Мутаассифона, он арзишҳое, ки ба тафаккури зебоипарастии мардуми одӣ хос мебошанд, дар адабиёти китобӣ, хосатан дар эҷодиёти шоирони гузашта камтар роҳ ёфтаанд. Зеро сиёсати замон ва пешвоёни адабиёти дарборӣ имкон намедод, ки дар марказҳои адабӣ мероси фарҳангии мардум мавриди тарғибу омӯзиш қарор дода шавад. Бо вуҷуди ин ки ташаккули фарҳанги мардум хеле дер ба амал омада буд, он барои зуҳури адабиёти китобӣ заминаҳои воқеиро ба вуҷуд овард.
Дар рӯзгори мо бархе бо нияту ҳадафҳои муайян ҳувияти миллии кишварҳои соҳибтамаддунро нишон гирифта, мехоҳанд, дар тафаккури мардум ба ҷойи фарҳанги асили миллӣ бераҳмиву бадкуниширо ба вуҷуд оваранд ва насле беоянда ва беҳувияти миллию динӣ замину замонро ба нестӣ барад. Ин қасд ва нияти бепояи ҷаҳонхоҳон ҳамеша мардумони сайёраро таҳдид мекард, хосатан дар солҳои охир зери мафҳуми “ҷаҳонишавӣ” ин ҳадаф бо либосҳои шинаму дилкаш бештар таваҷҷуҳи насли имрӯзро ба худ ҷалб карда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин таҳдидҳо ва ҳифзи фарҳанги ҳазорсолаи ниёгон солҳои 2019 – 2021-ро “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд, то мардуми тоҷик дар замони пуртаззод ва пурихтилоф арзишҳои миллии худро омӯзад, донад ва дар ҳифзи онҳо ҳамеша омода бошад. Ин тасмимро Пешвои миллат бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа гирифта, институтҳои илмиву таҳқиқотӣ ва умуман, қишри зиёии мамлакатро муваззаф сохтанд, ки ба масъалаҳои таҳқиқу таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоянд. Дар доираи Паёми соли 2019 Пешвои миллат назди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, ки таърихи миллат барояш азиз аст, чунин масъалагузорӣ намуданд: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”[2].
Чи хеле ки мебинем, барои ҳифз ва бузургдошти фарҳанги мардумӣ, пеш аз ҳама, пажӯҳиш ва омӯзиши суннатҳои он зарур мебошад, то насли оянда аз шинохти дурусти он дар канор намонад. Яке аз роҳҳои дигари ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу ташвиқи анъанаву суннатҳои халқӣ, ки дар фарҳанги мардумӣ мунсаҷим шудаанд, баррасии осори адибон ва фарҳангиён мебошад, зеро ағлаби онҳо аз унсурҳои фарҳанги омма баҳраҳо бурда, сатҳи эҷодии худро боло бардоштаанд ва яке аз онҳо шоири шаҳир ва дардошнои мо устод Лоиқ Шералӣ мебошад.
Устод Лоиқ аз солҳои 60-уми қарни ХХ сар карда, дар мақолаҳои худ анъана ва расму ойинҳои мардумро инъикос намуда, барои эҳё ва густариши ҷашну маросимҳои миллию мардумӣ нақши муҳим бозида, дар дифоъ аз суннатҳои миллӣ алайҳи сиёсати замон ҳадафмандона қад алам намуд. Устод Лоиқ Шералӣ дар ин муборизаҳо ҳамеша дар радифи донишмандон ва эҷодкорони миллатдӯст қарор дошта, дар дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикон, забон ва фарҳанги миллии онон кӯшишу талоши зиёд намудааст. Аз аввалин нигоштаҳои шоир бармеояд, ӯ бо тарғиби фарҳанги мардум садои эътирози худро аз нуқсон ва норасоиҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар баланд намуд. Аз ҳар мисраи сурудаҳои ӯ дарк кардан мумкин аст, ки вай на фақат дар зери таъсири фарҳанги омма буд, балки ҳар унсурҳои фарҳанги мардумро хеле дақиқ омӯхта, онҳоро аз назари эҷодӣ коркард ва бо маҳорати баланди эҷодӣ дар мавридҳои муносиб баҳри бедор намудани тафаккури миллӣ истифода намудааст. Аз мутолиаи дақиқи ашъори ӯ маълум мешавад, ки суннатҳои мардумӣ дар шеъри ӯ вобаста ба шавқу эҳсоси мардум коркарди махсус ёфтаанд, бинобар ин шеъри Лоиқ дар мусиқии мардумӣ, дар суҳбатҳои намояндагони табақаҳои гуногун ва чорабинию маъракаҳо ҳамеша ҷойгоҳи худро дошту дорад.
