JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Феврали 2022 05:04

Роҳи миллат агар аз нури хирад равшан нест

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

 (Чанд андеша оиди нодонӣ, хурофот ва таассуб, ки омили асосии боздорандаи рушди миллатҳо ва нобудии давлатҳост)

   Дар дарозои таърих ва тамадуни башарӣ  яке аз омили аслие, ки сабаби бадбахтии ва ҷангу куштор, вомондагӣ, бечорагӣ ва дасти ниёзи хеш бар сӯи тахайюл дароз намудани башар гардида, ин нодонӣ будааст. Нодонӣ дар пайи хеш ҳазорон мушкили дигарро бар сари башарият овардааст. Аз ин лиҳоз, агар ба решашиносии хурофот назар афканем, он решаҳои имрӯзӣ надорад, балки умқи онро ҳанӯз аз ҷомеаи ибтидоӣ ва инсони нимаваҳшӣ метавон ҷӯст, ки он замон дар баробари ҳодисаю воқеаҳо  дониш ва таҷрибаи илмӣ надоштад. Нодонӣ ҳамвора барои башарият мушкили меҳварӣ ва сабаби бозмондагӣ ва дар якҷо покӯфтан будааст.

  Инсон аз замоне, ки худро шинохт олами ҳастӣ ва падидаҳои атроф ба назараш асрорангез ва тааҷуббарангезанда ба назар мерасид. Мехост ба ҳамаи онҳо аз лиҳози чӣ будӣ ҷавоб гӯяд. Вале чун дониш ва ҷаҳонфаҳмияш ҳанӯз падидаҳои атрофро дуруст ташхис карда наметавонист,  ночор ба тахайюлзадан перомуни ҳодисаҳо пардохтааст. Ҳар нафаре сараввал вобаста аз бинишҳои худ ба тарзи фардӣ ин ё он масъала ё мушкилро хаёлан бо бофтаҳояш баррасӣ намуд. Баъдан, шинохтҳои худро бо ҳамон тарзи аввалия ба фарзандону пайвандони хеш интиқол медиҳад ва фарзанд бо тахаюлоти меросӣ аз падар бофта ва боварҳои хешро илова намуда, ба пасовандон нақл мекунад.  Ҳамин аст, ки як диди соддаи инсони ибтидоӣ ба садҳо насл бо андак тағйирот ҳатто то ба замони мо омада расидааст. Бидуни шак, чун инсон рӯз то рӯз ба падида ва кашфи навини ҳаводис мерасидааст ва нисбат ба гузашта огоҳтар аз табиат ва ҳастӣ мешудааст. Ба нодонии худ пай бурда боз ҳам атрофи ҳодисаҳое, ки ҳанӯз дарк нашудаанд, тавассути бофтаҳояш ба онҳо маънии зеҳнии хешро пешниҳод менамудааст. Гоҳо дар гумон ва андешаи он будааст, ки рӯйдодҳои табиӣ дорои хусусиятҳои хориқулоддаанд, оно мисли инсонҳо дорои дарку фаҳм ва қувваву таъсиргузориянд. Ҳамин тарз осмону ситорагону дарахтону сахраҳову кӯҳҳо дорои асрори фавқутабиианд. Ҳамин омил сабаб гардидааст, ки инсонҳо парастиши санг, дарахт, буттаҳо ва ҳайвоноти гуногун моҳу ситорагон ва амсоли инро ба роҳ монда, онҳоро муқаддас шуморидаанд ва ин раванд то ҳанӯз дар аксар аз тамаддунҳои башарӣ ба чашм мерасад. Вале як чиз қобили зикр аст, ки вақте хурофот ба раванди дастаҷамъии биниши як ҷомеа ва як кишвар табдил меёбад хатарафзо гардида, мардумро аз ҷаҳонбинии илмӣ фарсахҳо ба дурӣ мекашад ва табиатан мардуми ин ҷомеаро  соддабовару бетафовут хоҳад намуд.

