JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Майи 2020 06:37

Андешаҳои консептуалии тасвири физикӣ ва метафизикии табиати инсон дар фалсафаи Ведоӣ

Муаллиф: Муҳаммадалӣ Музаффарӣ

  Дар назарияи ҳастишиносии (онтология) муосир андешае мавҷуд аст, ки тибқи он вобаста ба табақабандии олами моддӣ шаклҳои ҳастӣ тасниф шудаанд. Таснифи олам аз дидгоҳи классикӣ ба се шакл ва аз дидгоҳи ҷаҳонбинии муосир ба чаҳор шакл тақсим шудааст.

 Аз диди ратсионалӣ, ба андешаи мо, табақабандии сешакла бештар ба ҳақиқат рост омада, шояд натиҷаи фаҳмиши фалсафист. Амиқтараш, аз дидгоҳи монистӣ шакли аввали ҳастиро шаклвор тасаввур намудан нашояд, ва ҳеҷ гуна шаклро ба вай нисбат додан ғайримантиқист, вале сифатҳои моҳиятии онро зери шубҳа гузоштан, қаноатмандкунанда нест.

 Чунонки тасвир шудааст, ҳастии мутлақ, ки худ ҳастии субстансионалӣ мебошад, вай шаклест, худ асоси ҳамагуна шаклҳо, шакли нахустин, мавҷудияти берун аз замон ва макон аст. Вай донанда, фаҳманда, бинанда ва сабаби мавҷудият ва сурат гирифтани ҳама мавҷудот буда, худ ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.[1]

  Тибқи таснифи муосири илмҳо самти илмие, ки масоили фалсафӣ ва динии ҳастии мутлақро меомӯзад “теология” номида шудааст.

  Шакли дуввуми ҳастӣ тамоми олами моддиро, яъне ҳама он чи, ки дорои шакл гардидааст, дар бар мегирад, илми “космология” (кайҳоншиносӣ) номида шудааст.Аз сабаби он ки инсон ва ҷомеа ба қатори объектҳои моддӣ дохиланд, онҳо низ мавзӯи омӯзиши космология ба ҳисоб мераванд.

  Табақабандии сешакла ҳастии мутлақ ва ҳастии олами моддиро аз “ҳастии фиребанда” ҷудо месозад. Мувофиқи ин табақабандӣ, гарчанде ки ҳастии фиребанда , ҳастии кӯтоҳмуддат буда, асосаш ҳолати субъетивии фард аст, вале дар лаҳзаи гирифторӣ дар чунин ҳолат, мавҷуд будани чунин ҳастиро эътироф бояд намуд. Пас ҳастишиносии классикӣ, ки аз таълимоти монизми мутлақ бармеояд ҳастиро ба се гурӯҳ ҷудо месозад, ки якеро ҳастии мутлақ, дуввумро ҳастии олами моддӣ ва севумро ҳастии фиребанда гӯянд.

  Тақсимбандии ҳастишиносии муосир ҳама мавҷудотро ба чаҳор гурӯҳ ҷудо менамоянд: 1) ҳастии идеалӣ, 2) ҳастии кайҳон, 3) ҳастии инсон ва 4) ҳастии ҷомеа

  Илмҳое, ки чаҳор шакли ҳастиро меомӯзанд бо номҳои  а) теология б) космология в) антропология г) сотсиология шинохта шудаанд.

  Акнун аз дидгоҳи таълимоти монистии Ведоӣ мо бояд тасвири инсонро, ки яке аз шаклҳои ҳастиро ташкил медиҳад баррасӣ намоем.

Инсон - “оина”- и кайҳон

  Тафовут миёни колбади биологӣ, равонӣ ва хирадии инсон инкорнашавандаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки равон ва хиради инсон аз ҳамдигар ҷудо ва мустақиланд.

  Ин масъалаи хусусияти антрополгӣ дошта, дар фалсафа ва умуман дар фарҳанги ориёӣ, бо далелҳои зиёд ҳаллу фасл гардидааст.Чунин масъалагузорӣ дар китобҳои муқаддаси ориёӣ – Ведҳо, ба назар мерасад. Бинобарин дар раванди таҳқиқи мавзӯи “Тасвири физикӣ ва метафизикии инсон” сарчашмаҳои номбурдаро мавриди таҳлил қарор хоҳем дод.

  Чунонки маълум аст, фалсафаи материалистӣ ё худ моддигароӣ низ тафовутро миёни ҷисм ва хирад эътироф дорад. Вале аз дидгоҳи моддигароӣ ҳам бояд эътироф намуд, ки қуввае ки дар ҷисми биологӣ амал мекунад аз қувваи тафаккурӣ тафовут дорад. Тибқи андешаҳои антропологии Ведоӣ[2] бадани инсон аз ҷисми биологӣ, равонӣ ва ақлонӣ иборат аст. Ҷисми биологии инсон ҳамеша дар ҳолати дигаргуншавӣ қарор дорад. Тахминан дар муддати ҳафт сол, ба андешаи мутафаккирони Ведоӣ, ҷисми биологӣ бутун аз нав барқарор гашта, ҳама ҳуҷайраҳо ва ҷузъиёташ дигаргун мешаванд. Новобаста аз чунин дигаргуншавӣ, дар тинати инсон ҷавҳаре мавҷуд аст, ки “бетағйир” боқӣ мемонад. Ин ҷавҳар худ бинанда ва шоҳиди ҳамагуна дигаргуншавию ивазшавии ҷисми биологии инсон аст.Агар фаҳмиши тинати инсон сурати дигаре медошт, мо, ба андешаи мутафаккирон, қобилияти дарк намудани тағйирёбии ҷисми биологиро намедоштем. Аз тарафи дигар, агар хиради мо ҳар лаҳза дар ҳолати тағйирёбӣ мебуд, пас мо қобилияти дарки чунин дигаргуншавиро аз даст медодем.