Устод аз таърихи пурфоҷиаи миллати тоҷик огоҳӣ дорад ва медонад, ки аз ҷабру зулм ва бедодию ранҷи Искандар, истилои бераҳмонаи араб, хунрезиҳои Чингиз, бераҳмию сарбуриҳои Темур ва Темуриён миллати “сарсон дар сарои таърих” – тоҷик аз тамоми имконоти иҷтимоию сиёсӣ маҳрум монд ва маҳз ҳамин арзишҳои мардумӣ ва забони тавонои ӯ дар арсаи таърих мавҷудияташро дар ҳар гӯшаву канори сайёра нигоҳ дошт. Устод Лоиқ аз ин бераҳмиҳои таърих ба ҳайрат меояд ва суоле ба миён мегузорад, ки ҳар як фарзанди ин миллати ҷафокашидаро ба андеша мебарад:
Шаҳидони кафангулгуни тоҷик,
Замин ғарқа шуда дар хуни тоҷик.
Магар дар арсаи таърихи золим,
Бувад қурбон шудан мазмуни «тоҷик»?!
Дар ашъори шоир калимаи “тоҷик” зиёда аз 353 маротиба такрор шудааст ва дар ҳар маротиб шоир як фоҷеаи ин миллатро ёд мекунад ва хонандаи худро аз ҳаводису рӯйдодҳои хатарзо ҳушдор додан мехоҳад.
Ҳалқа чандон танг шуд, ки оқибат,
Тоҷик аз тоҷик будан хаста шуд.
Дур шуд аз хеш чун милоди хеш,
Бо ҳама ворастагӣ вобаста шуд.
Ду абаршаҳри Аҷам зери табар шуд,
Ду қадамгоҳи бузургон доми дам шуд.
Баъд аз он гарданфарозиҳои фарҳангиву сарҳангӣ
Гардани тоҷик хам шуд...
Ҳамин гуна фоҷеаҳои дирӯзу имрӯз, ки ба нестии мардуми тоҷик равона шуда буданд, Лоиқро маҷбур сохтааст, ки шохисҳои миллии кишвари азизашро дар шеър зинда кунад ва онҳоро барои ҳамеша дар қалби таърих ҷовидон созад. Шоири азиз ва ҷовидонаи мо, агар фоҷеаи миллати тоҷикро баён кунад, онро тарзе коркард мекунад, ки хонанда худро яке аз муҷримони он медонад ва ё агар яке аз суннатҳои мардумро ба ҷомаи шеър дарздӯзӣ намояд, хонанда онро боифтихор ба бар кардан мехоҳад. Лоиқ ҳаргиз ба гузаштаи миллати худ нафрат надорад ва ин ҳисси бадбиниро нисбати ниёгон дар зеҳни хонандаи худ таҳмил кардан намехоҳад. Масалан, дар шеъри “Китобони шаҳид” шоир дар симои ҳар як китобе, ки душманони миллат дар оташи қаҳру ғазабу нодонии худ даронданд, нобуд сохтанд ва сӯхтанд, ҷавонмардонеро мебинад, ки дар майдони ҳарбу зарби таърих бар алайҳи бераҳмиҳои душманони инсоният ҷангида, бо ин ҷасорати худ мағлубнопазирии халқи тоҷикро нишон додаанд:
Шумо ҳам аскаре будед, бас размоварӣ кардед.
Шумо ҳам сафдаре будед, алҳақ сафдарӣ кардед.
Шумо бо ақлҳои тира ҷангидед,
Шумо бо мағзҳои хира ҷангидед,
Шумо бо зуъми кӯрони замони хеш,
Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш ,
Чи ҷанги беамон кардед, к-охир қаҳрамон мурдед.
Кунун ман аз замону аз ҳақиқат як талаб дорам,
Ки аз баҳри шумо ҳам ҳайкале созанд
Ба сони ҳайкале бар ёдгори аскари гумном,
Ва тарҳи ӯ чунин бошад:
Китоби даргирифта дар сари дасте,
Зи ҳар сафҳа шароре барҷаҳад ҷовид,
Шароре барҷаҳад то хонаи хуршед...
