JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Июни 2022 04:13

Ҳадафи мушоҳидаҳои астраномӣ барои бартараф намудани хатари бархӯрди астероидҳо

Муаллиф: Шарипова Н.Т.

  Астероидҳо ба ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дохил мешаванд. Астероидҳо миллиардҳо сол пеш ҳангоми ташаккулёбии Системаи офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ин рӯ синну соли онҳо бо синну соли Офтоб қобили муқоиса аст. Хусусиятҳои динамикӣ ва манбаъҳои пайдоиши онҳо гуногунанд. Инро таркиби онҳо, сохтори дохилӣ ва ҳарорати бухоршавии моддаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин моддаи  астероидҳо, шакли аввалаи худро ҳифз намудаанд ва маводи аввалин дараҷае мебошанд, ки Системаи офтобӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва минбаъдаи таҳаввул аз он ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, астероидҳо дар таҳқиқоти астрономӣ мавқеи бениҳоят муҳим доранд. Омӯзиши онҳо дар бораи шароит ва равандҳои пайдоиши Системаи офтобӣ маълумот медиҳанд. Мушоҳидаҳои оптикии заминии астероидҳо аҳмият ва муҳимияти худро нигоҳ доштаанд. Қутр ва шакли геометрӣ, сохт ва таркиби сатҳ, давр ва самти меҳвари гардиш ва параметрҳои дигар на барои ҳамаи астероидҳо муайян карда шудаанд. Ҳангоми баррасии астероидҳои эҳтимолан хатарнок ин вазифаҳо махсусан актуалӣ мешаванд. Барои ба даст овардани мадорҳои дақиқ, бузургии ситорагӣ, даври гардиш, қутр, нишондиҳандаи ранг ва ҳадди аққал таркиби тахмини минералогии ҷирмҳо то ҳадди имкон маҷмӯи маълумотҳои мушоҳидавӣ дар бораи ин гуна астероидҳо ниҳоят муҳим аст. Мушоҳида ва омӯзиши чунин астероидҳо яке аз масаълаҳое мебошад, ки баррасӣ шудааст.

Таҳқиқии ҳамаҷонибаи хусусиятҳои физикӣ ва динамикии ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дар асоси мушоҳидаи оптикӣ на танҳо барои омӯзиши онҳо аҳамияти принсипӣ, балки аҳамияти калони амалӣ низ дорад.

  • Натиҷаҳои нави аз мушоҳидаҳо ба даст омада дар бораи хусусиятҳои физикӣ ва динамикии астероидҳо маълумоти дар базаҳои мухталиф мавҷудбударо ба таври назаррас пурра мекунанд. Онҳо барои ҳалли масъалаҳои муосири астрономия, ки бо омӯзиши шароити ташаккулёбии Системаи офтобӣ алоқаманданд, муайян кардани манбаъҳои пайдоиш ва робитаҳои байни ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ бисёр муҳиманд.
  • Натиҷаҳои таҳқиқот барои ба назар гирифтани хатари астероидҳо ба миссияҳои кайҳонӣ, ҳалли масъалаҳои хатари бархӯрди онҳо бо Замин ва инчунин дар ташаккули масъалаҳои нави илмӣ ҳангоми мушоҳидаи астероидҳои ба Замин наздикшаванда тавассути дастгоҳҳои кайҳонӣ муҳиманд.

Астероидҳое, ки масофаи перигеллиашон аз 1,3 в.а. камтар ё ба он баробаранд, одатан астероидҳои наздикшаванда ба Замин (АНЗ) номида мешаванд. Аввалин астероид бо чунин мадор соли 1898 кашф карда шуд. Он рақам ва номи (433) Эрос (a = 1.458 в.а, q = 1.133 в.а.) – ро гирифт. АНЗ аз дигар астероидҳо на танҳо бо масофаи нисбатан хурди перигелиашон, балки бо андозаи хурдашон фарқ мекунанд. То имрӯз тақрибан 7000 АНЗ кашф карда шудааст, аммо танҳо тақрибан 800 – тои онҳо андозаи аз 1 км зиёдтар доранд. Калонтарин АНЗ, астероиди (1036) Ганимед мебошад, ки қутри он 38,5 км мебошад. Ду астероиди дигар - (433) Эрос ва (3552) Дон Кихот - андозаи онҳо тақрибан 20 км мебошанд, дар ҳоле ки ҳамаи боқимонда аз 10 км хурд ҳастанд [1].