  Мушоҳида намудани сурати ҳаракати ашё дар ҳолате ба мо муяссар аст, ки бинанда худ сокин бошад ё сурати ҳаракаташ аз сурати ҳаракати ҷисми мушоҳидашаванда кундтар бошад. Пазируфтани он омиле, ки инсон дигаргуншавии ҷисми биологии худро мефаҳмад, маҷбур месозад, ки мо, бо ибораи Кант мавҷуд будани “ашё дар худ”, яъне касеро, ки ҳама дигаргуншавиро ба қайд мегирад, эътироф намоем.

  Бағайр аз тағйирёбии физикӣ боз тағйирёбии ноаёни ҳамеша амалкунандае мавҷуд аст, ки мо дар бораи он тасаввури равшан надорем.

  Масалан, дарки объекти зоҳиршаванда дар ҳолати тағйирёбии беист ба инсон муяссар мегардад. Ин дигаргуншавии бо ҳам алоқаманди  системавӣ ҳолатест, ки мо ӯро хирад номидаем. Бидуни чунин қобилияти  фаҳмиши беист дакр намудани олам аз имкон берун мебуд. Ҳама омилҳои даркшуда бо ҳам алоқаманданд ва дар хотир нигоҳ дошта мешаванд.  Вале ин хотирро макон куҷост? Оё мо метавонем, ки ҷойгаҳи хотираро дар ҳудуди майнаи сар ҷустуҷӯ кунем? Агар ба ин савол ҷавоби мусбат дода шавад, пас чаро дар баъзе ҳолатҳо ашёҳо ё ҳолатҳои фаромӯшшуда, ба андаке кӯшиш, то андозае равшан дарк мешаванд?

  Аз чӣ сабаб дар ҳолати гипнотикӣ омилҳои фаромӯшшудаи замони хурдсолӣ, аз нав ҳувайдо, сурат мегиранд? Ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки инсон забонеро, ки наомӯхтааст, ба хотир меоварад. Ин ҳама омилҳо далели он мебошанд, ки ба андешаи муаллифи тазкираи “Браҳмасутра” дар тинати инсон касе ё чизе мавҷуд аст, ки ҳама гуна мушоҳидаҳои инсонро дар хотир нигоҳ медорад. Ин ҳолате ки ҳама гуна фаъолияти моро ба қайд гирифта, дар худ нигоҳ медорад “хиради ноб” номида шудааст. Барои мавҷуд будани чунин хирад, ки ҷисми биологиро шадда намудааст, инсон бояд “ҷудо” шудани “худ”-ро аз ҷисм ҳис намояд.

  Муаллифи тазкираи дар боло зикршуда, бар он ақида аст, ки шахс бояд қобилияти шинохти колбади биологии худро аз колбади менталӣ (хирадӣ), дошта бошад. Тафовут байни ин ду колбад гарчанде моҳиятӣ ҳам набошад, вале тафовути ҳолати оби ҷорӣ ва оби яхбастаро мемонад.

  Агар мо хусусияти ҳолати менталиро мушоҳида намоем, ба назар мерасад, ки чунин ҳолат якнамуд ва якранга боқӣ намемонад. Ҳиссиёт меоянд ва мераванд, ҳолати ҳаяҷон ба оромӣ мубаддал мегардад, арки ҳадсӣ равшантар ё тиратар мегардад ва ғайра. Бо ҳамин тартиб унсурҳо ва сифатҳои менталӣ дигаргун мешаванд, вале бояд эътироф намуд, ки пас аз чунин ҳолатҳо боз “ҳолате” пояндатар аз онҳо вуҷуд дорад. “Ҳолате” дар ҳақиқат мавҷуд аст, ки ҳангоми қобилият ба худқурбонӣ, муҳаббат ба дигарон, аз худ гузаштан ва ғайра падидор мегардад. Ин қувва дар мо кайфияти хеле дилписандеро ба миён меоварад ва мо дар баъзе маврид ин ҳисси мусбатро ба ҷойи “худӣ” қабул менамоем. Ин омил аз ҳолати “менталӣ”, ки доимо дигаргуншавандааст, фарқ мекунад, чунон сифати газ аз ашёи моеъ фарқ дорад.

  Агар мо табиати нафсонии инсонро мушоҳида ва таҳлил намоем, мебинем, ки вай ҳам дар ҳолати тағйирёбист. Аз ин ҷо, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки табиати нафсонӣ ё маънавии инсон низ наметавонад моҳияти “ман” – и ӯро ташкил диҳад. Пас маълум мегардад, ки берун аз тинати нафсонии инсон “қуввае” мавҷуд аст, ки ҳолатҳои дигаргуншавии моро ба қайд мегирад. Чунин “кас”, тибқи ақидаи Бадараяна, “ман” – и инсон аст, ки худ шоҳиди ягона ва бақайдгирандаи ҳолатҳои рӯҳию фикрӣ ва ҷисмии инсон аст.

  Бо ҳамин тартиб ҷисми биологӣ, равонӣ, ақлонӣ ва “ман” – и фаҳманда ва бинанда чаҳор омиле мебошанд, ки дар тинати инсон ҷой доранд. Чунин “ман” – ро ҳолати мутлақ дар тинати инсон бояд номид.

 “Ман” – и мутлақ субъекти ягонае мебошад, ки ҳамагуна ҳолат ва ҷузъиёти инсон дар нисбати вай объект шуморида мешаванд.

Ба ақидаи муаллифи Брахмасутра ҳаюлои ҷисми биологии мо дар муқоиса бо ҳаюлои ҷисмҳои неорганикӣ хусусияти хосеро соҳиб аст. Аз ин сабаб вайро ҷисми органикӣ меноманд, вале бо боварии қатъӣ гуфтан мумкин, ки илми кимиё дар сохтори ҳар як ҳайюло қувваи ташкилкунандаеро хоҳад дид, ки худ дараҷаҳои гуногунро соҳиб аст.

Дар ҷисми биологии инсон, ҳаюлои ғайриорганикӣ дар зери таъсири “қувваи ҳаётбахш” қарор дорад. Бо ҳамин тартиб дар ҷисми инсон ду неру, яъне ҳаюлои дурушт ва қувваи ҳаётбахш бо ҳам алоқаманданд. Ин қувваи ҳаётбахш дар илми муосир бо номи “эфир”[3] маълум аст.

Дар ҳолати таҳқиқи ҷисмҳои физикӣ мо моддаеро мушоҳида мекунем, ки аз газ шафофтар аст ва онро эфир меноманд. Дар моддаҳои ғайриорганикӣ акаша (эфир) то ба дараҷае зоҳир нашудааст, ки “қувваи ҳаётбахш” сурати дидашавандаро ба худ гирад. Мутафаккирони Ведоӣ бар чунин ақидаанд, ки ҳамагуна моддиёти кайҳонӣ дар ботину зоҳири худ саршор аз эфир, яъне акаша мебошанд.

Ҳангоми озод шудани таҳкурсии “қувваи ҳаётбахш” аз таъсири унсурҳои пасти моддиёт, ҳамзамон ин қувва омодаи ташкил ва ба гурӯҳҳо тақсим намудан гашта, олами набототро ба миён меоварад. Аз ин рӯ, таҳкурсии “қувваи ҳаётбахш” ташкилкунандаи ҷисми биологии мо ба ҳисоб меравад. Моддаи муайяни эфирӣ, ки асос ва барандаи чунин таҳкурсӣ ҳисобида мешавад, дар ҷисми инсон бо номи “колбади эфирӣ” маълум аст.

Ба андешаи пайравони Бадараяна, дуруст омӯхтани хусусияти оҳанрабо муносибати “моддаи эфирӣ” ва таҳкурсии “қувваи ҳаётбахш” – ро равшан месозад. Тибқи ин андеша қувваи оҳанрабоӣ худ ифодаи равшани “қувваи ҳаётбахш” мебошад. Ҳар ду омил, яъне “ҷисми биологӣ” ва “қувваи ҳаётбахш” колбади инсонро ташкил медиҳанд, ки худ бунёди физикӣ ва метафизикии табиати инсонро гузоштаанд.

Вале муҳити фаъолияти ин ду омил танҳо дар олами физикӣ имконпазир аст. Муҳити рӯҳонӣ, дар маънои васеи ин мафҳум, бар се шакл сурат гирифта, ҳар кадом қобилияти нисбати мустақил мавҷуд буданро дорад.

Масалан, инсон дар тинати худ ҳолатҳои шавқ, эҳсос ва ҳисро мушоҳида мекунад. Ин ҳолатҳо далели гуногуншаклии ҳаёти маънавии инсонанд. Онҳоро қобилияти ҳиссӣ меноманд. Чунки ҳамеша, дар ҳолати торикӣ низ дурахшонанд ва аз ин рӯ номи “ситоравӣ”, яъне астралро гирифтаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳаёти ботинии мо берун аз қобилияти ҳиссӣ боз қобилиятеро мушоҳида намудан мумки аст, ки натиҷаи даркро то ба андозае танзим мекунад. Чунин қобилиятро ҳуш меноманд ва аз ин болотар инсон қобилиятеро дорост, ки бо воситаи он олами берунаро арзишгузории бошуурона мекунад, ки номаш хирад аст.

Дар асоси андешаҳои дар боло зикршуда донишманди маъруфи Ведоӣ Шанкара тинати инсонро ҳамчун қисме аз тинати кайҳон пиндошта, кӯшиш ба харҷ додааст, ки тамоми дараҷаҳои ҳастии олами мавҷударо дар табиати инсон тасвир созад. Ба ақидаи ӯ инсоне, ки дар роҳи моҳияти фаҳмиши ҳастии кайҳону инсон раҳсипор мегардад, бояд чаҳор сифатро дар худ бипарварад:

  1. Шахс бояд қобилияти шинохти андешаи асилро аз андешаи нисбӣ ва гузаранда дошта бошад.
  2. Фард ҳеҷ гоҳ набояд андешаи шахсии ба худ манфиат доштаро аз андешаи асил болотар гузорад. Ӯ бояд аз манфияти хеш дар ҳарду олам (дар ҳаёти заминӣ ва ҳаёти осмонӣ) даст кашад.
  3. Дар табиати худ шаш қобилиятро, яъне “ором будан, худро идора намудан, нафсонӣ набудан, бо сабру тоқат будан, ба худ боварӣ доштан, ягонагии хоҳиш ва тафаккурро доштан” бояд дошта бошад.[4]

Бо чунин омодагии ҷисмонӣ ва равонӣ шахс метавонад ба дарки андешаҳои метафизикии Ведоӣ қодир бошад. Ба андешаи мутафаккир агар шахс ин чаҳор қобилиятро дар худ надошта бошад, шунидани андешаҳои Ведоӣ ба вай аҳамияте надоранд ва ӯ аз шунидани чунин андешаҳо канораҷӯӣ кунад.

Доштани қобилиятҳои дар боло зикршуда шахсро барои фаҳмиши дараҷаҳои ҳастӣ омода месозад. Пас ба ақидаи ӯ, фаҳмиши дараҷаҳои ҳастӣ чист? Фаҳмиши он ки “худӣ”-и инсон ягона ҳақиқатест, ки ашё ва ҳама мавҷудоти моддии кайҳон дар нисбати вай ҳеҷанд. Асрори “худӣ”-и инсон ҳастии асил, мутлақ ва худбасанда аст. Мутафаккир чунин таърифро барои исботи ҳастии “худӣ”-и инсон раво донистааст: “Худӣ”-и инсон аз ҳама объектҳое, ки шакл доранд тафовут дорад, чунки ӯ ботинӣ ва муқаддас аст; вай ҳама чизро ба монанди эфир шаддакунанда, ноаён, абадӣ, тақсимнашаванда, бесифат, доғдор-нашаванда, аз ҳама гуна амал бениёз (омадан, рафтан ва ғайра); аз тасаввури “ман”, “аз ман”, хоҳиш, нафрат ва кӯшиш бегона аст. Вай ҳамеша табиатан ба монанди гармии оташ ё шуои офтоб дурахшон аст; бо унсурҳои бузурги кайҳонӣ алоқамандӣ надорад; ба монанди интеллект аз узвҳо иборат нест. Аз се сифати кайҳонӣ, панҷ бод ва қувваи ҳаётбахш озод аст. Вай аз таъсири гуруснагӣ, ташнагӣ, ғаму андӯҳ, фиреб, пирӣ, марг, сифатҳои қувваҳои ҳастӣ, интеллект ва колбади биологӣ озод мебошад. Ин аст “худӣ”-и инсон, ки дар қалби ҳамагуна махлуқот ва мавҷудоти олам ҷой дорад ва дарккунандаи кулли хирадҳост.[5]

Тасвири табиати инсон ва колбадҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва хирадии он мушобеҳи табиати кайҳонист. Масалан, колбади ҷисмонии инсон шабеҳи махлуқоти зинда аст. Дар тасвири Шанкара инсон дар ҳолати дар ҷисми биологӣ буданаш фардиятеро меноманд, ки маҳсули ҷамъи панҷкаратаи панҷ аносири бузурги кайҳонӣ буда, дар суратгирии карма (раванди қонуни сабаб ва натиҷа) тавлид шудааст; ин хонаест, ки дар он инсон хурсандӣ ва ғаму андуҳро мечашад; ин хонаест, ки (ҳастии ӯ аз мавҷудияти моддиёт аст) ӯ тавлид меёбад, месабзад, дигаргун мешавад, оҷиз шуда, дар охир мемирад.[6]

Чунин таъриф тасвирест, ки на танҳо ба табиати инсонӣ, балки тамоми олами зиндаро бар мегирад.

Таърифи колбади равонии инсон бошад, чунин мазмунро дар худ гирифтааст. Тибқи ин таъриф, колбади равонӣ ё худ астралӣ аз панҷ аносири бузург ташкил ёфтааст, аммо худ такрори ин аносир нест. Вай натиҷаи карма[7] буда, сарчашмаи кайфият, хушнудӣ, нороҳатӣ ва ғайра ҳолатҳо буда, аз ҳафтдаҳ қисми таркибӣ иборат аст, ки ин қисмҳо чунинанд:

а) панҷ қувваи дарк (яъне панҷ узви дарккунанда)

б) панҷ қувваи ҳаётӣ;

в) ҳуш (узви ҳавоси панҷгонаро танзимкунанда)

г) хирад (қобилияти дарёфт ва арзишгузорӣ ба ҳама ашё ва ё ҳодисоти даркшаванда, ки ҳуш ба вай пешкаш менамояд).

Қисмҳои таркибии колбади равонӣ аз панҷ қувваи фаҳманда иборатанд, ки якеро шунавоӣ, биноӣ, лаззат ва дигареро ламс ва бӯёӣ меноманд. Муҳити шунавоӣ худи фазост. Муҳити биноӣ – офтоб, муҳити лаззат – об, муҳити ламс – бод ва муҳити бӯёӣ ҳолати нафаскашӣ ва нафасбарорӣ.

Предмети шунавоӣ – дарки садост. Предмети биноӣ – дарки шакл. Предмети лаззат – дарки лаззат. Предмети ламс – дарки таъсири ҷисмӣ ва предмети бӯёӣ дарки бӯи ашё ва муҳити атроф аст. Моҳияти панҷ қувваи амалкунандаро – садо, дастҳо, пойҳо, узвҳои ихроҷкунанда ва таносул ташкил медиҳанд. Муҳити садо “забони оташин” аст. Корфармо ва амркунанда муҳити дастҳо буда, ба ҳаракат оваранда муҳити пойҳост. Муҳити ихроҷкунанда марг буда, муҳити тавлидшавӣ – истеҳсолкунанда ба ҳисоб меравад. Предмети садо нутқ аст. Предмети дастҳо ашёро гирифтан, предмети пойҳо роҳ рафтан, предмети узвҳои ихроҷ, ихроҷ намудан ва предмети узвҳои таносулӣ тавлид намудан.[8]

Колбади сеюми инсонӣ бо номи колбади сабабӣ маълум аст. Вай дар фаҳмиши Шанкара, образ ё шаклеро мемонад, ки берун аз тасвир буда, сабабгори тасаввури ягонагӣ ва ҷудо будани ин колбадро ба миён овардааст ва тасаввури фардӣ аз ин колбад сарчашма мегирад. Тасаввури ҷудоӣ, муҷаррадӣ ин тасаввурест, ки ҷузъро аз кулл ҷудо месозад. Ин колбади инсонӣ сабабгори пайдо гардидани ду колбад, яъне колбадҳои равонӣ ва ҷисмонӣ гаштааст.

Тасаввури ҷудо будан аз кулл, худ натиҷаи фиреб аст. Дар тинати инсон ин колбадест, ки ҷойгузини қувваи ҳадсӣ ба шумор меравад.

Инсон одатан дар зиндагӣ се ҳолатро дорост: ҳолати бедорӣ, ҳолати хобу хоббинӣ ва ҳолати хоби бехоббинӣ. Инсон дорои ҳамингуна ҳолатҳост, аммо баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ҳолати чорум низ, яъне “беҳушӣ” дар равони инсон ҷой дорад. Вале дар чунин ҳолат инсон на зинда аст ва на мурда. Аз ин рӯ, ин ҳолатро ҳолати зиндагии фаъол намешуморанд. Дар ҳолати бедорӣ “худӣ”-и инсон дар колбади биологӣ ҷой дошта, тавассути қувваҳои ҳиссӣ олами атрофро назорат менамояд.

Хоб ҳолатест, ки “худ” – ии инсон дар тинати шаффофи худ қарор дошта, ҷисми биологии инсон дар ҳолати беҳушӣ боз дар олами хобҳо дар вазъияти дидану шунидани он чӣ ки дар бедорӣ аз сар гузаронидааст, сарсону саргардон аст.

Хоби бехоббинӣ бошад, ҳолатест, ки “худӣ”-и инсон дар таркиби колбади сабабӣ бартарияти худро аз ҳар се ҳолат дарк намуда, дар сиришти биологии худ қарор дорад.

Дар тасвири тинати инсон бағайр аз ҳолатҳои равонӣ ва интеллектуалӣ тасвири панҷ “ниқоб”-и се колбадро махлуткунанда низ ҷой дорад.

Ниқоби аввал, ба андешаи муаллифи тазкираи “Дарёфти сифатҳои олами моддӣ”, натиҷаи аз тарафи инсон истеъмол намудани ғизои заминӣ мебошад. Ниқоби дуввум бо номи “қувваи бо роҳи нафас нигоҳ доштани ҳаёт”, яъне “пранаяма” маълум аст. Ниқоби сеюмро “ниқоби тафаккурӣ” номанд. Ниқоби чорум “қобилияти маърифат” – и инсон буда, ниқоби панҷум бо номи “кайфияти ҳастӣ”, ки дар ҳолатҳои ваҷд ҳис карда мешавад, мебошанд.

Ниқоби аввал, ки аз ғизои заминӣ ҳосил мешавад, ҳамчун андешаи фундаменталӣ, асоси назарияи Ведоиро дар бораи табиати олами моддӣ, ташкил медиҳад. Ба ақидаи мутафаккирони Веданта хусусияти олами моддӣ дар ҳама гӯшаю канори олам як аст. Ҳамаи он чи ки қобилияти шакл гарифтанро дорад, аз шарбати хок пайдо шуда, баъд ба худ ин ва ё он шаклро интихоб мекунад ва дар охир ба шакли аввалаи худ, ки хок аст, бармегардад. Чунин аст ҷисми биологии инсон, ки мисли ҳамагуна мавҷуду махлуқи кайҳонӣ аз хок пайдо шуда, боз ба хок табдил хоҳад ёфт. Аз сабаби он ки ҷисми биологии инсон маҳсули шарбати заминист, ӯро низ чунин сарнавишт дар пеш аст ва ин сарнавишт ба ҳама махлуқи олами моддӣ тааллуқ дорад.

Дар забони санскрит ниқоби аввали инсониро “анамаякоша” номидаанд. Анамая шакли зоҳирии колбади қисмонии инсон буда, баъзе аз мутафаккирон вайро “ҷисми оҳанрабо” – и инсон номидаанд. Баъди аз байн рафтани олами моддӣ, ин “ҷисм” ба қисмҳои таркибӣ тақсим хоҳад шуд. Ин ниқобро аз рӯи иштибоҳ “колбади равонӣ”низ меноманд, вале дар асл он танҳо қисми моддии “колбади равонии инсон” аст.

