JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Июли 2020 07:54

Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм

Муаллиф:

  Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.

  Алоқамандии фазои сулҳу оромӣ бо рушди системавии илму технология далели таърихӣ буда, характери дуҷониба низ дорад. Насли саводнокии баланддошта, ки дар сохтори ҷамъиятии солим ва ободу ором ба воя мерасанд, баҳри рушд ва таъмини ояндаи дурахшони хеш кўшиш менамоянд то сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии ватан-модаре, ки онҳоро ба чунин дараҷаҳои илму маърифат расонидааст – на танҳо устувории худро нигоҳ дорад, балки рўз аз рўз боз ҳам тавоно ва абадӣ гардад. Зеро инсони бофарҳангу донишманд барои рушди малакаи бунёдии ҳосилнамудаи хеш, омода намудани шогирдон ва тарбияи фарзандон, танҳо муҳити ҷомеаи босуботро орзу менамояд. Илова ба ин, намояндагони насли олим ва босаводу ҳунарманди кишвар, бо гардиши вақт дар кадом гўшаву канори олам набошанд, ҳеҷгоҳ фаромўш нахоҳанд кард, ки бо шарофати системаи ватании илму маориф ба онҳо донишу малакаи қавӣ дода шудааст ва ҳоло кишварҳои ҷаҳон онҳоро ҳамчун инсони комилу олим мепазиранд. Аз ҷониби дигар, ҳиссиёти наҷиби инсонӣ, ки аз қалби ў сарчашма мегирад – аз далели он, ки бо шарофати сулҳу ободии кишвар ў дар ибтидои ҳаёти ягонаи хеш беҳтарин роҳро то расидан ба сатҳи ҷавоне бо илму ҳунари пазируфташуда тай намуд, дар дили ў ба ватан-модар қувва, меҳр ва илҳоми доимиро пойдор менамояд.

  Аз ин лиҳоз ва бо дарназардошти чолишҳои нави ҷаҳони муосир бармеояд, ки ба пуррагӣ фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо таълиму тарбияи босифат, равона намудани захираҳои кишвар ба рушди илму технологияҳои муосир ҳамчун самти муҳими стратегӣ ва умуман тарғибу ташфиқи саводнокӣ махсусан саривақтӣ ва муфид ба назар мерасад.

  Боиси қаноатмандии мо, кормандони соҳаи илму маориф аст, ки ба таъсири бениҳоят харобиовари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, ба Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид системаи таълиму тадриси насли наврас дар муддати кўтоҳ барқарор ва рушд намояд. Далели холис ва объективии ин дастовардҳои кишвари мо – нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо забонҳои ҷаҳонӣ ба ҳама дастрас мебошанд ва дар онҳо аз ҷиҳати сатҳи таълим аз теъдоди тақрибан 200 кишвари ҷаҳон дар садаи якум, аз ҷиҳати фарогирии таълиму тарбияи насли наврас бо нишондиҳандаи зиёда аз 99.8% яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Илова ба ин, таҳти роҳбарӣ ва дар натиҷаи ташаббус ва кўшишу ғайратҳои сарвари маорифпарвари кишвар ва фаъолияти омўзгорону устодони фидоии тоҷик нишондиҳандаҳои мазкур сол аз сол боз ҳам беҳтар шуда истодаанд.

  Аз ҷониби дигар, таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки новобаста аз хулосаҳо, омодагиҳо ва чораҳои дар ин самт андешидашуда, набояд фаромўш гардад, ки динамикаи ҷаҳони муосир пуртазод ва мураккаб аст. Кам нестанд ҳолатҳое аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳонӣ, ки новобаста аз сатҳи баланди саноат ва иқтидори бузурги иқтисодии онҳо, баъзан паёмадҳои глобализатсияи ҷаҳонӣ ногаҳон пайдо шуда, дар мароми онҳо муаммоҳои назаррас ба вуҷуд меоранд. Дар ин маврид, омўзиш ва ба назар гирифтани таҷрибаи таърихии кишварҳои абарқудрат барои боз ҳам саҳеҳ намудани қадамҳои оянда муфид ба назар мерасад.

