Муҳаммад Закариёи Розӣ (IХ-Х) аз қабили бузургтарин донишмандон ва симоҳои намоёни афкори фалсафӣ, тиббӣ ва ахлоқии мардуми Шарқ мебошад. Ӯ дар баробари ҳаллу фасли масоили фалсафӣ, аз пешвоёни илми тиб ва ахлоқ низ буд, ки дар ин боб асарҳои зиёде таълиф намудааст.
Ҷавҳари таълимоти Закариёи Розиро ахлоқ ташкил додааст, ки онро “Тибби рӯҳонӣ” номидааст, яъне масоили ахлоқӣ бо тибби амалӣ дар иртибот ва вобастагӣ ба ҳам баёноти худро ёфтаанд. Китоби «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ахлоқӣ буда, дар он аксар ахлоқи замимаи инсонҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, аз лиҳози иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор додааст.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар зер дар робита ба Рӯзи илм ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат андешаҳои доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани СУЛТОН оид ба саҳми гузаштагони мо дар пайдоиш ва рушду такомули илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ манзур карда мешавад.
Асосан вожаи “худкушӣ” дар фарҳангҳои форсие чун Муин, Деҳхудо ва Амид ба сурати “худро ба василае куштан”, “интиҳор” ва “худкушӣ кардан” шарҳ шудааст. Мафҳуми “худкушӣ” дар фарҳанги муосир ба сурати “хотима додани амдӣ (барқасдона) ба зиндагӣ ба майли худ ва ба дасти худ” омада аст. Таърихи дақиқи нахустин мавриди истифода аз вожаи “худкушӣ” мушаххас нест. Вожаномаи англисии Оксфорд нахустин мавриди истифода аз ин вожаро бо василаи Волтер Чарлтон дар соли 1651-и мелодӣ дониста аст. Зоҳиран вожаи худкушӣ нахустин бор дар соли 1737-и мелодӣ тавассути Десфонтайн дар забони фаронсавӣ истифода шудааст. Баъдҳо дар соли 1762-и мелодӣ Академияи Улуми Фаронса ин истилоҳро пазируфта аст. Муҳаққиқ Исломинасаб худкуширо тарҷумаи муносибе барои ин вожа медонад, чаро, ки suicide аз ду вожаи лотинии sui ба маънои худ ва cide ба маънои куштан ташкил шудааст.
Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули лола ҳамчун гули «Ороиши саҳро» ва ё «Аруси сол» ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даманҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову дилкаш менамояд. Аммо ин гули худрўи табиии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо дорад. Ин гули «Аруси сол» ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дўст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сўзон душмани ҷон аст. Гули лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрўи табиат мебошад ва ў ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад.