JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Устод Назрӣ Асадзода!

       Бо руҷӯъе лирикӣ: Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.

 Баҳси тағйири хат дар Эрон таърихи беш аз 150 - сола  дошта, дар робита ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии кишвар гоҳе хомӯш ва гоҳе дубора авҷ мегирифтааст. Аз солҳои бист то охири солҳои 60-уму ибтидои солҳои 70-уми қарни ХХ масъалаи мазкур мавриди ҷарру баҳси аҳли илму фарҳанги Эрон қарор гирифтааст.

 Ин масъала, махсусан, баъд аз сафари расмии Ризошоҳ ба Туркия (соли 1934) ва дастури ӯ дар бораи иқдомоти табдили алифбо дубора мавриди омӯзишу таҳқиқу баҳси доманадоре дар маҳофили илмӣ, адабӣ ва васоили ахбори оммаи Эрон қарор гирифт.

 Ба-дин робита, бинобар иттилои Яҳё Оринпур дар анҷоми ин амр аз ҷониби ҳукумат вазири маорифи вақт Алӣ Асғар Ҳикмат маъмур муқаррар гардид ва Фарҳангистони навтаъсиси Эрон низ дар моддаи дуввуми Асосномаи хеш “Мутолиа дар ислоҳи хатро ҷузви вазоифи худ қарор дод” [4,33].

Тақрибан ҳар даҳсола то нимаи дуввуми солҳои 70 қарни бист, яъне то Инқилоби Исломӣ ин баҳс дар ҷомеаи мадании Эрон идома доштааст.

Панҷшанбе, 23 Январи 2020 08:02

Духтари муаллим (Ҳикоя)

Муаллиф:

 Ишқро  оғоз  ҳаст,  анҷом  нест.

Саъдӣ 

  Мардуми  Вахшонзамин аз носозие,  ки майдоннишинон,  ба сарашон оварда буданд, хонаю дарашонро партофта  мегурехтанд, чунонки  солҳои бистуми асри  бист, бобоёну  пайвандонашон табор-табор аз ҷафои болшевику босмачӣ    фирор  карда  буданд.

  Мардуме,  ки  дар  он  солҳо  хорзору   найзорҳои  санг барин   сахтшударо бо  каланду  зоғнӯл  канда,  киштзор  карда,   на  як  бору  ду  бор хона  сохтаю   тӯю  маъракаҳо  ороста,  бо  ҳам  паймони  хешию дӯстӣ    баста  буданд,  ҳоло  аз  якдигар, мисле ки аз  пасашон мор медавад, мегурехтанд. Халқе, ки ба  меҳнатқаринию  саховатмандӣ   ном  бароварда  буд, ҳоло бо  лақаби «вовчику юрчик» бадном  шудаю сархаму  сарафканда,  баъзе  бо  мошин,  баъзе  бо  трактор,  баъзе  коло дар  пушт  мегурехт. Юрчик ҳам  мегурехту  вовчик  ҳам. Фақат  онҳое, ки худро  деҳқони  хокпош   мегуфтанд   ё  муаллиму духтуроне,  ки   ба майдоннишинҳо шарик набуданд,  зуъм  карда  менишастанд. Яке   аз  онҳо сокини  деҳаи  Аскари  Сурх Барзу буд. Занаш  Назокат,  дар  деҳа,  дувоздаҳ  сол  инҷониб  духтур  аст.  Барзу   ҳар вақте аз  занаш  мешунид,  ки  фалонӣ  кӯч  бастааст, ӯро  тасаллӣ  медод:  «Мо    ҳам   ба   вовчикаш,  ҳам   ба  юрчикаш   аз таги дил хизмат мекардем. Ба майдон рафтан ё нарафтанашон   кордор  набудем,   пас  аз  кӣ  метарсем?» Барзу  ин  суханҳоро  мегуфт,  лекин дар дилаш  хавотирӣ  дошт. Қариб  як сол мешавад, ки мардум ба гурӯҳҳо тақсим  шуда, аз якдигар  айб  меҷӯстанд. Баҳси майдонҳо ба масҷидҳо кашида шуд. Дар масҷидҳо байни намозгузорон гурӯҳбозӣ шуд.

  Дар ин ҷустор ба таври фишурда мехоҳем дар бораи таъсири фарҳанги ориёӣ дар ташаккули тамаддуни башарӣ бо ишора ба ҷойгоҳи муҷассамаи Озодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бипардозем.

 Муҷассамаи Озодӣ тандисе аст, ки ҳамакнун дар шаҳри Ню-Йорк бахши Манҳетен чашмнавози миллионҳо ҷаҳонгард аст. Ин тандис сохтаи дасти пайкартароши фаронсавӣ бо номи Фредерик Огуст Бартолди аст ва сохтаи дарунии тандисро Густав Эйфил - муҳандиси фаронсавии Бурҷи Эйфил офаридааст. Ин шоҳкори ҳунарӣ ва самбули озодӣ аз сӯйи давлати Фаронса дар соли 1886 ба шодбоши ҷашни садумин солгарди истиқлоли Амрико аз чанголи Англия, ба давлати Амрико пешкаш гардид.

Китобҳо