Тақсимоти астероидҳои ба Замин наздикшавандаи калон (бо бузургии мутлақ H <18m) вобаста ба масофаи перигелий

Ҳама АНЗ-ро вобаста ба масофаи перигелий ё масофаи афелий ва нимтири калони мадор ба якчанд навъҳо ё гурӯҳҳо тақсим карда мешаванд. Ҳар як гурӯҳ бо номи астероид - намояндаи хоси он номгузорӣ шудааст. Як қатор муҳаққиқон астероидҳоро мувофиқи қимати параметрҳои мадор ба чунин намудҳо тақсим кардаанд:

Астероидҳои гурӯҳи Амур ((1221) Amor). Масофаҳои перигелияшон q аз масофаи афелии Замин (1.0167 < q <1.3 в.а.) калонтар аст. Астероидҳои ин гурӯҳ метавонанд ба Замин наздик шаванд, аммо ба мадори Замин дохил намешаванд.

          Астероидҳои гурӯҳи Аполлон ((1862) Apollo). Масофаҳои перигелияшон q аз масофаи афелии Замин (a > 1 в.а. q > 1,0167 в.а.) хурдтар аст. Астероидҳои ин гурӯҳ метавонанд ба мадори Замин ворид шаванд.

          Астероидҳои гурӯҳии Атон ((2062) Aten). Нимтирҳои калонашон нисбат ба Замин хурдтар, масофаҳои афелий аз масофаи перигелии Замин калонтар аст (a < 1 a.e., Q > 0,983 в.а.). Мадори астероидҳои ин гурӯҳ асосан дар дохили мадори Замин ҷойгиранд ва танҳо дар наздикии афелий аз ҳудуди он берун мешаванд.

          Астероидҳои гурӯҳии Атир ((163693) Atira). Мадорҳои ин гурӯҳи астероидҳо ба пуррагӣ дар ҳудуди мадори Замин ҷойгиранд; Q < 0, 983 в.а. Чунин ҷирмҳои хурдро кашф кардан душвор аст, зеро онҳоро танҳо субҳ ё шом, ҳангоми элонгатсияи Офтоб аз 90° зиёд набудан, мушоҳида кардан мумкин аст. То ҳол танҳо ду намояндаи ин гурӯҳи астероид рақамгузорӣ шудаанд.

          Астероидҳои эҳтимолан хатарнок (АЭХ) аз астероидҳои гурӯҳҳои дар боло номбаршуда ҷудо карда мешаванд (Potentially Hazardous Asteroids). Ба астероидҳои эҳтимолан  хатарнок, астероидҳое дохил мешаванд, ки мадори онҳо ба мадори Замин ба масофаҳои камтар аз 0,05 в.а. наздик мешаванд (тақрибан 7,5 миллион км) ва бузургии мутлақи ситорагии онҳо аз 22m зиёд набошад.

          Астероидҳои эҳтимолан хатарнок тақрибан панҷяки тамоми АНЗ-ро ташкил медиҳанд. Чунин ҷирмҳо дар зери таваҷҷӯҳи мушоҳидон ва назариятчиён ва назорати дақиқи тағирот дар мадори онҳо дар оянда мебошанд. Таснифоти АНЗ дар ҷадвал оварда шудааст.         

Мувофиқи ҶНЗ (ҷирмҳои наздикшаванда ба Замин) [2] 32 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Амур, 62 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Аполлон ва 6 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Атон ва тақрибан 2% аз астероидҳои гурӯҳи Атир тақсимбанди шудаанд.

          Мансубияти як астероид ба гурӯҳи Аполлон ё Атон маънои онро надорад, ки мадори астероид ҳатман мадори Заминро мебурад: дар аксари ҳолатҳо буриш танҳо дар проексияи моилии эклиптика сурат мегирад ва дар фазо мадорҳо танҳо буриш мекунанд. Буриши воқеии ду мадор вақте рух медиҳад, ки мадори Замин аз як ё ҳарду гиреҳи мадори ҷирм мегузарад. Агар дар ин ҳолат Замин ва ҷирм дар мадори худ ҳамзамон дар наздикии гиреҳи мадор пайдо шаванд, пас бархӯрд рух медиҳад.

 Таснифи астероидҳои ба Замин наздикшаванда

Гурӯҳ (тоҷ./англ.)

Тавсиф

Минтақаи ҳаракат

Астероидҳои гурӯҳи Атир (Atiras), Ar

АНЗ, ки мадорашон пурра дар дохили мадори Замин ҷойгир аст.

α < 1,0 в.а.

Q < 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Атон (Atens), At

АНЗ, ки мадорашон дар сарҳадҳои афелий аз мадори Замин берун мешаванд.

 

α < 1,0 в.а.

Q ≥ 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Аполлон (Apollos), Ap

АНЗ, мадори Заминро буранда, ки нимтири калонашон аз нимтири калони Замин калон.

α > 1,0 в.а.

q ≤ 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Амур (Amors), Am

АНЗ бо мадорҳое, ки берун аз мадори хобидаанд.

α > 1,0 в.а.

1,0167 < q ≤ 1,3 в.а.

Астероидҳои эҳтимолан хатарнок (Potentially Hazardous Asteroids), PHA

АНЗ, мадорашон бо мадори Замин дар масофаи минималӣ на зиёдтар аз 0,05 в.а. ва бузургии ҳақиқии ситорагӣ H ≤ 22,0m наздик мешаванд.

 

 

MOID ≤ 0,05 в.а.  

Мавқеи нисбии мадорҳои астероид А ва Замин Е. Ҳолати гузариши мадори Замин аз яке аз гиреҳҳои мадори астероид.

  Барои он ки ҷирм эҳтимолан хатарнок бошад, бояд мадоре дошта бошад, ки айни замон ва дар оянда ба мадори Замин наздик бошад. Ғайр аз ин, ҷирм бояд дорои бузургии мутлақи калон дошта бошад то ба қадри кофӣ ба калон будани он ишора кунад. Ҳанӯз дар бораи бузургиҳои ададӣ, ки ин критерияро муайян мекунанд идома дорад, аммо зоҳиран агар ҷирм ба масофаи камтар аз 0,05 в.а. наздик шавад, эҳтимолан хатарнок ҳисобида мешавад. Яъне тақрибан 7,5 миллион км ва бузургии ҳақиқии 22 хоҳад буд, ки ба ҷирмҳои қутри то 200 метр мувофиқат мекунанд, ки метавонанд харобии азим дар рӯи Замин, тағирёбии сатҳи уқёнус, сунамии харобиовар ва ё чангу ғубори зиёди атмосферӣ ба вуҷуд орад. Агар мадор аз рӯи мушоҳидаҳои солҳои зиёд ҳисоб карда шуда бошад, эҳтимолияти ба Замин наздик шуданро ба таври дақиқ муайян кардан мумкин аст. Аммо ҳатто агар ҷирм танҳо якчанд рӯз мушоҳида карда шавад, масофаи минималии байни мадорҳо хуб муайян карда мешавад, гарчанде мавқеи воқеӣ дар мадор комилан номаълум бошад. Дар бисёр ҳолатҳо масофаи минималии мадорӣ дар тӯли якчанд асрҳо бетағйир боқӣ мемонад. Баъзе тағирот дар ин бузургӣ асосан барои астероидҳое, ки бо даври гардиши 1/3 аз Муштарӣ баробар аст ба амал меояд, ки инро ҳангоми ҳисоб кардан ба назар гирифтан лозим аст.

  Бархӯрди астероиди қутраш якчанд километр ба Замин  ҳамон энергияе, ки дар таркиши якчанд миллион бомбаи атомӣ ҷудо мешавад, хориҷ мекунад.

  Ҳодисаи зарбавӣ (англисӣ impact — "зарба, бархӯрд") - бархӯрди метеорити калон, астероид, комета ё дигар ҷирми осмонӣ ба Замин ё сайёраҳо ва радифони сунъӣ мебошад. Дар ҷои чунин бархӯрд чун қоида кратерҳо ба вуҷуд меояд. Бархурди ҷирмҳо ба сайёраҳо метавонад хело харобиовар бошанд, зеро онҳо сӯхтор, заминҷунбӣ ё сунамиро ба вуҷуд оранд. Мувофиқи баъзе назарияҳо, бархурди чунин ҷирмҳо буд, ки боиси нобудшавии оммавӣ гардид. Ҳодисаҳои бархурд дар раванди зарба ё метаморфизми канданиҳои табииро ба вуҷуд меоранд. Якчанд конҳои маъдан, масалан конҳои мис ва никел дар кратери Садберӣ ва ҷинсҳои тиллоии кӯҳҳои Витватерсранд бо ин раванд алоқаманданд [3].

Сарфи назар аз он, ки Замин назар ба ҳама астероидҳо ва кометаҳо ба таври назаррас бузургтар аст, бархӯрд бо ҷирми аз 30 км калонтар метавонад ба харобшавии як тамаддун оварда расонад. Омилҳои асосии зарари афтиши ҷирмҳои осмонӣ инҳоянд:

  • Мавҷи зарбавӣ ҳангоми таркиши ҷирм дар атмосфера ба монанди мавҷи зарбавии таркиши ҳастаӣ.
  • Мавҷи зарбавӣ дар қишри замин – ҳангоми афтиши астероиди калон атмосфера суръати зиёди онро нигоҳ дошта наметавонад. Масалан суръати астероиди Апофис728 км/с буда массаи он 2,7·1010 кг ва  энергияи кинетикиаш 2,4·1019 Ҷ – ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса энергияи бомбаи ҳастаӣ, ки ба Хиросима партофта шудааст, 1014 Ҷ мебошад. Чунин зарба ба заминҷунбие меорад, ки  қуваташ бесобиқа аст.
  • Сунамӣ – дар ҳолати афтидан ба уқиёнус сунами ба амал меояд.
  • Якбора сардшавии шадид – афтиши ҷирми калон боиси ба атмосфера қабати стратосфера баромадани кубокилометр моддаҳо мегардад, ки воридшавии энергияи Офтобро ба Замин ба намегузорад.

