JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Январи 2022 04:14

Ҷойгоҳи нақшу нигор дар ороиши либосҳои миллӣ (Дар замонҳои қадим ва имрӯз)

Муаллиф: Бойматова Муноҷот, Ҳақдодова С.

  Халқи тоҷик дар соҳаи адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ ва санъати ороишию амалӣ мероси гаронбаҳоеро доро мебошад. Дар рустоҳои кӯҳистони минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Помир ва Зарафшон, ҳамчунин дар  шаҳрҳои бузург , мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор ҳунармандону косибон ва чеварони тоҷик услуби гулдӯзиву матоъҳои зебову рангин, кулолгарии бадеӣ, масолеҳи чӯбӣ, ороишоти меъморӣ, сикказанӣ (торевтика) ва ғайраро таҳия ва роҳандозӣ мегаштанд.

Устоҳои чирадаст ва рассомон дар осори хеш ҳамеша мекӯшиданд, ки тибқи бардошташон воқеияти манзараҳои атрофро инъикос намоянд. Дар офаридаҳои онҳо беҳтарин нишона ва рӯҳияи халқ, яъне муҳаббат ба зиндагӣ, ба табиати зебо ва сарзамини аҷдодиашон тасвири устодонаи хешро пайдо мекарданд.

Таърихи ташаккули санъати тоҷик ба дуртарин давраҳои қуруни ибтидоӣ мутааллиқ аст. Эҷодиёти шифоҳии халқ  ҳақиқати воқеиро дар робита ба муборизаи гузаштагони халқи тоҷик – суғдиҳову бохтариҳо алайҳи артиши Искандари Мақдунӣ ва дигар аҷнабиёни истилогар то ба замони ҳифз намудааст [3; 3-5].

Таърихи гулдӯзии тоҷик ҳамчун яке аз самтҳои хеле аҷоиб ва асили  соҳаи санъати ороиши амалӣ, мутаассифона, то имрӯз  мавриди омӯзиши амиқ қарор нагирифтааст. Дар бораи ин самт, ки дар мероси гузаштагони мо хеле доманаи васеъ дошта буд, деворнигораҳои Варахша, Панҷакент, Балаликтеппа, Топраққаъла, тасвирҳо дар зарфҳои фулузӣ ва порчаҳои матоъ, ки ҳангоми ҳафриётҳои олимон ба даст омадаанд, шаҳодат медиҳанд.  Маълумотро дар бораи матоъҳоии гудӯзишуда аз мусаввараҳои китобҳои  гузаштагон , ба мисли “Авесто” ва нусхаҳои хаттии “Шоҳнома” низ дастрас намудан мумкин аст.

“Фарҳанги Бохтариҳо – тоҳириҳову суғдиҳо аз диди фарҳангӣ то ба андозае баланд буд, ки метавонист ба фарҳанги моддиву маънавии Эрон, махсусан остонҳои шарқии он таъсиргузор бошад”, - менигорад профессор Якубовский А. Ю [1; 74].

Қадимтарин намунаи матоъи гулдӯзӣ гардида, ки аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ дарёфт шудааст, ин порчаи матои пашмини орододашудае мебошад, ки солҳои 1924-1925 аз Ноинула (минтақаи ноҳияи Селенги) ҳангомии ҳафриёт бозёфт шудааст. Бозёфт  ҳамчун намунаи қадимаи санъати дӯзандагӣ ба ҷо оварда шуда, аз рӯи давраҳои тасвиршуда хеле ҷолиб аст; дар ин порчаи матоъ ҳатто сурати одамчаҳо бо либосҳои аз шаклҳои гуногуни ҳандасӣ- масалан ромбҳо, шаклҳои салибмонанд, нақшҳои ифодакунандаи мафҳуми мавҷҳо, парандаҳо кашидадӯзигардида баръало намоён аст. Воситаҳои тасвирии ин гулдӯзӣ  шоҳиди онанд, ки анъанаи ороиши либос дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим мавриди истифода қарор доштааст.

