JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Марти 2022 06:38

Бонуи тоҷикистонӣ – кашшофи комета

Муаллиф: Номвар Қурбонов

  Кометаҳо ҷирмҳои аҷоиби кайҳонӣ буда, баъзан қариб тамоми осмони ситоразорро фаро мегиранд ва аз азал диққати инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Зеро онҳо дар назар баъзан мисли сари мӯйи дарози парешондоштаро мемонанд. Кометаҳо ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди осмонӣ дохил мешаванд, ки ба ин қатор ба ғайр аз онҳо астероидҳо, метеороид, болидҳо ва абру ғубори байнисайёравӣ низ шомиланд. Кометаҳо гарчанде аз рӯйи ҳаракати худ дар атрофи Офтоб ба астероид шабоҳат дошта бошанд ҳам, зоҳиран аз астероидҳо фарқ менамоянд. Агар астероидҳо шаъшааи Офтобро инъикос намоянд, кометаҳо ин шуоъро фаъолона дар ҳудудҳои ба худ хос тайф (спектр) паҳн мекунанд. Ҳарчанд қутри (диаметр) ҳастаи (ядро) онҳо аз як то даҳҳо километр зиёд нест, вале ин аҳвол имкон медиҳад, ки кометаҳоро бо чашми одӣ бубинем.

Кометаҳо дар Системаи офтобӣ мавқеи хоси худро доранд, чунки онҳо ҷирмҳои ғайристатсионарӣ буда, баранда-гони моддаҳои реликтии абрҳои протосайёравӣ мебошанд. Кометаҳо ба намуди умумӣ аз ядрои сахт, сар ва думҳои дарози газу чанг иборатанд. Кометаҳо шакли туман ва маркази дурахшон дошта, дар масофаҳои 3-6 в.а. (1 в.а. – воҳиди астрономӣ = 149,6 млн км) бо наздик шудан ба перигелии (нуқтаи наздиктарин ба Офтоб) мадор дурахшониашон афзуда, андозаи сарашон бузург мешавад ва сипас, дум ҳосил мекунанд. Ҳастаи кометаҳо манбаи газ ва зарраҳои чанг дар худи кометаҳо буда, аз омехтаи газҳои мухталифи яхкарда иборат мебошанд. Оид ба андоза, таркиби кимиёвӣ, тартиби мавҷудияти зарраҳои чанг ва табиати онҳо дар ҳаста дар астрономияи имрӯза фикри ягона нест.

Вобаста аз даври гардишашон дар атрофи Офтоб кометаҳоро ба ду гурӯҳи асосӣ – кометаҳои кӯтоҳдавр ва кометаҳои дароздавр тақсим менамоянд. Кометаҳои даври гардишашон то 200 солро ба гурӯҳи кометаҳои кӯтоҳдавр ва даври гардишашон зиёда аз 200 солро ба гурӯҳи кометаҳои дароздавр ҷудо менамоянд. Илми астрономияи муосир зиёда аз 200 кометаи кӯтоҳдавр ва беш аз 700 кометаи дароздавро медонад. Мадори кометаҳои кӯтоҳдавр наздик ба эклиптика ҷойгир шуда, онҳо дар навбати худ ба оилаҳои сайёравӣ тақсим мешаванд. Дар байни кометаҳои оилаи сайёравӣ калонтарин ба Муштарӣ тааллуқ дошта, масофаи афелии (нуқтаи дуртарин аз Офтоб) қариб 150 комета ба нимтири калони мадори Муштарӣ (5,2 в.а.) наздик ва даври гардиши аъзои ин оилаи сайёравии кометаҳо ба 3,3-20 сол баробар аст. Оилаи Зуҳал тақрибан 20 кометаи даври ҳаракаташон 10-20 сол, оилаи Уран якчанд кометаи даври гардишашон 28-40 сол ва оилаи Нептун қариб 10 кометаи даври ҳаракаташон 58-120 сол доранд. Мадори эллипсии кометаҳои дароздавр бошад, хеле тӯл кашидаанд ва онҳоро аз парабола фарқ кардан душвор аст. Чунин кометаҳоро параболӣ меноманд ва беш аз 30 адади ин кометаҳо масофаи перигелии хурд доранд, ки онҳоро кометаҳои «Офтобхарошанда» низ ном мебаранд. Мадори кометаҳои дароздавр нисбат ба мадори сайёраҳо ва қисми зиёди астероидҳо, ки наздик ба эклиптика ҷойгир шуда, ба як самт ҳаракат менамоянд, фарқи ҷиддӣ доранд. Мадори кометаҳои параболӣ нисбат ба ҳамвории эклиптика дар таҳти кунҷҳои гуногун ҷойгир шуда, ҳаракаташон дар атрофи Офтоб гуногун-самт мебошад.