  Тақрибан 100 сол қабл, пас аз дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Шўравӣ, барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвари навтаъсис ва ба ҷаҳон исбот намудани афзалияти ғояҳои низоми Шуравӣ зарурати таъҷилӣ ба дастовардҳои нави илмӣ-технологӣ ба вуҷуд омад ва масъалаи дастгирии махсуси муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва умуман соҳаи илм ба мадди аввал баромад. Давлати Шўравӣ дар ин самт дар ҳақиқат ба душвориҳои ташкилотии ба кишварҳои навтаъсис хос нигоҳ накарда, тамоми захира ва имкониятҳоро ба рушди ҳамаҷонибаи илму маориф равона намуд. Электрификатсияи умумӣ, саноатикунонӣ, ғалабаи пуршарафи Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муваффақиятҳо дар соҳаи идораи энергияи ядроӣ ва аввалин зафарҳои ҷаҳонӣ дар фатҳи коинот, аз ҷумла аввалин радифи маснўъи Замин, аввалин парвози инсон ба коинот, парвози аввалин зан ба коинот, баромади кайҳоннавард ба фазои кушоди коинот, сазовор шудани як қатор олимони Шўравӣ ба ҷоизаи Нобелӣ ва ғ., саҳеҳ будани стратегияи интихобшудаи кишвари абарқудрати Шўравиро такрор ба такрор тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр, тақрибан дар фосилаи солҳои аз 1920-1925 то 1960-1965 ба Иттиҳоди Шўравӣ муяссар гардид, ки рушди илмҳои бунёдӣ ва техникиро дар сатҳи баланд ташкил ва таъмин намояд, ки дар натиҷаи он дар дили мардуми он кишвари абарқудрат, алалхусус наврасону ҷавонон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз орзуҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Олимон ва ходимони илмӣ бошанд, ҳамчун шахсони муваффақ, шоистаи зисту зиндагонии хуб ва ҳамчун намунаи ибрат пазируфта мешуданд.

  Вале дастгирӣ, ташкили саҳеҳ ва системавии фаъолияти илмӣ дар сатҳи кишвари абарқудрат ба идораи махсусан боадолат, воқеъбинона ва бефосила ниёз дорад. Аслан ин масъала басо муҳим аст ва ба он як қатор таҳқиқотҳои илмӣ низ бахшида шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, пас аз зафарҳои пайдарпайи Иттиҳоди Шўравӣ дар фосилаи солҳои аз 1920-1925 то 1960-1965 ба системаҳои идора, аз ҷумла идораи рушди соҳаи илму технология ҳамчун методи мукаммал ва санҷидашуда мунтазам боварии мутлақ ба вуҷуд омад. Вале таърихи пайдоиш ва ғуруби кишварҳо исбот намудааст, ки новобаста аз бомуваффақият аз санҷишҳо гузаштани муътамадии дилхоҳ система – тобовар будани он ба чолишҳои нав ба нави ҷаҳони инсонӣ маҳз аз бефосила ва дар сатҳи баланд қарор доштани воқеъбинии идора, равандҳои саҳеҳи кадрӣ, назорати боадолатона ва мукаммалнамоии нуктасанҷона вобаста аст.

  Албатта оғоз аз солҳои 1965-1970-уми асри гузашта низ дар назди Иттиҳоди Шўрави як қатор масъалаҳои илмӣ ва техникии муҳиму ҷадид ва ҳалталаб мавҷуд буданд, ки бештар ба масъалаҳои мудофиавӣ ва азхудкунии фазои кайҳонӣ вобаста буда, пайдарпай бо меҳнати фидокоронаи олимону мутахассисони Шўравӣ ҳалли худро меёфтанд. Дар ин қатор қабл аз ҳама соҳаи физикаи назариявӣ ва таҷрибавӣ, истифодабарии технологияи лазерӣ дар тиб, кимиё, саноат, физикаи ядроии энергияҳои баланд, коркарди силсилаи дастгоҳҳои кории идоракунии синтези термоядроӣ (“Токамак”-Т-3, соли 1968), коркарди усулҳои инноватсионии рушди энергетика, усулҳои нави азхудкунии манбаъҳои нафтию газӣ ва канданиҳои фоиданок, пайдоиши геологияи кайҳонӣ, коркарди технологияи ҳосил намудани кристаллҳои нимноқилҳо, асосҳои муҳандисии генӣ ва ғ. мисол овардан мумкин аст. Вале чӣ тавре, ки маълум аст, новобаста аз зафарҳои ҷаҳонӣ ва фатҳи қуллаҳои баландтарин дар аксарияти соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи илму техника, кишвари абарқудрат, мутаассифона, бо сабабҳои мухталиф то интиҳои соли 1991 нуфузи худро аз даст медиҳад. Албатта равшан намудани сабабҳои аслии ин падидаи мутаассири таърихӣ, соҳаи таҳқиқи мутахасисони варзидаи самтҳои сиёсатшиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих, фалсафа ва амсоли онҳо мебошад. Бо вуҷуди он, на ба сифати хулосаи ниҳоӣ ё тасдиқот, балки ба сифати мавзўи муҳокима овардани як қатор маълумотҳо аз натиҷаи таҳқиқи илмии муаллифони гуногун шояд аз манфиат холӣ набошад.