  Омили дигари ба хурофа тамоюл кардани инсонҳо тарси инсон дар баробари ҳаводис аст, ки маншаъ аз нодонии инсон дар баробари ҳаводис будааст. Чун ҳаводиси дар табиат ба вуқуъ пайваста  гоҳо барои инсону ҷомеаи ӯ хатарафзо буданд ва одатан аксари онҳо метавонистаанд ба ҳаёти воқеии инсон таъсиргузор бошанд ва дар бисёр маврид хатари вуҷудиро ба миён меоварданд ва дар баробари онҳо инсон оҷиз буд ва амалеро анҷом дода наметавонист, ӯро тарс аз нобудӣ фаро мегирифт, ночор аз рӯи тахаюли худ амалҳоеро анҷом медод ки гӯё аз ин роҳ мехост як навъе ба қувваҳои мармузе, ки муҳаррики асосии ин воқеаҳо буданд як навъ хоҳишу илтиҷои хешро анҷом диҳад. Ҳамин аст, ки дар баробари ин гуна ҳодисот инсон ҳазорон навъи расму оинҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳодисаҳое аз қабили туфон, обхезӣ, хушксолӣ, сард омадани зимистон амалҳоеро аз қабили қурбонӣ кардан ба дарёҳо, илтимосу илтиҷо кардан аз борону туфону амсоли ин, хондани дуову аврод ва ибодат кардан дар баробари ҳодисаҳои ба вуҷуд омада ва амсоли ин амалҳоеанд, ки инсон ба ҳаводис хусусияти инсонӣ дода, барои раҳои аз онҳо чораандешии тасаллибахши хаёливу рӯъёӣ намудааст.

  Омили дигар ин ниёзи инсонӣ аст. Мусаллам аст, ки инсон ҳамчун мавҷуди зинда дорои ниёзҳои моддист, ки муҳаррики асосии фаъолияти ӯ қарор гирифтаанд. Яъне ниёзҳои моддии инсон, ки асоси зиндагии ӯро ташкил медиҳанд, сабаб гардидаанд, то инсон роҳҳои гуногуни ҳалли онҳоро чораандешӣ намоянд. Чун барои қонеъ кардани ниёзҳояш имкон ва шароитҳои табиӣ ҳамеша муътадил ва яксон набудаанд. Гоҳе, ки ин ниёзҳоро бароварда карда наметавонист ва дар садади маргу зиндагӣ қарор мегирифт, ночор буд барои бароварда кардани ниёзҳои моддиаш ба амалкардҳое аз қабили дуохонию ибодат кардан ва мадад ҷӯстан аз падидаҳои атроф ва қувваҳои мовароӣ ақалан барои хеш умед ҷӯяд ва зеҳни ноороми хешро ором созад. Чун одами ночор ба ситез бо табиат буд ва ҳар лаҳза дар хатари ҳуҷуми ҳамнавъони худ ва ё ҳайвоноту ҳодисаҳои табиӣ, таҳаввулоти заминӣ буд, ба ин умеде кашонида мешуд, ки ӯ аз маҷмӯи қуввот  дархости кумак мекард ва пеш аз ҳама худро оромиш мебахшид ва гумон мекард, ки ин тарзи амалкард ӯро қудрат ва нерӯ мебахшад то тавонад дар баробари ин ҳаводиси кушанда истодагарӣ намояд ва хешро наҷот диҳад. Дар бархурдҳо гоҳҳо инсон шояд бо тасодуфе ва шояд воқеан ғолиб меомад гумон мекард ҳамон амалҳои анҷом додааш ки бо роҳи ибодат кардан, илтиҷо кардан, қурбонӣ додан ё парастиш кардани падидаю воқеаҳо ба амал омадаанд ҳатман таъсиргузор дар ин раванд будаанд. Яъне ғолибиятро на дар бартарии худ, балки ёрмандии қувваҳои мармуз медонист ва амалкардҳои қаблиашро дуруст ҳисобида ба онҳо мутмаъин мешуд.

