JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Майи 2020 07:07

Фолклори мусиқии саргаҳи Зарафшон

Муаллиф: Сорбон Норбадалов

  Сурудхонӣ, бадеҳахонӣ, байтгӯву рубоисароӣ, дойразанӣ, рақсу бозӣ дар таркиби аксари кулли расму анъанаҳои мардумии сокинони саргаҳи Зарафшон, таваҷҷуҳи беандозаи онҳоро ба зебоипарастӣ ва зиндагии хушҳолона нишон медиҳад.

  Аз қадимулайём дар маъракаҳои хурсандӣ, ки миёни занон алоҳида баргузор мегардиданд,сурудхонӣ, дойразанӣ, рақсу бозии озодона васеъ маъмул буд. Дар нимаи дуюми садаи ХХ масалан  дар маъракаи гаҳворабандон низ, ки расми нисбати дигар оинҳо шояд андаке маҳдудтар аст, занҳо баъди зиёфати урфӣ ҳатман муддате сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекардаанд (5, 40). Маълум аст, ки сози зарбии дойра яке аз созҳои вақтхушкунии занон ба шумор меравад.

  Дар байни мардум маъмулан “дойрадаст” гуфта занеро мегуфтаанд, ки аз уҳдаи дойразанӣ (доиранавозӣ) баромада тавонад. Миёни бонувони ноҳияҳои Самарқанд, Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дойрадастҳо зиёд буданд. Дойра дар назди занҳову духтарони Яғноб низ мавқеи хос доштааст[1] (3, 74). Ин аст, ки дар байни мардуми водии Зарафшон мақоли “Дойрадасту ҳофиз − оби маҳалла” (1, 255) аз мавқеи намоён ва обрӯи навозандагону сарояндагон дарак медиҳад.

  Пайванди мусиқӣ ва суруд дар байни мардуми ин минтақа то он дараҷа баланд буд, ки онҳо меҳмононро бо суруд пешвоз мегирифтаанд. Ибораҳои “доираро баланд бардоштан дар тӯй” (1, 172), “доираи серзанҷир дар даст доштан” (1, 174) дар рубоиёти халқӣ ифодагари навъе ҷаҳонбинии ҳунарии сокинони саргаҳи Зарафшон нисбат ба сози дойра аст. Ибораи якум  маънои онро дорад, ки доира бо садои баланд ва зарб навохта шавад ва ибораи дуюм  ишора ба садои ҳалқаҳои филизии (10, 112)  доираҳо мебошад.

 Таҳлилу баррасии муҳтавои гуфторҳои маросимии минтақа нишон медиҳад, ки аҳли ин диёр дар мавзуну муқаффо кардани сухани одӣ ва ҳатто дуову зикр низ завқи беандоза баланди истифода маҳз аз оҳангҳои мусиқӣ доштанд. Ин завқи онҳо сарчашма аз табиати мусиқидӯстии онҳо мегирад. Дар давраи мавриди назар инсонҳои ҳозирҷавобу қофиягӯву шеърбоф зиёд буданд ки ном ва осори баъзе аз онҳо ба китобҳои қомусгуна ворид шудааст. Масалан, аз ному ашъор ва хушгӯиҳои Ёқуб Ҳоҷизода (1889-1969)-ро аз китоби “Қомуси Фон-Яғноб” пайдо кардан мумкин аст (4, 66-67).

  Қофиядорӣ ва  оҳангнокии ҳатто матни бозиҳои лафзӣ (4, 46-47)[2] низ ин гуфтаро тақвият медиҳанд. Вақти ба гаҳвора бастани кӯдаки навзод дар мазмуни дуои аз забони момо садо медода чунин ибораҳои қофиядор ба кор бурда мешавад: “чашми хеш, чашми меш, чашми ҳамсояҳои гирду пеш, чашми ҳасудон сӯзад дар оташи тез” (5, 41). Такроршавии калимаи “чашм”, ҳамқофия шудани калимаҳои “хеш”, “меш”, “пеш” ва ба ин калимаҳо қофияи маъюб шуда омадани калимаи “тез” мавзуниву оҳангнокии хосеро дар дуои гаҳворабандӣ эҷод кардааст.