  Мувофиқи маълумотҳо, аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз шуда, дар баъзе мавридҳои системаи Иттиҳоди Шўравӣ, мутаассифона, трансформатсияи мунтазами асосҳои меъёрии фаъолияти илмӣ ва арзишҳои ҷомеаи илмӣ мушоҳида шудааст. Яке аз сабабҳои падидаи мазкур мураккаб гаштани динамикаи умумии ҷаҳон мебошад. Яъне дар фосилаи солҳои аз 1920-1925 то 1960-1965 масъалаҳо ва чолишҳои илмӣ ва иқтисодии ҷаҳон нисбати ин кишвари абарқудрат аён ва мадди назар будаанд. Ба монанди – таъмини амнияти озуқаворӣ, электрификатсия, саноатикунонӣ, ғолибият дар ҶБВ, коркарди аслиҳаи ядроӣ, фатҳи коинот ва амсоли инҳо. Вале бо баробари он, дар ҷаҳон, шурўъ аз солҳои 1950-1960-ум дар қатори масъалаҳои бунёдӣ, ҳамчунин мунтазам маҷмўи масъалаҳои илмӣ-технологӣ ба вуҷуд меомаданд, ки зоҳиран на он қадар муҳим ва самаранок, аммо аслан бошад дорои арзиши баланди стратегӣ буданд.

  Яке аз намунаҳои дақиқи нопурра дарк шудани соҳаи муҳими стратегӣ – ба эътибор нагирифтани аҳамияти рушди интенсивии шабакаҳои компютерӣ мебошад. Дар натиҷа, новобаста аз дастовардҳои бузурги Итиҳоди Шўравӣ дар соҳаи илму техника, дар дигар кишварҳои абарқудрати саноатӣ соҳаи технологияҳои рақамӣ ва шабакавӣ ба таври назаррас рушд мекунад. Далели равшан – технологияи Интернет аст, ки расман принсипҳои кори он аввалин маротиба солҳои 60-уми асри гузашта дар ИМА кор карда баромада шудааст. Вале бояд ёдрас намоем, ки ҳанўз 10 сол қабл аз ин, солҳои 50-уми асри гузашта лоиҳаи шабакаи умумӣ, ки ғояҳои шабакаи Интернетро дар бар мегирифт аз ҷониби олимон ва мутахассисони Иттиҳоди Шўравӣ низ кор карда баромада шуда буд. Яке аз онҳо лоиҳаи “Системаи умумидавлатии автоматишуда” мебошад, ки ба истилоҳи русӣ ҳамчун “ОГАС” – (Общегосударственная автоматизированная система) шинохта шуда, аввалин маротиба соли 1959 пешниҳод шудааст. Вале, мутаассифона, лоиҳаи мазкур аз ҷониби масъулони сохторҳои калидии кишвари абарқудрат, аз ҷумла соҳаи молия ва идоракунӣ дастгирӣ намеёбад. Мувофиқи маълумотҳо, масъулони сохторҳои вобаста сабабҳои расмии дастгирӣ наёфтани лоиҳаро бо мазмуни – “хароҷоти зиёди татбиқ, бениҳоят мураккаб будани амалигардонӣ, надоштани оянда” ва амсоли инҳо асоснок менамоянд. Оид ба ин мисоли таърихӣ ҳамчунин соли 2016 як китоби алоҳида дар ИМА бо номи “Чӣ гуна бо шабака иҳота накардани кишвар: таърихи душвори Интернети Шўравӣ” ба нашр расидааст. Ҳатто муқарризони амрикоии китоби мазкур қайд кардаанд, ки “Олимони Шўравӣ дар коркарди Интернет метавонистанд, ки аз ИМА пешсаф гарданд, вале барои ин маблағ ҷудо нашуд”.