 Ҳамин нукта низ боиси таъкид аст, ки либоси миллӣ на ҳама вақт идона ва пурнақшу нигор буд. Барои мардуми одӣ, барои нафароне, ки имконияти зиёд надоштанд, махсусан, дар кӯҳистон, ки  қисмати зиёди кишварро ташкил медод,  ин масъала хеле осону одӣ ҳал мешуд. Барои либосҳои занона ва мардона, асосан, матоҳои худбофи маҳаллӣ, ки аз пашм, пахта ва канаб омода карда мешуданд, истифода мегардид. Ҳунармандони маҳаллӣ барои дӯхтани либос аз ҳамин маҳсулотҳои дар маҳал  истеҳсолшаванда (пашм, пахта, канаб ва ғ.)  риштаҳо омода мекарданд. Онро худашон мериштанд ва ранг мезаданд.

Дар аксарият ҳолатҳо инҳо матоъҳои якранг, одатан сафедранг буданд. Аммо зани тоҷик, чун тамоми занони олам ба ин ҳама душвориҳо нигоҳ накарда барои офаридани зебоӣ кӯшиш менамуд. Пайдоиши нақши гулбаст, ки то ҳол дар аксарияти минтақаҳои тоҷикнишин мавриди истифода қарор доранд, бешубҳа, ба ҳамин давраҳо рост меояд.

 Чунонки маълум аст, либосҳои миллии тоҷикӣ қариб дар тамоми минтақаҳо  ба ҳам монандиҳои зиёд доранд, вале дар айни ҳол, боз хусусиятҳои  фарқкунанда низ доранд. Махсусан дар қисмати ҳамворӣ- яъне дар шаҳрҳои бузург ороиши либосҳо аз қисмати кӯҳистон фарқ  мекарданд.

 Яке аз намунаи либоси миллӣ, ки байни мардум хеле серистифода аст, ин курта мебошад. Куртаи мардуми кӯҳистон аз куртаи мардуми шаҳр, сокинони дар ҳамвориҳо - шаҳрҳо зиндагикунанда ба куллӣ фарқ мекунад.

Тадқиқотчиёни соҳаи либоси миллии тоҷикон чунин навиштаанд: “ҳангоме ки ба ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ворид мешавӣ, беихтиёр  худро дар як муҳити мунтантан ва  идона ҳис менамоӣ. Ин ҳиссиётро пеш аз ҳама  либоси хеле оро додашудаи занону духтарон, кӯдакон ва, махсусан, мардҳо бедор месозад. Гуногунрангии куртаи миллии занона бо  интихоби ранге, ки нақшҳои он дӯхта шудаанд, касро ба ҳайрат меандозад” [5;13].

 Маълум аст, ки куртаи занонаи тоҷикӣ  хеле васеъ буда, остинҳои васеи он дастҳоро  пурра пӯшонидаст. Дар минтақаҳои шаҳрӣ ва баъзан дар минтақаҳои кӯҳистон низ ин остинҳо каме танг карда мешаванд. Дар нӯги остинҳо ва дар қисмати поёни домон нақшҳои миллӣ ҷойгир гардидаанд. Дар минтақҳои Дарвоз ва Бадахшон тарзи дигари ороиши куртаҳои занона, яъне дар пеши гиребон ҷой кардани шероза низ истифода мешавад. Ҳангоми дӯхтани куртаҳои идона як чанд намуди гулдӯзӣ дар куртаҳо ҷой дода мешаванд. Инҳо куртаҳои нақшдоштаи чакан (асосан дар минтақаҳои ҷанубӣ) ва дигар нақшҳои даврамонанд, ки дар домону остини куртаҳо ҷойгир карда мешавад, мебошанд. Куртаҳое низ ҳастанд, ки гулдӯзиҳо дар атрофи гиребон ҷойгир шуда, баъзан гулдӯзӣ то ба миён мерасад. Чи хеле ки дар боло дарҷ намудем, остинҳои васеи курта ҳатман бо ягон намуди нақш оро дода мешаванд, ки  давоми мантиқии нақши асосӣ ба шумор меравад.[6]