  Дар ин маросим доиразанӣ, рақсу бозӣ, сурудхонию аскиягӯӣ (шояд аксия ё худ азкия?) мекарданд (13, 27). Дар минтақаи мазкур рақсу сурудхонии занон дар амали “бегоҳии сеяк”, ки дар  муддати чиллаи тифли навзод доир мегашт, ба қайд гирифта шудааст. Занҳо баъди анҷоми зиёфат ба рақсу сурудхонӣ машғул мешудаанд (13, 33, 57) ва ин лаҳза дойразанӣ ва рақсу суруд бо  байтҳои махсус шурӯъ мешуд(8, 190; 5, 40)[3]

  Маълум мегардад, ки дар рушди фарҳанги шифоҳии мусиқии миллӣ ва ҳифзу интиқоли анъанаҳои мардумӣ саҳми занон хеле зиёд аст ва ин масъала ҳанӯз то ба охир мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаст. Дар маъракаҳои хурсандӣ нақши занон, хусусан “бибизанҳо” хеле назаррас мебошад ва ин хислати хоси фарҳанги мардуми кӯҳистон кайҳост, ки диққати мардумшиносонро ба худ ҷалб кардааст. Масалан, ҳанӯз соли 1906 муҳаққиқи рус Н.Г. Малитский зимни сафараш ба водии Зарафшон рақсу сурудхонии сокинони деҳаи Дарғро тасвир кардааст (2, 77). Дар нимаи дуюми асри ХХ низ мусиқишиноси тоҷик З. Тоҷикова маводи зиёдеро (суруду таронаҳо ва байтхониҳо) аз забони мардуми ин деҳа сабт кардааст (11, 10).

  Дар яке аз намунаҳои эҷодиёти шифоҳии ин минтақа байтҳои мардумӣ ба мисли “Рақсему сароем канори лаби ҷӯ”(1, 150) дучор мегардем, ки  аз завқи баланди зебоипарастии мардум дарак медиҳад, зеро ин ҷо тасвири манзараи иҷрои рақсу суруд дар мавзеъҳои  зебои табиат ҷой дорад.  Мардуми болооби Зарафшон ҳмчунин ҳангоми лаҳзаҳои меҳнат низ бо мароми хос рақсу сурудхонӣ мекарданд ва гоҳо чунин ҳам мешуд, ки барои ин намуд “санъатдӯстӣ” аз ҷониби саркорон танбеҳ ҳам медиданд[4]. Дар баъзе таронаҳои мардуми деҳаи Пете (водии Фондарё) таъбири “рубобро нохун кардан//задан”(4, 239) истифода шудааст, ки он ҳам ишорае ба маъмул будани ин сози мусиқӣ (яъне рубоб) дар ин минтақа дорад.

  Мавҷуд будани силсилаи рақсҳои занона ва мардона дар минтақаи саргаҳи Зарафшон дар китоби “Олами бекарони рақс”-и санъатшинос Низом Нурҷонов хеле муфассал инъикос ёфтааст ва ба гуфтаи ин олими нуктасанҷ рақси занона дар аксари деҳоти болооби Зарафшон роиҷ будааст. Рақси мардона дар деҳаи Фароби ноҳия Панҷакент (9, 150, 152, 227) ва деҳаҳои Мадм (9, 49, 121, 151, 226),   Урметан (9, 225, 226, 243) ва Дарғи ноҳияи Айнӣ (9, 234, 245) ба қайд гирифта шудааст (9, 226).

  Ҳамчунин сурудхониҳои навъи машҳури “бадеҳахонӣ” дар байни сокинони саргаҳи Зарафшон низ хеле маъмул буд ва ин навъро ҳатто дар дар жанри рубоӣ (1, 159,161, 163, 171, 176, 251) мардум хеле моҳирона истифода мебурданд[5].

