JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 18 Майи 2022 04:18

Кометаҳо аз нигоҳи илм ва радди ақидаҳои хурофотии одамон нисбати  ин ҷирмҳо

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

   Аз рӯзе, ки инсоният дар дунё арзи ҳастӣ кард, дар баробари инкишофи шуураш  хост нисбат ба объектҳо ва мавҷудоти гирду атрофаш маълумот ба даст орад.  Дар баробари тараққиёти илму техника, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии одамон  рушд  ва инкишоф ёфту, нисбат ба ҳодисаю воқеъаҳои олами ҳастӣ маълумотҳои ҷолибу диққатҷалбкунандаро ба даст овард. Диққати одамони замонҳои қадимро асосан ҷирмҳои осмонӣ ҷалб мекарданд. Онҳо ситораҳои равшанро дар осмон роҳнамо интихоб карда, ба воситаи ин ситораҳо дар баҳру биёбонҳо роҳ мерафтанд.

Маълумоти умумӣ дар бораи кометаҳо

  Кометаҳо ҷирмҳои зебо ва  диққатҷалбкунандаи осмонӣ мебошанд,  хусусан вақте, ки хеле равшан мешаванду онҳоро бо чашми оддӣ дидан имконпазир аст. Калимаи  “комета” аз калимаи юнонии  “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад. Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ  дидашаванда дорои думи дароз мебошад, ки дарозиаш якчанд ва баъзан даҳҳо дараҷаи кунҷиро ташкил медиҳад. Кометаҳои равшан  дар давоми 10-15 сол як маротиба пайдо мешаванд ва ин ҳам бошад, онҳоро танҳо аз як нимкураи Осмон дидан мумкин аст.  Ҳоло ба туфайли ихтироъи асбобҳои дақиқи астрономӣ  дар як сол то 100 кометаи нав кашф мешавад.

Кометаҳо ҷирмҳои яхин  буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои  хурди  Низоми офтобӣ дохил мешаванд.  Қариб 90% - и массаи кометаҳоро моддаҳои сабуки зудгудози яхшуда аз қабили,  об, молекулаи кабон, аммиак, метан, оксиген, нитроген ва ғ. ташкил медиҳанд. Боқимондаро бошад, моддаҳои вазнин, ба монанди оҳан, никел ва дигар навъи силикатҳо ташкил медиҳанд.  Кометаҳо аз се қисм: ҳаста (ядро), сар ва дум иборатанд. Қисми фаъолтарини кометаҳо ҳастаи онҳо ба шумор меравад.  Ҷолибтарин қисми комета думи он мебошад. Вақте, ки кометаҳо аз Офтоб дар масофаҳои дур воқеъанд, онҳо  ғайрифаъоланд ва онҳоро  чун астероидҳо  мушоҳида мекунанд. Дар ҳолате, ки кометаҳо ба Офтоб ба масофаи 3 – 3,5 воҳиди астрономӣ (1- воҳиди астрономӣ ба 150 000 000 км баробар аст, ки ин  масофаи байни Офтобу Замин аст) наздик мешаванд, дар таҳти таъсири гармии Офтоб моддаҳои сабуки таркиби онҳо бухор мешаванд. Ин моддаҳои бухоршуда дар атрофи ҳаста (ядро) – и комета атмосфераи газиеро ташкил мекунанд, ки онро комаи комета меноманд. Кома ва ҳаста якҷоя сари кометаро ташкил медиҳанд. Газу чанге, ки атрофи ҳастаи кометаро иҳота кардаанд, дар таҳти таъсири фишори рӯшноӣ ва шамоли Офтобӣ ба муқобили Офтоб ҳаракат мекунанд ва думи кометаро ташкил медиҳанд. 

Кометаҳоро ба ду гурӯҳ: дароздавр ва кӯтоҳдавр ҷудо мекунанд. Кометаҳое, ки даври гардишашон дар атрофи офтоб аз 200 сол зиёд аст, кометаҳои дароздавр ва кометаҳое, ки даври гардишашон аз 200 сол хурд аст, кометаҳои кӯтоҳдавр меноманд.

