Фазои омўхташуда аз миқдори зиёди ситораҳои ба Офтоб монанд иборат аст. Онҳо дар фазо нобаробар тақсим шудааст, онҳо системаҳоеро ташкил медиҳанд, ки галактика меномем. Галактикаҳо шаклҳои гуногун дошта андозаашон даҳҳо-садҳо ҳазор соли рўшноиро ташкил медиҳанд. Масофаи байни галактикаҳо бошад аз андозаи онҳо даҳҳо маротиб зиёдтар аст.
Шумораи ситораҳои галактикаҳо аз садҳо миллион то садҳо млрд аст. Ситораҳо дар дохили галактикаҳо нобаробар тақсим шудааст. Асосан зичии ҷойгиршавии ситораҳо ба самти марказ зиёд буда аз тарокумҳои гуногуну асотсиатсияҳои ситорагӣ иборат аст.
Фазои байни ситораҳо дар галактика ва фазои байнигалактикӣ аз моддаҳои газу чангӣ, афканишоти электромагнитӣ ва майдонҳои ҷозибавӣ иборат аст, Зичии онҳо беандоза хурд аст.
Офтоб, ситораҳо ва тарокумҳои ситорагии мушоҳидашаванда системаеро ташкил медиҳанд, ки онро Галактикаи мо меномем. Миқдори зиёди ситораҳои хираи ба он дохилшавандаро, ки осмони ситоразорро бурида мегузарад Роҳи Каҳкашон меноманд.
Офтоб яке аз ситораҳои Галактика буда дар атрофаш системаи сайёрагӣ бо ҳамсафарон, сайёраҳои хурд ва ситораҳои думдору ситораҳои паррон дар гардиш аст.
Ҳоло дар натиҷаи мушоҳидаҳои кайҳонӣ даҳҳо ситораҳое аниқ шудааст, ки чун Офтоб низоми сайёрагӣ доранд.
Ҷирмҳои Кайҳон ҳама дар ҳаракат аст. Фазо бе материя ва материя бе ҳаракат нест.
Новобаста аз он, ки мо дар кадом нуқтаи Замин ҳастем, гуё ҷирмҳои осмонӣ аз мо дар масофаҳои якхела ҷойгир аст ва сатҳи дохилии он шакли кураро дошта онро осмон ва ё гунбади осмони ситоразор меноманд. Миқдори ситораҳое, ки бо чашми оддӣ мушоҳида карда мешавад 6000 буда аз як нимкура то 3000 ситораҳоро дидан мумкин аст.
Ситораҳои дурахшонро мардум аз замонҳои қадим ба гурўҳҳо тақсим намуда буданд ва онҳоро бурҷ меномиданд.
Бурҷ - гуфта, соҳаи осмонро мефаҳманд, ки ҳудудаш аз рўи сарҳадҳои муайян мегузарад. Тамоми ситораҳои осмон ба 88 бурҷ тақсим шудааст, ки онҳо соҳаҳои муайяни осмонро нишон медиҳад.
Мардум ба бурҷҳо номи асотирҳои қадим - Зотулкурсӣ (Кассиопея), Андромеда, Персей, номҳои ҳайвонот – Ҳафтдодарон, Асад, Аждаҳо, номи шаклҳои геометриро мемонданд. Дар осмон бурҷҳое ҳастанд, ки номашон кашфиётҳои нави илму техникаро таҷассум мекунад – Микроскоп, Секстант, Телескоп, Паргор, Соат ва ғайраҳо. Аз қадим ситораҳои равшани бурҷҳо бо қадри кам шудани дурахшониашон бо ҳарфҳои лотинӣ, ишора карда мешавад. Арабҳои давраи қадим бошад ба ситораҳои дурахшон номҳои хос гузоштаанд. Дар ҳар ду нимкураи осмони ситоразор 275 ситора номҳои хоси худро доранд, ки 220 -тоаш арабӣ ҳаст: Айнуссавр – Айн, Алғул - Альголь, Занаб – Денеб, Иқди Сурайё – Альциона, Насри Воқеъ (Лира), Шабоҳанг ва ҳоказоҳо.
Дар замонҳои қадим дар байни бурҷҳои зодиакалӣ панҷ ҷирми мунирро мушоҳида мекарданд, ки нисбати ситораҳои атроф ҷой иваз мекарданд ва аз ин сабаб ҳам онҳоро ҷирмҳои сайркунанда - сайёра номиданд. Ба онҳо юнониҳо номҳои худоҳои худро гузштанд: Уторид, Зўҳро, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал. Баъд боз ду сайёраи дигар - Уран (1781) ва Нептун (1846) кашф шуд.
