JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Феврали 2020 06:25

Худкушии Владимир Маяковский (1893-1930)

Муаллиф:

  Владимир Маяковский шоир, намоишноманавис ва бозигар (актёр)-и рус дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад.

  Дар Русияи сезарӣ бар зидди сезар мубориза мекард ва ба зиндон афтод. Маяковский қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.

  Ӯ шоире футурист буд. Футурист ба ин маъно ки гузаштаро инкор мекард ва ба оянда боварӣ дошт. Дар ҳоле, ки Ленин, раҳбари инқилоб ба ашъори суннатитар ва анъанавӣ тамоил дошт. Ленин, ки аз шеър ва адабиёти модерн сар дар намеовард (намефаҳмид) бо ӯ  чандон ба меҳр набуд. 

 Калимаи шуубия ба таври умумӣ номи ҷунбишест, ки мӯътақид ба фазилат ва бартарии араб бар соири ақвоми олам нест ва ба таври хос иборат аз фирқаест, ки душмани аслу насаби араб аст ва ин қавмро пасттарин ақвоми олам мешуморад ва аслу насаби аҷамро бар араб афзалият медиҳад. Бинобар ин калимаи шуубия дорои се мавриди истеъмол аст, [15,c.67] ки дар боло онҳо номбар шуданд. Аз ин рӯ, таърифи истилоҳи шуубия дар адабиёти тафсирӣ ба таври гуногун шарҳу баён ёфтааст.

  Муҳаммадҷон Шакурӣ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар хонадони фозил ва маъруфи тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (вафоташ соли 1932) ба дунё омадааст. Соли 1945 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва дар Донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура соли 1951 солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудааст. Баъдан, раиси Кумитаи истилоҳоти назди фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ кор кардааст.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои асосии ғояи миллии моро дар самти давлатдорӣ эълом доштааст, ки аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона  ва иҷтимоӣ иборат мебошанд. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар мекунанд. Дар маҷмуъ, эҳёи давлатдории миллӣ бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир самту раванди ташаккул ва рушди давлати моро дар шароити имрӯза муайян месозад. Дар ин раванд бошад, истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгон, инчунин даврони шӯравӣ ва тахминан се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ поя ва заминаи муҳимме барои расидан ба ин ҳадафи воло аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» эълон гардидааст. Дар баробари захираҳои дохилӣ истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам дар рушди давлатдории миллӣ, аз нуқтаи назари мо, метавонад пояҳои саъю кӯшишҳои моро дар рушди давлат боз ҳам тақвият бахшида, тавсеа диҳад.

Китобҳо