тайланд бештар ба омилҳои дохилии он вобаста аст.

Нақши таърихии  Тайланд дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба таври мухтасар

  Мероси таърихии Сиам дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз ҷиҳати равонӣ дар байни элитаи Тайланд ва ё ҳатто ҷомеа ақидаеро ташаккул додааст, ки Тайланд як нақшофари  муҳим дар минтақа буд ва бояд нақши пешбарии он дар ин минтақаи ҷуғрофӣ боқӣ монад. Сиам пас аз ғасби империяи Кхмер дар миёнаи асри 14 дар қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ як қудрати минтақавӣ шуд (Brocheux and Hémery, 2009, p. 10).  То асри 19, нуфузи сиёсии Сиам тахминан аз ҷануби Чин то нимҷазираи Малайро фаро гирифт. Аз ин рӯ, як боби калони таърихи минтақавӣ дар давраи тавсеаи мустамликадории Аврупо ногузир дар бораи ҳамкории Сиам бо қудратҳои Ғарб, алахусус Бритониё ва Фаронса буд. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Ҷопон Сиамро ҳамчун як вурудгоҳи калидии стратегӣ барои пешравии худ дар Бирма ва Ҷануби Чин арзёбӣ кард. Бо вуҷуди он ки бо Ҷопон ҳамкорӣ мекард, соҳибихтиёрии Сиам асосан ба туфайли эътирофи ИМА аз ҷунбиши зидди Япония, кафолат дода мешуд. Маҳорати дипломатии Тайланд мояи ифтихор гардид, чунки ба кишвар дар ҳолатҳои номуайянӣ кӯмак кард.

  Дар давраи ҷанги сард, нақши минтақавии Тайландро дар муносибат бо сиёсати зиддикоммунистии ИМА дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба хубӣ дарк кардан мумкин аст. Аҳамияти Тайланд дар амнияти минтақавӣ ҳамчун ҳомии амниятӣ будан инъикос ёфт, яъне ИМА чунин мешуморид. Назарҳои охирин чунин буданд  ки Тайланд дили минтақа аст ва озодии он барои зинда мондани Осиёи Ҷанубу Шарқӣ муҳим хоҳад буд. Аз ин рӯ, ИМА тасмим гирифт, ки системаи мудофиавии худро ҷойгир кунад (Stanton, 1954) ва боиси таъсиси қароргоҳи Созмони Паймони Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (South East Asian Treaty Organization., минбаъд SEATO) дар Бангкок соли 1955 гардид. Ҳамчун қалъаи муҳими ҷаҳони озод дар минтақа , ИМА дар давраи Ҷанги Сард ба Тайланд ёрии ҳарбӣ ва иқтисодӣ расонд. Он замон нақши Тайланд дар пешгирии тавсеаи нуфузи Ветнам дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ муҳим буд. Тайланд ҳам амалиёти пинҳон ва ошкорои низомии ИМА-ро дар минтақа аз ҷумла дар Лаос ва дар давраи ҷанги Ветнам дастгири кард.

 Тайланд  дар  таъсиси Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минбаъд АСЕАН) фаъол буд. Танат Хоман, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва бунёдгузори АСЕАН, нақши Тайландро дар миёнаравии низоъ дар байни Малайзия, Индонезия ва Филиппин ба ёд меорад, ки ниҳоят дар нишасти Бангкок ҳал шуд. Вай изҳор дошт, ки ташаббуси АСЕАН дар он вақт аз ҷониби ӯ ба таври ғайрирасмӣ пешниҳод шуда буд. Аммо, Индонезия мехост интизор шавад то вазъи муносибатҳои Индонезия  бо Малайзия пурра ба эътидол ояд. Ин воқеият, ки оқибат АСЕАН дар Бангкок ба таври расмӣ таъсис ёфт, аҳамияти нақши Бангкокро дар ин кори минтақавӣ нишон медиҳад. Ин воқеият аз ибтидо дар нухбагони Тайланд ҳисси аҳамияти кишварашон дар корҳои минтақавиро ба вуҷуд овард. Ба назар чунин мерасид, ки сиёсатгузорони Тайланд, Индонезияро ҳамчун пешвои табиии АСЕАН қабул надоранд ва ҳис мекарданд, ки Тайланд низ ба чунин мақом арзанда аст. Танат изҳор медорад, ки вақте як кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз ҷиҳати миқёси калонаш, худро пешвои минтақавӣ эълон мекунад, қобили қабул набуд. Вай ақида дошт, ки роҳбарии ҳақиқӣ аз қобилият ва хирад вобаста аст. Гарчанде ки Тайланд як кишвари миёна буд, аммо бисёр ташаббусҳои он, дарвоқеъ, оқилона буданд ва аз ҷониби ҳамаи тарафҳо дастгирӣ меёфтанд(Khoman, 1999, саҳ. 170–171).

  Сарфи назар аз хуруҷи ИМА аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, пас аз ҷанги Ветнам, Тайланд тавонистааст, бинобар масъалаи Камбоҷа, нақши марказии худро дар сиёсати минтақавӣ нигоҳ дорад. Тайланд имконоти АСЕАН-ро барои татбиқи фишор алайҳи ҳамлаи Ветнам ба Камбоҷа дар моҳи декабри соли 1978 сафарбар кард. Ин маърака таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Ветнам ва ҳукумати он дар Пном Пен  ва раванди дарозмуддати баҳси байналмилалӣ дар бораи Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар тӯли солҳои 80-ум ба бор овард. Ин ҳодисаи минтақавӣ инчунин Пекинро ба Бангкок наздик кард. Зеро иттифоқчиёни амниятӣ бар зидди Ветнам, тадриҷан муносибатҳои худро ба Пекин ба эътидол дароварданд.

Сиёсати хориҷии Тайланд дар солҳои аввали баъди ҷанги сард: ташаккули роҳбарии минтақавӣ

Дар муҳити пас аз ҷанги сард, мавҷуд набудани рақобати амнияти дар сатҳи ҷаҳонӣ байни абарқудратҳо, маҳдудиятҳои сиёсиро дар байни давлатҳои хурд, аз ҷумла Тайланд, барои пешгири аз манфиатҳои миллии худ аз миён бардошт. Гарчанде ки болоравии қудрати Чин, Пекин ва  Вашингтонро ба рақобати стратегӣ дар минтақа кашид, сиёсатгузорони Тайланд дарк карданд, ки он то ҷараҷаи муқовимати ҳарбӣ нахоҳад расид (Snitwongse, 2000, с. 334). Дар ин вазъ, Тайланд тарҷеҳ медиҳад, ки бетараф бошад ва барои пешбурди манфиатҳои миллии худ дар сиёсати хориҷӣ кушиш ба харҷ диҳад. Дар якҷоягӣ бо рушди бомуваффақияти иқтисодӣ, аз охири солҳои 80-ум, Тайланд ҳисси эътимод ба худ ва қотеъиятро тақвият дод. Стратегияи муҳим ин амалӣ намудани нақши фаъоли худ дар минтақа мебошад, ки барои сохтани муҳите, ки дар он манфиатҳои миллии он беҳтар амалӣ карда мешаванд, кумак мекунад. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тайланд дар давраи баъд аз Ҷанги Сард барномаи минтақавиеро пайгири мекард. Он ташаббусҳои бузурги сиёсати хориҷии Тайланд дар давраи ҳукуматҳои гуногун ва пайомадҳои онҳо дар минтақаро нишон медиҳад.

Тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати хориҷии Тайланд дар рӯзҳои охири ҷанги сард дар давраи ҳукумати Чатичаи Чонхаван (1988-1991) ба амал омад. Тайланд бо шиори "ба майдони тиҷорат табдил додани майдони ҷанг" муносибатҳои худро бо кишварҳои Ҳинду Чин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барқарор кард. Ин сиёсат қисман барои ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодӣ дар ибтидо тавассути тиҷорати марзӣ ва муҳимтар аз ҳама тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ пешбинӣ шуда буд, ки минтақаҳои дохилиро бо бандарҳои баҳрии соҳили шарқии Тайланд мепайваст (Leekpai, 1992). Роҳбарияти Тайланд на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба амният ва сиёсат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки дар он душманони таърихӣ бо ҳам дӯст шуданд, таъсири назаррас расонд. Тағйир додани сиёсат нисбат ба Ханой дар давраи ҳукуматҳои қаблӣ ғайриимкон буд, зеро Ветнам ҳамчун таҳдиди аввалиндараҷа ба амнияти Тайланд ҳисобида мешуд. Дертар дар рубрикаи "ҳамкории созанда" бо кишварҳои ҳамсояи ғайридемократӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳукумати муваққатии Ананд (1991–1992), ки баъди табаддулоти давлатӣ алайҳи Чатича дар соли 1991 ба қудрат расид, орзуи Тайландро барои ҳамгироии минтақавӣ, алахусус тавассути ташаббуси ASEAN, Минтақаи Савдои Озод (минбаъд AFTA) дар соли 1992 тақвият бахшид. AFTA  як гардиши муҳим дар минтақагароии АСЕАН буд, ки ҳадафи он таҳияи барномаи фарогири коҳиши тарифҳо дар минтақа буд, ки дар ниҳоят ба таъсиси бозори ягона дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ оварда мерасонд (Leekpai, 1992: 9). Гузашта аз ин, Ананд принсипи “Ҳамгироии созанда”-ро институтсионалӣ кард, ки барои Тайланд, аз ҷумла АСЕАН дар муносибат бо ҳамсоягони Ҳиндучини, бо таваҷҷӯҳи хоса ба Мянмар, роҳнамои асосӣ гардид (Chachavalpongpun, 2005, саҳ. 128).