  Таваҷҷуҳи мардуми ин минтақа ба байтгӯӣ, сурудхонӣ он қадар зиёд аст, ки “дар ҳаққи ёри худ омодаанд, ки саду панҷоҳ байт гӯянд” ва “суханҳои ӯро ба чойи ношто хӯранд” (1, 56). Таъбирҳои омиёнаи “байтхонӣ кардан”(1, 110), “қад-қади роҳҳои каҷ байт мондан”, “вақти дарав байт хондан”(1, 130), “байтҳоро дар дафтар навиштан” (1, 120), “байтҳоро мисли нақш дар рӯмол навиштан” (1, 125), “байтҳоро шунида, хушдор шудан” (1, 125), “сад байтро ҷавоб гардондан”(1, 91), “байтак гуфтан”(1, 136), “байтҳоро тамом кардану дар хунукӣ нанишастан” (1, 138), “байт гуфта алови дилро тоза кардан”(1, 168) ин гуфтаҳоро ҳукми тасдиқ мебахшанд. 

  Мавриди зикр аст, ки вуҷуди падидаҳои мусиқии сӯфиёнаро дар фарҳанги мусиқии болооби Зарафшони давраи мавриди таҳқиқ истилоҳоти сӯфиёнаи халқишудаи “ Ё Ҳақ!”, “Дӯст”! кашидан” (1, 74) ва “Ҳақ” задан” (1, 107) тасдиқ менамоянд[6].

  Дар мавридҳои дигар, таъбирҳои маъруфи “худ ба худ машқи дутору танбӯр кардан”, “дар дасти духтарон дидани дутор” аз шавқу рағбати беандоза ва тамоюли табии мардуми ин минтақа ба ҳунари дуторзаниву танбӯрнавозӣ паём мерасонад (1, 103, 87)[7]

  Дар давраи мавриди таҳқиқ истилоҳҳои мусиқии “савт”, “нағма” ва “мақом” (муқом, муқум) дар байни мардуми саргаҳи Зарафшон серистеъмол ва роиҷ будааст. Истифодаи истилоҳҳои мазкур дар шакли ибораҳои мардумии “ба савти ошуқӣ бастани рӯмол” (1, 102) ва “ба муқуми об нола кардани дарё” (1, 72)[8] аз нозукадоӣ, борикбиниву борикандешӣ ва зебоипарастии созандагону гӯяндагони ин таъбирҳои замина дар фарҳанги мусиқидошта далолат медиҳад.

  Ба маънои “овоза шудан” истеъмолшавии таъбири “дутор витах” (дутор шудан) дар матни яке аз сурудҳои яғнобӣ (3, 91) далел ба нуфузи суннатҳои мусиқӣ дар ҳофизаи мардуми болооби Зарафшон дорад. Раққос будани Сурак ном қаҳрамонписари афсонаи “Фотима ва Сурак” (3, 160) ва аз рақси вай беҳуш шудани духтарон (3, 229), дойрадаст будани яке аз қаҳрамонони афсонаи “Мероси падар” ва бо ин ҳунар соҳиби мулку мол шудани вай (3, 189-190) ҳам то ҷое санъатдӯстиву ҳунармандии гӯяндагонро бозгӯ мекунад.

  Аҳамият додани сокинони ин водӣ ба услуби овозбарорӣ ва кашишҳои махсуси он дар байтхонӣ далели риояти мусиқӣ ва оҳанги сароиш аз тарафи онҳо аст, ки нишонаҳои ин муносибати нозукро ҳатто дар матни сурудҳои мардумӣ, хусусан байтҳо дар мисоли талаффузи охирин ҳиҷои калимаҳои “напартофту”(1, 124),  “зору шудан” вахаридору шудан”(1, 129), “офтобу баромадан” (1, 143),  “беди баланду” (1, 130), “имсоли дарозу”  (1, 183) “боду бурдан” (1, 191), “як банд накардему дарав” (4, 239) ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