Расми 1. Пироӽани занона (Кӯлоб-асри XX)

 Дар байни либосҳои миллӣ ва бо нақши миллӣ оро дода шудани онҳо  дар баробари курта рӯмол низ мавқеи алоҳида дорад. Рӯмол ҳам дар истифодаи либосҳои занона ва ҳам дар истифодаи либосҳои мардона қарор дорад.

 Рӯмол дар қисмати  марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон, асосан ҳамчун рӯмоли дока ва дар қисмати шимоли Тоҷикистон ҳамчун уребча машҳур аст. Худи матоъ хеле нозук , нафис ва аз ҷиҳати сохтор сода аст. Нақшу нигори вай низ вобаста ба ин фарқ карда меистад. Дар қисмати ҷанубии кишвар, махсусан минтақаҳои Даштиҷум ва Кӯлоб рӯмоли докаро бо рангҳои гуногун оро медоданд, ки ин услуб дар ин мавзеъ гулбаст ном дорад ва ҳамчун нақши миллӣ машҳур аст.

Дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом ва Исфара бошад, рӯмоли занона дорои рангҳои зиёд ва нақшу нигорҳои гуногун буд. Шероза- зеҳаки ин намуд рӯмолҳо, асосан, бисёр одӣ ва сабук ранг карда мешуд. Ҳарчанд олимони тадқиқотчӣ ҳодисаҳои серранг будани шерозаро низ дучор омадаанд.

Истифодаи васеи рангҳои баланд, аз ҷумла рангҳои торик дар замини сафед ба нақш як шакли тез ба чашмхӯранда, як ранги нисбатан дурушт медиҳад. Аммо ин тарзи оро додани рӯмоли занона,  ба фикри мо,  ба таърихи мардум вобаста аст. Яъне маълум мегардад, ки  нақшу нигори рӯмоли занона бештар хусусияти архаикӣ (қадимӣ) доранд. Масалан, як нусхаи нақши дар рӯмолҳои мардуми шимол тасвиршаванда аз қаъри асрҳо расида омадааст ва бо номи “нусхаи дӯзахӣ” машҳур аст.

 Рӯмол дар либосҳои мардона низ дорои мавқеи махсус мебошад. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯмолҳои мардона маълуму машҳуранд. Онҳо бо нақшу нигорҳои махсус оро дода мешаванд. Ин ҷузъи либоси мардона дар ҳар минтақа номҳои гуногун дорад, ба мисли рӯмоли миён, миёнбанд, локӣ ва монанди ин. Аммо истифодаи он  дар ҳама ҷо як хел аст. Рӯмолро дар шакли секунҷа дуқабат қат намуда, дар миён, аз болои либоси боло- хилъат (ҷелак, ҷома ва ғ.) мебанданд ва қисмати мобайнаш ба поён овезон шуда меистад. Ин тарзи бастани рӯмоли миён пеш аз ҳама ба истифодаи нақшу нигор дар он вобаста аст. Ҷузъи асосии рӯймол шерозаи вай дар атрофи рӯмоли чоркунҷа ба шакли ҷудонашаванда- пайдарпай гулдӯзӣ карда мешавад.

 Дар қисмати ҳамвориҳои ҷумҳурӣ, одатан нақшҳои ҳандасӣ дар шакли даврачаҳо ва нуқтачаҳо машҳур аст. Дар дигар қисматҳо, махсусан, кӯҳистон бошад, асосан, шаклҳои куҳна ба мисли шох (шохчаи дарахт, шохи бузу гӯсфанд ва м. ин), пайи мурғобӣ ва мор истифода мешаванд.

 Нақши растанигӣ дар рӯмоли миён он қадар зиёд ва нест ва бо гуногуннақшии худ фарқ намекунад. Аз ҳама бештар шакли гул ва шоха истифода мешавад.