 Омили дигари хурофаандешии инсонҳо он будааст, ки чун аз табиати инсон ноогоҳ будаанд ва қобилиятҳои инсонҳоро дуруст шинохта наметавонистаанд ва таъсири ҷамбаҳои биологию иҷтимоиро дар рушди инсон ташхис карда наметавонистаанд, аз ин ҷиҳат гумон мекардам, ки нафарони ки қобилияти бештар доранд онҳо асрорангез, муъҷизанок ва сарнавиштианд. Ҳамин боис гардидааст, ки як инсони ҳамнавъи  заминиро ки ҳеҷ қудрати мовароие надорад тахаюли хешро ба он бор кунанд ва аз он як вуҷуди фарозаминии дуруст кунанд ва онро мавриди ибодату парастиш қарор диҳанд. Ноогоҳи аз раванди ташаккули фард дар ҷомеа ва ба шахсият табдил ёфтани он асли ин падида аст.

 Қобили қайд аст, ки дар тамоми даврони мавҷудияти хеш башарият ҳамеша барои зинда мондан тадбирҳоеро андешидааст. Гоҳҳо ин тадбирҳо тадбирҳои таҷрибашуда, оқилона ва таъсиргузор буда гоҳҳо ин тадбирҳо хусусияти ниёиши, ибоадатӣ, тахаюлӣ ва эътиқодӣ доштаанд. Дар раванди таҳаввули донишҳои илмиву таҷрибии башар яхҳои кӯҳи хурофот бо расидани нурҳои хирад ором – ором аз он ваҳшати куҳане, ки дар зеҳни башар доштаанд, ба як чизҳои оддӣ ва маъмулӣ табдил ёфтаанд. Инсон бо мусаллат шудан ба донишҳои навин ва огоҳии илмӣ пайдо намудан дар баробари онҳо на танҳо аз бинишҳои қаблии хурофотии худ даст кашид, балки аз ин падидаҳои ваҳмангези пурасрор бо дарки хусусияту моҳияташон аз онҳо фарояндҳое ба вуҷуд овард, ки тавонистаанд ба сатҳу сифати зиндагии инсоният таъсири мусбии хешро гузоранд. Ҳарқадар башарият ба сатҳи тамаддун расидааст ва аз раванди илмии падидаю воқеаҳо огоҳтар мегардад онҳоро дигар на ситоиш, балки аз моҳияташон огоҳ гардида, аз онҳо ба манфияти худ ва пешрафти ҷомеаи худ истифода менамояд. Ҳарчанд ин маънои он надорад, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯзӣ хурофазадагӣ ва бовару андешаҳои хурофӣ ҷову макон надошта бошанд. Мусаллам аст, ки ҳамаи халқиятҳо ва мардумони ҷаҳон зина ба зина аз ҷамоаи бадавӣ аз ҳолати нимаваҳшигӣ ба тамаддун расидаанд ва ин роҳро дар дарозои садҳо ҳазор сол паймудаанд ва то дараҷаи имрӯзии ҷомеаи мутамаддин қарор гирифтаанд. Агар ба ин раванд аз назари илмӣ таваҷҷӯҳ намоем, дармеёбем, ки аз замоне  инсон бо хирад такя намудааст ва падидаю ҳодисаҳоро аз роҳи ақлу мантиқ мавриди баррасӣ қарор додаст, ҳазорон тадбир ва фарояндҳоро дар баробари мушкилоти табиию иҷтимоӣ ба миён овардааст. Суръати рушди ҷомеаҳои хешро садҳо баробар дар нисбати ҷомеаҳои пешин ба роҳ мондааст. Агар танҳо дастовардҳои башарро дар як қарни охир мавриди арзёбӣ қарор диҳем, таъсир ва вазни онҳо он қадар зиёд аст, ки дар тули миллион соли гузашта инсоният натавонистааст, ҳатто даҳ дар сади онро соҳиб шуда бошад. Ҳамаи ин пеш аз ҳама ба хирадгароии инсоният марбут аст, ки бо такя намудан ба ақлу мантиқ ва дарки дурусти ҳаводиси табиию иҷтимоӣ фанноварии навин сохта, ҳамвора дар пайи беҳбуд бахшидани зиндагии худ будааст.

  Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон хурофот ва нодонӣ бедод мекунад. Он ҷо ки хурофоту нодонист, мардум на аз ақл, балки аз ҷаҳл кор мегиранд. Ҷоҳилӣ мушкилро як бар сад меафзояд. Он ҷо ки ҷаҳолат аст ноадолатӣ, ҷабру зулм, нобаробарӣ ва фақру беморӣ бедод мекунад. Ҷомеаи хурофазада сахт осебпазир ва бадани иҷтимоии он заифу нопойдор аст. Мардумонаш бо донишу огоҳӣ ва хирадварзӣ дар ситез қарор мегирад. Хушбахтиву саодатро на дар амалкардҳои худ ва роҳҳои ҳалли ақлонии он, балки аз бегонагон ва қувваҳои мовароӣ интизоранд. Онҳо ҳамеша мутмаинанд, ки неку бадашон ва камиву костиашон марбути онҳо нест. Гӯё ба ҳамаи ин кадом омилҳои берунӣ (кишварҳои берунӣ) ё сарнавиштӣ таъсиргузоранд. Ин гуна ҷомеа ва мардум ба ҳайси қувваи арзони корӣ мавриди сӯистифодаи кишварҳои дигар қарор мегиранд. Захираҳои табииашон танҳо чун ашёи хом барои кишварҳои дигар хидмат мекунад. Илм ва ниҳодҳои илмиву маърифатӣ дар ин гуна ҷомеа ҷойгоҳи муассире надоранд. Олим ва омӯзгор ба ҳайси як қишри бе пушту паноҳ мақоми чандоне надорад. Баръакс мардум аз илммеҳварӣ бештар эътиқодмеҳваранд ва аз роҳҳои илмии ҳалли мушкилот, бештар думболаи ҳалли эътиқодии мушкилашонанд. Ин гунна тафаккур ва ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ сабаби он гардидааст, ки дар ин гуна кишварҳо маҷмӯи ниҳодҳои эътиқодӣ бештар аз ниҳодҳои илмианд. На танҳо ибодатгоҳҳо, балки ҳазорон макону ашёву ҳодисаҳо ба ҳайси «мушкилкушои» (Ин ҷо ба шумули ибодатгоҳҳои расмӣ, эшонҳо, дуохонҳо,ҷинбарорҳо, мазорҳо, чашмаҳо, қадамҷоҳо ва ғ. дар назаранд.) бовармандони ин навъи ҷомеа фаъоланд. Аз ин гуна тафаккур ва бовармандии ҷомаҳои мазкур истифода намуда, барои ноором кардани онҳо, таъсиргузорӣ намудан, ҳифз намудани бартарият ва нигоҳ доштану тавсияи манфиатҳои сиёсии хеш қудратҳои минтақавию  ҷаҳонӣ барои ин навъ кишварҳо ҳар рӯз дар пайи сохтани дину оини нав ва мазҳабу боварҳоанд.

  Вазъи асафбори  ҳамсоякишвари Афғонистон, ки дар лобалои фоҷиаи инсонӣ қарор дорад, робитаи ногусастание бо нодонӣ, тассубзадагӣ ва хурофотӣ будани ҷоеаи ин кишвар марбут аст. Дар ҳаводиси таърихӣ собит гардидааст, ки ҷомеаи таасубзадаи хурофотӣ муқовимати иҷтимоиро дар баробари хатароти беруна аз байн мебарад ва имунитети иҷтимоиву миллиро хусо месозад, ки дар баробари ҳар гуна ҳуҷуми бегонагон бефарқ хоҳад буд. Ҳамин ҳолатро гуруҳҳои манфиатхоҳи минтақавию байналмиллалӣ дар Афғонистон истифода намуда, ҳамагӣ дар давоми чанд рӯз ҳукумати марказиро дар ин кишвар бидуни муқовимат ишғол намуданд. Чунин вазъ ва чунин кишварҳои тассубзадаву нодон ва хурофотӣ туъмаи хубе барои қудратҳо мешаванд. Дар онҳо ҳар рӯз мазҳабу дини ва бовари наверо бо даъвиҳо ва гуруҳҳо сартопо мусаллаҳи мағзшӯишуда таъсис медиҳанду ин кишварҳоро ба гирдоби бало савқ медиҳанд. Нодонӣ ҳатман дар пайи хеш таассубро ба миён меоварад ва ифрот парвардаи таассуб аст. Нафари нодони хурофазадаву тассубиву ифротӣ таҳаммулпазириро аз даст дода, табдил ба фарди даҳшатафкан мешавад. Он дигар ҷуз ақидаи хеш ҷаҳонбинии хеш. бовари хеш, чизи дигареро қобили қиёс ва пазирш қарор дода наметавонад ва дар поёни кор ба як биороботи бераҳми инсонкуш табдил меёбад.

