Забон, ба назари файласуфи шаҳири садаи бисти олмонӣ Мартин Ҳайдеггер, “хонаи вуҷуд аст” ва олами ҳастиро бидуни дар назар гирифтани такаллум ва муоширати забонӣ аслан арзиш надорад. Гузашта аз ин, забон воқеият, таърих, сиёсат, тамаддун, фарҳанг ва моддиёту маънавиёти як қавму миллатро дар ойинаи тамомнамои худ таҷассум мекунад. Забони форсии дарии тоҷикӣ, новобаста аз шебу фарози рӯзгор ва фишору тааррӯзи дохилию хориҷӣ тайи таърихи тӯлонӣ аз миллат ва фарҳанги миллӣ дифоъ кардааст. Ба сухани равшантар, забони мо ҳувият ва пайкари миллатро аз газанди рӯзгор ҳифзу ҳимоят кардааст ва то имрӯз ҳамин рисолатро иҷро менамояд. Дар ин робита ва дар партави Рӯзи забони давлатӣ чанд нуктаи мухтасарро ишора мекунем:
Бо назардошти оне, ки миллати тоҷик тӯлӣ зиёда аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлати қарор дошт ва инчунин як қисмати таърихи дури миллат дар даврони Шӯравӣ буд,ба даст овардани Истиқлол баҳри шаклгири давлати миллӣ ва эҳёӣ фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Яке аз сабабҳои вуҷуди миллати тоҷик дар тӯлӣ таърихи ҷаҳон бо вуҷуди бедавлати баъд аз аҳди Сомониён ин забони миллӣ мебошад. Бо шарофати ҳифз ва инкишофи забони тоҷикӣ дар тамоми таърих, имрӯз миллат соҳиби давлати миллии худ буда, соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлатро таъмин намудааст. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои фарохро баҳри бунёди давлати миллӣ фароҳам овард. Яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ин забон мебошад. Дастоварди бузургӣ миллати тоҷик баъд аз истиқлол ин қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Акбар Турсон)
Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз овони наврасӣ устод Акбари Турсон бо ташвиқи падари бузургвор ва муаллимони сахтгири рӯзгор ба омӯзиши кайҳони беохир, фазои ҷирмонӣ, ҳисобу китоби масофаву ҳаҷми аносири улвию суфлӣ (самовию заминӣ) ва ҷузъиёту куллиёти олами ҳастӣ камари ҳиммат барбаста, дар ин замина такмили дониш кард. Баъди хатми факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (соли 1961) умри хешро ба илм пайванд медиҳад ва дар бонуфузтарин марказҳои илми вақти шӯравӣ такмили донишу маърифат мекунад.
Шароити кунунии ҷаҳони имрӯза, таҳаввулот дар системаи сиёсии давлатҳо, бархӯрди тамаддунҳо, таҳдид ва хатарҳои глобалӣ, пайдоиши падидаҳои номатлуби аср ва маҳдуд гаштани захираҳои табиӣ ҳаёти одамон ва сиёсати давлатҳоро ба ҳам вобаста намуд. Фазои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯзаро рақобатҳои шадиди иқтисодӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо тира намуда, воқеӣ гаштани падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва ваҳдати олами инсониро зери суол бурдааст. Бо пайдоиши тамаддуни нави башарӣ дар масири ҷаҳонишавӣ мавқеи давлатҳои миллиро дар самти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мустаҳкам намуд, ки ин раванд ба шаклгирии онҳо ҳамчун давлати миллӣ мусоидат намуд.