Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст,
Умраш баробари қидами умри миллат аст,
Мероси боасолати деринаҳикмат аст,
Пайғоми аҳли донишу илму фазилат аст,
Таърихи миллӣ ва башарӣ собит кардааст, ки ҷомеаи тавонманд давлати неруманд месозад ва дар раъси қудрат ва тавоноиҳои миллию башарӣ, ки ба вуҷуд ва ҳузури давлатҳои мустақил сабаб мегарданд, хирад меистад. Ин аст, ки муҳаққиқон асл ва нишонии ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ташаккули истиқлолияти фикрию эҷодӣ, ки дар марҳилаи ибтидоӣ аз афроди ҷомеа буруз мекунад, роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши дунявӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии секулорӣ нақши бунёдӣ дорад.
Муқаддима
Ҳар фарҳанге дар ҷаҳон сарнавишти хоси худро доштааст. Мо чанд мулоҳизаи мухтасаре доир ба сарнавишти тамаддун ва фарҳанги тоҷикро ба хонандагони арҷманд пешкаш менамоем. Сарчашмаҳои ин баҳс аз маълумоти китобҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои гуногун аст. Шеваи баргардон нисбат ба дигар навъҳои таълиф дар ин баҳс афзалият хоҳад дошт. Мо аз истилоҳоти печида ва душвори илмӣ дурӣ меҷӯем ва то ҳадди имкон ба забони возеҳу равшани мардум такя мекунем. Ангезаи ин иқдом ин буда, ки баъди истиқлоли сиёсии Тоҷикистони азиз мо аз сарчашмаҳои фаровони фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла китобу рисолаҳо ва маводу маълумоти интернетӣ бархӯрдор гардидаем. Таҳиягарони ин навишта бар ин назаранд, ки ин иқдом таҷрибаи аввалини шогирдона аст ва умедворанд, ки таҳлилҳои дақиқи илмӣ ва ихтисосиро аз ҷониби устодони варзидаи фарҳанги тоҷик дар пай хоҳад дошт.
Истиқбол ва ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то замони муосир арзишҳои худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ дар шаҳру ноҳия ва деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ ва нуру сафо овардан ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ба туфайли Истиқлолияти миллӣ маросимоти Наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар мегузарад. Пешвозгирӣ ва ҷашни Наврӯз ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани чаманзорҳову хиёбону кӯчаҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, коштани сабзиҷот аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ ба шумор меравад.