Ҳукумати Чуан (1992–1995) ба пешбурди ҳамкориҳои иқтисодии субминтақавӣ, алахусус “Ҳамкории иқтисодии чоргуша” (Quadrangle Economic Cooperation., минбаъд QEC) диққат медод. Ҳадафи он ҳамоҳангсозии рушди робитаҳои нақлиётӣ дар байни Чин, Лаос, Мянмар ва Тайланд, бо номи “Долони иқтисодии Шимолӣ-Ҷанубӣ” буд. “Долони Шимолӣ-Ҷанубӣ” Тайландро дар маркази як минтақаи иқтисодии рушдёбандаи Меконг ҷойгир кард. Тайланд дар танзим сохтани манфиатҳои байни кишварҳои иштирокчӣ нақши муҳим дошт. Тайланд дар корҳои таҳқиқот, пурсиш, тарроҳӣ, техникӣ ва молиявӣ дар лоиҳаҳои шабакаи роҳ  ӯҳдадор буд, (OC, 1994), аз ҷумла сафарбар намудани дастгирии донорҳои беруна, ба монанди БОР, Австралия ва Ҷопон (ВКХ, 1994). Лоиҳаи мазкур ба лоиҳаи Минтақаҳои Бузурги Меконг (Greater Mekong Subregion., минбаъд GMS) дохил карда шудааст, ки онро Бонки Осиёии Рушд (минбаъд БОР) дастгирӣ намуда, Камбоҷа ва Ветнамро низ дар бар мегирад.

Ҳукумати Чавалит (1996-1997) низ кӯшиш кардааст нақши Тайландро тавассути "Сиёсати Ҳинду Чин" амалӣ кунад. Сиёсатгузорони Тайланд эҳсос мекарданд, ки кишварашон дар умури минтақавӣ, махсусан дар давраи ҳукумати қаблӣ, камтар фаъол шудааст. Чавалит нияти худро барои барқарор кардани нуфузи қаблии минтақавии Тайланд эълом дошт, ки асосан ба беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя бар асоси робитаҳои шахсии ӯ, ки ҳангоми хидмат дар артиши Тайланд ташаккул ёфта буд, такя мекард. Ин сиёсат дар атрофи такони Тайланд барои қабули Камбоҷа, Мянмар ва Лаос ба АСЕАН (Funston, 1998) бармегашт. Ғайр аз он, Чавалит сиёсати "Нигоҳи Ғарб" -ро ҳимоят кард, ки ният дошт Тайландро ҳамчун як пайванди муҳими байни Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар доираи “ташаббуси халиҷи Бенгал барои ҳамкориҳои бисёрҷанбаи техникӣ ва иқтисодӣ” (Bengal Initiative for Multi-Sectoral Technical and Economic Cooperation., минбаъд BIMSTEC) ҷойгир кунад. Маълум буд, ки Чавалит Тайландро ҳамчун як ҷузъи муҳим дар манзараи шукуфоии эҳтимолии иқтисодӣ дар бозори бо андозаи 1,3 миллиард нафар ҷой додааст.

Мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар тӯли солҳои байни Чатичай ва бӯҳрони молиявии 1997 сиёсати хориҷии Тайланд ба он равона шуда буд, ки Тайландро ҳамчун маркази динамикаи минтақавӣ пешбарӣ кунад. Тайланд тасмим гирифт, ки роҳбарии он дар минтақа эътироф карда шавад, аз ин рӯ, дар тӯли ин вақт ба сиёсати минтақавии худ маблағгузории зиёд кард. Касит Пиромя, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, низ ба ин назар буд, ки "пешвоёни Тайланд аз Прем, Чатичай ва Ананд сар карда саъйи Тайландро барои иҷрои нақши пешбарандаи минтақавии худ дар давраи аввали пас аз ҷанги сард бояд идома диҳанд".[1]

Бӯҳрони молиявии Осиё ва оқибатҳои он: мудирият дар бетартибӣ?

Бӯҳрони молиявии Осиё, ки дар миёнаҳои соли 1997 Тайландро фаро гирифт, рақобатпазирӣ ва эътимоди кишварро барои дастёби ба роҳбарии минтақавӣ аз миён бурд. Гарчанде, ки амалигардонии ҳадафҳои роҳбарӣ муваққатан маҳдуд карда шуда буд, орзуҳои аз байн нарафтанд. Сиёсати хориҷӣ комилан дигар нашуд, балки ислоҳ карда шуд, ки ҳамчун воситаи муҳими рафъи бӯҳрон ва барқарор кардани эътимод дар байни сармоягузорони хориҷӣ нисбат ба иқтисоди Тайланд хидмат кунад. Дар ҷараёни бӯҳрон ва пас аз он, роҳбарии Тайланд дар минтақа тадриҷан эҳё шуд.

Дар давраи ҳукумати дуюми Чуан (1997-2001) ҷалб кардани қудратҳои беруна ва ташкилотҳои қарзии байналмилалӣ барои барқарорсозии иқтисодиёт ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ буд (Pakkapaswiwat, 2007). Тайланд ҳанӯз ҳам дар корҳои минтақавӣ фаъол буд, ки соли 1998 бо пешниҳоди он ташаббуси «ҳамгироии тағйирпазир» дар АСЕАН пешбарӣ гардид. Ин ғоя барои ба танзим даровардани меъёри “дахолат накардан”-и АСЕАН равона карда шудааст, ки гуфта мешавад дар паҳн шудани буҳрони молявии соли 1997 саҳм доштааст. Ҳамчунин масъалаи муҳими дигар ҳалли мушкилоти режими авторитарии Бирма буд, ки маҳрумият аз дастгирии Тайланд дар лоиҳаи  «Ҳамгироии созанда», ин кишварро ба таҳаммулпазирӣ ва тағироти тадриҷӣ водор мекард.

“Ҳамгироии тағйирпазир”-ро барои Тайланд  метавон ҳамчун роҳи пешбарии сиёсати хориҷӣ бо дарназардошти ҳифзи манфиати моддӣ ва обрӯи худ маънидод кард. Ин талош барои барқарор кардани эътимоди Тайланд тавассути ба даст овардани қудрати нарми афзояндаи он дар асоси демократия ва ҳуқуқи инсон буд. Вазири корҳои хориҷӣ Сурин Питсуван[2]  ва ҷонибдорони ӯ[3] мувофиқа карданд, ки ин як пешниҳод барои мутақоид кардани кишварҳои донор тариқи пайвастани Тайланд ба меъёрҳои демократӣ дар ивази дастрасӣ ба кӯмаки иқтисодӣ дар давраи бӯҳрон мебошад. Муҳим он аст, ки ин пешниҳод Тайландро аз дигар кишварҳои АСЕАН, ки ба ин пешниҳод мухолиф буданд, фарқ мекард. Сиёсатгузорони хориҷии Тайланд қаблан радди шадидро пешбинӣ карда буданд, аммо ба ҳар ҳол тасмим гирифтанд, ки ин пешниҳодро ироа намоянд. Аз ин рӯ, рад шудани ин пешниҳод, обрӯ ва эътибори Тайландро[4] дар ҷомеаи байналмилалӣ боло бурд (ВКХ, 1998). Эҳтимол, сиёсатгузорони хориҷии Тайланд дар ин давра ҳанӯз ҳам кӯшиш мекарданд, ки роҳбарии Тайландро дар доираи маҳдудиятҳои иқтисодӣ тасдиқ кунанд.

Сиёсати хориҷӣ дар давраи ҳукумати ҷонишини Таксин (2001-2006) низ ба таври равшан нишон дод, ки ӯ нақши Тайландро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва берун аз он тақвият додан мехоҳад. Ташаббуси «Даъват ба пеш”-и Таксин дар атрофи ташаббусҳои нави бисёрҷониба, ки бо ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мукаммал карда мешаванд, гардиш ёфт. Тибқи гуфтаи Таксин ва вазири корҳои хориҷии ӯ Суракиат Саттиратай, ин сиёсати хориҷӣ кӯшиш кард, ки фишангҳои геополитикии Тайландро барои таҳкими ҳамкориҳои мавҷудаи байналмилалӣ истифода барад ва ҳамзамон шарикони навро дар асоси баробарӣ ҷалб кунад (Sathirathai, 2004; Shinawatra, 2003).

Даъват ба пеш: авҷи  орзуҳои минтақавии Тайланд

Таксин дар раванди тағирёбии сиёсие, ки дар доираи конститутсияи нави 1997 ба вуҷуд омад, ба қудрати қавии маъмурӣ дастёб гардид. Ҳамзамон, бӯҳрони молиявӣ ва розигии Тайланд ба барномаи ислоҳоти сохтории Хазинаи Байналмилалии Асъор (минбаъд ХБА) ба эҳсосоти манфӣ нисбат ба сармояи хориҷӣ дар байни аҳолии Тайланд оварда расонид (Matichon, 1998, саҳ. 2). Таксин чунин руҳияи миллиро ба назар гирифта, платформаи сиёсати ҳизби худро дар атрофи сиёсати миллатгароёнаи популистӣ ташаккул дод. Ҷолиби диққат аст, ки новобаста аз гузаштҳо дар сиёсати дохилӣ, Таксин дар корҳои байналмилалӣ мавқеи давлаташро дигар накард. Ба ҷои ин, ӯ сиёсати хориҷиро ҳамчун воситаи дигари дастгирии сиёсати популистии дохилии худ, ки ҳам сармояи хориҷиро ҷалб мекард ва ҳам обрӯи байналмилалии ӯро боло мебурд, истифода намуд. Дар байни холигии роҳбарӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пас аз бӯҳрони молиявӣ, муваффақияти сиёсати Таксин дар дохили кишвар ва стратегияи қотеъонаи хориҷӣ ба омодагии Тайланд барои роҳбарии минтақавӣ асос гузошт.

Таксин стратегияҳои пешрафтаро дар сатҳҳои гуногун, аз онҳое, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тайландро таъкид мекунанд, то алоқамандӣ бо сатҳи гурӯҳҳои минтақавӣ, хусусан дар Осиё пеш мебурд. Ба ин созишномаҳои гуногуни тиҷорати озод, Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ (Asia Cooperation Dialogue., минбаъд ACD), BIMSTEC ва Стратегияи ҳамкории иқтисодии Ayeyawady-Chao Phraya-Mekong (Ayeyawady- Chao Phraya-Mekong Economic Cooperation Strategy., минбаъд ACMECS) дохил мешаванд. Таксин ба назар гирифт, ки гарчанде ки зинаҳои зиёди ҳамкории минтақавӣ мавҷуданд, алоқаи байни онҳо суст аст ва Тайланд метавонад ин камбудиро бартараф кунад.

Васеъ намудани созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ бо шарикони стратегӣ

Муносибатҳои дуҷониба заминаеро ташкил доданд, ки ташаббусҳои минтақавии Тайланд бар онҳо такя мекард. Тайланд на танҳо аз густариши муносибатҳои бозаргонии худ бо шарикони интихобшуда манфиат гирифт, балки ба дигар бозорҳои қаблан истифоданашуда ва ё суст рушдкарда дастрасии васеътар гирифт. Аз ин рӯ, бо эҷоди як шабакаи ҳамкориҳои дутарафа Тайланд тавонист муносибати минтақавии худро беҳтар ба роҳ монад. Тибқи ақидаи Таксин, натиҷаи ин равиш ба даст овардани Созишномаҳои савдои озод (Free Trade Arrangements., минбаъд FTAs) бо иқтисодҳои калонтар хоҳад буд. Таксин фикр мекард, ки иқтисоди хурдтаре, ба монанди Тайланд, қобилияти маҳдуди воридотро дорад, беҳтар аст ба содирот ба бозорҳои калон, хусусан ба Чин ва Ҳиндустон  тамаркуз кунанд. Кишвари ӯ метавонист аз дастрасии васеъ ба бозор ҳам ба кишварҳои алоҳида ва ҳам ба маҷмааҳои субминтақавӣ даст ёбад. Ҳамзамон, Тайланд интизор дошт, ки ҷаззобияташро ҳамчун макони сармоягузорӣ бо роҳи ҷалби бештари гурӯҳҳои васеи иқтисодӣ афзоиш диҳад (Shinawatra, 2002а). Дар давраи сарвазирии Таксин, Тайланд бо ҳадди аққал 10 шарик, аз ҷумла Австралия, Баҳрайн, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Зеландияи Нав, Перу, ИМА, Ассотсиатсияи Аврупоии Савдои Озод (European Free Trade Association., минбаъд EFTA) ва BIMSTEC гуфтушунид гузаронида созишнома баст (Chachavalpongpun, 2010, саҳ. 127, 129-132). Ғайр аз ин, равишҳои дуҷониба ва минтақавии ҳамкориҳо дар сиёсати хориҷии Таксин ҳамдигарро тақвият дода, Тайландро  аз бӯҳрони молиявӣ раҳо карданд. Ба ақидаи Таксин, ин стратегияи муаррифи кардани Тайланд ҳамчун пул тариқи муносибатҳои дуҷониба, нақши Тайландро дар муносибатҳои дуҷонибаи  минтақа тақвият мебахшад.

Сохтани ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ

Дар якҷоягӣ бо дипломатияи дуҷонибаи тиҷорати озод, Таксин ба се ташаббуси минтақавӣ, ки бинои роҳбарии байналмилалии Тайландро дастгирӣ карданд, диққат дод. Таксин идеяи ҳамкории пан-Осиё (pan-Asia)-ро аз минтақаҳои гуногун, ки Ҳамкориҳои рушди Осиё(минбаъд ACD) ном доштанд, таблиғ кард. Ҳамзамон, Таксин мехост нақши фаъоли Тайландро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тавассути эҷоди ACMECS ҳамчун ҳамкориҳои дигари минтақавӣ бозсозӣ кунад. Вай инчунин таваҷҷӯҳи ҳукумати худро ба BIMSTEC, ки соли 1997 аз ҷониби Чавалит оғоз шуда буд, бештар кард.

ACD кӯшиши ниҳоии Таксин буд, ки ба роҳбарияти Тайланд дар сатҳи васеътари байналмилалӣ диққат диҳад. Вай стратегияи таблиғи лоиҳаи муштараки Осиёро барои дастгирии ин нақша қабул кард. Дар тӯли маъракаи ACD, Таксин таъкид кард, ки чӣ гуна кишварҳои Осиё метавонанд ба ҷои такя ба "дигарон" ба ҳамдигар кумак кунанд. Ин ҳамлаи ғайримустақим ба ИМА, муттаҳидони ғарбии он ва муассисаҳои байналмилалии онҳо буд. Вай тасаввур мекард, ки Осиёи қавӣ дар асоси захираҳои фаровон ва бозори калон асос ёбад. Бо назардошти аҳолии беш аз 3 миллиард нафараи Осиё, андозаи он аз се як ҳиссаи иқтисоди ҷаҳон ва беш аз нисфи захираҳои асъори ҷаҳонро дар ихтиёр доштанаш Таксин боварӣ дошт, ки бо ҳамкории кофӣ “Осиё нақши пешбарандаи худро дар тиҷорат ва ҷаҳони молиявӣ барқарор хоҳад кард ”( Shinawatra, 2001, 2002б). Вай фикр мекард, ки Осиё бо такя ба бозорҳои беруна дар ҳолати тобеъ будан қарор гирифтааст ва кишварҳои ин минтақа  бо паст кардани хароҷоти истеҳсолот ва паст кардани нархҳо бо ҳам рақобат мекунад. Ин рақобат ба истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони Ғарб манфиат овард, дар ҳоле ки мардуми Осиё танҳо саҳми ночиз мегирифтанд.

Гарчанде ки ташаббуси ACD аз ҷониби аксари нозирон ҳамчун як "дӯкони гуфтугӯ" -и бидуни ягон аҳамияти амали интиқод карда шуд (Matichon, 2002, саҳ. 2, 5), Таксин нишон дод, ки ӯ метавонад роҳбарии худро дар сафарбар намудани дастгирии ташаббусҳои кишварҳои Осиё ба минтақаи худ бомуваффақият татбиқ кунад. Дар асл, Тайланд мехост, ки ACD дар марҳилаи аввал майдоне барои барои ба вуҷуд овардани эътимод бо роҳи муколама ва гуфтугӯ  шавад[5]. Стратегияи Тайланд дар ACD таҳкими мубоҳисаҳои ғайрирасмӣ буд, ки тадриҷан ҳисси мансубияти минтақавиро дар байни кишварҳои Осиё ташвиқ хоҳад кард (ВКХ, 2003б). Таксин ва Суракиарт аз соли 2001 омодагии шарикони табиии стратегии Тайланд дар минтақа, Чин, Ҷопон, Гонконг ва Ҳиндустонро, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав бо Тайланд ҳамчун як гуруҳ меомӯхтанд (Shinawatra,2002b; SC, 2006). Бо муроҷиат ба ин кишварҳои бузурги Осиё, Таксин ба назар гирифт, ки дигар миллатҳои хурд низ мехоҳанд ба ACD шомил шаванд.

Бартарии аслии ACD ин тарҳи вомбаргҳои Осиё (Asian Bond Scheme) буд. Таксин умедвор буд, ки вомбаргҳои Осиё метавонад алтернативаи сармоягузории молиявӣ барои минтақа ва хориҷиён бошад. Он дар минтақа сармояи бештарро барои лоиҳаҳои рушд ҷалб мекунад. Пас аз таҳия ва ба таври васеъ пазируфта шуданаш, он метавонад ба бозори молиявии Осиё кӯмак кунад, ки "баркамолтар шаванд" ва "ба устувории ҳамаҷониба"-и низоми молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузорад (Shinawatra, 2005). Иқтисодҳои бузурги Осиё аз Asian Bond Scheme, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Малайзия, Гонконг ва кишварҳои узви АСЕАН ин тарҳро дастгири карданд, яъне вомбаргҳои Осиёиро. Ин дастгирӣ дар Эъломияи Chiang Mai оид ба рушди бозори вомбаргҳои Осиё дар ҷаласаи дуюми вазирони ACD дар моҳи июни соли 2003 эълон гардид (ВКХ, 2003а).

Тақвияти нақши Тайланд дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

Ғайр аз кӯшиши сохтани як муассисаи умумиосиёӣ дар назди ACD, Тайланд дар давраи роҳбарии Таксин нақши худро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нигоҳ дошт. Сарфи назар аз он, ки Бонки Осиёии Рушд сарпарастии минтақаи Меконгро ба уҳда дошт, Тайланд тарҳи минтақавии худ ACMECS-ро оғоз кард. Ин ташаббус на танҳо барои коҳиш додани тафовути рушди байни давлатҳои пешин ва нави АСЕАН, балки ҳамчун мустаҳкам кардани роҳбарии худ дар ин минтақа буд. Бо вуҷуди ин, ACMECS аз ташаббуси қаблии Тайланд QEC дар ӯҳдадориҳои устувори Тайланд барои ташкили ҳамкориҳои системавии бештар ва нақшаҳои кӯмак фарқ мекард.

Роҳбарии Тайландро дар назди ACMECS бо якчанд роҳ метавон мушоҳида кард. Аввалан, Тайланд ӯҳдадор буд ба ҳамсоягонаш имтиёзҳои якҷониба пешниҳод кунад. Дар ҷаласаи якуми вазирони ACMECS дар соли 2004 Тайланд эълон кард, ки барои 42 лоиҳаи фаврӣ 2,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст ва ният дорад ба 250 миллион доллари дигар ба нақшаҳои рушди кишварҳои ҳамсоя ворид  шавад, (ВКХ, 2004). Тайланд инчунин коҳиши яктарафаи тарифҳоро барои кишварҳои нави АСЕАН дар доираи Системаи афзалиятноки интегратсионии ASEAN (AISP) пешниҳод намуд (ВКХ, 2004). Дар Саммити ACMECS дар соли 2005, Тайланд аз бекор кардани тарифҳо барои ашёи ҳунармандӣ ва тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои Ҳинду Чин дар доираи лоиҳаҳои шартномавии кишоварзӣ хабар дод (SC, 2006). Дар охири соли 2006, Тайланд ба Лаос барои 225 маҳсулоти кишоварзӣ 0% тариф пешниҳод кард ва барои 82 маҳсулоти иловагӣ 5% коҳиш дод (DFT, 2009). Ин барномаи коҳиши тарифҳо инчунин ба хоҷагиҳои пудратӣ дар доираи ACMECS дахл дошт. Тайланд барои ҳамсоягонаш барои парвариши зироатҳои бозоргир, аз қабили кассава ва найшакар, созишномаи кишоварзиро пешниҳод намуд. Гарчанде ки кишварҳои даромадашон паст ба деҳот бештар сармоягузорӣ мекунанд ва кишоварзони онҳо метавонанд даромади устувортар ба даст оранд, Тайланд метавонист маҳсулоти арзонтарро барои истеъмол, аз қабили био-сӯзишворӣ харидорӣ кунад (ВКХ, 2004). Тибқи шартномаи кишоварзи, кишоварзони хурд метавонанд бо занҷирҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва бозорҳо тавассути Тайланд, ба монанди Чин ва Ветнам робита барқарор кунанд (Zola, 2007).

Дуввум, Тайланд дастгирии ҷониби сеюмро дар доираи нақшаи “Шарикӣ барои рушд”, ки Австралия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Зеландияи Нав ва БОР-ро дар бар мегирифт, сафарбар намуд. Дар Ҷаласаи вазирони ACMECS 2004 Ҷопон тасдиқ кард, ки он ободонии Фурудгоҳи Саваннахет дар Лаосро дастгирӣ хоҳад кард. Фаронса инчунин барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои ACMECS ваъда дод, дар ҳоле ки Олмон ва Тайланд бояд меморандум оид ба рушди ҳамкориҳо дар кишварҳои сеюм дар Ҳинду Чинро имзо кунанд (ВКХ, 2004). Дар соли 2006, Тайланд барои татбиқи барномаи зидди зукоми  2,5 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Он инчунин аз ҷиҳати молиявӣ сохтмони як пули байни Тайланд ва Лаос дар музофоти наздисарҳадии Нахон Фаном 50% арзиши сохтмони пули дигар дар Лаос, Чианг Хонг - пули Ҳуайксайро ба уҳда гирифт (SC, 2006).

Иқдоми дигари назаррас дар тақвияти сиёсати кӯмакрасонии Тайланд дида мешуд. Он дар  кӯшиши зиёд кардани таъсири Тайланд ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан дар Ҳиндучин  тавассути нақшаи ACMECS буд. Пас аз бомуваффақият пардохт кардани маблағҳои ХБА пеш аз мӯҳлат,  дар охири моҳи июли соли 2003, Таксин изҳор намуд, ки Тайланд дигар гирандаи кӯмак нест, танҳо дар асоси баробарӣ бо шарикон кумак талаб мекунад. Таксин соли 2004 агентии кӯмаки Тайланд, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии рушди Тайланд (Thailand International Development Cooperation Agency., минбаъд TICA) -ро аз нав сохт ва онро ҳамчун як ҷузъи ВКХ қарор дод. Ин азнавсозӣ ба эҷоди нақши ягона барои робитаҳои хориҷии Тайланд, ки бо асбобҳои молиявӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ба афзоиши нақши Тайланд дар ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат кард. Нақши нави TICA дар "роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамкории техникии Тайланд дар доираи чаҳорчӯбаи дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба" буд (TICA, 2005, саҳ. 6, 8). Ин лоиҳа на танҳо Тайландро ба расонидани кӯмаки мустақим ҷалб кард, балки худро ҳамчун маркази ҳамкориҳои техникӣ дар Осиё муаррифӣ кард. Робитаи байни ACMECS ва сиёсати кӯмакрасони Тайланд дар ӯҳдадории қавии он дар расонидани кӯмаки техникӣ ба  Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дида мешуд. Тибқи омори TICA, Камбоҷа, Лаос, Мянмар ва Ветнам аз барномаҳои кӯмаки TICA бештар баҳра бурданд (TICA, 2005, саҳ. 52-56). Ҳамин тариқ, сиёсати кӯмаки Тайланд ва нақшаи ACMECS якдигарро тақвият доданд ва ба Тайланд имкон доданд, ки нақши пешбарандаи худро дар рушди минтақавӣ ҳифз кунад.

Сиёсати Тайланд сиёсати "кӯмак барои рушд" буд, ба фарқ аз усули "кӯмак барои тиҷорат" -и кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисоди ва рушд (Organization for Economic Co-operation and Development., минбаъд OECD).  Ин маънои онро дорад, ки Тайланд на танҳо ба кӯмаки молиявӣ, балки ба кӯмаки техникӣ дар асоси таҷрибаи ҳамкории худ бо дигар кишварҳои пешрафта диққат медиҳад. Ин барномаҳои кӯмаки техникӣ имкон медиҳанд, ки доираи нуфузи Тайланд дар АСЕАН ва умуман қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ васеъ шавад. Муовини директори TICA ба хулосае омад, ки "кӯмаки бурунмарзии Тайланд дар байни насли нави роҳбарони минтақа тасаввуроти мусбат нисбати  Тайландро дар дарозмуддат ба вуҷуд меорад, алахусус дар кишварҳои Камбоҷа, Лаос, Мянмар ва Ветнам, айнан ба монанди амалҳои  Амрико дар Осиёи Шарқӣ дар давраи Ҷанги Сард"[6]. Дар доираи ин ҳамкориҳо, Тайланд ба Мянма 75 миллион доллари ИМА ва ба Камбоҷа ва Лаос 50 миллион доллари ИМА қарзи содиротӣ пешниҳод кард (Shinawatra, 2003). Пас аз ин, дида мешавад, ки Тайланд кӯмаки бурунмарзиро дар соли 2003 ба  0,6% даромади нохолиси миллӣ ва аз соли 2005 ин тараф тақрибан ба 0,1-2,0% -ро расонидааст (Бонки Ҷаҳонӣ, 2013). Ин рақамҳо, дар муқоиса бо рақамҳои ИМА дар сатҳи 0,11% дар соли 2001 ва 0,17% дар соли 2004 ҷолиби диққат мебошанд (UNDP -БРСММ, 2003, с. 228; 2006, с. 343).

Хулоса, Тайланд кӯшиш кард нақши пешбарандаи худро дар ҳамкориҳои бисёрҷониба тақвиятбахшад, чун роҳбарии минтақавӣ шабакаҳо ва эътилофҳои бисёрҷонибаро талаб мекунад. Таблиғи фаъоли ташаббусҳои минтақавии Тайланд дар назди ҳукумати Таксин нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии он дигар симои дипломатияи "хам шудан бо шамол" -ро қатъиян риоя намекунад. Тайланд ба ҷои он нақши пешбарандаи худро дар ҳама ҷабҳаҳои имконпазир истифода мебурд. Роҳбарии сохтории  он дар қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳатто дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ ба усули муназзам таъмин карда шуд. Ғайр аз қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Тайланд инчунин дар соҳаи ҳамкориҳои «соҳибкорӣ» ва «зеҳнӣ»-и Осиё роҳбарӣ мекард. Таксин сареъан бахши давлатии Тайландро, хусусан хидмати хориҷиро аз нав ташкил кард, дар ҳоле ки ӯ ва сиёсатмадорони аршади атрофи ӯ низ дар сиёсати хориҷӣ нақши мустақим доштанд. Ин, дарвоқеъ, дар баланд бардоштани рӯҳияи ҳам бахши хусусии Тайланд ва ҳам фаъолони минтақавӣ таъсири мусбати равонӣ дошт ва боиси таҳкими эътимод ба нақшаҳои минтақавии ҳукумати Тайланд гардид.

Маҳдудиятҳо дар роҳбарии минтақавӣ

Аз муҳокимаи ин мавзӯъ дида мешавад, ки Тайланд бемайлон кӯшиш кардааст, ки дар давраи баъд аз Ҷанги Сард ҳамкориҳои минтақавии худро бо роҳҳои гуногун бунёд кунад. Аммо, ин ҷо саволи муҳим ин аст, ки чаро Тайланд бо вуҷуди кушишҳоизиёд наметавонад мақоми раҳбарии худро устувор нигоҳ дорад. Ин ноустувории роҳбарӣ асосан ба як қатор омилҳои дохилии Тайланд вобаста аст: нопайвастагӣ дар роҳбарии сиёсӣ, ҳамоҳангии суст, бахши заифи хусусӣ ва нақши ҳарбиён дар сиёсат, аз ҷумла дар бӯҳрони сиёсии кунунӣ.

Барҳам хурдани роҳбарии сиёсӣ

Тайланд муддати тӯлонӣ аз сиёсати эътилофи бисёрҳизбӣ ранҷ мебурд, ки дар он ҳукумат бо ҳамбастагии сиёсии якчанд ҳизб ташкил мешуд. Ҳар як ҳизби аъзои эътилоф сиёсати худро нисбат ба ҳавзаҳои худ, ки дар маъракаи интихобот ваъда шуда буданд, дошт. Пароканда шудани ҳизбҳои хурд суботи ҳукуматро халалдор мекард ва аз ин рӯ саҳми онҳоро дар таҳияи сиёсат афзоиш медод. Дар натиҷа, сиёсатҳои ҳукумат маҳсули созишҳо буданд, яъне бидуни стратегияи дақиқ ва ҳамоҳангшуда.