Расми 2. Уребча (н. Ғончи-асри XX)

Дар миёнбандҳои қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ нақши растанигии бо ном ғазалӣ машҳур аст. Ранги рӯмол қариб дар тамоми минтақаҳо  он қадар бой нест.

Расми 3. Пӯпак (н. Ӯротеппа-асри XX)

  Қариб дар тамоми нақшҳо риштаҳои якранг, бештар риштаи сиёҳ истифода мешавад. Умуман, риштаи сиёҳ дар нақши рӯмолҳо бештар истифода мешавад. Нақши дигаре, ки дар рӯмолҳо истифода мешавад қушқорак ном дорад.

Расми 4. Пеши курта (Қаротегин-асри XX)

 

Ба ифодаи мардумон ин нақш нигоҳдоранда аз касалиҳо ва расидани чашми бад мебошад. Инчунин, истифодаи нақшҳои пойи кафтарак, нохунак, чашмҳо, қош ва мижа низ дар рӯмол маълум аст.

Ҷузъи дигари либоси миллӣ ин тоқӣ мебошад. Тоқиро аз қадимулайём чӣ мардон ва чӣ занон мепӯшанд. Тоқӣ монанди дигар ҷузъҳои либос вобаста ба расму оини минтақаҳои ҷумҳурӣ шаклҳои гуногун дорад.  Аз рӯи тоқӣ аз кадом  минтақаи ҷумҳурӣ будани нафари тоқипӯш ба осонӣ муайян карда мешавад, аммо вақтҳои охир истифодаи тоқӣ новобаста ба маҳал аз тарафи ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ  баробар амалӣ карда мешавад. Аз ҳама бештар дар байни мардон тоқиҳои ранги сиёҳу сафед дошта, дар байни мардум бо номи “чустӣ” маълуманд, истифода  мешаванд. Нақши ин тоқиҳо, ки асосан бодом ё қаланфур мебошанд, бо риштаи сафеди абрешимӣ (мулине) дар замини сиёҳ дӯхта мешавад. Нақш дар  ҳар як аз чор қисмати тоқӣ ҷой дода мешавад. Нақшҳои тоқии чустӣ ҳархела буда, дарознусха ва мушнусха ном доранд. Ин намуди тоқӣ (яъне тоқии сиёҳи “чустӣ”) танҳо баъди  солҳои 50-ми асри гузашта дар байни мардон дар Тоҷикистон васеъ маъмул гардид, ки ин ҳам бо сабаби ба минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон кӯч бастани таъдоди хеле зиёди мардум аз водии Фарғона вобаста буд.

 Намуди дигари  тоқӣ, ки бо номи ироқӣ машҳур аст, бештар аз тарафи духтарон ва бонувон истифода бурда мешаванд. Аммо гулҳои ин тоқӣ майда буда, ба воситаи дарзҳои салибмонанд гулҳо офарида мешаванд. Каме пештар аз даврони мо, яъне дар солҳои 60-70-ми асри гузашта ин тоқӣ дар байни бонувон хеле машҳур буд, ҳоло истифодаи он камтар шуда бошад ҳам, аз истифода набаромадааст. Имрӯз ин намуд тоқиҳои гулдӯзиро духтарони мактабхон васеъ истифода мекунанд.

Нақши миллӣ дар тоқиҳои ҳар як минтақа дигаргун  бошад ҳам, тарзи иҷрои онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳо ба ҳам монанд аст. Тоқӣ аз шероза, атрофи он,  ва болоӣ  иборат мебошад. Дар баъзе маҳалҳо шероза борик, дар баъзе маҳалҳо паҳн мешавад.

