JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Марти 2022 09:50

Наврӯз – ҷашни ҳамбастагии табиату кайҳон

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Бидуни тардид, Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои ақвоми эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.

  Ҳарчанд Наврӯз аз лиҳози асотирӣ, таърихӣ ва этимологӣ ихтирои мардумони эронитабор ва аз ҷиҳати географию этнографӣ мутааллиқ ба арзишҳои фарҳангии фаротар аз қаламрави сукунатдоштаи ин мардумон мебошад, вале дар муддати ҳазорсолаҳо аз дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ғанӣ гаштааст. Зеро Наврӯз ҷашнест, ки умеди инсонро ба пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ қавӣ мегардонад ва одам дар ин рӯз асоси тамоми амалҳои хайрро дар миқёси табиату кайҳон тасаввур кардааст.

  Бо вуҷуди ин, дар байни олимону донишмандон, пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ҳатто, мардуми одӣ доир ба пайдоиши Наврӯз афкору андешаҳои яксон вуҷуд надоранд. Ба андешаи муҳаққиқ Меҳрдод Баҳор [6] Наврӯз ҷашни хеле бостонӣ буда, қадимияти он фаротар аз марзҳои шиносоии кунунӣ мебошад. Ба гумони ин донишманд [6], қадимтарин нишонаҳое, ки дар Осиёи Ғарбӣ аз ҷашни соли нав бозмондаанд, ба нахустин хонадони салтанатии Ур марбут мешаванд. Пажӯҳишгари дигар Ҳошим Разӣ [10] зикр менамояд, ки бино ба ривояти қадими эронӣ (ба забони паҳлавӣ омадааст), дар ин рӯз дар ҷасади инсонҳо рӯҳ ва ҳаракат пайдо шудааст, Эрон дар ҳамин рӯз ба вуҷуд омадааст, Каюмарс деви Арзурро кушт ва аз замин ҷуфти инсон – Машя ва Машяна берун омад. Андар пайдоиши Наврӯз пажӯҳишгар Ризо Шаъбонӣ [7] ривояте морад, ки гӯё мувофиқи он дар Батиҳа бемории вабо хурӯҷ кард ва ҳеҷ кас аз ин беморӣ раҳо наёфт. Дар рӯзи аввали Фарвардинмоҳ бороне борид ва ҳамагон аз нав зинда шуданд ва ин рӯзро Наврӯз хонданд.

  Ҳарчанд, дар аксар сарчашмаҳои асримиёнагӣ ахбори ба Наврӯз бахшидашуда, хусусияти асотирӣ доштани онро таъкид менамоянд, вале дар онҳо ду ҷиҳати хеле муҳимми пайдоиши Наврӯз баён гардидааст. Аввалан, дар қисми аъзами ин маъхазҳо оғози таҷлили Наврӯзро ба шоҳони эронитабор мансуб медонанд. Аз ҷумла, мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ доир ба Ҷамшеди пешдодӣ мансуб донистани пайдоиши Наврӯз дар асари худ «Ат-тафҳим» [2] меорад: «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Дувум, Наврӯз ҷашни аз ҳама бостонии ақвоми ориёӣ дониста шудааст. Аз ин нукта аён мегардад, ки ақвоми ориёӣ аз ҳамон даврон дар соҳаҳои нуҷум ва кишоварзӣ дониши нисбатан зарурӣ доштанд. Далел бар ин гуфта он аст, ки маълумотҳо дар бораи ҳаводиси нуҷумӣ, ба мисли тулӯъ ва ғуруби Офтоб, тулӯи хуршедии сайёраҳо, гирифти Офтобу Моҳ, замони оғози моҳи нав, масири ҳаракати сайёрот, дарозии шабу рӯз ва иттилооти ҷаввӣ (метеорологӣ), монанди гарму сардшавии ҳаво, боридани борон, вазидани шамол ва ғайра миёни ақвоми эронитабор маълум буданд ва мавриди истифода қарор доштанд.