  Яке аз масоили печидае ки дар замони кунунӣ сахт изтироббарангез аст, дар қарни равон раво дидани хушунату нафрат дар нисбати ҳампешагони худ аст, ки он бо номи хушунат ва нафрати муқаддас ёд карда мешавад. Хушунат ва нафрати муқаддас аз он маншаъ мегирад, ки гурӯҳҳои муайян, ки бовармандиро ба ҳайси яке аз арзишҳои муҳими худ қарор додаанд, аз роҳи таҳаммулнопазирӣ ва мутлақ гардонидани боварҳои худ онҳоро ба ҳайси яке аз ҳақиқатҳои бебаҳс арзёбӣ намудаанд, ки ин боиси он гардидааст, ки хушунат ва фишору нобудиро бар алайҳи дигарандешон ҳамчун як василаи таъсиррасонӣ ва ин нафрату бадбиниро ҳамчун нафрати муқаддас ва муқарраршудаву фармудашуда арзёбӣ менамояд. Асри равон гурӯҳҳои ифротгаро талош мекунанд бо роҳи хушунату нафрати муқаддас аз вуҷуди хеш барои ҷаҳониён дарак бидиҳанд. Хушунате, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни исломгаро дар саросари кишварҳои ҷаҳон ба амал мепайванданд. Ин навъи хушунат аз ҷониби толибон, ДИИШ, Ансуруллоҳ, Ҷайши муҳаммадӣ, ҲИУ, Ҳизби исломии Туркистони шарқӣ ва амсоли инҳо сурат мегирад. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо чи аз назари равонӣ ва чи аз назари мафкуравӣ, то ҷое арзишҳои олии инсониро аз даст додаанд, ки наметавонанд бо мардум солим муносибат намоянд. Онҳо чунин меандешанд, ки ҳар нафаре ба дидгоҳи онҳо мувофиқу мутобиқ нест ва дастуроти онҳоро иҷро намесозад, он маҳкум ба муҷозот ва ҷисман аз байн бурдан аст. Аз лиҳози равонӣ ин нафарон ҳангоме, ки даст ба хушунат мезананд ва инсонҳоро ба нобудӣ мерасонанд, гӯё аз он як навъ лаззате бурда бошанд ва хешро қонеъу ризо эҳсос менамоянд. Ҳамаи ин аз он маншаъ мегирад, ки гӯё ин нафарон воқеан ба фармудаи иллоҳӣ ҳамаи ин амалкардҳоро анҷом медиҳанд. Бадтар аз ҳама он аст, ки инҳо чунин амалкардро пеш аз ҳама дар муқобили ҳамватанон ва ҳамзамонони худ анҷом медиҳанд. Имруз вақте ки ба ҳолати Афғонистон назар меафканем дар меёбем, ки ин кишвар то омадани толибон низ дорои низоми исломӣ буд. Вале толибон бо омадани худ   даҳҳо қатлу хушунат, табъизи ҷинсӣ, ба ҳошия рондани занҳо аз умури иҷтимоӣ ва амсоли инро анҷом медиҳанд, аммо аз ҳамаи ин амалкардҳояшон гӯё ба хотири дин аст ва он як навъ тоза кардани ҷомеа аз унсурҳои мусалмонӣ арзёбӣ мешавад. Инсон ҳайратзада мешавад, ки чаро бар алайҳи мардуми бечора ин ҳама ҷабру зулмро бо номи дину бовар раво мебинанд. Дар ҳоле, ки дину бовари ҳар нафар бояд дар ҷаҳони имрӯз ҳарими хусусии ӯ бошад. Имони фард кори фард аст ва онро намешавад аз роҳи зур ва зулму таадӣ ба мардумон бор кард. Аз тарафи дигар ин ҳама мардум диндору боварманд буданд, фақат ҳоло ки ба бовармандӣ нарисидаанд.Мутаассифона, ин гурӯҳҳо бо амлакардҳои худ дину боварро ба як чорчӯбаи табъизу хушунат, тарс додан ва кушторгоҳ табдил додаанд. Аксар аз инҳо монеъи асосии рушд ва андешаи кишварҳои мусалмонианд. Ҳарчанд инҳо зоҳиран даъвояшон гӯё раҳоиши мусалмонон бошанд, вале дар асл мазҳари ҳамаи ҷиноятҳо, бадбахтиҳо, нобудиҳо ва қатлу ғоратҳо аз онҳо маншаъ мегирад. Онҳо бо беиттилоии тамом ва нодида гирифтани раванди рушди инсонияту ҷомеаи инсонӣ, амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки танҳо бар алайҳи инсон ва нобудии инсоният равона гардидааст. Амалкарҳдои онҳо то андозае дар таноқузот қарор мегиранд  ки на дар чорчубаҳои бовармандӣ мутобиқанд ва на дар меъёрҳои дунявият. Онҳо аз номи дин баромад мекунанд, вале аввалтар аз ҳама бовармандони ҳамон дину оинро аз байн мебаранд. Онҳо аз номи дин тамоми арзишҳои дигари инсонӣ, аз ҷумла санъат, ҳунар, мусиқӣ ва офаринандагиро, ки ҷавҳари инсониятанд ва бо будани ҳамин авомили фарҳангӣ инсоният аз маҷмуи дигари махлуқи зинда фарқ мекунад, онҳоро мамнуъ эълон медоранд.Чунин ба назар мерасад, ки ин нафарон аслан аз ҷинси инсон набошанд. Ё дар онҳо аслан ҳисси отифаву эҳсоси зебоиписандӣ ва завқу салиқаи одамӣ мавҷуд нест. Аз ин рӯ онон бо ҳар чизе ки муҷиби фараҳу шодмонии инсонӣ аст бо он душмани сарсахтанд.Яъне ин гурӯҳҳо башарро ба даврони барбарияти аввалия ки ҳанӯз бисёре аз осори тамаддуни шакл нагирифта буд, бармегардонанд. Воқеан дар ҳар куҷое ки агар қудрати сиёсӣ бар дасти соҳибони чунин тафаккур андеша мегузарад, он қавм ва он миллатро ба таври куллӣ, нобудӣ таҳдид менамояд. Ин гуруҳҳҳо на танҳо бо арзишҳои имрӯзӣ, балки бо таърих ва осори тамадунии кишварҳо дар ҷанганд. Чунин ҳаводиси асафборро метавон дар Ироқу Сурия ва Афғонистон мушоҳида намуд, ки ёдгориҳои таърихии қадимияти ду сеҳазорсоларо аз байн бурдаву ҳанӯз бо онҳо дар ҷанганд.  