Дар тӯли тақрибан 12 соли пас аз ҳукумати Чайтичай дар соли 1988 то оғози ҳукумати Таксин дар соли 2001, Тайланд ҳашт ҳукумати мулкӣ дошт, ки ҳар кадоми он ба ҳисоби миёна 1,5 сол ҳукумат мекард. Мансабҳои коршиносони масъули сиёсати хориҷӣ низ зуд-зуд иваз мешуданд, ки дар натиҷаи номувофиқии стратегияи сиёсат ба амал меомад. Ташаббусҳоеро, ки аз ҷониби ҳукуматҳои пешин ё вазирон сар мезаданд, одатан аз ҷониби иштирокчиёни нав сарфи назар мешуданд. Ин норозигии зиёдеро аз ҷониби бисёре аз саҳмдорон ба бор меовард. Чунки онҳо бо ҳукумат, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти музофотӣ сару кор доштанд. Аммо ҳукумат барои татбиқи самараноки лоиҳаҳо ҳеҷ гуна заминаи возеҳ ва асоснок надошт (DERC, 1995).

Ин мушкилотро дар татбиқи QEC “Ҳамкории иқтисодии чоргуша”, ки соли 1994 бо ташаббуси ҳукумати Чуан оғоз ёфтааст, дидан мумкин аст. Ҳукумати Чуан ҳамагӣ се сол давом кард ва моҳи июли соли 1995 пароканда карда шуд. Лоиҳа, пас аз он, аз набудани дастгирии қавии сиёсии ҳукуматҳои муваффақи Банҳарн ва Чавалит азият кашид. Гарчанде ки ин ташаббус ҳанӯз идома дошт, суръати ҳамкорӣ суст буд ва маҷбур шуд, ки ба чаҳорчӯбаи калонтари GMS (Минтақаҳои Бузурги Меконг) дар назди БОР ҳамроҳ шавад. Вазорати корҳои хориҷии Тайланд пешрафти ин ташаббусро дар соли 1996 арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки он дар зери сояи БОР қарор гирифтааст (ВКХ, 1996). Гарчанде ки сиёсати хориҷии Чавалит бо тамоюли қавии минтақагароии ӯ низ хос буд, таваҷҷӯҳи ӯ ба QEC “Ҳамкории иқтисодии чоргуша” камтар буд. Ба ҷои ин, Чавалит ба муносибатҳои шахсии худ бо роҳбарони ҳамсояҳояш такя мекард. Илова бар ин, Банҳарн ва Чавалит низ дар як муддати кӯтоҳ, мутаносибан, дар моҳи июли соли 1995 то ноябри соли 1996 ва ноябри соли 1996 то ноябри соли 1997 дар сари қудрат монданд.

Тайланд пас аз пирӯзии боэътимоди Таксин дар интихоботи соли 2001 аз мушкилоти сиёсати эътилофи бисёрҳизбӣ халос шуд. Ҳизби Таксин, Thai Rak Thai (минбаъд TRT) барои аввалин бор дар таърихи сиёсии Тайланд давраи пурраи қонунгузории худро паси сар кард. Бо эътимоди қавӣ ва устувории ин сохтори нави сиёсӣ, ҳукумати Таксин метавонист як стратегияи возеҳ ва қотеъ, аз ҷумла дар умури хориҷиро пешкаш кунад. Ташаббуси «Даъват ба пеш»-и Таксин ба таври шубҳанок, тасдиқкунанда, ғайримуқаррарӣ, баҳсбарангез ва аз тиҷорати маъмулӣ дур шудан буд (Pongsudhirak, 2004). Аммо, мушкилот пас аз табаддулоти ҳарбӣ дар моҳи сентябри соли 2006 дубора пайдо шуд. Аз ин рӯ, ларзиши роҳбарии сиёсӣ ва самти сиёсӣ амалисозии сиёсати хориҷиро дар ихтиёри бюрократия гузошт. Набудани дастурҳои мушаххаси сиёсӣ ба суръати иҷрои бисёр лоиҳаҳо таъсир мерасонд ва фарқияти байни агентиҳои асосиро ба ҳам мувофиқ намекард.

Ҳамоҳангсозии нодуруст

Гарчанде ки сиёсатгузории хориҷӣ одатан таҳти масъулияти бевоситаи вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад, дигар субъектҳои бюрократия низ ин вазифаро иҷро мекарданд. Бисёр масъалаҳо дар давраи баъд аз Ҷанги Сард мураккаб буданд, аз ин рӯ, онҳо иштироки фаъолони марбутаро дар тамоми минтақаҳо талаб мекарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати муассири хориҷӣ ҳамоҳангии хубро талаб мекунад (Ҳилл, 2003, с. 72). Дар Тайланд, ВКХ як оҷонси асосии таҳия ва пешбурди сиёсати умумии хориҷии кишвар мебошад. Аммо, ба ғайр аз расмиёти умумии дипломатӣ, дар соҳаҳои дигар ба монанди сиёсати иқтисодӣ ва амният, салоҳият надорад. Агентиҳои дигари калон одатан дар таҳия ва татбиқи ҷанбаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ иштирок мекунанд. Сиёсати амнияти хориҷӣ нақши Шӯрои Амнияти Миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Артиш ва Агентии миллии иктишофиро талаб мекунад (Чумак, 1999), дар ҳоле ки сиёсати иқтисодии хориҷӣ аз сӯи идораҳои рушди миллии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дастгирӣ меёбад ба монанди Идораи миллии рушди иқтисод ва иҷтимоиёт, Вазорати савдо, Вазорати молия, Бонки Тайланд, Бонки содирот ва воридот, инчунин намояндагони бахши хусусӣ, ба монанди Палатаи савдои Тайланд.

Мушкили ҳамоҳангсозӣ аз чанд омил сарчашма мегирад. Якум, ивазшавии зуд-зуди ҳукумат, ки мустақиман бюрократҳоро дар саросари шӯро маҷбур мекунад, ки аз бисёр лоиҳаҳое даст кашанд, ки ба манфиатҳои сиёсии ҳукумати амалкунанда хидмат намекунанд. Инро дар сиёсати хориҷии Тайланд нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар давраи баъд аз ҷанги сард мушоҳида кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, ҳамон як таваҷҷӯҳ ба рушди робитаҳои хуб ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиро ҳукуматҳои мухталиф пас аз Чатича бо лоиҳаҳои гуногун пешниҳод карданд. Пас аз сиёсати "майдонҳои ҷангро ба бозорҳо табдил додан", ҳукумати Чуан ба QEC тамаркуз кард, аммо баъдан хеле суст пеш рафт. Ба ҷои ин, Чавалит робитаҳои шахсии худро бо пешвоёни ҳарбии Мянмар, Камбоҷа ва Лаос таҳким бахшид ва дастгирии Бангкокро барои дархости онҳо ба узвият дар АСЕАН авлавият дод. Вақте ки Чуан ба кор дар соли 1998 баргашт, QEC эҳё шуд, аммо дар охири мӯҳлати худ коста шуд, зеро барқарорсозии иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ афзалияти Тайланд шуд.

Ҳар як ниҳод  барномаи сиёсии худро дорад ва баъзан бо якдигар ихтилоф мекунад. QEC намунаи хубест барои мушоҳидаи ду равиши мухталифи сохторҳои калидӣ, ВКХ ва Идораи рушди миллии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (National Economic and Social Development Board., минбаъд NESDB), ки чӣ гуна ташаббус бояд пас аз бӯҳрони молиявии 1997 идора карда шавад. NESDB чунин мешуморад, ки QEC бояд ба GMS дар назди БОР ҳамроҳ шавад, зеро он  эҳтимолан тавсеаи лоиҳаи GMS буд. Инро дар "Ҳисоботи стратегии минтақаи Меконг"-и NESDB дар соли 1995 дидан мумкин аст, ки лоиҳаҳоро дар доираи нақшаи QEC дар тасвири васеи GMS дар бар мегирад (NESDB, 1995).

Баръакси ҳамаи ин, ВКХ Тайландро дар доираи хурдтар пешбарӣ кард ва ҳатто дар соли 2000 пешниҳод кард, ки чаҳорчӯбаи QEC-ро барои самараноктар ва ба таври возеҳ аз GMS ҷудо намуда аз нав танзим кунад. ВКХ боварӣ дошт, ки ворид кардани QEC ба чаҳорчӯбаи GMS боиси он мегардад, ки тавони ҷалби таваҷҷӯҳи кофиро надорад (ВКХ, 2000). ВКХ QEC-ро ҳамчун як ташаббуси тақрибан истисноии Тайланд ҳисобид ва мехост, ки рушди онро ҳадди аққал дар идоракунии истисноии худ ҷудо аз GMS мустақил бинад.

Ғайр аз ин, бисёр ташаббусҳои сиёсати хориҷӣ миқёси васеъ доранд ва дастгирии бахши хусусиро, махсусан тавассути сармоягузорӣ талаб мекунанд. Аммо, ҳамоҳангии сусти байни ҳукумат ва бахши хусусӣ ҳеҷ самт ва стратегияи мушаххасе ба бор намеорад. Бахши хусусии Тайланд бо дарёфти фоидаи кӯтоҳмуддат, бахусус дар Мянмар ва Лаос ба анҷом мерасад. Онҳо одатан ба истихроҷи захираҳои табиӣ ва хидматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ машғуланд. Онҳо бештар ба тиҷорати камдаромад ва технологияҳои қафомонда, алахусус лоиҳаҳои зерпудратии инфрасохторӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, дар ҳоле ки ҳамтоёни онҳо аз Сингапур ва Малайзия ба сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои калони дарозмуддат таваҷҷӯҳи бештар доштанд.[7] Дар якҷоягӣ бо дастгирии номувофиқи ҳукумат, хусусан пас аз бӯҳрони молиявии 1997, бахши хусусии Тайланд барои пеш бурдан ё нигоҳ доштани динамикаи иқтисодии ташаббусҳои минтақавии Тайланд, ки нақши бештари сектори хусусиро талаб мекарданд, қавӣ набуд.