  Аллома Берунӣ дар асари ҷовидонааш «Осор-ул-боқия» [3] зуҳури ҷашни Наврӯзро дар оинаи пиндорҳои фарҳангии эрониёни бостон мансуб ба Ҷамшед мешуморад ва менависад: «чун Ҷамшед барои худ гардуна бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои ёдбуди он рӯз дар менишинанд ва тоб мехӯранд». Донишманди дигар Маҳмуди Гардезӣ оғози Наврӯзро ба даврони салтанати Ҷамшед нисбат дода, дар асараш «Зайн-ул-ахбор» [5] зикр карда, ки: «Ҷамшед Наврӯзро ба шукронаи он ки Худованд гармову сармо бемориву маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол ба ин ҷумла буд таҷлил намуд ва ҳамин рӯз буд, ки вай савори гӯсолае сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девон ва сиёҳон ва бо эшон ҳарб карду ҳамаро мақҳур кард».

Ҳаким Умари Хайём бошад, дар «Наврӯзнома»-и хеш [8] дар тавзеҳи пайванди ҷашни Наврӯз ба Ҷамшеди пешдодӣ дар тафовут бо пиндори пешиниён ироа доштааст: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр будааст, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъ аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».  

Алорағми ба шоҳони ориёӣ, махсусан ба Ҷамшед пури Вивангаҳон нисбат додани пайдоиши ҷашни Наврӯз ҳамосасарои номвар Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш [1] оид ба пайдоиши ин ид то давраи шаҳриёрии Ҷамшед 85 байт эҷод кардааст. Ҳамчунин, Фирдавсӣ Таҳмурасро падари Ҷамшед дониста, ӯро шахсияти дунявӣ, зиндагисоз ва эҷодкору офаридгор ба қалам додааст. Дар бораи ба тахти шоҳӣ расидан Ҷамшед ва Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати чун имрӯза (ин рӯзро хуҷаста хондани мардум ва хони шодиву масаррат густурдан) таҷлил кардан, Фирдавсии бузургвор фармуда:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуд аз ранҷи рӯи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд...

Ҳамин тавр, доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯз то имрӯз беш аз 70 назарияҳои гуногун вуҷуд доранд. Мурур ба сарчашмашиносии Наврӯзи қадим қабл аз ҳама ба муштаракоти ибтидои он дар фарҳанги мардуми ориёитабору порсизабон ишорат мекунад ва инчунин, манобеи таърихӣ низ ҳузури Наврӯзро дар марзи пешинаи ин ҷашнвораи оғозҳо вобаста намудаанд. Аз ин рӯ, бузургдошти Наврӯз арзёбии решаҳо, таърих ва дастовардҳои тамаддуни ориёӣ, махсусан тамаддуни мардуми порсигӯ, ҳамчунин саҳми онҳо дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи тамаддуни башарӣ мебошад. Инкишофу пешрафти фарҳанги зиндагии созгор ба табиат, муҳити зист ва гардиши гетӣ яке аз ҷанбаҳои бағоят муҳимми асолати наврӯзӣ ва омили асосии то ба имрӯз нигоҳдорандаи ҷашни Наврӯз аст.

Сарфи назар аз ин афкору андешаҳо ва мансуб донистани ин ҷашни бузургу бостонӣ даврони салтанати пешдодиён, Наврӯз исми сирф табиӣ мебошад. Наврӯз ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, он чи дар замона аст, нав мешавад, мавҷудоти гетӣ ҳаёти ҷадид меёбанд ва соли ҳақиқӣ як даврро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад. Аз ин ҷост, ки ин рӯз ба «Наврӯз» мавсум шудааст. Вожаи «Наврӯз» дар забонҳои қадимаи эронӣ, аз ҷумла суғдӣ, ки унсурҳои он дар гуфтори кунунии шохаи тоҷикии забони форсӣ маҳфуз аст, ба маънии рӯзи тоза, рӯзи рӯшан ва рӯзи дурахшида тафсир шудааст.

