Яке аз муҳаққиқони барҷастаи илми ҷомеашиносӣ дар замони муосир Этнони Гидденс маҳсуб меёбад. Этнони Гидденс (англисӣ: Anthony Giddens) ҷомешиноси машҳури Британиёи Кабир 18 январи соли 1938 дар Эдмонтони Лондон ба дунё омада, падараш дар ширкати нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекард. Гидденс таълимоти ибтидоиро дар Эдмонтон гирифта, минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи Хол идома дода, зинаи аввали маълумоти мактаби олиро хатм карда дараҷаи бакалавриятро дар соҳаи ҷомеашиносӣ ва психология (1959), соҳиб мегардад.
Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо мо танаффус ва нашунамо меёбем. Дар ҳақиқат, агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд.Ҳамин хусусиятҳову норматиҳои мададрасони замин дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳӣ онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд.
Дар адабиёти муосири тоҷик зиёд адибоне ҳастанд, ки дар инкишофи забони тоҷикӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки яке аз ин қалашкашони хушбаён Абдулҳамид Самад мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳар як аз асарҳои Абдулҳамид Самад махсусиятҳои забонии худро соҳибанд. Аз ин рӯ, таҳқиқу баррасӣ намудани хусусиятҳои забонии осори ин адиб барои муайянсозии ҷойгоҳи адиб дар такмили забони муосири тоҷик қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ҳадафи мо дар ин мақола арзёбии хусусияҳои услубии зарбулмасалу мақолҳо дар романи «Гардиши девбод»-и ин нависандаи хушбаён мебошад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ истилоҳест, ки асрҳои ХVII-XVIII дар таълимоти иҷтимоӣ - фалсафии мутафакирони барҷастаи Аврупои Ғарбӣ Т. Гоббс, Ҷ. Локк, И. Кант ва Г. Гегел ташаккул ёфта, ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шудаанд. Мутафаккирони номбаршуда тарҳи чомеаи шаҳрвандиро мутобиқ инкишофи донишҳои иҷтимоӣ – фалсафии қарнҳои зикршуда ба роҳ монда буданд. Файласуфи бузургӣ англис Т. Гоббс дар асарҳояш «дар бораи шаҳрванд» ва «Левиафан» консепсия ҷомеаи шарҳвандиро баён кардааст, ки дар натиҷаи нест кардани ҳолати табии – ваҳши инсон ва гузаштани ў ба ҷомеаи фарҳанги пайдо мешавад. Ба ақидаи мутафаккир вазифаи давлат аз он иборат аст, ки сулҳ ва тартибу низомро таъмин намуда инсонро ба таъғир ёфтан маҷбур намояд то, ки ў ба шарҳванд табдил ёбад. Шаҳрванд шахсияти озод ва фаъол мебошад, лекин Гоббс қайд менамояд, ки озоди ў ба маҳдудияти озодии шахсиятҳои дигар нарасонад. Сарҳади озодии инсонро давлат муайян менамояд ва одамон ихтиёран ба давлат итоат мекунанд. «Ҷомеаи шаҳрванди итиҳодияи оддии одамон набуда, балки итиҳодияиест асосашро шартномаи садоқат ва ризояти мутақобилаи одамон ташкил медиҳад»[2; 173-176].