 Пас аз афтиш сухторҳо сар мезананд, ки вазъро бадтар мекунанд. Таъсири он ба оқибатҳои зимистони вулқонӣ монанд аст, ки бо хуруҷи вулқони Тамбора дар соли 1815 мисол шуда метавонад. Дараҷаи хатар аз ҷирмҳои наздизаминӣ гуногун аст ва вобаста ба андозаи онҳо, масофаи минималии наздикшавӣ ба Замин ва эҳтимолияти бархӯрд бо он бо баъзе усулҳо баҳодиҳӣ карда мешавад.

 Ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ, ки қутри онҳо зиёда аз як километрро ташкил медиҳад, инсониятро дар сурати бархӯрд бо Замин ба фалокати ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Астероидҳои каме хурдтар (ба монанди Апофис 325-метра ва 270-метри 2007 ТУ24) имкон доранд, ки харобиҳои камтар оранд. Мувофиқи маълумоти геологӣ (сад кратер таҳқиқ карда шудааст), бархӯрдҳо бо ҷирмҳои бузурги осмонӣ дар таърихи сайёраи мо борҳо рух додаанд. Баъзе олимон аз байн рафтани организмҳои зинда (тақрибан 250 миллион сол пеш) -ро бо бархурди як метеорити калон шарҳ медиҳанд. Метеорити дигар тибқи фарзияи Луис Алварес [4], ба нобуд шудани динозаврҳо оварда расонид.

  Ҷирмҳои нисбатан хурдтар низ барои Замин таҳдиди ҷиддӣ доранд, зеро мавҷи зарбавӣ ва гармӣ ҳангоми афтидан дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин метавонад ба харобиҳои зиёд оварда расонад, ки ба зарари таркиши бомбаҳои атомӣ баробар бошанд. Танҳо афтидан ба минтақаи беодам метеорити Тунгуск дар соли 1908 чунин оқибатҳоро ба бор наовард. Соли 2013 дар натиҷаи таркиши мавҷӣ ҳангоми афтидани метеорит ба Челябинск беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда, шишаҳо дар қисми муҳими биноҳои Челябинск шикастаанд.

 Аз аввали солҳои 90-ум дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ин мушкилот таваҷҷӯҳи бештар ва бештар зоҳир карда мешавад. Дар баробари баргузории конфронсҳои махсуси илмӣ-техникӣ ин масъалаҳо аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид (1995), Палатаи лордҳои Бритониё (2001), Конгресси ИМА (2002) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (2003) баррасӣ шуданд. Як қатор қарорҳо оид ба ин масъала қабул карда шуданд, ки муҳимтарини онҳо қарори 1080 «Дар бораи ошкор кардани астероидҳо ва кометаҳои эҳтимолан хафток барои инсоният» мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо қабул шудааст [5-6].

  Азбаски зичии аҳолии Замин ва шумораи объектҳои эҳтимолан хатарноке, ки одамон (нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, корхонаҳои кимиёвӣ) месозанд, рӯз то рӯз меафзояд ва  хавфи оқибатҳои офатбор аз афтиши ҳатто ҷирмҳои хурди осмониро зиёд мекунад [6].

 

Эзоҳ

  • АНЗ – астероидҳои наздикшаванда ба Замин
  • АЭХ – Астероидҳои эҳтимолан хатарнок
  • AAAA астероидҳо – Астероидҳои гурӯҳи Амур, Аполлон, Атон ва Атир

 

Шарипова Н.Т.

Лаборанти калони ШФКА

Институти астрофизикаи АМИТ

  

Адабиётҳо

  1. Буриев А.М. Исследование динамических и физических особенностей избранных комет и астероидов по данным оптических наблюдений. – Дис. канд. физ.-мат. наук. – Москва. – 11-й ФОРМАТ. – 2020. –162 c.
  2. http://www.cfa.harvard.edu/iau/lists/Unusual.html
  3. Медведев Ю.Д. Определение орбит астероидов, сближающихся с землей, по наблюдениям первой оппозиции//Астрон. вестник. – 2011. – Т. 45. - № 5. – С. 396–401.
  4. Фельдман В.И.Импактиты — горные породы строблем  // Соросовский образовательный журнал. — 1999. — № 9. — С. 67—74.
  5. http://nss.org/resources/library/planetarydefense/2000-ReportOfTheTaskForceOnPotentiallyHazardousNearEarthObjects-UK.pdf
  6. http://www.dvpt.ru/analytics035.htm
  7. http://www.cfa.harvard.edu/iau/lists/Unusual.html
Хондан 924 маротиба