Аз ин рӯ, ҳамсоягон одатан ба тиҷорати Тайланд бо шубҳа менигаранд, ки онҳо фақат мехоҳанд аз нерӯи корӣ ва захираҳои арзон бидуни кӯмак ба иқтисодиёт фоида ба даст оранд (DERC, 1995). Ин ба ҳадафҳои минтақавии Тайланд таъсир расонд, зеро тиҷорати Тайландро камтар рақобатпазир мекард ва ба рақибони дигар бартарӣ медод. Коҳиши нуфузи иқтисодии Тайландро аз сабаби нотавонии он барои нигоҳ доштани мавқеи худ ҳамчун сармоягузори баландтарин дар ин кишварҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Иқтидори суст ва эътибори бади тиҷоратҳо, як қисми душвориҳои Тайланд дар татбиқи биниши минтақавии он дар минтақа мебошанд. Далели ноустувории равобити Тайланд бо ҳамсоягонро дар ошӯби шаҳрвандии зидди Тайланд дар Пномпен соли 2003 дидан мумкин аст. Ошӯбро шарҳи носанҷидаи ситораи кинои Тайланд дар бораи мансубияти Ангкор Ват ба Тайланд барангехтааст. Сафорати Тайланд ва баъзе амволи тиҷории Тайланд дар ин ошӯби шаҳрвандӣ сӯхтанд.

Нақши низомиён дар сиёсати хориҷӣ

Сиёсати хориҷии Тайланд муддати тӯлонӣ соҳаи рақобат байни ду гурӯҳи бузург дар бюрократияи Тайланд, яъне ВКХ ва низомиён буд. ВКХ дар корҳои хориҷии Тайланд аз эҷоди он дар охири монархияи мутлақ ҳукмфармо буд, вақте ки мансабҳои муҳим аз ҷониби шоҳзодаҳо ва оилаҳои ашроф инҳисори карда мешуданд. Аммо, таъсири артиши Тайланд дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар баробари ҳамкории ИМА бо Тайланд ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар солҳои 1960 ба вуҷуд омад. ИМА бо сарварони низомии Тайланд муносибатҳои махсусеро ба роҳ монд, ки нақши онро дар сиёсати дохилӣ дар тӯли даҳсолаҳо роҳандозӣ карданд (Fineman, 1997). Бо вуҷуди хуруҷи ИМА пас аз ҷанги Ветнам, нақши низомиёни Тайланд бо сабаби мавқеи он алайҳи Ветнам дар Камбоҷа, боқӣ монд (Bungbongkarn and Paribatra, 1986, с. 71-72). Дар солҳои 80-ум инчунин онҳо розӣ шуданд, ки Чин ба партизанҳои Кхмер Руж тавассути Тайланд силоҳ диҳад (Gill, 1991). Пас аз он ки Тайланд дар ибтидои солҳои 90-ум бо талошҳои номуваффақи бозгашт ба сиёсат боз ҳам демократитар шуд, нақши низомиён коҳиш ёфт. Аммо, азбаски низомиён ба масъалаҳои амнияти сарҳадӣ ва устувории ҳамсояҳо аз замони Ҷанги Сард (Kislenko, 2004) таваҷҷӯҳи зиёд доштанд, таъсири он ба сиёсати Тайланд нисбат ба ҳамсоягон боқӣ мемонад.

Таваҷҷуҳи зиёди артиши Тайланд ба ҳамсоягон монеи кӯшиши Тайланд барои амалӣ кардани роҳбарии худ дар давраи баъди Ҷанги Сард гардид. Низомиён ба тағйироти ҷиддӣ Тайландро дар шароити либералӣ гузоштанд. Чунки принсипҳои умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ва демократия унсурҳои муҳими корҳои байналмилалӣ гаштанд, ки ин вазъият барои ҳарбиён номусоид буд. Сиёсати Тайланд нисбат ба Мянмар намунаи хубест барои ин бетағйирӣ. Пас аз сиёсати Чайтичай, ки майдони ҷангро ба бозор табдил медиҳад сиёсати Тайланд нисбати Мянмар ба муносибати хуб дар охири солҳои 80-ум тағйир ёфт, то ба имкониятҳои иқтисодӣ диққат диҳад. Таҳти рубрикаи "Ҷалби созанда" Тайланд асоснок кард, ки шомил шудани Мянмар ба рушди минтақавӣ ягона роҳи ҳам таъмини амнияти марзии Тайланд ва ҳам тағйироти тадриҷӣ дар Мянмар ба сӯи демократия мебошад. Ин тағйироти сиёсат асосан ба манфиати низомиёни Тайланд ҳамчун миёнарав дар таъмини имтиёзҳо дар бораи захираҳои табии Мянмар, махсусан, чӯб ва моҳидорӣ, алалхусус генерал Чавалит (Chachavalpongpun, 2005, с. 66, 128; Мёллер, 1998, с. 1089) вобаста буд. Тайланд бо Рангун дар идоракунии сарҳад ҳамкорӣ кард ва нисбат ба бадрафтории он бо ақаллиятҳои қавмии сарҳад ва баъзан вайрон кардани истиқлолияти Тайланд таҳаммулпазиртар шуд.

"Ҷалби созанда" барои расидан ба мавқеи расмии АСЕАН дар соли 1992 баланд бардошта шуд ва аз он вақт инҷониб нуқтаи интиқоди АСЕАН аз ҷониби ҳамтоёни хориҷии худ дар робита бо сиёсати Мянмари АСЕАН шудааст. Бо такони Тайланд, Мянмар дар соли 1996 нозири АСЕАН ва соли 1997 узви комилҳуқуқ шуд. Ҳарбиён чунин мешуморанд, ки ин созиш хуб кор кардааст ва набояд тағйир дода шавад. Аз ин рӯ, пешниҳоди Тайланд дар бораи "Ҳамгироии тағйирпазир" дар ҳукумати дуввуми Чуан ба хубӣ пазируфта нашуд, зеро ин пешниҳод оқибат салоҳияти низомиёнро аз даст хоҳад гирифт (Haacke, 2003, с. 176).

Узвияти Мянмар дар АСЕАН бо сабаби таҳримоти онҳо алайҳи Мянмар дар муносибат бо кишварҳои ғарбӣ, бахусус ИМА ва ИА, вазъияти душворро ба вуҷуд овард. Ҳарду нишастҳо бо АСЕАН, ки дар он ҷо Мянмар ҳузур дошт, эътироз карданд ва лағв шуданд. Масалан, ИА иштироки пурраи Мянмарро дар мулоқотҳо ва созишномаҳои дуҷониба байни ИА ва АСЕАН, ба монанди саммит ва вохӯриҳои вазирони он рад кард (Парлумони Аврупо, 2011). Ҷаласаи Осиё-Аврупо (Asia-Europe Meeting -АSЕМ), ки соли 1996 ифтитоҳ ёфт, аъзои нави АСЕАН, аз ҷумла Мянмарро то соли 2004 шомил накард.

Бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла низомиён, бисёр сиёсатмадорон ва соҳибкорон, тағйирот дар сиёсати Тайланд ба осонӣ рух дода наметавонад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки таъсири низомиён дар таҳияи сиёсати хориҷӣ, алахусус дар масъалаҳои марбут ба кишварҳои ҳамсоя, кӯшиши Тайландро барои роҳбарии минтақавии худ қисман халалдор кардааст.

Нооромиҳои сиёсӣ ва сиёсати хориҷӣ

Нопайвастагии роҳбарии дохилӣ дар давраи пас аз Ҷанги Сард бо дахолати ахири низомиён ба сиёсати Тайланд тавассути табаддулоти давлатӣ шадидтар мешавад. Тайланд дар давраи пас аз ҷанги сард дар солҳои 1991 ва 2006 ду табаддулотро аз сар гузаронд, ки мутаносибан Чатичаи Чонхаван ва Таксин Шинаватраро сарнагун карданд. Ҷолиб он аст, ки ҳарду сарвазир фаъолтарин дар умури хориҷӣ ҳисобида мешаванд. Чатича бо ҳамсояҳои собиқи коммунистӣ оштӣ кард, ки боби нави тартиботи минтақавии Осиёи Ҷанубу Шарқиро кушод, дар ҳоле ки Таксин дар пешниҳоди форумҳои гуногуни минтақавӣ ошкоро ва боэътимод буд.

Муҳим он аст, ки кам шудани таъсири Тайланд дар умури минтақавии охир махсусан пас аз суқути Таксин зоҳир мешавад. Сиёсати баъд аз Таксин Тайландро ба изтироби сиёсӣ овард, ки дар он қутббандии сиёсӣ боиси як қатор эътирозҳои хиёбонӣ ва хушунат шуд. Умуман муноқиша байни гурӯҳи муҳофизакори зидди Таксин, ки таҳти рубрикаи "Зардҷомагон" ва гурӯҳи тарафдори Таксин таҳти бренди "Сурхҷомагон" ташкил шудааст, фаҳмида мешавад. Тақсимоти сиёсӣ равшан гардид ва бо якчанд роҳ ба самтҳои таҳияи сиёсат ва роҳбарии минтақавии Тайланд таъсир расонд.