Яке аз кометаҳои кӯтоҳдавр кометаи Чурюмов-Гераси-менко ё номи расмиаш 67P/Чурюмов-Герасименко (67P/Chur-yumov-Gerasimenko) буда, даври гардиши он тақрибан ба 6 солу 7 моҳ баробар мебошад. Кометаи мазкурро 20 сентябри соли 1969 аз ҷониби ходими Расадхонаи марказии Академияи миллии илмҳои Украина Клим Чурюмов ва корманди Инсти-тути астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Светлана Герасименко, ки барои мушоҳида ва омӯзиши кометаҳо ба воситаи телескопи панҷоҳсантиметра ба шаҳри Алмато сафарбар гардида буданд, ба қайд гирифта шуд. Онҳо шабҳои 11 ва 12 сентябри соли 1969 ҳангоми мушоҳида ва расмгирии кометаи 32Р/Комас-Сола дар қатори он кометаи дигареро мушоҳида карданд, ки кометаи нав кашфшуда ба номи нахусткашшофон К.Чурюмов ва С.Герасименко «67Р/Чурюмов-Герасименко» ном гирифт. Кометаи номбурда санаи 23 октябри соли 1969 кашф гардида, ба рӯйхати байналмилалии кометаҳо ворид карда шуд. Индекси 67P пеш аз номи Чурюмов-Герасименко маънои онро дорад, ки кометаи мазкур дар байни кометаҳои кӯтоҳдаври дар атрофи Офтоб даврзананда дар қатори 67-ум меистад.

Чурюмов Клим Иванович (тав. 1937) – ситорашинос ва нависандаи бачагонаи украинӣ, нахусткашшофи кометаҳои Чурюмов-Герасименко ва Чурюмов-Солодовников мебошад. Вай яке аз астрономҳои маъруфи Украина, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина, академики Академияи илмҳои Ню-Йорк, директори майдони намоиши сайёҳраҳо дар шаҳри Киев, сармуҳаррири маҷаллаи астрономии илмӣ-оммавии «Осмони мо» (2006-2009) ва президенти Ҷамъияти украинии дӯстдорони нуҷум мебошад.

Герасименко Светлана Ивановна (тав. 1945) – ситора-шиноси тоҷикистонӣ, кошифи кометаи Чурюмов-Герасименко буда, соли 1945 дар шаҳраки Баришевкаи вилояти Киеви Украина дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1968 кафедраи астрономияи Донишгоҳи давлатии Киевро хатм намуда, баъдан ба аспирантура шомил гардид. Соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи АИ ҶТ ба шаҳри Душанбе омад ва дар айни замон дар пажӯҳишгоҳи мазкур ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият намуда, ба мушоҳида ва омӯзиши кометаҳо машғул аст. Саҳми С.Герасименкоро дар омӯзиш ва тадқиқи ҷирмҳои кайҳонӣ ба эътибор гирифта, Николай Черних астероиди №3945-ро (ин астероид ҳамчун объекти кайҳонии «1982 PL» ба қайд гирифта шуда буд), ки 14 августи соли 1982 кашф карда буд, ба шарафи ӯ «3945 Gerasimenko» ном гузошт. Нуқтаҳои наздиктарин ва дуртарини мадори астероиди Герасименко аз Офтоб мувофиқан ба 2,27 в.а. ва 3,95 в.а. баробар мебошанд.