  Чунин намунаҳои таърихӣ далели он мебошанд, ки методҳои ташкили кор, талаботҳои бефосила афзуншаванда ба донишу малакаи кадрҳо ва ғояҳои дастовардҳои назарраси гузашта бояд мувофиқ ба чолишҳои муосир доимо мукаммал гарданд. Махсусан дар ҷаҳони асри 21, ки бо суръати бесобиқа баланди руйдодҳо, тағйиротҳо ва навгониҳои техникӣ ва технологӣ фарқ мекунад.

  Аз таҳлили таърихи рушди илм дар Иттиҳоди Шўравӣ хулоса намудан мумкин аст, ки яке аз роҳҳои паст бурдани эҳтимолияти хатогиҳои стратегии илмӣ-техникӣ – солим нигоҳ доштани фазои илмӣ мебошад. Зеро дар мисоли болоӣ, таъсиси “Системаи умумидавлатии автоматишуда”, ки дастгирӣ нашуда буд, бо ташаббуси танҳо доираи маҳдуди олимону мутахассисони он давра пешниҳод шудааст. Вале агар лоиҳаи мазкур аз ҷониби саридораҳои бонуфузи илмӣ ва ҳамдастии теъдоди бештари олимони варзида пешниҳод мешуд, шояд аз ҷониби ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ дастгирӣ меёфт. Албатта инҷо сухан ҳеҷ гоҳ оид ба вобаста намудани ғуруби Иттиҳоди Шуравӣ бо дастгирӣ нашудани лоиҳаи “ОГАС” намеравад, балки мисоли овардашуда намунаи оддии паёмадҳои гарони як иштибоҳи стратегияи идоракунии соҳаи илму-технология мебошад.

  Аз намунаи мушаххаси овардашуда дидан мумкин аст, ки дар лаҳзаҳои калидӣ аз даст додани риштаи дақиқкорӣ ва дурандешӣ дар лоиҳагирии ин ё он соҳа, эҳтимолияти бохти назарраси стратегӣ меафзояд. Яке аз роҳҳои таъмини кори мўътамади идоракунии соҳаи рушди илму технологияҳо ва то ҳадди имкон ба сифр бурдани эҳтимолияти иштибоҳҳои калидиро – ҳифзи илм аз сирояти омилҳои барои табиати он бегона ташкил медиҳад. Омилҳои эҳтимолии манфии ба солимии табиати илм таъсиркунанда ба мутахассисони соҳа хуб маълум мебошанд ва дар адабиётҳо низ баррасӣ шудаанд. Вобаста ба ин, дар ҳама кишварҳои рушдкарда, фаъолони ҷомеаи илмӣ ва ҳар як фарди соҳибилм кўшиш менамоянд, ки эҳтимолияти ба вуҷуд омадани падидаҳои ба илм бегонаро бартараф намоянд. Масалан, баъзе аз омилҳои барои табиати илм нолозим, ки эҳтимолияти бештар доранд инҳо буда метавонанд:

  • мақоми баланди таҳқиқоти илмӣ, ки бо дастовардҳои волои тафаккури инсонӣ алоқаманд аст, мунтазам ба фаъолияте табдил меёбад, ки самараи татбиқи натиҷаҳо ва доираи масъулияти он равшан нест;
  • роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ба қатори кормандони илмӣ, бо мақсади паноҳӣ ёфтан аз масъулият ва меҳнати воқеӣ, тариқи вонамуд кардани фаъолияти илмӣ бо истифодабарии методҳои демагогӣ ва талаффузи бесамари мафҳумҳои илмӣ;
  • табдил ёфтани мазмуни дараҷа ва унвонҳои илмӣ аз рамзи дастовардҳои бунёдии таҳқиқотӣ ба замимаи зебо, вале беҷони мансабу унвонҳои маъмурӣ;
  • машғул шудани шахс бо фаъолияти илмӣ танҳо бо мақсади шўҳрат ёфтан – яъне, агар атрофиён олим будани ўро надонанд, илм барои ў қадре надорад;
  • машғул шудани шахс бо фаъолияти илмӣ бо мақсади сарватманд шудан – яъне мақсади асосӣ рушди сарват аст, на балки рушди илм;
  • ва амсоли инҳо.