Аввалан, низои байни ду гурӯҳи сиёсии умда ба суботи кишвар, ки тибқи Конститутсияи соли 1997 ҷорӣ шуда буд, осеб расонд. Аз моҳи сентябри 2006 то нимаи соли 2011 Тайланд чор сарвазир дошт. Ин ба пайвастагӣ ва тамаркузи самти сиёсати хориҷии Тайланд таъсир расонд. Сиёсати хориҷӣ ҳадафи дуюмдараҷа гашт ва зери сояи бақои сиёсии ҳукумат дар қудрат қарор гирифт. Тавре Павин гуфт: "Вазорати корҳои хориҷӣ он қадар ба фаҳмондани  вазъи сиёсии Тайланд ба ҷаҳон банд буд, ки банақшагирии стратегияи дарозмуддат дар соҳаи корҳои хориҷӣ душвор буд" (Chachavalpongpun, 2008).

Дар натиҷа, ин ноустувории сиёсӣ қобилияти Тайландро дар самти тарҳрезии ҳама гуна роҳбарияти ҷиддӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ суст кард. Инро дар нақши Тайланд дар давраи раёсати АСЕАН аз моҳи июли соли 2008 то декабри соли 2009 мушоҳида кардан мумкин аст. Аз тарси эътироз ба қатъи вохӯриҳои асосии АСЕАН, Тайланд тасмим гирифт, ки 14-умин Саммити АСЕАН ва вохӯриҳоро бо шарикони муколамаи АСЕАН дар замонҳо ва маконҳои гуногун ташкил кунад. Аввалин моҳи феврали соли 2009 дар Хуа Хин баргузор шуда, дуюмаш дар миёнаи моҳи апрели соли 2009 дар Паттайя ташкил карда шуд. Аммо барои АСЕАН доштани ин ду ҳодисаи ҷудогона ғайриоддӣ буд.

Саммитҳои АСЕАН + 3 ва АСЕАН + 6 дар Паттайя бинобар ҳамлаи намоиши зидди ҳукумати Абҳисит ба як қисми ин макон, лағв шуданд. Кишварҳои узви АСЕАН ва нозирон дар байни ин бӯҳрони сиёсӣ ба роҳбарии Тайланд ва қобилияти иштироки он дар корҳои минтақавӣ шубҳа карданд (Abramowitz and Parke, 2009).

Ғайр аз он, на танҳо ихтилофи сиёсӣ диққати элитаи сиёсатгузорони Тайландро ба самти сиёсати хориҷӣ суст кард, балки таъсири ултра-миллатгароиро дар сиёсати хориҷии Тайланд низ қувват бахшид. Хусусан, ин ба муносибати Тайланд ва Камбоҷа, бо роҳи эҳёи баҳсҳо дар атрофи маъбади бостонии Преах Вихер таъсир расонд. Гурӯҳи зидди Таксин нисбат ба ҳукумати тарафдори Таксин Самак Сундаравей барои пуштибонӣ аз сабти Камбоҷа ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шадидан хашмгин буд. Пешвоёни “Зардҷомагон” бисёр тайландиҳоро итминон доданд, ки ин маънои онро дорад, ки Тайланд ба таври худкор даъвои худро аз болои минтақаи баҳсии 4,6км² аз даст медиҳад, сарфи назар аз он, ки мақоми мероси ҷаҳонӣ бо ихтилофи мавҷуда дар аломатгузории марз ҳеҷ рабте надорад. Баъдтар вақте ки ҳукумати Абҳисит зардҷомагонро бар зидди Самак дастгирӣ мекард, маҷбур шуд дар ин масъала чораи ҳақирона андешад (Busbarat, 2011). Низоъ то задухӯрдҳои мусаллаҳона дар аввали моҳи феврал то моҳи майи соли 2011 густариш ёфт ва ба минтақаҳои дигари баҳсбарангез дар атрофи харобаҳои бостонӣ, ки боиси кушта шудани як қатор ғайринизомиён аз ҳарду ҷониб шуданд, густариш ёфт. Музокирот сурат гирифт, аммо бенатиҷа анҷом ёфт, зеро Тайланд ба ҷои ҷалби миёнаравҳои байналмилалӣ ба гуфтушуниди дуҷониба исрор варзид. Аммо, пас аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар аввали соли 2011 Тайланд бо дили нохоҳам дахолати АСЕАН-ро пазируфт, ки дар натиҷа мӯҳлати ваколати ҳарду ҷониб барои ҳалли низоъ бо марҳилаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба тамдид карда шуд. Ин ҳам бо гурӯҳи нозирони АСЕАН бо роҳбарии Индонезия барои назорати оташбас буд. Инкишофи мувозӣ дар Суди Байналмилалии Адлия низ рӯй дод, вақте ки Камбоҷа ба Суд дархост фиристод, то ҳукми худро дар соли 1962 аз нав тафсир кунад. Дар моҳи июли соли 2012, Суди байналмилалӣ  (International Court of Justice., минбаъ ICJ) чораҳои муваққатӣ барои хуруҷи низомиҳо ва оташбасро пешниҳод кард (ICJ, 2012). Бо вуҷуди ин, парванда дар Суд оид ба тафсири ҳукми соли 1962, ки бояд дар соли 2013 ба итмом расад, идома ёфт.

Хулоса

Дар ин мақола унсури муҳими сиёсати хориҷии Тайланд пас аз Ҷанги Сард, яъне кӯшиши он барои роҳбарии минтақавӣ баррасӣ шудааст. Ин кӯшишҳо дар тӯли ин давра нишон медиҳанд, ки Тайланд дигар наметавонад ҳамчун як давлати хурд дар муносибатҳои байналмилалӣ тавсиф карда шавад, ки ба хотири  амнияти мақоми худ, тартиботи мавҷударо ғайрифаъол дониста вокуниш нишон медиҳад (Hey, 2003, саҳ. 6). Баръакс, сиёсати хориҷии пас аз ҷанги сарди Тайланд тамоюли ҷустуҷӯи тағйиротро дар муҳити атроф нишон медиҳад, ки бештар ба ҳисоби назариявии «табиати фаъол» мувофиқат мекунад (Palmer and Morgan, 2006).

Сар карда аз ташаббуси "табдил додани майдони ҷанг ба майдони тиҷорат"-соли 1988, дар сиёсати хориҷии Тайланд тағиротҳо ба вуҷуд омаданд, бавижа дар иқтисод ва сиёсати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Тайланд бемайлон дар рушди кишварҳои собиқ сотсиалистӣ ва ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷалб кардани онҳо бо ташаббусҳо, ғояҳо ва услубҳои гуногун сарварӣ кард. Ғайр аз ин, орзуҳои он барои роҳбарии минтақавӣ баъзан дар дурнамои берун аз АСЕАН, тавре ки дар BIMSTEC ва ACD дида мешуд, зоҳир мешаванд. Ин талошҳои роҳбарӣ, дарвоқеъ, нишон медиҳанд, ки Тайланд худро қобил ба роҳбарӣ кардан бо шартҳои худ мешуморад ва наметавонад бо осонӣ мафҳуми “якумин дар миёни баробарҳо”-ро қабул кунад, ки ба Индонезия ишора шудааст (Anwar, 1994, с. 231). Ин метавонад ба шарҳи баъзе танқидҳо кӯмак кунад, ки АСЕАН ҳамчун сиёсати афзалиятноки Тайланд дар сиёсати хориҷӣ сабт нашудааст, алахусус пас аз бӯҳрони молиявии Осиё.

Аммо, Тайланд аз ҳисоби рушди дохилии худ барои нигоҳ доштани роҳбарии минтақавии худ мубориза бурд. Мубодилаи қудрат дар сиёсати эътилоф иродаи сиёсӣ ва татбиқи самарабахши ташаббусҳои минтақаро заиф кард. Бидуни иродаи сиёсӣ барои роҳбарии лоиҳа, дигар фаъолони минтақавӣ нақши Тайландро соя мезананд, алахусус дар заминаи даври нави ҳамгироии минтақавии АСЕАН. Индонезия барои дастгирии сиёсӣ ба лоиҳаи минтақавӣ дар сафи пеш буд, дар ҳоле ки дигар кишварҳои АСЕАН, ба монанди Сингапур, Малайзия ва Ветнам низ ба пушту паноҳи муҳими иқтисодӣ табдил меёфтанд. Ҳамзамон, пас аз табаддулоти 2006 нерӯҳои ғайридемократӣ пайдо шуданд, озодии сиёсии Тайланд ба бетартибиҳо, аз қабили афзоиши сензураи давлатӣ ба васоити ахбори омма, фаъолнокии судӣ нисбат ба равандҳои демократӣ ва болоравии парвандаҳо айбҳо алайҳи рақибони сиёсӣ ба миён омад. Ҳамин тариқ, Тайланд натавонист дар шароити рушди нави сиёсӣ ҳамчун як модели демократияи махсуси АСЕАН амал кунад. То он даме, ки ин ихтилофи дохилии кунунӣ ба таври осоишта ҳал карда нашавад ва сиёсати Тайланд ба эътидол наояд, роҳбарии минтақавии Тайланд зери суол аст.

 

 Муаллиф:

Pongphisoot Busbarat

Доктори илмҳои фалсафӣ

Донишгоҳи Чулалонгкорн, факултети илмҳои сиёсӣ

 

 Таҳия ва баргардон аз англисӣ ба тоҷикӣ:

Талбаков Саидаҳтам Исроилович

магисранти курси 2-юми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1.Abramowitz, M and N Parke (2009). ASEAN’s continuing dilemma. Jakarta Post, 1 May.

2.Anwar, DF (1994). Indonesia in ASEAN: Foreign Policy and Regionalism. Singapore: Institute of Southeast Asian Studies.