Расми 1. Сохти комета

Андозаи ҳастаи  кометаҳо аз 500 м то 20 км – ро дар бар гирифта, андозаи сарашон бошад, аз  100 000 км то 1,5  млн. км – ро ташкил медиҳад.  Дарозии думи кометаҳо аз 1 млн. км сар карда, то ба 900 млн. км мерасад. 

 

Аз хурофот то илм

   Аввалин дастнависҳои хаттие, ки дар бораи мушоҳидаи кометаҳо маълумот медиҳад, ба таърихи 2296 солаи пеш аз мелод рост меояд. Кометаҳоро астрономҳои Чини қадим мушоҳида  мекарданд. Чиниҳои қадим осмонро чун як мамлакати бузург тасаввур карда, дар он сайёраҳои дурахшонро ҳокимон, ситораҳоро дарбориёни ҳукумат мепиндоштанд.  Аз сабаби он, ки кометаҳо дар кураи осмон мавқеашонро дар байни ситораҳо зуд – зуд иваз мекарданд, онҳоро хаткашонҳои ҳокимони осмонӣ гумон мекарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки маҳз хамин ҷирмҳо, яъне кометаҳо ба воситаи нома фармони императорро ба ҳокимони осмонӣ  мерасонанд. Бинобар ин бо тасаввуроти онҳо ҳамаи ҳодисаҳои дар осмон ва Замин ба амал омада бо фармони императори осмонӣ ба вуқуъ меомад.

    Аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамон ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Пайдоиши кометаи равшани думдор дар осмон ҳодисаи нодир ва аҷоиб мебошад. Одамони қадим аз кометаҳо бисёр меҳаросиданд ва пайдоиши онҳоро сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш аз қабили вабо, гуруснагӣ, ҷангу хунрезӣ, офатҳои табии ва ғайраҳо дар рӯи Замин мепиндоштанд.  Кометаҳо, ки ҷирмҳои думдор буданд ва баъзан вақт дар тамоми нимкураи осмон думашон паҳн мешуд, тарсу ваҳми одамонро дучанд мегардонд.

Албатта сабаби асосии бо чунин тасаввурот ва  ақидаҳои нодуруст ва беасос гирифтор шудани онҳо ин  маълумоти оддитарин надоштанашон дар бораи табиати физикӣ ва динамикии ин ҷирмҳо буд.

 

Таҳқиқи кометаҳо пеш аз мелод

           Аввалин тасаввуроти илмиро дар бораи кометаҳо олими юнони қадим Арасту пешниҳод кардааст. Ба ақидаи Арасту кометаҳо чун ҷисмҳои буғшавандаи  атмосферӣ буданд. Ақидаи Арастуро мардум дастгирӣ карданд. Ақидаҳои хурофотӣ ва беасос дар бораи кометаҳо ҳатто аз тарафи олимони машҳӯр пешниҳод мешуд ва то асрҳои миёна идома ёфт.

Расми 2. Тарси одамон аз пайдоиши комета 

        

Таҳқиқи кометаҳо дар асри XVI

Дар охирҳои асри XVI астрономи даниягӣ Тихо Браге кометаҳоро ҳамчун ҷирми осмонӣ таҳқиқи илмӣ намуд. Ин олим як кометаи равшанро аз ду расадхона, ки аз ҳамдигар дар масофаи хеле дур воқеъ буданд мушоҳида намуд. Браге дид, ки аз ду расадхона ҳам мавқеъи комета нисбат ба ситораҳо тағйир намеёбад. Аз ин рӯ вай исбот намуд, ки ҷирмҳо аз Замин дар масофаҳои хеле дур ҷойгиранд. Дар ин замина ақидаҳои хурофотӣ  ва беасос, аз он ҷумла ақидаҳои Арасту оид ба кометаҳо инкор шуд. Ба тадқиқотҳои илмӣ нигоҳ накарда одамони ҷоҳил боз ақидаҳои хурофотиро идома медоданд. Масалан, марги Людовики XIV – ро  ба кометаи равшане, ки соли 1680 пайдо шуда буд, нисбат медоданд.   

          Пайдоиши кометаҳои дурахшон ҳамчун ҷирми осмонӣ дар осмони ситоразор ба ҳодисаҳои нохуши дар  Замин ба амал меомада ҳеҷ рафъе надорад.  Кометаҳо чун сайёраҳо ва астероидҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд. Аз сабаби он, ки ин ҷирмҳо яхинанд бо наздик шудан ба Офтоб яхи онҳо бухор шуда, дум ва сари кометаро ташкил мекунанд.

          Саҳми асосиро дар таҳқиқоти табиати кометаҳо астрономи ангилис Эдмонд Ҳаллей гузоштааст. Вай як кометаеро, ки дар солҳои 1531, 1607 ва 1682 пайдо шуда буд, таҳқиқ  кард ва даврӣ  будани ин кометаро исбот намуд. Ин астроном нишон дод, ки  як даври пурраи ин комета дар атрофи Офтоб ба 76 сол баробар аст. Баъд аз маргаш ин кометаро (1P/Галлей) ба номи ӯ гузоштанд. Масофаи миёнаи байни Офтобу кометаи Галлей ба 2 660 000 000 км (17,8 масофаи байни Офтобу Замин) баробар аст. Андозаи ҳастаи комета ба 15 км баробар аст.

 

Таҳқиқи кометаҳо дар асри XХ

    Дар аввалҳои асри ХХ алакай тасаввурот ва ақидаи  мардум дар бораи кометаҳо хеле дигар шуда, шиддати  хурофот хеле паст шуд. Тадқиқоти ҷиддии кометаҳо аз солҳои 80 – уми асри гузашта шурӯъ шуд. Аввалин шуда 9 марти соли 1986 ба тадқиқи кометаи Ҳаллей дасгоҳҳои кайҳонии ИҶШС ВЕГА 1, ВЕГА 2 ва дасгоҳи кайҳонии аврупоӣ Ҷотто фиристонида шуданд. Ин дасгоҳҳо кометаро аз масофаи хело наздик (аз 500 то 9000 км) аксбардорӣ  карда, маълумотҳои навтаринро доир ба сохт ва таркиби химиявии комета фиристониданд.

              

Расми 3, 4 . Расми кометаи Ҳаллей, ки аз Замин гирифта шудааст (т. чап)

Расми кометаи 1P/Ҳаллей, ки аз масофаи 13 400 км гирифта шудааст  (т. рост)

         

Таҳқиқи кометаҳо дар асри XXI

Дар асри XXI, ки донишу хиради инсонӣ, ба дараҷаи воло тараққӣ намуд, ба донишҳои андак оиди ин ҷирмҳои диққатҷабкунанда  қаноъат накарданд. Бинобар  ин  олимон тасмим гирифтанд, ки ба сатҳи ин ҷирмҳои яхин дастгоҳҳои кайҳониро шинонанд то маълумоти мукаммале гиранд.  Моҳи марти соли 2004 Агентии кайҳонии Аврупо (АКА) ба сӯи кометаи кӯтоҳдаври 67P/Чурюмов – Герасименко дастгоҳи кайхонии «Розетта» – ро фиристонд.  Ин дастгоҳи кайҳонӣ муддати 10 сол дар Низоми офтобӣ кометаро пайгирӣ карда, ниҳоят 12 ноябри соли 2014 ба сатҳи комета лабораторияи  хурдакаки илмии «Фили» – ро фурӯд овард.  Ин дастовард яке аз дастовардҳои бузург ва нодир дар асри XXI буд, зеро як инқилоби илмиеро дар соҳаи асрономия ба вуҷуд овард. Ин дастгоҳ қариб муддати 2 сол дар сатҳи комета тадқиқоти илмӣ гузаронида,  маълумотҳои нав ба нави илмиро, ки барои инсоният муаммои сарбаста буд, кашф намуд. Дастгоҳ дар комета 16 адад элементҳои нави химиявиро кашф намуд.