  Мусаллам аст, дар асри имрӯз ки асри илму фанноварӣ аст ҳеҷ як халқ ва ё кишваре наметавонад, бемавҷудияти ниҳодҳои омӯзишу паарвариш ва илму фанноварӣ рушд намояд ва зиндагии шоистаи табаъаю шаҳрвандони худашро таъмин созад. Имрӯз ҳарчанд захираҳои табииву ашёи хом ҳанӯз яке аз муҳимтарин мавод барои пешрафти саноату ҷомеаи сармоядорӣ аст, вале бо он нигоҳ накарда бе набуди дониш ва илму технологияи муосир онҳо наметавонанд, барои як ҷомеа корсоз ва зарурӣ бошанд. Вобаста ба ҳамин вазъ аксар аз онҳое ки яъне манзур қудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз гуруҳҳои ифротгаро суистифода менамяонд, ба хотири аз байн бурдани маорифи дунявӣ ва донишҳои муосири инсонӣ дар кишварҳои муаян аст. зеро гоҳе ки чунин ҳолат рух медиҳад, ҳарчанд ин кишварҳо дорои захираҳои муаяни ашёи хом бошанд ҳам вале онҳо бе мавҷудияти мутахассисони ҳирфаиву фанноварии навин наметавонанд аз ин захирот ба тарзи густурда истифода намоянд ва сатҳу сифати зиндагонии моддии хешро тағийр дода оноро беҳтар намоянд аз ҷониби дигар як масъала бисёр равшан аст, ки дар ҳар куҷое гурҳҳои ифротгаро рушд мекунанд ва хушунати муқаддас ба як амали маъмулӣ табдил меёбад аз аввлаин нафроне, ки қурбонии ин вазъ мегарданд, донишмандон, огоҳон ва қишри бедори ҷомеа бахусус мутахассисони ҳирфаӣ мебошанд. Чун аксар аз огоҳону донишмандон наметавонанд бар он даста аз боварҳои маҳдуд ва хушунатомези ин нафарон хомуш истанд ё худро ба он мутобиқ созанд, ҳамин аст, ки байни ин ду гурӯҳ бархудрҳои лафзиву маънавии ба вуҷуд меояд ва чун гурӯҳҳои ифротгаро хусусияти таҳаммулпазирӣ надоранд, онҳо бешак аз хушунат ва озори ҷисмӣ, таҳдиднамудан, барчаспҳои гуногун задан дар нисбати огоҳону донишмандон кор мегиранд, ки ин боис мегардад, табақаҳои огоҳи ҷомеа ба шумули донишмандону мутахассисони ҳирфаӣ тарки ин кишварҳо мекунанд ва дар натиҷа фирори густурдаи мағзҳо ба вуҷуд меоянд ва ҷомеа аз нафарони огоҳ холӣ мегарадад. Дар ҳар ҷое ин гуруҳҳо мустақар мешаванд донишмандону огоҳон аз он марз куч мебанданд. Зеро ин гуруҳҳо ҳамеша душмани сарсахти дониш ва хираду заковатанд. Ифротгароёну таасубзадагон хуб медонанд, ки донишмандону зиёиён нурбахши роҳи мардумонанд. Аҳли ҷомеа ҳар қадар огоҳ ва хирадпеша бошад, ҳамон қадар ба афкору ҷаҳонбинии хурофотиву таасубӣ ба назари нафрат нигариста бебунёдиву монеъи рушд буданӣ онро фош месозаду ба тасубзадагон гуш намедиҳад. Ин аст, ки ин ифротгароён душмани сарсахти илму маърифат ва огоҳиву хираданд. Мафкураи онҳо бар пояи ҷаҳлу нодонӣ бино ёфтааст. Аз ин ҷиҳат ҳар ҷо ки онҳо қудрат ва ҷои по пайдо намоянд, аз аввалин кореро, ки анҷом медиҳанд, тахлияи ҷомеа аз донишмандону огоҳон хоҳад буд. Чунин навъи халои маънавӣ як фазои мусоидест барои ифротгароён ва нигоҳ доштани мардум дар низомҳои  бастаи саркӯбгар. Онҳо низоми омӯзишу парваришро ба меъёрҳои хеш роҳандозӣ намуда, афродро дар рӯҳияе тарбият менамоянд, ки танҳо як огоҳии хира ва таассубиву хурофотӣ аз дидгоҳҳои бовармандии онон дошта бошанд. Яъне илму дониш барои исломгароён на илму дониши муосир аст, ки инсонро ба ҷаҳони муосир созгору огоҳ намояд, балки ҳамон маҷмуаи афкори таасубиву хурофотиест, ки биороботҳои таассубии навро ба миён меоварад. Биороботҳое, ки ҳеҷ навъи тасаввуру огоҳӣ аз ҷаҳон, аз инсон ва аз ҷомеа надоранд. Онҳо илло чанд аҳкоме ки барояшон таълим додаанд, дигар аз ҳама чиз бехабаранд. Бар замми ин чунон мағзшӯишудаанд, ки на донистан мехоҳанд ва на назари дигаронро қабул доранд. Низоми омӯзишу парвариши онҳо ҳамон низоми асри миёнагӣ ва ҳатто хело ва хело қаблтар аз он аст, ки ба ҳеҷ як аз меъёрҳои ҷаҳони муосир мувофиқ нест.Ҳар қадар афроди ҷомеа  нодонтар бошанд, ҳамон қадар ин ҷомеа осебпазир ва пур аз мушкилӣ аст. Он ҷо ки афроди ҷомеа наметавонанд, ниёзҳои худро бароварда кунанд мушкилоти зистӣ боз ҳам печидатар мегардад ва мардум навмедтар мешаванд. Онон дигар ба неруҳои инсонии худ такя накарда, баръакс рӯ ба қувваҳои мармузи осмонӣ меоваранд. Яъне ҳолати навмедӣ ҳолатест, ки дар пайи худ боз ҳам таасубу хурофотро густариш медиҳад. Тарвиҷи нодониву ноогоҳи ва таасубу хурофот дар пайи худ умри гуруҳҳои ифротгарроро тулонитар мекунад ва ба қавли мардумӣ “ ба осиёби онҳо об мерезад”.   