Ниқоби дуввум – “праномаякоша” ном дорад, ки моҳиятан қуввати ҳаётист. Ин ниқоб дар муқоиса бо дигар ниқобҳо таркиби мураккабтареро соҳиб аст. Таркибаш аз панҷ намуди боди узвӣ ва панҷ қувваи дарк иборат аст.

Тибқи андешаҳои муаллифи асари дар боло зикршуда, “ниқоби ҳаётӣ” қувваеро меноманд, ки ҷисми астралиро ҷон бахшида, бо воситаи вай “кошона”-и ҳисси моддӣ таъсир мерасонад. Аз тарафи дигар, “ниқоби ҳаётбахш” моҳиятан колбади астралиро ташкил медиҳад. Дар бунёди панҷ ҳисси дарккунанда панҷ сифат ё худ панҷ шакли эфирӣ ҷойгиранд. Ин панҷ сифат чунин номгузорӣ шудаанд: 1) Акаша – таттва (эфир), ки қувваи шунавоиро ташкил медиҳад; 2) Ваю – таттва (қобилияти дарки ашё), ки қувваи ламс аз он ба вуҷуд омадааст; 3)Тейҷас – таттва, ки асоси қувваи рӯшноӣ мебошад ва қобилияти дидан низ аз ӯ бармеояд;

4) Апас – таттва (қобилияти лаззатро фаҳмидан). Бунёди моддии ин қобилиятро об ташкил медиҳад; 5) Притхиви – таттва (қобилияти дарки бӯй), ки асосаш мавҷуд будани хок аст.

Аз сабаби он ки ҷисми инсонӣ ҷойгузини қувваҳои ҳиссӣ ва хоҳишҳои нафсонию шаҳвонист, аз ин рӯ, колбади ҷисмонӣ “шакли хоҳиш” аст ва бо тавассути чунин хоҳиш ҳаётро ба миён овардааст.

Ниқоби сеюмро “маномая” гӯянд, ки қобилияти ҳушӣ ва панҷ қувваи дврк барои ба вуҷуд омадани андешаҳои гуногун ва пайваста сабаб гаштаанд. Дар тинати инсон ин ниқоб мавқеи ҳалкунандаро мебозад, чунки вай бо ибораи дигар “тани андешаҳост”. Андешаҳо бошанд дар бунёди худ аз ҳиссиёт, тасаввурот ва ғайра сарчашма мегиранд. Маномая қобилияти танзим ва дар хотир сабт намудани андешаҳоро дорад. Қобилияти пурраи ниқоби сеюм то ҳол дар илми равоншиносии муосир ҳаматарафа омӯхта нашудааст.

Ниқоби чаҳорум бо номи “виҷнанамая” маълум буда, худ қобилияти даркест, ки дар алоҳидагӣ ба хирад тааллуқ дорад. Хирад худ ниқобест, ки ҳама ашёи даркшаванда бо тавассути ӯ моҳият, маъно ва мазмун пайдо мекунанд. Хирад ягона ва тақсимнашаванда аст, вале дар оинаи тасаввур шикаста шуда, сабаби касрат, яъне гуногунрангии ҳастӣ мегардад.

Ниқоби панҷумро “анандамая” гӯянд. Анандамая дар бунёди худӣ доми фиреб, сароби колбади сеюм аст, ки бо номи “карана шарира” маълум аст. Ин сароби фиреб аз тасаввури ҳастии ҷудогона, муҷаррад, касрат дар нисбати ваҳдат, яъне ягонагӣ ба вуҷуд омадааст. Асоси чунин  тасаввурро андешае ташкил медиҳад, ки тибқи он “худӣ”-и инсон дар асоси нисбат додани ашёи мавҷуда, ба худ гирифтори андешаҳои ғайриасил гашта, аз моҳияти ягона ва нотакрори хеш ғофил мемонад ва дар олами касрат ғарқ мегардад.

Чунон ки дар бисёр асарҳои тафсирӣ гуфта шудааст, дар олами ҳастӣ танҳо як моҳият, як ҳақиқат вуҷуд дорад. Офаридгор, ки худ якест, дар ҳама ашё ва дар ҳама ҷой вуҷуд дорад. Дар ин фаҳм “ман ҳама чизам” тасаввури ҳастии ҷудогона (мая) ба миён меояд, ки ин тасаввур боиси сурат гирифтани таҷаллии олами касрат мегардад.

Тасвири ниқобҳои тинати инсонӣ дар асари номбурда ба як ҳадаф, яъне барои боз ҳам равшантар сохтани он ки “худӣ”-и инсон аз ин ниқобҳо вобаста нест ва вай ягона ҳақиқатест, ки барои сарфаҳм рафтан ба тинати ниқобҳои фиребанда (мая) мусоидат мекунад.

Дар таърифи тинати “худӣ”-и инсон шарҳи се сифати асосии онро низ истифода мебаранд, ки онҳо то андозае тинати “худӣ”-ро равшан месозанд. Ин сифатҳо дар забони санскрит бо мафҳумҳои “Сатт”, “Чит”, “Ананда” ифода мешаванд.

Маънои аслии онҳо чунин аст: “сатт” – ҳастии пок, беолоиш ва бениёз. “Чит” – хиради ноб ва ҳарон чи ки аз чунин хирад бармеояд. “Ананда” – кайфияти бе мислу монанд, ки инсон дар зиндагии ҷисмонии худ ҳаргиз чунин кайфиятро ҳис накардааст. Ин сифатҳо дар намуди махлутшуда дар таркиби олами наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ ҷойгиранд. Вобаста ба бартарият гирифтани як сифат бар сифати дигар тинати махлуқот тобиши дигареро мегирад. Сифати аввал рамзи покӣ, некӣ, оромӣ буда, сифати дуввум – рамзи фаъол будан ва сифати сеюм бошад, нишонаи манфӣ, яъне зишт шуморида мешавад. Ин сифатҳо дигар сифатҳои кайҳониро, ки миқдорашон ба 24 мерасад, ҳамчун нахустасос ҳисобанд.

 

Сифатҳои кайҳонӣ дар тинати инсон

Дар тазкираи “Таттвабодҳа” сифатҳои кайҳонӣ бо мафҳуми “таттва” ифода шудаанд. Таттва[9] ҳамчун принсипи ҳатмии олами моддӣ дар шакли аносири табии шинохта шудааст. Асосан таттваҳои бунёдӣ ҳафт (7) намудаанд, вале аз сабаби ба анҷлм нарасиданитаҳавули табиати инсон дар сайёра танҳо панҷ сифати барои дарки олами моддӣ зарур, ташаккул ёфтаанд. Ду қобилияти дигар бояд натиҷаи таҳаввули ояндаи табиати инсон бошанд.

Сифати субстансионалии Офаридгор ё “худӣ”-и инсон се намуд аст. Якеро “саттва”, дигаре “раҷас” ва сеюмро “тамас” меноманд. Аз ин сифатҳои субстансионалӣ тибқӣ андешаҳои муаллифи “Таттвабодҳа” панҷ аносири бузург: садо, бод, оташ, об ва хок ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҷисми инсон “саттва” ҳолатҳои ахлоқӣ ва равонро ба монанди покӣ, ҳақиқатпарастӣ, некӣ, инсондӯстӣ, муҳаббат ва монанди ин сифатҳоро ба миён овардааст.

Сифати “раҷас” – хоҳиш, фаъолият, худбинӣ, қаҳру ғазаб, оташтинатӣ ва ғайра сифатҳоро асос гаштааст. Сифати “тамас” бошад, ҳама гуна сифатҳои ҳайвониро, ки аз нопокӣ, хӯрдану ошомидани зиёд бармеояд, бунёдгузор аст. Ҳамчунон ки аз амали оташ  рӯшноӣ ба вуҷуд меояд, ба монанди ин аз се сифати номбурда бо тартиби муайян панҷ аносири бузург пайдо гардидаанд.

Акнун аз қисмати саттавии ин панҷ аносир, аз он ҷумла, аз қисми саттва – садо – қувваи шунавоӣ, аз бод – ламс, аз оташ – биноӣ, аз об – лаззат ва аз хок буй таҷҷалӣ намудаанд. Аз амали якҷоя ва якдигарро шадда намудани қисмҳои саттвагии панҷ аносири бузург, қувваи ҳуш, хирад, худбинӣ, қувваи таҳтулшууру хотира ва системаи танзимкунандаи ҳама ин қувваҳои ботинӣ, тавлид шудаанд.

Офаридан ё ба вуҷуд омадан аз худ (чунонки инсон аз ботини худ дониш ва қувваҳоро дарёфт месозад) бо чунин пайдарҳамӣ: якум – кирдгор, дуввум– қувваи танҳо “дар назар намоён, ё ба ибораи Бедил “тилисми ҳайрат”, ки иборат аз се сифати дар боло номбаршуда мебошанд, сурат гирифтааст. Баъд аз ин, аносири бузург, ки ҷавҳарашон дар намуди садо (эфир), дар намуди ламс (бод), дар намуди қувваи биноӣ (оташ),дар намуди лаззат (об), дар намуди буй (хок) ошкоранд, ба амал омадаанд. Дар ҳар яке аз ин ҳаюлои бузург сифати саттвӣ, раҷасӣ ва тамасӣ мавҷуд аст, ки сифати саттвигӣ боиси ба вуҷуд омадани ҳушу хирад, худбиниву қувваи хотира ва узви танзимгар гаштааст.

Қувваи созанда ва аз байнбаранда, ки дар бунёди ҳастии оламу одам хобида аст, қувваи ҳуш аст. Дар ҳисси худшуурӣ ва боварӣ ба ҳастии худ, мақоми хирад дида мешавад. Асоси худбиниро тасаввури муҷаррад будани “худ” ташкил медиҳад. Қувваи хаёл офарандаи қобилияти таҳтулшуурӣ ва хотира дониста шудааст.

Муҳити ҳуш, бо ибораи рамзӣ, моҳ дар маънои метафизикӣ ва муҳити хирадро таҳкурсӣ, худи Офаридгор аст. Муҳити худбинӣ, худписандӣ ва муҳити хаёлро ҳиссиёти ҷаҳони моддӣ ташкил додаанд.