Расми 5. Акси кометаи 67Р/ Чурюмов – Герасименко аз диди Розетта

 

          Кометаи Чурюмов – Герасименкоро 23 сентябри соли 1969 астрономи Украинӣ  Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко(корманди Институти астрофизикаи АМИТ) кашф намуданд. Даври гардиши ин комета дар атрофи Офтоб ба 6,5 сол баробар  буда, масофаи миёнаи байни Офтобу комета  ба 525 000 000 км баробар аст. Андозаи комета ба 4,5 км баробар буда, массааш 1013 кг – ро ташкил медиҳад.

Расми 6. Фурўди «Фили» ба сатҳи кометаи 67Р/Чурюмов – Герасименко

Омӯзиши кометаҳо дар  Тоҷикистон

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ ва фазои кайҳонӣ аз онҷумла кометаҳо соли 1932 баъди таъсис ёфтани пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва расадхонаи астрономии Ҳисор оғоз ёфта буд. Дар тадқиқоти   кометаҳо олимони варзида ба монанди Доброволский О.В., Бобоҷонов П.Б., Всехсвятский С.К., Ибодов С., Ибодинов Х.И., Раҳонов А. ва ғайраҳо саҳми назаррас гузоштанд. Шӯҳрати ҷаҳонӣ доштани астрофизикаи Тоҷикистон боиси он гардид, ки 7 сайёраи хурди солҳои охир кашф гардида ба номи олимони он - Бобоҷонов П.Б., Бахерев А.М., Чернова Г.П., Доброволский О.В.,  Герасименко В.А.,  Ибодинов Х.И., Киселев Н.Н. гузошта шуданд.

  Бояд қайд намуд, ки ҳоло роҳбарии Институти астрофизикаи АМИТ- ро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна ба уҳда доранд.  Ҷамъияти астрономии  ҷаҳон саҳми назарраси ин шахсро дар тадқиқоти   астероидҳо ба назар гирифта, ба  номаш астероидеро бо номи астероиди KOKHIROVA (24533) номгузорӣ намуданд.

   Ҳоло  дар Институти астрофизикаи АМИТ аз ду расадхона астрономӣ: Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи Байналмиллалии Санглох пажӯҳишгарони Институт ба омӯзиши кометаҳо ва астероидҳо  машғуланд.

  Воқеъан руҷуъ ба илм ин шикасти хурофот аст. Маҳз бо заҳмати чандинасраи олимони дунё, чӣ тоҷику чӣ рус ва чӣ амрикоию дигар миллат илм дар чор асри охир ривоҷ ёфта тараққӣ намуд. Тараққиёти илм боиси мешавад, ки инсоният худаш ва дунёро ба таври дигар шиносад ва он тасаввуротҳои беасосро, ки асрҳо мардумро ташвиш медоданд аз зеҳнаш дур созад.

 

                  Ҳусейн Асоев

ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

 

 

 Сарчашмаҳо

  1. Коитиро Томита. Беседы о кометах. Перевод с японского – Москва: знание, 1982. – 320 с.
  2. 2.Марочник Л. С. Сведение с кометой. – М.: Наука. 1985. 208 с.
  3. 3.Обидҷон Мамадов. Сайёҳат ба кайҳон. – Душанбе: “Ирфон”, 1987. 64 с.
  4. Чурюмов К.И. Кометы и их наблюдение. – Москва 1980 – 160с.
  5. http://hi-news.ru/tag/rosetta
  6. http://special.tass.ru/nauka/2155235
  7. http://galspace.spb.ru/index380.html
  8. http://samlib.ru/m/mateshwili_g_g/cosmos-9.shtml
  9. https://ru.wikipedia.org/wiki/Комета
Хондан 955 маротиба