  Маълум мегшардад, ки дар давраи таҳқиқ фарҳанги мусиқии мардумии сокинони саргаҳи Зарафшон пешомаду паёмадҳо ва бурду бохтҳои зиёдеро паси сар кардааст. Муҳим аз ҳама, новобаста аз андаке дур аз марказҳои бузурги фарҳангиву адабӣ қарор доштани минтақа, дар қисми болоии саргаҳи Зарафшон ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти шифоҳии мардум бо раванди ба худ хос идома ёфтанд. Метавон хулосабарорӣ намуд, ки ҷараёни фармудашудаи “советишавӣ”-и соҳаҳои гуногуни зиндагӣ, аз ҷумла фарҳанги мусиқӣ  тадриҷан безарар паси сар гардиду маҳз бо ҳамин  васила дар чаҳорчӯбаи сиёсиву мадании давр муҳимтарин осори маънавиву фарҳангии аз асрҳои ХVIII ва ХIХ аз ниёгон ба мерос гирифтаро бо меҳри беандоза ба даврони Истиқлолият интиқол доданд.

 

Сорбон Норбадалов,

унвонҷӯйи Шуъбаи санъатшиносии АМИТ

Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ- Санъатшиносӣ, № 1 (1) 2020

                                     

ПАЙНАВИШТ:

  1. Байту рубоиёти кӯҳистони Зарафшон. Гирдоваранда ва тартибдиҳанда С.Мирсаидов.−Душанбе: Дониш, 1982.−288 с.
  2. Дар ҷустуҷӯи фарҳанги водии Ҳисор (маҷмӯаи мақола бахшида ба 60-солагии ноҳияи Ҳисор).– Душанбе: матбааи АИ ҶТ, 1992. –82 с.
  3. Ёрзода Тағоймурод. Фолклори Яғноб (маҷмӯаи илмӣ-оммавӣ)/ Тағоймурод Ёрзода.−Душанбе: Империал-груп, 2007.−330 с.
  4. Қомуси Фон-Яғноб. Таҳия ва таҳрири Сабуров Нақиб, Сабурова Гурдофарид.−Душанбе: Шаҳпар, 2013.−272 с.−С.46
  5. Мардонова А. Колыбелный обряд “гаҳворабандон” у таджикова верхного Зеравшана и Гиссарской долины/ А. Мардонова //Современный и традиционный семейный быт таджиков (сборник статей).–Душанбе: Дониш, 1991.−132 с.–С.34-45
  6. Мустаҷир, Абдураҳмон. Рӯзномаи сафари Искандаркӯл/ Абдураҳмон Мустаҷир.–Душанбе: Ирфон, 1989.−176 с.
  7. Назар, Саидмирзо (Исфандиёр). Бо лаҳҷаи дарғӣ: шаҳбарун, вожанома, зарбуламсол ва киноёт...(рисолаи тадқиқӣ)/ Саидмирзо Назар (Исфандиёр).–Душанбе: Ирфон, 2009.−48 с.
  8. Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Тартибдиҳандагон: Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров. –Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. −222 с.
  9. Нурҷонов Низом. Олами беканори рақси тоҷик (очерки таърихӣ-назариявӣ) / Низом Нурҷонов.–Душанбе: Mega Basim YayinSan.Ltd.Sti, 2004.–338 c.
  10. Созҳои мусиқии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ (Тартибдиҳанда Хуршед Низомов).– Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2012.– 120 с.
  11. Таджикова Зоя Михайловна. Песенная культура таджиков (по материалам Зеравшанских искусствоведческих экспедиций 1958-1961 гг.). Автореферат диссертации на соискание ученной степени искусствоведения/ Зоя Михайловна Таджикова.– Ленинград, 1977. –19 с.
  12. Фолклори тоҷик: Хрестоматия. Дастури таълим барои факултаҳои филологияи институтҳои педагонӣ. Мураттибон М..Неъматов, С.Асадуллоев ва Р. Тошматов.–Душанбе: Маориф, 1989.−376 с. –С.135.
  13. Ҷумъаев Рустам. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони Кӯҳистони Зарафшон (маводи охири садаи ХI- ХХ) Рустам Ҷумъаев.−Душанбе: Эр-Граф, 2012. −142 с.