 

Расми кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, ки дастгоҳи кайҳонии «Розетта»

19 сентябри соли 2014 аккосӣ намудааст

 Пеш аз ошкор кардани масири (траектория) кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко мадори он муайян карда шуда буд. То соли 1959 перигелии комета аз Офтоб дар масофаи 2,7 в.а. ҷойгир мешуд. Баъд аз ин натиҷаи таъсири ҷозибаи Муштарӣ масофаи мазкурро то 1,29 в.а. кӯтоҳ намуд. Санаи 12 марти соли 2003 дар асоси омода намудани супориши Агентии кайҳонии Аврупо (АКА) бо ёрии телескопии кайҳонии «Ҳаббл» комета ба навор гирифта шуд.

Баъд аз кашфи кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко онро дар санаҳои 1982 VIII; 1982 f; 1989 VI; 1988 i; 1969 R1; 1969 IV; 1969 h; 1975 P1; 1976 VII ва 1975 i низ ба қайд гирифтанд. Комета дар давоми солҳои ахир бештар ба воситаи дастгоҳи кайҳонии «Розетта» омӯхта шудааст. Имрӯз маълум карда шудааст, ки эксентриситети комета ба 0,63 в.а, нимтри калонаш ба 3,51 в.а., перигелиаш ба 1,29 в.а. ва афелиаш ба 5,72 в.а. баробар мебошад. Даври гардиши кометаи номбурда дар атрофи Офтоб ба 6,57 соли юлианӣ баробар буда, моилии он нисбат ба мадор 7,12° мебошад. Олимони соҳаи астрономия дар натиҷаи омӯзиши ҳаракати кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко ба чунин хулоса омадаанд, ки даври гардиши он 12 соату 24 дақиқаро дар бар мегирад ва перигелии охирини комета ба санаи 28 феврали соли 2009 рост омаду перигелии ояндаи он ба 13 августи соли 2015 дуруст меояд. Андозаҳои тарафи калони комета таносубан ба 4,1×3,2×1,3 км ва тарафи кӯчаки он мувофиқан ба 2,5×2,5×2,0 км баробар буда, массааш 1 · 1013 кг ва зичии миёнааш 0,4 г/см3 мебошад. Андозаи ҳастаи комета бошад, ба 3×5 км баробар аст.

«Розетта»[1] (Rosetta) – дастгоҳи кайҳониест, ки аз ҷониби АКА барои тадқиқии кометаҳо пешбинӣ гардида, аз ду қисм – зонди хусусии «Розетта» ва дастгоҳи фурӯдоварандаи «Фили» иборат мебошад ва дар рӯйхати ҳамсафарҳои сунъии Замин таҳти рақами 28169 ба қайд гирифта шудааст. Дастгоҳи мазкур дорои 3000 кг вазн ва 850 Вт иқтидор буда, дарозии парвози он ба 10 солу 8 моҳу 20 рӯз баробар мебошад. Дастгоҳи кайҳонии «Розетта» 2 марти соли 2004 ба самти кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко фиристода шуд ва он нахустин дастгоҳи кайҳоние мебошад, ки ба мадори ҳаракати кометаи номбурда баромадааст.

Парвози нахустини дастгоҳи кайҳонии «Розетта» 12 январи соли 2003 ба нақша гирифта шуда, барои тадқиқ кометаи 46Р/Виртанена интихоб гардида буд. Аммо моҳи декабри соли 2002 дар вақти озмоиш ҳаракатдиҳандаи рактеаи ҳомили «Ариан-5», ки дастгоҳро ба фазо мебаровард, аз кор баромад. Пас аз корношоям гардидани ракетаи ҳомил эътимод-нокии дастгоҳ низ коста гардид ва барои парвози оянда барномаи нав коркард карда шуд. Нақшаи нав барои парвоз 26 феврали соли 2004 ба сӯи кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко пешбинӣ гардида, мутобиқи он дастгоҳ бо комета бояд соли 2014 вомехӯрданд. Ҳамин тавр, баъд аз ду маротиба бекор намудани кӯшиши парвоз, дастгоҳи «Розетта» соати 717-и вақти Гринвич (UTC) 2 марти соли 2004 аз космодроми Куруи Гвианаи фаронсавӣ ба фазо сар дода шуд. Дар вақти парвоз ба сифати меҳмони ифтихорӣ кашшофони комета Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко даъват гардиданд. Ба истиснои ҳолатҳои тағйирёбии вақт, мақсади амалии барномаи парвоз тағйир намеёфт. Пас аз расидани «Розетта» ба сатҳи комета дастгоҳи «Фили» онро мушоҳида менамуд. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, дастгоҳи «Фили» ҳангоми ба комета наздик омадан, бо суръати нисбии он то дараҷаи 1 м/с баробар шуда, ба сатҳи комета ду гарпун равона менамуд ва алоқаро бо кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко амиқтар барқарор мекард. Ҳамин тариқ, дастгоҳи «Фили» соати 1905 (ба вақти Москва) 12 ноябри 2014 ба сатҳи комета фурӯд омад.