  Ҷомеаи хурофазада таассубзада низ ҳаст. Зеро бошандагони ин навъ ҷомеа он қадар ба хурофот бовар кардаанд, ки ҳеҷ намехоҳанд  ин бовари хурофотии хешро раҳо созанд ва ба ҷаҳон ба назари илмиву воқеӣ нигаранд. Он қадар ҳасосанд, ки  мисли кӯдак намехоҳанд ин хоби ширини хурофотии хешро ба воқеъият иваз намоянд. Зеро дар андешаи хурофотӣ масъулият бар души фард нест, балки масъулият ҳавола бар қувваҳои мармузи осмонист, бар сарнавишт аст. Сарнавишт бошад роҳи фирор аз масъулиятпазириву посухгӯист. Дар хирадварзиву ҷаҳонфаҳмии илмӣ ҳар фард, ҳар ниҳод ва ҳар ҷомеа посухгӯи амалкардҳои худ аст. Нуқс ва айбро, омилу сабаби оқибмондагиро дар худ меҷӯянд. Саодату садоқати ҷомеаи хирадмеҳвар аз амалкардҳои ҳамаи афроди ин ҷомеа аст, вале дар ҷомеаи хурофазада он қадар бошандагонаш ғутавар дар ботлоқи тахаюли хешанд, ки агар нафаре  назари воқеиеро баён созад ва дар тасмими огоҳ намудани ҷомеаи хеш аз ин мушкили меҳварӣ бошад, ба он ҳазорон навъ тавтеаву барчаспҳоро дуруст мекунанд.