Шумо ҳам баски машъал будаед андар замони хеш,
Ки бо нури шумо меҷуст инсоне ҷаҳони хеш...
Аз мутолиаи дақиқ ва амиқи ашъори ӯ бармеояд, ки шоир зимни офаридани маъниҳои тозаи шоирона ва эҷоди саҳнаҳои ҷолиби зиндагӣ дар шеъраш коркардҳои махсус ёфтааст, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз: зиндагии шоир ва ҳасби ҳоли мардум, мазмунҳои иҷтимоӣ, бузургдошти модар, тасвири баъзе саҳнаҳои ишқу ошиқӣ, вусъатбахшии дунёи тахайюл, тасвир ва образофарӣ ва амсоли инҳо.
Шеъри Лоиқ ин зиндагиномаи худи ӯст. Агар ба рӯзгори ӯ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки шоир бисёр мазмунҳои нодирро аз зиндагии мардум, ки бо худи ӯ бархӯрд шудааст, баргирифтааст. Танҳо шоири азизи миллат ҷойгоҳи истифодаи ҳар унсури мардумиро пайдо карда, онро бо “тешаи хаёл” коркард карда, дар пайкари шеъри худ ҷой додааст.
Модар ва бузургдошти он яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Лоиқ Шералӣ мебошад. Дар зери мафҳуми вожаи “модар” шоир тамоми расму ойини рӯзгори тоҷиконаро дар доираи тасвирҳои воқеӣ ва дилкаш ғунҷондааст. Ҳамзамон шоир зимни тасвири симои модар маъниҳое дарёфтааст, ки бузургиву фидокориҳои модари тоҷикро таҷассум менамоянд.
Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,
Сӯи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам...
Шоир дар эҳтиром ва бузургдошти падар низ мехоҳад ҷавонмардии гузаштагонамонро ба тасвир кашида, аз ойинҳое, ки дар байни тоҷикон маъмул буд, ёд кунад ва онҳоро дар симои падари худ ба ҷилва дароварад:
Падарам, эй падари деҳқонам,
Ту ҳамехостӣ деҳқон бошам.
Наравам як қадам аз деҳ берун,
Бандаи мазҳабу имон бошам.
Ту ҳамехостӣ Қуръон хонам,
Ки аз ӯ маърифате боло нест.
Ту ҳамехостӣ мулло бошам,
Баски дар деҳкада як мулло нест.
Ту ҳамехостӣ, ки ҳамраҳи ту
Тухм пошам ба заминҳои куҳан.
Даравам гандуму хирман кӯбам,
Давр гардам чу ту гирди хирман.
Рӯзгори кӯдакии мо дар домони модар ва дар гоҳвора бо дасту пойи баста сар мешавад ва дар байни мардуми тоҷик маъракаи гаҳвораҷунбон хеле маълум мебошад. Занони куҳансоли диёр бар сари гоҳвора ҷамъ меоянд ва бо дуову ниёиш ба рӯзгори гаҳворагии тифл ҳусни оғоз мебахшанд. Устод Лоиқ ба ин анъанаи неки мардумӣ таваҷҷуҳи хос дорад ва аз он маъниҳои тозаеро коркард намуда, дар чашми хонандаи шеъри худ саҳнаҳои пурҳикматеро ба намоиш мегузорад:
Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гоҳвора баста буданд.
Сари гаҳвораам биншаста ёрон,
Бароям номи лоиқ ҷуста буданд.
Ду дасту пои ман муҳкам бубастанд,
Ки донам қадри дасту пои озод.
Дилам мисли асир озодӣ ҷӯяд,
Биҷӯяд дар ҷаҳон паҳнои обод.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки аз баҳри халосӣ ёбам имкон,
Ки то дар ҷунбиши гаҳвораи хеш
Барои худ шавам тақдирҷунбон.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки қадри хонаободӣ бидонам.
Кушоям худ гиреҳ аз мушкили худ,
Зи хурдӣ қадри озодӣ бидонам.
Соли 2000 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар бораи устод Лоиқ тадқиқоти пуразишеро таҳти унвони “Лоиқе чун Лоиқе”[3] анҷом дода, аҳамияти силсилаи “Модарнома”-и шоирро дар инъикоси равшани суннату ойинҳои мардумӣ донистааст: ”Лоиқ он мушаххасотеро, ки ҳангоми эҷоди шеъри “Ба модарам” истифода кард ва басаропойи қаҳрамони лирикиаш пироҳани хоси миллӣ пӯшонид, дар шеърҳои ошиқиаш ба кор бурд ва миллияти сурудаҳои худро ба маротиб афзуд”[4]. Ин баҳои шоирро месазад ба ҳар шеъри силсилаи “Модарнома” нисбат дод, зеро дар ҳар як шеъри ба модар бахшидааш шоир тавонистааст, як ё якчанд ойини мардумӣ ва ё арзишҳои миллиро дар либоси бадеият ба ҷилва биоварад.
Баччагӣ айёми хеле дилангез ва зебои умри инсон аст. Шоир дар шеъри “Баччагӣ”, ки ба бародараш Шариф бахшида шудааст, беҳтарин лаҳзаҳои ин даврони бебозгашт ва беғамиро ба риштаи тасвир мекашад. Дар ин ҷо шоир бештар аз рафтани умри одам ба афсӯсу дареғ ёд мекунад ва ба ин васила таваҷҷуҳи хонандаро ба суннатҳои мардумӣ, ки ба ин даврон иртибот доранд, ҷалб месозад ва дар онҳо ҳикмату маънии тозаро мепӯшонад. Ба ёди шоир “суруди яккафарёд”-е, ки “шабонгоҳии хирманкӯб” мардуми кӯҳистон мехонданд, меояд ва воқеоти ин айёмро дар дили ӯ бедор менамояд. Вале ҳама ин баробари умри гузарон аз дасти одам меравад ва ин рафтанҳоро шоир бо ин байт хеле ҷолиб ҷамъбаст менамояд:
Дареғо, баччагӣ ҳамчун гули каҳ бод шуд, тай шуд,
Аз он хирман мани дунёнадида мисли дон мондам.
Дар ин ҷо шоир “бачагӣ”-ро ба “гули каҳ” ташбеҳ медиҳад, ки аз бозёфтҳои шоиронаи Лоиқ мебошад. Агар шоир, аз як ҷониб, давраи хирманкӯбии мардуми тоҷикро пеши назар оварад, аз ҷониби дигар, онро аз ҷумлаи ташвишҳои даврони бачагии худ қаламдод мекунад.
Дар ин рӯзгори заҳмату меҳнат дар хаёли шоир саҳнаи дигар намоён мешавад, ки духтари даравгари кӯҳистонӣ суруди нолаомезе бар лаб баҳори умрашро мегузаронад. Дар тасвири ин манзара ҳам таваҷҷуҳи шоирро “муҳраи мор” ва “рӯмоли шоҳӣ” ба худ ҷалб менамояд, ки ҳар яки онҳоро метавон аз унсурҳои фарҳанги мардумӣ донист:
Суруди нолаомези даравгардухтареро ёд меорам,
Ба гардан муҳраи мору ба сар рӯмоли шоҳӣ дошт.
Ду рухсори сафедаш сӯхта аз гармии хуршед,
Нигоҳи шармгине, пурсукуте, бепаноҳе дошт.
Шоир ба хотири он ки ин рафтанҳоро ҷуброн намояд, боз мехоҳад чун кӯдаке ба дунёи баччагӣ баргардад ва дар оғӯши ин дунёи зебову нотакрор суннатҳои мардумиро зинда созад ва ба умри худ ва ҳамсолонаш маънии тоза бахшад:
...Вале якумр мехоҳам бад-ин сон зиндагӣ кардан:
Баҳорон бойчечак чида овардан ба ҳар як хона яктоӣ,
Ки то аз дасти ман бинанд рӯи навбаҳоронро,
Гули дидори он зебоарӯси рӯзгоронро.
Дигар давлат намехоҳам аз ин дунёи пурсавдо,
Тамоми умр мехоҳам бад-ин сон зиндагӣ кардан,
Тамоми умр кӯдак будану тифлона хандидан,
Зи оғози баҳори зиндагӣ пайғом овардан...