Парвози дастгоҳи «Розетта» дар назди кометаи «67Р/Чурюмов - Герасименко»

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 1986 дар таърихи тадқиқи ҷирмҳои кайҳонӣ, аз ҷумла кометаҳо яке аз ҳодисоти муҳимтарин ба масофаи минималӣ наздик шудани кометаи Галле ба Замин буд. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби дастгоҳҳои кайҳонии мамлакатҳои гуногун – ИҶШС «Вега-1» ва «Вега-2», Ҷопон «Суйсэй» ва «Сакигакэ» ва кишварҳои Аврупо «Ҷотто» ҳамаҷониба тадқиқ карда шуд. Дар рафти мушоҳидаи ин ҳодиса олимон ахбори пурарзишеро оид ба таркиб ва пайдоиши кометаи номбурда ба даст оварданд, аммо бисёре аз масъалаҳои кайҳонӣ нокушода монданд. Аз ин рӯ, Агентии миллии кайҳонии ИМА (NASA) ва АКА ҳамкориро оид ба тадқиқи ҷадиди кайҳонӣ оғоз карданд. Барои ҳамкориҳои минбаъда NASA барномаи парвоз ба сайёраҳо ва вохӯрӣ бо кометаҳоро омода ва АКА барномаи баргаштан ба ҳастаи кометаҳоро таҳия намуданд. Дар асоси чунин ҳамкорӣ дастгоҳи кайҳонии ҷадид бо номи «Mariner Mark II» бо харҷи хеле кам парвозкунанда сохта шуд.

Мутобиқи нақшаи пешбинишуда, дастгоҳи кайҳонии «Розетта» пеш аз он, ки ба сатҳи кометаи «67Р/Чурюмов-Герасименко» фурӯд ояд, се маротиба аз назди сайёраи Замин (2005, 2007, 2009), як бор аз назди сайёраи Миррих (25 феврали соли 2007), як маротиба аз назди астероиди Штейнс (4 августи соли 2008) ва як бор аз назди астероиди Лютесия (10 июли 2010) парвоз карда гузаштааст. Дар вақти парвоз дастгоҳи «Фили» ба Миррих то ба масофаи 1000 км наздик шуда, онро аккосӣ ва оид ба майдони магнитиаш маълумотҳои навро ба қайд гирифт. 5 сентябри соли 2008 бошад, дастгоҳи мазкур ба астероиди Штейнс то масофаи 800 км наздик шуд. Рӯзи 6 сентябр аз масофаи хеле наздик астероидро ба навор гирифта, дар сатҳи он 23 танӯраҳои диаметрашон беш аз 200 метраро ошкор сохт. Бегоҳии 10 июли соли 2010 дастгоҳи кайҳонии «Розетта» ба сатҳи астероиди Лютесия хеле наздик омада, онро ба навор гирифт ва он наворро хоҳишмандон дар сомонаи интернет ба таври мустақим (прямой эфир) тамошо карданд.