3.Brocheux, P and D Hémery (2009). Indochina: An Ambiguous Colonization, 1858–1954. Berkeley: University of California Press.

4.Bunbongkarn, S and S Paribatra (1986). Thai politics and foreign policy in the 1980s: Plus ça change, plus c’est la même chose? In KD Jackson, S Paribatra and JS Djiwandono (eds.), ASEAN in the Regional and Global Context, pp. 52–76. Berkeley: University of California.

5.Busbarat, P (2011). Thai-Cambodian conflict: An obstacle to the ASEAN community 2015? East Asia Forum, 20 May.

6.Chachavalpongpun, P (2005). A Plastic Nation. Lanham: University Press of America.

7.Chachavalpongpun, P (2008). Thai foreign policy: An unenviable job to rebuild Thailand’s credibility. Bangkok Post, 19 December.

8.Chachavalpongpun, P (2010). Reinventing Thailand: Thaksin and His Foreign Policy. Singapore: Institute of Southeast Asian Studies.

9.Chumak, S (1999). The formulation of Thai foreign policy. In Corrine Phuangkasem, et al. (eds.), Collection of Works on Thai Foreign Affairs from the Post to the Present (in Thai), pp. 10–230. Bangkok: Thammasat University Press.

10.DERC (Division of Economic Relations and Co-operation) (1995). Seminar Report on the Strategy for Industrial Development in 5 Border Provinces in the Upper Northern

Region (in Thai). No.0504/1969, Bangkok: Archives and Library Division, Ministry of

Foreign Affairs.

11.DFT (Department of Foreign Trade) (2009). Measures and regulations. Available at http:// www.dft.moc.go.th/level4Frame.asp?sPage=the_files/$$59/level4/LA_measure. htm&level4=1762 [accessed on 1 March 2009].

12.European Parliament (2011). The Association of South East Asian Nations (ASEAN). Available at http://www.europarl.europa.eu/ftu/pdf/en/FTU_6.4.12.pdf [accessed on 2 February 2013].

13.Fineman, DM (1997). A Special Relationship: The United States and Military Government in Thailand, 1947-1958. Honolulu: University of Hawai’i Press.

14.Funston, J (1998). Thai foreign policy: Seeking influence. Southeast Asian Affairs, 25, 292–306.

15.Gill, RB (1991). China looks to Thailand: Exporting arms, exporting influence. Asian Survey, 31(6), 526–539.

16.Haacke, J (2003). ASEAN’s Diplomatic and Security Culture: Origin, Development and Prospects. London and New York: RoutledgeCurzon.

17.Hey, JAK (ed.) (2003). Small States in World Politics. Boulder and London: Rienner.

18.Hill, C (2003). The Changing Politics of Foreign Policy. New York: Palgrave Macmillan.

19.ICJ (International Court of Justice) (2012). Request for interpretation of the judgment of 15 June 1962 in the case concerning the temple of preah vihear (Cambodia V. Thailand) — request for the indication of provisional measures. No. 2011/22, 18 July 2011. International Court of Justice, The Hague.

20.Khoman, T (1999). Initiating the association of South East Asian Nations (ASEAN) (in Thai). In C Phuangkasem et al. (eds.), Collection of Works on Thai Foreign Affairs from the Past to the Present (in Thai), pp. 167–187. Bangkok: Thammasat University Press.

21.Kislenko, A (2002). Bending with the wind: The continuity and flexibility of Thai foreign policy. International Journal, 57, 537–561.

22.Kislenko, A (2004). A not so silent partner: Thailand’s role in covert operations, counterinsurgency, and the wars in Indochina. Journal of Conflict Studies, 24(1), 65–96.

23.Leekpai, C (1992). Policy Statement of the Council of Ministers of Prime Minister Chuan Leekpai Delivered to Parliament on Wednesday. Bangkok: Government House.

24.Matichon (1998). Chuan-tharin-suphachai explain in one voice the reasons of pushing ‘11 acts’ for economic recovery — not selling the country (in Thai). 10 December.

25.Matichon (2002). Tracing the ACD: Thailand is glamorous? 19 June.

26.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (1994). Draft direction for developing quadrangle economic cooperation (China-Laos-Myanmar-Thailand) (in Thai). No.1103-462-706-402-36/01, MFA Archives and Library Division, Bangkok.

27.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (1996). Suggested points regarding the quadrangle growth for the PM’s visit to China (in Thai). No.0504/561, MFA Archives and Library Division, Bangkok.

28.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (1998). Preliminary assessment and observation on ideas and position towards Thailand’s “flexible engagement” after the ASEAN ministerial meeting in Manila, July 1998. No.86/2541, MFA Archives and Library Division, Bangkok.

29.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (2000). Adjustment of the quadrangle growth framework (in Thai). No.0504/321, MFA Archives and Library Division, Bangkok.

30.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (2003a). Development of bond market in Asia. No.I0208- 684-404-107-4501, MFA Archives and Library Division, Bangkok.

31.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (2003b). Talking points for HE Dr Surakiart Sathirathai, 2nd ACD ministerial meeting retreat, 22 June. No.0208-322-404-106-46/01, 33.MFA Archives and Library Division, Bangkok.

32.MFA (Ministry of Foreign Affairs) (2004). ACMECS’ informal ministerial meeting (in Thai). Kor Tor 0704/2382 (Most urgent), MFA Archives and Library Division, Bangkok.

33.Möller, K (1998). Cambodia and Burma: The ASEAN way ends here. Asian Survey, 38(12), 1087–1104.

34.NESDB (National Economic and Social Development Board) (1995). Strategic Plan for Economic Co-Operation in the Mekong Sub-Region: The Final Report (in Thai). Bangkok: NESDB and TIS Consultants.

35.OC (Office of the Cabinet) (1994). Summary of the Quadrangle Economic Growth Meeting at Yunnan Province (in Thai). Bangkok: Government House.

36.Pakkapaswiwat, S (2007). Foreign policy of Thailand (in Thai). In S Sornsi (ed.), Southeast Asia: Foreign Policy after the Economic Crisis (1997–2006) (in Thai), pp. 183–233. Bangkok: Chulalongkorn University Press.

37.Palmer, G and TC Morgan (2006). A Theory of Foreign Policy. Princeton, NJ: Princeton University Press.

38.Pongsudhirak, T (2004). Thailand’s foreign policy under the Thaksin government. EurAsia Bulletin, 8, 3–6.

39.Sathirathai, S (2004). Thailand: The path forward, the Asia Society. Available at http://www. asiasociety.org/speeches/sathirathai04ny.html [accessed on 23 October 2012].

40.SC (Secretariat of the Cabinet) (2006). Second ACMECS Summit (in Thai). Nor Ror

0407/1784, Government House, Bangkok.

41.Shinawatra, T (2001). The prime minister’s speech at the 2001 fortune global forum. Government House, Bangkok.

42.Shinawatra, T (2002a). Special lecture on ‘Thailand’s strategy for development in the globalization era’, 9 January (in Thai). Government House, Bangkok.

43.Shinawatra, T (2002b). Opening statement by his excellency Dr. Thaksin Shinawatra, prime minister of Thailand, at the inaugural meeting of the Asia cooperation dialogue, Cha-Am, Thailand, 19 June (in Thai). Plan and Policy Division, Ministry of Foreign Affairs, Bangkok.

44.Shinawatra, T (2003). ‘Forward engagement’: The new era of Thailand’s foreign policy, inaugural lecture at the Saranrom Institute of Foreign Affairs, Bangkok. Ministry of Foreign Affairs, Washington, DC.

45.Shinawatra, T (2005). Southeast Asia rising: Riding the new Asian economic wave? Opening keynote address by HE Thaksin Shinawatra prime minister of Thailand at the 15th Asian corporate conference, Wednesday, 8 June 2005. Government House, Bangkok.

46.Snitwongse, K (2000). Thailand’s foreign policy in the new millennium. In Shalendra D. Sharma (ed.), The Asia-Pacific in the New Millennium: Geopolitics, Security and Foreign Policy, pp. 333–348. Berkeley, CA: Institute of East Asian Studies, University of California.

47.Stanton, EF (1954). Spotlight on Thailand. Foreign Affairs, 33(1), 72–85.

48.TICA (Thailand International Development Cooperation Agency) (2005). Thailand international cooperation programme: 2003–2004 report. Ministry of Foreign Affairs, Bangkok.

49.UNDP (United Nations Development Programme) (2003). Millennium development goals: A compact among nations to end human poverty. Human Development Report 2003, United Nation Development Programme, New York.

50.UNDP (United Nations Development Programme) (2006). Beyond scarcity: Power, poverty and the global water crisis. Human Development Report 2006, United Nation Development Programme, New York.

51.World Bank (2013). Net ODA received (% of GNI). In world Development Indicators. Available at http://data.worldbank.org/indicator/DT.ODA.ODAT.GN.ZS/countries [accessed on 20 November 2013].

52.Zola, AM (2007). Contract farming for exports in ACMECS: Lessons and policy implications. Paper read at Investment, Trade, and Transport Facilitation in ACMECS, 13 March, Bangkok, Thailand.

 

 

[1] Author’s interview, December 19, 2007.

[2] Author’s interview, January 9, 2008.

[3]  Author’s interview with Kasit Piromya, December 19, 2007, and Surapong Jayanama,

January 12, 2008.

[4] Author’s interview with Surapong Jayanama, January 12, 2008.

[5] Author’s interview with Vitavas Srivihok, the then Director-General of ASEAN Affairs, January 4, 2008. He argues that “we wanted it to be a ‘talkfest’ for a while so that it could break the ice and build mutual trust and confidence”.

 

[6] Author’s interview with Apinand Phatarathiyanon, February 15, 2008.

[7] Author’s interview with Ukrist Pathmanand, February 13, 2008.

Хондан 268 маротиба