Наврӯз оғоз соли нав ва бедоршавии табиат буда, он рӯзи аввали моҳи фарвардин (21 март) аст, ки бо гузариши Офтоб аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал фаро мерасад. Берунӣ ба ин ҷиҳат дар «Ат-тафҳим» [2] оид ба ин рӯз овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст». Яъне, Берунӣ ин рӯзро «рӯзи нав» номгузорӣ карда, онро «пешонии сол» хондааст. Ба ин маъност, ки мардумони эронитабор фасли баҳорро таваллуду ҷавонӣ ва даврони балоғати инсонӣ ё таквини ҷаҳони ҳастӣ мепиндоранд ва фасли зимистонро ба поёни давраи камолот, фарорасии давраи футуру заволи инсон ё фасоди олами ҳастӣ нисбат медиҳанд. Аллома Берунӣ бошад, баҳору тобистонро фароравӣ ва рушду нумӯ ва тирамоҳу зимистонро футури соли номидааст, ки аз лиҳози нуҷумӣ ба эътидоли баҳорию тирамоҳӣ рост меоянд.

Дар асоси мушоҳидаҳои доимӣ дар бораи тағйири масири ҳаракати сайёраҳо дар гунбази осмон, вазъи ҷирмҳои мунири осмонӣ ва вуқӯи ҳаводис дар табиат дар сарзамини Шарқ, аз ҷумла Байнаннаҳрайн ва Эрони бостон чунин тасаввурот арзи вуҷуд намуд, ки воқеаҳои дар рӯйи Замин рухдиҳанда инъикос ва такрори он чизест, ки дар ҷирмҳои фалакӣ ҷараён доранд. Аз ин рӯ, мардум дар садади он буданд, ки аз шиддату оқибати офатҳое, ки ба вуҷуд хоҳанд омад, ба тавре пешгирӣ намоянд. Ба андешаи пажӯҳишгар Ҳазратқулов М. [9], маҳз аз ин сабаб аккодиҳо ва бобулиҳо пештар аз ҳама ба сабту нигориши ҳодисаҳои ҷирмҳои фалакӣ пардохтанд, онҳоро табқабандӣ намуданд ва илми риёзии мисрӣ ба инкишофи илми нуҷум дар Байнаннаҳрайн суръат бахшид. Дар оғози нимаи дуюми ҳазораи аввали то милод бошад зимни ба вуҷуд омадани асосҳои давлати ҳохоманишӣ, ки сабаби бахшидани ваҳдати сиёсӣ, наздикӣ ва муколамаи фарҳангӣ бо давлатҳои Осиёи Ғарбӣ, Миср, Ҳинд ва Осиёи Марказӣ шуда буд, рушди илми риёзӣ боиси инкишофи босуръати илми нуҷум дар Эрони бостон гардид.

Ҳаводиси вобаста ба гардиши ҷирмҳои фалакӣ, ки ҷавҳари асосии Наврӯзро ташкил медиҳанд, ҳанӯз аз аҳди қадим диққати мунаҷҷимони гузаштаи мо ба худ кашида буданд. Яке аз дастовардҳои мунаҷҷимони аҳди қадим дар он зоҳир шуда, ки дар «Расадхонаи Зардушт» дар Систон Нимрӯзро бар мабнои муҳосиботи марбута мабдаи шохис қарор дода, онро бо далелҳои нуҷумӣ маркази олам эълон намуда буданд. Ҳарчанд ин кашфиёт ба ғарбиён маълум набуд, вале роҷеъ ба саноати танҷим қайд кардан мумкин аст, ки дар аҳди қадим солшумории (гоҳанбори) авестоӣ (12 моҳи 30-рӯза ва яке аз он моҳи 35-рӯза ва авестоии ҷадид дар аҳди Ҳохоманишиён (12 моҳи 30-рӯза ва камбуди 5 соату 48 дақиқа 46 сония дошт) амал мерад ва он бо номи «панҷа» ё «панҷаи дуздида» кабиса дошт. Чун дар аҳди аввали ислом кабисаро намедонистанд, дар бораи замони фарорасии Наврӯз нобасомонӣ ба вуҷуд омад ва таҷлили ин ҷашн тағйири макон кард. Дар замони хилофати Алмӯътазидубиллоҳ дар рӯзи 26-уми ҳамал ва дар аҳди салтанати Маликшоҳ дар 13-уми бурҷи ҳут таҷлил мегардид. Бино ба маълумоти Забеҳуллоҳ Сафо [4], бо дастури Маликшоҳи Салҷуқӣ дар соли 471 ҳ.қ. (1079-и мелодӣ) гурӯҳи олимон бо сарварии Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон ҷамъ омада, тақвими яздигурдӣ (эронӣ)-ро тасҳеҳ намуданд, ин солшуморӣ аз 11 марти соли 1079 ба расмият даромад. Дар «Тақвими хайёмӣ» ё «Зиҷҷи маликшоҳӣ» солро ба 12 моҳи 30-рӯза тақсим намуда, «панҷа»-ро ба охири моҳи 12-ум ҳамроҳ намуданд ва дар ҳар чаҳор сол як рӯзро ба соли муқаррарӣ изофа карданд, ки сол ба 366 рӯз баробар шуд ва инро «кабисаи моликия» номиданд.