Дар шеъри муосири тоҷик чунин тарзи тасвир ва аз ҳар як ҷузъиёти фарҳанги мардумӣ маъниҳо бардоштан назир надорад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки истеъдод ва маҳорати баланди суханварӣ танҳо ба Лоиқ даст додааст, ки чунин лаҳзаҳои зебои зиндагии мардумро бо диди тоза нигарад ва дар онҳо даврони гузаштаи мардумро зебову дилнишин ба ҷилва дароварад.
Лоиқ на фақат ба суннатҳои мардумӣ назари нек дорад, ҳамчунин баъзе расму одати мардуми кӯҳистонро айнан дар либоси шеър ороста мегардонад, то худи хонанда аз он саҳнаи ҷолиб маъние пайдо намояд. Масалан, дар шеъри “Ду масчоҳӣ дар овринг” шоир лаҳзаеро пеши назари хонанда меоварад, ки дар тангроҳи кӯҳистон ду масчоҳӣ бо маркабҳои пурбори худ рӯ ба рӯ меоянд. Дар ин роҳҳои тангу торик бояд яке аз мусофирон роҳро барои мусофири дигар озод кунад. Мувофиқи расму одоти мардуми ин диёр, он маркаб бо соҳиби худ роҳ меёбад, ки бораш бақадртар бошад. Саҳнаи хеле ҷолиб ва ҳадаф аз бархӯрди ду соҳибмаркаб тарғиби ҳимматбаландӣ ва ҷавонмардии мардуми кӯҳистон мебошад, ки бидуни ҷангу гиребондарронӣ ба якдигар эҳтиром мегузоштанд. Бо вуҷуди ин шоир дар мақтаи шеъри мазкур хонандаро водор месозад, ки дар сари рафтори ин мусофирони кӯҳистонӣ андеша намояд ва хулосабарорӣ кунад:
Қазоро рӯзи равшан ё намози шом
Агар дар овринге нобаҳангом
Ду масчоҳӣ
Зи дунболи ду маркаб –
Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ меомаданд,
Агар имкони вопас рафтани маркаб намебуд,
Хару бори касе беқадртар бошад,
ба ҷанҷоле наарзад,
Ба дарё, ё ба варта мефиканданд
аз сари мардӣ,
Ки то бору хари боқадртар осон гузар созад...
Чӣ ҳикмат дорад ин ҳиммат? Нафаҳмидед?...
Дар ашъори Лоиқ истифодаи зарбулмасалу мақол бисёр ба назар мерасад. Зарбулмасалу мақол ва ибораҳои маҷозӣ хазинаи бузурги фарҳанги мардумӣ буда, шоирону нависандагон онҳоро барои пуробуранг ва таъсирбахш ифода ёфтани сухан истифода мебаранд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи ин воҳидҳои забонӣ аз эҷодкор маҳорати хеле баланди эҷодиро тақозо мекунанд. Яке аз воситаҳои эъҷози ҳунари шоир ин, пеш аз ҳама, дар мавриди муносиб истифодаи зарбулмасалу мақол ва ибораҳои маҷозӣ ба ҳисоб меравад. Лоиқ Шералӣ ин воситаҳои муассири суханро дар шеъри худ хеле фаровон истифода менамояд.
Масалан, дар ин рубоӣ шоир ифодаи “гилеми худро аз об кашидан”, яъне аз уҳдаи зиндагии худ баромадан ва “гилем шудан”, яъне соҳибном шуданро хеле устодона истифода менамояд:
Ҳар дам ба рӯи бори ман сарбор мезананд,
Доғи дигар ба синаи афгор мезананд.
Гуфтам, гилеми хешро берун кашам зи об,
Лоиқ гилем шуд, ки ба девор мезананд.
Ин ифодаро шоир дар байти зер низ овардааст:
Фиреби дунё, ғироми дилҳо битохт бар мо чу сели кӯҳҳо,
Гилеми худро кашидан аз об на ту тавонӣ, на ман тавонам.
Чунин ба назар мерасад, ки мисраи дуюми байти мазкур бофтаи худи шоир мебошад, ки маънои ба ҳам наомадан ё ба муросо наомадани ду нафарро хеле хуб ифода кардааст:
Дигар ту маро дар лаби он ҷӯй маҷӯй,
Оби ману ту намеравад дар як ҷӯй.
Шоир гоҳо баъзе маҷолҳоро бо каме тағйирот кор фармудааст. Масалан, ифодаи “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”-ро шоир бо каме тағйирот овардааст:
Санҷидаву дидем, басо таҷриба кардем,
Ҳам лаъл ба каф н-омаду ҳам ёр биранҷид.