  Бояд як нуктаро хотирнишон кард, ки ҳар ҷомеа ва давлату кишвар танҳо аз роҳи хирадандешӣ ва такя намудан ба ҷаҳонбинии илмӣ, бартарият додан ба ниҳодҳои илмӣ ва омӯзгору мактабу маориф метавонад хешро ба ҷаҳони мутамаддини имрӯз ҳампо созад. Зеро ҷаҳони имрӯз ҷаҳонии илммеҳвар аст. Вагарна дар раванди босуръати пешрафти илму фанноварӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷомеаҳо ва давлатмиллатҳои хурофазада аз байн хоҳанд рафт ё ҳуввияту ҳайсияти худро аз даст дода табдил ба ҳуввиятҳои дигар хоҳанд шуд, ё дар бархӯрдҳои ақидатии боварманди мутақобила, ки барояшон бегонагон дуруст кардаанд, хешро нобуд хоҳанд сохт.  Вобаста ба вазъияти дар боло ишора шуда ҳар нафаре аз афроди кишварро, ки хешро дар назди ояндагон масъул меҳисобад ва ояндаи миллат ва давлату кишвар барояш муҳим аст, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ ӯро зарур аст, то ҷиҳати берун овардани ҷомеа аз хурофазадагӣ ва раҳнамуд сохтани он ба самти хирадварзиву илммеҳварӣ нерӯ ва амалкардҳои хешро равона созад. Зеро:

Роҳи миллат агар аз нури хирад равшанӣ нест,

Бо ҷаҳолат ҳама маҳкуми фано хоҳад буд!

 

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 879 маротиба