Дар таълимоти гелиомарказӣ чаҳор навъи ҳаракат ё чархиши Замин – ҳаракати вазъӣ, ҳаракати меҳварӣ, ҳаракати интиқолӣ ва ҳаракати тақдимӣ вуҷуд дорад [9]. Дар ҳаракати вазъии сайёра таъсири майли меҳварӣ боиси тағйири тулӯъ ва ғурби Офтоб гардида, танҳо дар ду рӯзи сол – аввали моҳи фарвардин (21 март – Наврӯз) ва аввали моҳи меҳр (22 сентябр – Меҳргон) Офтоб дақиқан аз Шарқ тулӯъ ва дар Ғарб ғуруб мекунад. Ин ҳаракат тибқи назари Низоми шамсӣ дар муддати 23 соату 56 дақиқаю 46 сония як маротиба ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар баробари ин, ду ҷашни миллии мардуми эронитабор дигар идҳои суннатии сол низ дар гузашта мавҷуданд, ки онҳо ҳам ба аркону аҳкоми нуҷумӣ сахт вобаста мебошанд. Пас аз таодули баҳорӣ тулӯъ ва ғуруби Офтоб ба самти Шарқу Ғарби инҳироф пайдо намуда, бо баланд шудан он ба самти шимол рӯз дароз мешавад. Дар аввали тобистон (22 июн) Офтоб ба нуқтаи максималии фосила аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ бо кунҷи 23°27' мерасад, ки он баробар ба андозаи инҳирофи Замин дар аснои ҳаракати меҳварии худ мебошад. Ин ҳодисаи кайҳониро инқилоби тобистонӣ меноманд, ки дарозтарин рӯзи сол маҳсуб мешавад ва онро ниёкони мо бо номи Тиргон ҷашн мегирифтанд.

Айни чунин ҳодиса баъди таодули тирамоҳӣ бо ин тафовут, ки Офтоб ба тарафи ҷануб ба ҳадди максималии фосилаи худ аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ ба ҳамон кунҷи 23°27' бирасад, инқилоби зимистонӣ ба амал меояд. Ин ҳодиса ба санаи 21 декабр рост меояд, ки ниёкони мо онро ҳамчун дарозтарин шаби сол ҳисобида, бо иди суннатии Дайгон ё Шаби Ялдо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегирифтанд. Берунӣ ин шабро дар «Ат-тафҳим» [2] «шаби зодан» ва дар «Осор-ул-боқия» [3] ва «навидрӯз» номидааст, зеро он навиде аз баҳор дар нимаи зимистон медиҳад.

Азбаски ҳаракати Замин атрофи меҳвари худ ва Офтоб номунтазам аст, бинобар ин, таҳвили сол ва фарорасии Наврӯз ҳар сол дар доираи чанд соате тағйир меёбад. Дар ҳамон замон нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба вуқӯъ меояд, ки шабу рӯз аз лиҳози дарозии вақт баробар мешавад. Тибқи мушоҳидаҳои нуҷумӣ, эътидоли баҳории шабонарӯзӣ таносубан 63,6% дар рӯзи 20-уми март, 32,8% дар 21-уми март ва 3,6% дар рӯзи 19-уми март мувофиқ меояд.

Тавре маълум гардид, ҷашни бузурги аҷдодии мо – Наврӯз ва дигар идҳои суннати мардуми эронитабор ба ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои мунири кайҳонӣ пайванди амиқ доранд. Аз ин ҷост, ки дастгоҳи гоҳшуморӣ (солшуморӣ)-и ориёӣ аз дидгоҳи ҷашну оинҳо ва маросимҳои марбут ба онҳо аз солномаҳои маъмулии маҳаллӣ ва мардумӣ ибтидо гирифта, дар тӯли таърих аз гоҳшумориҳои ғайрирасмию нособит зимни тасҳеҳу ислоҳҳо дар давру замонҳои гуногун то дараҷаи расмӣ ташаккул ёфтанд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.