 

[1] Тарҷумаи рубоӣ:

Эй духтарак, зорӣ кунам биё ба хонаи ман, / Дастатро гирам лаби об барам,

Ҳасрати ошиқӣ кунем аз беғамӣ, / Ту доира зан, ман хонам аз ошиқӣ. Ниг: Ёрзода Тағоймурод. Фолклори Яғноб (маҷмўаи илмӣ-оммавӣ).−Душанбе: Империал-груп, 2007.−330 с. –С.74

[2]Матни бозии лафзии «Алиал»: алиал, тўтали тал, панҷу парешони шакар, ҳафтод мехи оҳанин, занҷири пойи Аҳмадак, чўлоқ, мўлоқ, пирмеш, роҳи хеш, андар кашу мандар каш, як почета каш. Ниг: Қомуси Фон-Яғноб. Таҳия ва таҳрири Сабуров Нақиб, Сабурова Гурдофарид.−Душанбе: Шаҳпар, 2013.−272 с.−С.46

[3] Байтҳои мавриди назар:   Имшаб шаби маҳтобшаб,/ Дойра ба дасти миршаб.

 Дойра садо надорад,/ Ошиқ вафо надорад. Ниг: Намунаи фолклори диёри Рўдакӣ. Тартибдиҳандагон: Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров.–Душанбе: Нашр. дав. Тоҷ., 1963.− 222 с.− С.190; Мардонова А. Колыбелный обряд “гаҳворабандон” у таджикова верхного Зеравшана и Гиссарской долины//Современный и традиционный семейный быт таджиков (сборник статей).–Душанбе: Дониш, 1991.−132 с.–С. 40.

[4] Байт: Биргад мана бад дидас бари ҳофизиҳом, / Зорим накунад, ҷўра, ки корашба биём.

Ниг: Байту рубоиёти кўҳистони Зарафшон. Гирдоваранда ва тартибдиҳанда С.Мирсаидов.−Душанбе: Дониш, 1982.−288 с. −С. 135

[5] Намуна:

 Оча, оча, чиба калунам кардӣ,/ Ширам додӣ ҷавра ба ҷунам кардӣ.

Бачам, бачам, Худо кулунат кардай,/ Осоиши дасти мардумунат кардай. Ниг: ҳамон сарч.−С. 235.

[6] Байтҳои мавриди назар: Мерам ба дарат дўст кашам мисли гадо,/ Як бўса диҳӣ садақаи радди бало.

Соғу ба сараш сой мефурод ҷилвакунун,/ Ҳақ мезанамо, қоқ мешавад оби равун.

Ниг: Байту рубоиёти кўҳистони Зарафшон. Гирдоваранда ва тартибдиҳанда С.Мирсаидов.−Душанбе: Дониш, 1982.−288 с.−С.74, 107.

[7] Байтҳои мавриди назар: Дорам ба худам машқи дутору тамбур,/ Аз ҳарду рухи ҷонона меборад нур.; Эй духтараке, дутор ба дастат дидам, /Хоб рафта ба рўи сабза мастат дидам. Ниг: Байту рубоиёти кўҳистони Зарафшон. Гирдоваранда ва тартибдиҳанда С.Мирсаидов.−Душанбе: Дониш, 1982.−288 с.−С. 103, 87.

[8] Байтҳои мавриди назар: Ин беди баланд баландтараш гулбандӣ,/Нўмола ба савти ошуқӣ мебандӣ.

Ниг: Байту рубоиёти кўҳистони Зарафшон. Гирдоваранда ва тартибдиҳанда С.Мирсаидов.−Душанбе: Дониш, 1982.−288 с.−С.102.  Дарё ба муқуми об дорад нола, / Дустун, ба кӣ гўям ҳасрати дунёра. Ниг: Фолклори тоҷик: Хрестоматия. Дастури таълим барои факултаҳои филологияи институтҳои педагонӣ. Мураттибон М..Неъматов, С.Асадуллоев ва Р. Тошматов.–Душанбе: Маориф, 1989.−376 с. –С.135.

Хондан 1983 маротиба