Тероекторияи ҳаракати дастгоҳи кайҳонии «Розетта» аз соли 2004 то 2015

1 - моҳи марти соли 2004: дастгоҳи кайҳонӣ сар дода шуд;

2 - моҳи марти соли 2005: павози нахустин аз назди Замин;
3 - моҳи феврали соли 2007: парвози аввал аз назди Миррих;
4 - моҳи ноябри соли 2007: парвози дуюм аз назди Замин;
5 - моҳи сентябри 2008: ба астероиди Штейнс наздик шуд;
6 - моҳи ноябри соди 2009: парвози сеюм аз назди Замин;
7 - моҳи июли соли 2010: ба астероиди Лютесия наздик шуд;
8 - моҳи июли соли 2011: кӯчонидани дастгоҳи кайҳонӣ ба реҷаи дигар;

9 - моҳи январи соли 2014: дастгоҳи кайҳонӣ фаъол карда шуд;
10 - моҳи августи соли 2014: ба мадори кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко ворид шуд;

11 - моҳи ноябри соли 2014: дастгоҳ ба сатҳи комета фурӯд омад;
12 - моҳи декабри соли 2015: супориши дастгоҳ ба охир мерасад.

Ҳамин тариқ, дастгоҳ соати 1000 (бо вақти Гринвич) рӯзи 20 январи санаи 2014 аз супориши гирифтаи худ оид ба кометаи 67Р/Чурюмов-Герасименко хабар дод. Маълумоти фиристодаи дастгоҳ аз ҷои мустақаршуда, соати 1817 UTC қабул гардид ва аз ин пас омодагӣ барои вохӯрӣ ба кометаи тадқиқ-шаванда оғоз ёфт. Рӯзҳои 12-19 ноябри соли 2014 «Розетта» дар реҷаи ретранслясияи маълумотҳо аз дастгоҳи «Фили» кор кард. Дар ин муддат дастгоҳи кайҳонии «Розетта» дар масофаи 50 километр атрофи кометаро давр зада, рафту омади парвози худро се маротиба ва масирашро якбора тағйир дод. 19 ноябри соли равон бошад, «Розетта» дар масофаи 30 километр ҳамсафари кометаи 67Р/Чурюмов-Герасимен-ко гардида, атрофи онро чарх зада баромад. Бояд рӯзи 3 декабр дастгоҳи мазкур аз мадори комета ба мадори ҳастаи он гузарад. Аз рӯи маълумоти пешбинишуда, 6 декабри соли 2014 «Розетта» дар масофаи 20 километр мадори доиравии кометаро чарх мезанад. Бо ҳамин моҳи декабри соли 2015 супоришҳои махсуси дастгоҳи кайҳонии «Розетта» ба охир мерасанд ва он ба Замин бар мегардад.

Ҳамин тариқ, саҳми олимони тоҷикистонӣ дар омӯзиши ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ - кометаҳо, астероидҳо, метеороидҳо ва объектҳои бузурги кайҳонӣ - ситораҳо, низоми ситораҳо, галактикаҳо, метагалактикаҳо назаррас буда, эшон дар ин самт тадқиқоти пурарзиш анҷом додаанд ва бо натоиҷи самарабахши худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.

Номвар Қурбонов

Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»,

№2 (125) соли 2015, саҳ. 10-12.

Дурахши ахтарони илм (Бахши аввал). - Душанбе: «Дониш», 2022. - 267 с.

 

 [1] Розетта - лавҳаи сангин аз оилаи гранодиоритҳо буда, 15 июли соли 1799 аз тарафи капитани Артиши Фаронса дар Миср Пером-Франсуа Бушар дар назди шаҳрчаи Розетта (Рашиди имрӯза), пайдо карда шудааст. Афсари фаронсавӣ аҳамияти муҳим доштани сангро пай бурда, сангро ба Қоҳира ба Пажӯҳишгоҳи Миср (Institute of Egypt), ки онро Наполеон бунёд карда буд, фиристод. Соли 1801 бошад, дар Африқо фаронсавиҳо аз англисҳо шикаст хурда, маҷбур шуданд, ки сангро дар қатори дигар ёдгориҳо ба артиши англис супоранд. Аз соли 1802 ин ҷониб санги Розетта дар Осорхонаи Британия таҳти №EA 24 нигоҳ дошта мешавад.

Хондан 1152 маротиба