Зарбулмасали “хомӯшӣ тиллост” дар байни мардум хеле маълум аст ва шоир онро ба тариқи зер овардааст:
Қадри тиллоро физоянд аз замин то осмон,
Хомушӣ тиллост, ин тилло чаро қимат нашуд?
Дар ин ҷо якчанд байтҳоеро меорем, ки шоир дар онҳо зарбулмасалу мақол ва ифодаҳои маҷозиро хеле бо маҳорати баланди эҷодӣ дар пайкари шеъри худ ғунҷондааст:
доғи фарзанд-ғаму андӯҳ
Нахурда мевае аз боғи фарзанд,
Намирад бандае аз доғи фарзанд.
аз ҳар саг устухоне қарздор будан- қарздори зиёд будан
Худовандо, чӣ ҳолу рӯз дорам,
Ки сутхоне зи ҳар саг қарздорам.
хашм фурӯ бурдан-ғазабнок нашудан
Хашми фурӯхӯрдаам қуббаи хокам шавад,
Оташи бетобиям сардии гӯри ман аст.
сарам ба осмон расидан- беҳад хурсанд шудан
Ту омадӣ, зи шодиям, сарам ба осмон расид,
Сарам ба осмон расид, лабам ба он лабон расид.
даҳ панҷа ҳунар- ҳунарманд будан
Мо ду бародарем, зи покизагавҳарем,
Даҳ панҷамон ҳунар, ки чунин даст бар сарем.
аз мӯй мадад ҷӯстан- ноилоҷ мондан
Гаҳе занҷир бигсастам, гаҳе дар мӯй дар мондам,
Гаҳе аз мӯ мадад ҷустам, чу ҳукми рӯзгорам буд.
навбат дар осиё – давр ё замони касе фаро расидан
Навбатат гар омада дар осиё, навбат бирон,
Лек исёну ғурури осиёнро гум макун.
устухон орд шудан– таҷриба пайдо кардан, азоб кашидан
Осмон, дар оси ту бас устухонам орд шуд,
Ҳаққи навбат деҳ даме бо ишқи ҷонфарсо маро.
Мукофоти амал– натиҷаи кору рафтори касе
Мукофоти амал меҷӯӣ ҳар ҷое, ки по монӣ,
Вале дар ҳар қадам марги муфоҷоро намедонӣ.
Лоиқ калимаю ибораҳоеро истифода менамояд, ки дар шеъри муосири тоҷик истифодаи онҳо қариб ба назар намерасид. Ба назар мерасад, ки шояд аҳли сухан барои истифодаи воҳидҳои забонӣ аз ҳисоби забони мардум ё ҷуръат надоштанд ва ё аз ин “хазинаи беинтиҳои халқ” бехабар мондаанд. Дар шеъри Лоиқ калимаю ибораҳо бо ду тарз -- ё ба тарзи тайёр ва ё бо роҳи истифодаи қолабҳои калимасозӣ истифода шудаанд. Масалан, шоир дар шеъри имрӯз шояд аввалин бор калимаи “оҳу” ба маънии гуноҳ ва “беоҳу”-ро ба маънии бегуноҳ истифода намуда, ин калимаи дар фарҳанги мардум нуҳуфтаро дар забони имрӯз зинда гардондааст:
Эй рӯи ту рӯи ишқ, бар ман рӯ кун,
Оҳунигаҳо, маро ту беоҳу кун.
То хонаи гӯр рафтанам, бар хона-т
Як бори дигар ишорати абрӯ кун.
Лоиқ калимаҳои суғдии “дварванд”-ро ба маънои “дар” аз забони яғнобӣ пайдо намуда, дар шеъри хeд хеле моҳирона истифода намудааст:
Шод гаштам, ки зи нав зиндагӣ оғоз шавад,
Мардумат мисли сари қулла сарафроз шавад.
Шод гаштам чу ҷигарбанди саодатхоҳат,
Ки дварванди ту бар рӯи ҷаҳон боз шавад.
Калимаи “талвоса” дар забони мардум ба маънии изтироб, нооромӣ ва беқарорӣ хеле маъмул буда, аммо дар забони адабӣ шояд камтар роиҷ бошад. Устод Лоиқ ин калимаро дар мавриди мувофиқ истифода намудааст:
Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд,
Ба ҷони одамон талвосаи шабгир меояд.