Бурҷҳои дувоздаҳгона, минтақатулбурҷ давраи минтақатулбурҷ (аз юнонии маънояш «ҳайвонҳо») 12-бурҷ мебошад, ки дар рўйи роҳи дидашавандаи солонаи Офтоб дар байни ситораҳо –Эклиптика ҷойгир шудаанд. Агарчӣ Офтоб аз бурҷи 13-ум – Морафзо мегузарад аз рўи таомули қадима ба бурҷҳои 12-гона дохил намешаванд. Аз тарафи дигар мафҳуми «минтақатулбурҷ» амал мекунад, ин дар осмон тасмаест, ки аз он Офтоб, моҳтоб ва сайёраҳо дар вақти ҳаракаташон байни ситораҳо аз он намебароянд. Ба ҳисоб гирифта шудааст, ки ҳанўз дар юнони қадим дар замони Евдокси Кинди онҳоро ба гурўҳи махсус ҷудо мекарданд. Баъдтар ҳар кадоми ин бурҷҳо аломати махсусро соҳиб гардиданд. (аломатҳои астрономӣ). Аломатҳои пештара барои бурҷҳои 12-гона истифода намешаванд, онҳоро дар астрология барои ишораи шартии аломатҳои ҷудошаванда истифода мебаранд.
Дар замони Эллинизм (давлатҳои пештараи Осиёву Юнон) аломатҳои ишоракунандаи бурҷҳо нуқтаҳои баробарии (баҳорӣ-«ҳамал, бара» тирамоҳӣ –«тарозу») ва исти Офтоб (тобистона «саратон, харчанг», зимистона «ҷаддӣ, бузғола») мебошад. Дар натиҷаи протсессии (меҳвари чархиши система сатҳи конуси мекашад) тири замин ин нуқтаҳо пештар дуҳазорсол пеш аз бурҷҳои гуфташуда ҷой иваз карданд, аммо номи гузоштаи астрономҳои пешин боқӣ мондааст. Ба ҳамин намуд аломатҳои минтақатулбурҷ, ки ба астрологияи ғарбӣ вобаста буданд то имрўз мавриди амал қарор доранд. Дар нуқтаи баробаршавии баҳорӣ онҳо низ ҷой иваз карданд.
Номи русии пешинаи бурҷҳои дувоздаҳгона ва тасвири онҳо дар «китоби Свиятослав» (соли 1073) тасвир шуда дар онҷо номи ҳафт сайёра низ оварда шудааст. Сарҳади замонавии бурҷҳои дувоздаҳгона дар Ассамблеяи сеюми генералии Иттифоқи Астрономҳои Умумиҷаҳонӣ (МАС) соли 1928 нишон дода шуд (он вақт сарҳади ҳамаи 88 бурҷро нишон доданд). Азбаски сарҳади ҳақиқии бурҷҳои дувоздаҳгона аз сарҳади қабулкардаи астрологҳо, ки эклиптикаро ба 12- қисми баробар тақсим намудаанд мувофиқат вуҷуд надорад, бинобар ин дар байни координатаҳои бурҷҳо бо аломатҳои зодиак низ ягонхел мувофиқат нест. Инчунин байни рўзи баромади Офтоб ва бурҷҳои дувоздаҳгона бо аломатҳои зодиак мувофиқ меояд. Ҳудуди воқешавии Офтоб дар сарҳади бурҷҳои ҳақиқӣ аз 7-руз (аз бурҷи Ақраб) то як моҳу 16-рўз (бурҷи Сунбула) давом меёбад.
Номҳои махсуси географӣ мавҷуданд: мадори Саратон (мадори шимолӣ), мадори Ҷадӣ (мадори ҷанубӣ), ки бо онҳо параллел нуқтаи болоии кулминатсияи тобистона ва зимистонаи ҷойгиршавии Офтоб дар зенит ба амал меояд. Бурҷҳои Саратон ва Қавс аз ноҳияҳои ҷанубии Руссия пурра намудор шуда, боқимондаашонро аз ҳамаи ҳудуди Руссия дидан мумкин аст.
Руйхати бурҷҳои дувоздаҳгона.
Дар ҷадвал бурҷҳое нишон дода шудаанд, ки эклиптикаро мебуранд, инчунин бурриши ҳамвории эклиптика бо кураи осмон бо хатҳои шикаста нишон дода шудааст ғайр аз бурҷи Аждаҳо, ки ба бурҷҳои дувоздаҳгона дохил намешаванд.
Муфассалтар дар шакли pdf мутолиа намоед матлабро.