  Шояд дар назари аввал ақидае пайдо шавад, ки сабаби асосии ба олами илм роҳ ёфтани нуқсонҳои номбаршуда нокифоя будани дастгирии молиявӣ аст. Эҳтимол қисман ин сабаб низ ҷой дорад, вале муаммоҳои соҳаи илм, ки баъзе аз онҳоро номбар намудем, мувофиқи маълумотҳо дар давраи рушди кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ низ шурўъ аз солҳои 70-уми асри гузашта мутаасифона ба табиати илм роҳ ёфта буданд. Яъне масъала оддӣ нест.

  Таърих гувоҳ аст, ки ғояҳои системаи Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷаҳон қабл аз ҳама ҳамчун яке аз сохторҳои пуриқтидор, муваффақ ва таъминкунандаи сулҳ ва некуаҳволии инсон бо далелҳои раднопазир дар хотираи нек ва қалби поки қисми бофарҳанги инсоният мондааст. Зеро мазмуни асосӣ ва идеологияи Иттиҳоди Шуравӣ маҳз ба он равона шуда буд, ки мақсадҳо ва орзуҳои олитарини тамаддуни инсонӣ амалӣ гарданд. Аммо аз ҷониби дигар, ҳар як шакли ташкили ҷомеа худ ба вуҷуд намеояд ва худ ғуруб намекунад, балки онро инсоният ба вуҷуд меорад ва агар дурандешона амал накунад, аз даст медиҳад.

 Вобаста ба олами илм бошад, таърих борҳо исбот намуда истодааст, ки солим нигоҳ доштани табиати илм, ҳимояи он аз дахолат ва мавҷудияту сирояти нуқсонҳои эҳтимолӣ, ки баъзе аз онҳо дар боло қайд шуданд яке аз пояҳои меҳварии таъминкунандаи устуворӣ ва рушди ҷомеа мебошад. Дар ин ҳолат, механизмҳои илмӣ, ки аз унсурҳои бегона ва зиёдатӣ озод мешаванд, бо реҷа ва тавоноии аслӣ ба кор даромада, бо натиҷаҳо ва татбиқҳои инноватсионии сатҳи байналмилалӣ ва ҳамчун мушовиру муқарризи лоиҳаҳо ва масъалаҳои мураккаби стратегӣ барои манфиати ҷомеа саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

  Боиси қаноатмандии мо, кормандони илмӣ аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо доимӣ ва бефосила ба рушди илми ватанӣ аҳамияти хоса медиҳанд ва барои рўз аз рўз беҳтар шудани фазои илмии кишвар пайваста талош меварзанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ бо пешниҳоди бевоситаи сарвари кишвар ба Академияи илмҳо дода шудани мақоми миллӣ, ки дар вохӯрии ҳамасола ва анъанавӣ бо олимони кишвар бори аввал қайд карда шуд, дар таърихи илми Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як қадами нек ва саҳифаи нав дар рушди соҳаи илм мебошад.

  Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирии бистусеюмин солгарди Ваҳдати миллӣ, санаи муқаддаси таърихии кишвар қарор дорем, ки оғоз аз он ғолибияти сулҳу амонӣ дар дили ҳар як фарди миллат равшанӣ ва умеди ояндаи некро пойдор намуд. Санаи 27 июни соли 1997 маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз гуфтушунидҳои зиёд имзо шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати сулҳпарвари тоҷик ҳамчун намунаи ғолибияти иродаи неку тавоно ва ақлу хиради инсонӣ бар ҷаҳолат, равшанӣ бар зулмот ва ниҳоят таҳти роҳбарии сарвари кишвар ҳамчун ғолибияти ягонагии миллати азизи тоҷик ганҷи бебаҳо мебошад.

  Бинобар он, барои ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо ва ҳосилаи олии тафаккури инсонӣ, мо, аҳли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доимо кўшиш менамоем, ки дар қатори ҳар як фарди созандаи ҷомеа ва фарзандони фарзонаи ватан-модари ягонаи мо, баҳри ояндаи неки кишвар, тамоми ҳастии хешро барои рушди илму техника ва фарҳангу маданияти бунёдии миллати тоҷик равона намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибилм, созанда ва маорифпарвар ба мардуми ҷаҳон боз ҳам бештару возеҳтар муаррифӣ намоем.

 

Фарҳод Шокир –

директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1070 маротиба