Шоир калимаи “тир”-ро ба маънии насиба ва қисмат кор фармудааст:
Садои тир меояд, ки тири халқ коҳидаст,
Садои тир меояд, ки фардо дер меояд.
Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар барҳақ қайд менамояд, ки “Ибораҳое, ки ... шоирони мо фаромӯш карда буданд, Лоиқ ба ёд овард, дар шеъраш зинда кард ва баъд дар шеъри ҳамсолону ҳамроҳон борҳо такрор шуд ва то имрӯз такрор мешавад ва ҳатто намедонем, ки онҳоро аввалин бор Лоиқ истифода кардааст”[5].
Устод Лоиқ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле дилшикаста ва аз рафтору кирдори баъзе ҳаммеҳанони худ дилмонда шуд ва дар эҷодиёти ӯ ҷойи ифтихор ва сарфарозиҳоро дарду ҳасрат ва ноумедиҳо фаро гирифт. Дар шеъри “Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам” шоир аз чунин ранг гирифтани зиндагии пурфоҷеаи мардуми тоҷик ба ҳайрат омадааст:
Ҷон ба қурбони ту , эй меҳани хунинкафанам,
Буди байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ нерӯ сафи аъдо шиканам...
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст,
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.
Замоне ки созишномаи сулҳ миёни тоҷикон имзо шуд, аз нав умеду орзуи шоир зинда гардид ва аз сатрҳои манзуми устод Лоиқ оҳанги яъсу ноумедӣ барканор шуда, тараннуми сулҳу амният аҳамияти бештар пайдо кард. Шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ аввалин шуда, “сулҳи деринтизор”-ро пазируфт ва бо эҳтирому самимият онро ба тамоми мардуми тоҷик муборакбод гуфт:
...Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Ба ин азми қавию аҳди мардона
Имоми ду тарафро мекунам табрик.
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Ҳамин тариқ, коркард ва бозтоби унсурҳои фарҳанги мардумӣ ба устод Лоиқ Шералӣ имкон додааст, ки расму русум ва ахлоқу одоти мардуми худро беҳтар донад ва онҳоро дар мавридҳои муносиб дар шеъри худ ҷой бидиҳад. Ӯ ҳар як ҷузъиёти суннатҳои мардумиро аввал омӯхта, онро бо тарзу усулҳои густурда дар шеъри худ ба кор гирифтааст. Дар навбати худ, шоир бо ин ибтикороти худ ба унсурҳои фарҳанги мардуми тоҷик арзиши баланди бадеӣ дода, онро дар шеъри муосир ба сатҳи як анъанаи адабӣ расонидааст.
Шоир дар баёни ормонҳояш рӯ ба арзишҳои маънавии мардум меорад ва бо мадади онҳо ба олами ботинии худ ворид мешавад, дар ҳасрати зиндагии гузаштаи худ месӯзад, ба дунёи пурфоҷеаи таърихи мардум рӯ ба рӯ меояд, дар сари ҳар “китоби шаҳид” ва “аскари гумном” модарвор гиряву шеван мекунад. Ба ин тартиб, устод Лоиқ Шералӣ тавонистааст, мушаххасоти фарҳанги мардумро хеле хуб омӯхта, онро бо як маҳорати баланд дар шеъри муосир ҷо дода, чун таҷрибаи наҷиб ва иқдоми шоиста ба наслҳои минбаъда мерос гузорад.
Нурмуҳаммад САФАРЗОДА
адабиётшинос
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (27), 2021
[1] Иқтибос баргирифта аз китоби: Шукуров М. Анъана, халқият ва маҳорат. -Душанбе: Нашдавлтоҷ, 1964. С.85-86.
[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019. www.prezident.tj
[3] Номи тадқиқоти Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар аз як шеъри худи устод Лоиқ гирифта шудааст. Бо сабабҳои номаълум бархе ифодаи “Лоиқе чун Лоиқе”–ро бемантиқ қаламдод мекунанд. Дар ҳоле ки ин рисола аз назари устод Лоиқ гузашта, барои чопаш ризоият дода буданд.
[4] Гулназар. Лоиқе чун Лоиқе.- Душанбе: Сурушан, 2000. С.20.
[5] Гулназар. Лоиқе чун Лоиқе.-Душанбе:«Сурушан», 2000. С. 23.