Рўйхати бурҷҳо
Нимкураи шимолӣ |
Нимкураи ҷанубӣ |
1.Андромеда |
1.Ҷавзо |
2.Дуби Акбар |
2.Қалби Акбар |
3.Мумсикулинон |
3.Мизон |
4.Авоъ |
4.Далв |
5.Гесў |
5.Сабъ, Гург |
6.Ҷоси |
6.Ғуроб |
7.Сагони шикорӣ |
7.Шуҷоъ |
8.Сунбула |
8.Кабутар |
9.Делфин |
9.Каркадан |
10.Танин, Аждаҳо |
10.Миҷмара |
11.Заррофа |
11.Наққош |
12.Ҳаво, Морафзо |
12.Куланг |
13.Ҳайя, Мор |
13.Арнаб |
14.Зотулкурсӣ |
14.Ҳути заррин |
15.даҷоҷа |
15.Ҳинду |
16.Асад |
16.Думи кишти |
17.Лира |
17.Кит |
18.Рўбоҳак |
18.Ҷадӣ |
19.Дуби Асғар |
19.Компас |
20.Фараси Асғар |
20.Каъб |
21.Асади Асғар |
21.Моҳии паррон |
22.Ҳамал |
22.Қалби Асғар |
23.Уқоб |
23.Ҷануб |
24.Фарас |
24.Магас, Зубоб |
25.Моҳӣ |
25.Насос |
26.Силавсин |
26.Гунё |
27.Иклили шимолӣ |
27.Октант |
28.Саҳм |
28.Ҷаббор |
29.Муссаллас |
29.Товус |
30.Сефей |
30.Бодбон |
31.Сипар |
31.Қўра |
32.Сусмор |
32.Мурғи биҳишт |
33.Персей |
33.Саратон |
|
34.Қалам |
|
35.Секстант |
|
36.Тўр |
|
37.Ақраб |
|
38.Нақкош |
|
39.Кўҳи тахт |
|
40.Қавс |
|
41.Телескоп |
|
42.Савр |
|
43.Тўқан |
|
44.Симурғ |
|
45.Бўқаламун |
|
46.Қантурус |
|
47.Паргор |
|
48.Соат |
|
49.Ботийя, Ҷом |
|
50.Наҳр |
|
51.Иқлими ҷанубӣ |
|
52.Ҳути ҷанубӣ |
|
53.Мориҷанубӣ |
|
54.Салиби ҷанубӣ |
|
55.Мусалласи ҷанубӣ |
Аз рўи расмҳои гирифташуда ва мушоҳидаҳои заминӣ муайян карда шудааст, ки Бурҷҳо вобаста ба вақт мавқеъ ва шакли худро тағйир медиҳанд. Асосан бурҷҳо дар асоси каҳрамонҳои тахаййулии мардумони Юнони қадим, шабоҳат доштан ба ин ё он олоти рўзгор ва кашфи ягон таҷҳизоти илмӣ номгузорӣ шудаанд. Мувофиқи маълумотҳо соли 1922 дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналмилалии Астрономҳо (МАС) тамоми осмони ситоразорро ба 88 ҳудуд ва ё бурҷ тақсим намуданд.
Дар глобуси бурҷҳои осмони ситоразор бошад мавқеъ, шакл ва дар кадом арзи географӣ ҷойгиршавии 88 бурҷи осмон маълумот ҷойгир карда шудааст. Инчунин доир ба роҳи ҳаракати солонаи Офтоб (эклиптика), ки дар болои бурҷҳои зодиакӣ мавқеи худро дар давоми сол иваз мекунад, маълумот медиҳад. Бо истифода аз чунин аёниятҳо мо метавонем маҳорат, малака, қобилият, тафаккур, хотира ва дараҷаи фикрронии хонандагонро ба кули тағйир дода онҳоро то қуллаҳои баланди дониш расонем.
Шарипова Н.Т.
Лаборанти калони
Институти астрофизикаи АМИТ
Феҳристи адабиётҳои истифодашуда:
- Раҳмонов А.А., Ибодинов Х.И. Корҳои лабораторӣ аз астрономияи умумӣ. Душанбе: 2008, 116 с.
- Воронцов-Вельяминов Б.А. Астрономия (китоби дарсӣ барои синфи 11-уми мактаби миёна). Душанбе: Маориф, 1991.
- Маҷидов Ҳ., Нозимов О. Нуҷум (китоби дарсӣ барои синфи 11). Душанбе: Матбуот, 2008.
- Атлас звёздного неба. Спб., «Нева», 1995.
- Карпенко Ю.А. Названия звёздного неба. М.: Наука, 1985.
- Дагаев М.М. Наблюдения звездного неба. М.: Наука, 1988.