Равшан аст, ки яке аз сабабҳои аз аҳди бостон ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз дар он аст, ки он дар ҳайати давлатҳои ориёӣ, аз қабили Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён, Ғӯриён, Сарбадорон ва ғайра, ки дар онҳо ба ғайр аз ақвоми эронитабор халқиятҳои гуногуни ориёнӣ ва ғайриэронӣ зиндагӣ мекарданду таҳти нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва ногузир арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳои эронитаборонро мепазируфтанд. Аз ин рӯ, аз аҳди қадим ҷашни Наврӯз дар баробари дар байни ақвоми ориёитабори Хуросону Мовароуннаҳру Варорӯд, ки манотиқи бузурги нахустмеҳани ориёиҳо эътироф шудаанд, густариш доштанаш, дар миёни халқҳои шимоли Африқо, Ҷанубу Шарқи Аврупо, Ховари Наздику Миёна, Қафқоз, Шимолу Ғарби Чин ва Шибҳи Қораи Ҳинд доман густурда, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Гузашта аз ин, ҳақ ба ҷониби файласуфи тоҷик Ҳазратқулов М. [9] аст, ки мефармояд: «боварҳои мардуми ориёӣ, эътиқодоти табатгароёна ва ойинҳои куҳнаи Осиёи Миёнаву Эрони бостон – маздопарастӣ, ниёпарастӣ, ноҳидпарастӣ, зарвония ва зардуштия, ҳамчунин мазҳабу ҷунбишҳои иҷтимоии онҳо таъсири амиқе ба боварҳо ва ақоиду афкори дигар халқу миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамҷавор гузоштанд». Масалан, меҳрпарастӣ (митраизм), ки худ омезише аз дини маздоии куҳан ва ахтарпарастии бобулӣ ба миён омада буд, заминаро ба ворид шудани афкори шарқӣ ба Ғарб фароҳам овард. Дар ҷашни Наврӯз нуктаи муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ аз он иборат аст, ки ин иди баҳор сирф ҷашнӣ мардумӣ буда, ҳамбастагӣ ба табиату кайҳон дорад ва қабл аз ҳама гуна динҳову ҷаҳонбиниҳо ба вуҷуд омадааст. Маҳз дар меҳвари ин ҷашн қарор гирифтани ҳамбастагии инсон бо табиату кайҳон аст, ки ҷуғрофиёи Наврӯз пайваста густариш пайдо карда, вусъат ёфтааст. Дар ҳама адабиёти наврӯзӣ бошад, ҷанбаҳои табиию кайҳонии арзи вуҷуд намудани ҷашни Наврӯз бо гунаҳои мухталиф ёдовар шудаанд. Зеро инсон ба такрор шудани падидаҳои ҷаввӣ (метеорологӣ), фаслҳои сол, ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ ва инчунин, муносибати худ нисбат ба табиат ва муҳити зистро муайян намуда, Наврӯзро ҳамчун ҳодисаи табиӣ ва бархоста аз тағйир дар гардиши Замин ба даври Хуршед арзёбӣ кардааст.

 

Номвар ҚУРБОН

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Аълочии матуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашмаҳо

  1. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Душанбе, 1979.
  2. Абӯрайҳони Берунӣ. Ат-тафҳим. - Теҳрон, 1363.
  3. Абӯрайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. - Душанбе, 1990.
  4. Забеҳуллоҳ Сафо. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои миллии эрониён. - Теҳрон, 1336.
  5. Маҳмуди Гардезӣ. Зайн-ул-ахбор. – Теҳрон, 1347.
  6. Меҳрдод Баҳор. Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон. - Теҳрон, 1374.
  7. Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз. - Душанбе, 2011.
  8. Умари Хайём. Наврӯзнома. - Душанбе, 1981.
  9. Ҳазратқулов М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. - Душанбе, 2012.
  10. Ҳошим Разӣ. Динҳои қадимаи эронӣ. - Теҳрон, 1343.

 

Хондан 1543 маротиба