 

Расми 5. Шерозаҳои тоқӣ (Ленинобод-асри XX)

Расми 6. Тоқиҳои мардонаи ироқӣ  (Ленинобод-асри XX)

Расми 7. Тоқии зардӯзии ироқӣ (Ленинобод- асри XX)

Санъати ороиши амалӣ аз қадимулайём писандидатарин соҳаи ҳунари тасвирии  тоҷикон буда, ҳунармандон нақшу нигори миллии точиконро бо тарзи гулдӯзӣ ба тарҳи либос илова намудаанд.

Барои ғанӣ гардонидани тасаввуроти эҷодии ҳунарманд, чунин намуди одӣ ва бештар интишорёфтаи санъати ороишӣ, мисли гулдӯзӣ ва зардӯзӣ озодии зиёд фароҳам меорад. Ин гуна ҳунари бо гулдӯзӣ зебу оро додани матоъҳо, либосҳо, сӯзаниҳо дар байни халқи тоҷик чандин асрҳо инҷониб вуҷуд дорад.

Ҳунари гулдӯзӣ ҳиссаи асосии зебу ороиши тамоми либоси точиконро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб, гулдӯзӣ ҳунари асосии занона ба шумор рафта, бо мурури замон ва то ба имрӯз дар либоси миллии замонавӣ низ анъанаҳои худро гум накардааст. Рассомон - тарроҳони имрӯза нақшу нигорҳои миллии қадимулайёмро бо тарзи замонавӣ ба либосҳои замонавие, ки тарзи дӯхташ аз либоси қадима фарқ мекунад, ҳаёти нав баҳшида онро пешкаши халқ ва тамошобинон мегардонанд.

   Хушбахтона, итстифодаи нақш дар либоси миллии муосир низ васеъ ҷорӣ гардида истодааст. Махсусан, истифодаи нақшҳои миллӣ аз тарафи тарроҳони имрӯза рӯз то рӯз мавқеи мустаҳкам пайдо карда иситодааст. Муваффақияти кор пеш аз ҳама дар он аст, ки нақши миллӣ дар либоси муосир аз тарафи мардум ба хубӣ қабул карда мешавад. Тарроҳони ҷумҳурӣ ба воситаи истифодаи нақшҳои миллӣ дар либоси муосир аллакай дар тамоми Осиёи Миёна ва Аврупою Амрико маълуму машҳуранд. Ба ин фаъолияти хеле пурсамари тарроҳони маъруфи ҷумҳурӣ - Мукаррама Кайюмова, Хуршед Саторов ва Умед Кучкоралиевро мисол шуда  метавонад.

   Масъалаи ҷойгоҳи нақшу нигор дар либосҳои анъанавии халқи тоҷик хеле доманадор буда умед аст, ки  вобаста ба имкониятҳои тоза минбаъд омӯзиш ва таҳқиқи он идома дода хоҳад шуд.

 

                                           

 

 

Расми 9, 10, 11.  Пироҳани занона (қишлоқи Нӯшор, Ғарм-асри XX)

Расми 12. Пироӽани занона (Дарвоз-асри XX)

 

Бойматова Муноҷот.

Донишкадаи Давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,

 Ҳақдодова С.

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии Тоҷикистон ба номи М.Олимов

Мачаллаи илмӣ-назариявӣ "Санъатшиносӣ" № 2 (4) 2021

 АДАБИЁТ:

  1. Якубовский А.Ю., Пигулевский Н. В., Петрушевский, Строевой Л. В., Беленицкий А. М История Ирана с древнейших времен до конца XVIII века, Москва,1958  
  2. Якубовский А.Ю Из истории археологического изучения Самарканда М.1940
  3. Бойназаров Б. Таърихи санъати тасвирии тоҷикон (солҳои 20-80-уми асри XX) Душанбе, 2018
  4. Широкова З.А. Таджикский костюм конца ХХ-ХХ веков, Душанбе 1993
  5. Бобринской А.А. Орнаментъ Горныхъ Таджиковъ Дарваза, Москва , 1900
  6. Писарчик А.К. Амали ҳунармандони тоҷик, Дониш, 1987
Хондан 1827 маротиба