Аз қисми раҷасии панҷ аносири бузург, аз он ҷумла, аз қисми раҷасии эфир қувваи шунавоӣ, аз бод – қувваи дастон, аз оташ қувваи пойҳо, аз об қувваи узвҳои таносул ва аз хок қувваи ихроҷ ҳосил гаштаанд. Аз шадда намудани якдигар қувваҳои раҷасии панҷ аносир, панҷ намуди эфири  ҳаётбахш судур намудаанд. Ин панҷ намуди эфири ҳаётбахш моҳиятан панҷ такрористеҳсолкунандаи фаъолияти ҳастӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар тазкираи дар боло зикргардида, эфири ҳаётбахш бо номҳои “удана” – қувваи ба боло ҳаракаткунанда, “самана” – қувваи алоқамандкунанда (нафасе, ки дар миёни пайкари инсон амал мекунад) “вийяна” – нафаси тамоми пайкарро фарогиранда, “прана” – қувва ва ё боде, ки ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва “апана” қувваи ҳаётии ба поён ҳаракаткунанда маълуманд.

Аз қисми тамасии панҷ таттва бо роҳҳои махлутшавӣ боз панҷ сифати дигар ба вуҷуд меоянд. Ҳар яке аз ин аносири бузург аз қисми тамасии худ ба ду қисм тақсим мешаванд. Баъдан як қисм боқӣ мемонад ва қисми дигар ба чаҳор қисм тақсим мешавад ва ҳар кадоме аз чаҳор қисми як элемент ҳамеша бо яке аз чаҳор қисми элементи дигар, мепайвандад.

Аз ин  панҷ аносири бузург, ки ҳар кадомаш аз панҷ элемент иборат аст ҷаҳони моддӣ ба вуҷуд омадааст.

Бо ҳамин тартиб пайвастшавии ҳар кадоме бо якдигар чунин сурат гирифтааст:          

         Садо (Эфир),     Бод,    Оташ,   Об,    Хок

  1. Эфир..   4   +   1   +   1   +   1   +   1
  2. Бод..   1   +   4   +   1   +   1   +   1
  3. Оташ..      1   +   1  +    4   +   1   +   1
  4. Об..           1   +   1   +   1   +   4   +   1
  5. Хок..          1   +   1   +   1   +   1   +   4

Ҳаёти олами моддӣ, ки худ тасаввури муҷаррадӣ аз Браҳмон аст ва моҳиятан худро бо “ман” – и моддӣ мушобеҳ сохтан аст, дар ҳақиқат танҳо образи Браҳмон мебошад, ки асосаш шабоҳат доштан аст.

Бояд қайд намуд, ки чунин тасаввурро на танҳо дар фалсафаи Ведоӣ, балки дар андешаҳои метафизикии мутафаккирони Ғарб, аз он ҷумла, файласуфони олмонӣ ёфтан умкин аст. Масалан, дар фалсафаи мутафаккир Яков Бёме гуфтореро дучор меоам, ки тибқи он, андешаҳои Ведоӣ дар мафҳумҳои дигар чунин баён шудаанд: “Ягон ҷойи тааҷҷуб нест, ки инсон дар бораи офариниши кайҳон менависад ва мегӯяд, гарчанде вай бевосита иштирокчии ин раванд набуд, вале маърифати дурусте дар рӯҳ дорад. Дар рӯҳ инсон, ҳамчун дар оина, дар модиёт – модари ҳамагуна ашё мебошад, ки ашё дар сшёи дигар ниҳон аст ва ҳар чи инсон бештар ҷустуҷӯ кунад, бештар меёбад. Инсон бояд бо ҳиссиёти хуб берун аз олами моддӣ ҷустуҷӯ накунад. Дар ин ҳолат вай ҳама чизро мефаҳмад ва дарк менамояд”.[10]

Бо ҳамин тартиб инсон се колбадро махлут намуда, худро муҷаррад ва танҳо, яъне ҷудо аз хиради кулл мебинад. Аз ин сабаб бо тасаввури сатҳии худ шахс худро аз дигар махлуқот ва мавҷудот меҳисобад.

Браҳман, ки худ якто ва ягона аст аз тасаввури нодуруст оозад ва бениёз аст. Барои ҳамин ҳам тафовут байни Браҳман ва шахси ҷудогона фиребанда ва тасаввурист. Чунин тасаввур то вақте давом дорад, ки гардиши сансара (чархи фалак) ба анҷом бирасад ва тавлиду марг аз байн бираванд. Вале суоле ба миён меояд, ки хиради ноби ягона чигуна дар як инсони маҳдуд ва муҷаррад ҷой гирифта метавонад? Дар кадом маъно мо бояд гуфтаҳои китобҳои муқаддас – Ведҳоро нисбат ба ибораи “Ту ҳамон ҳастӣ” – ро бифаҳмем. Дар ҳолате, ки хиради ноб ва инсон ду сифати гуногун доранд?[11]

Дар ин масъала ҷавоб чунин аст: “Ту ҳамон ҳастӣ” ду маъноро соҳиб аст, ки яке барои “Ту” ва дигаре барои “ҳамон”. Маънои аслии “Ту” истиқоматкунандаи дар ҷисми физикии мо буда, дахл дорад. Вай аз ҳама маҳдудиятҳо озод ва бениёз буда, дар худ маънои хиради нобро дорад. Маънои калимаи “ҳамон” низ моҳиятан “хиради ноб” аст, ки ҳеҷ чиз вайро маҳдуд сохта наметавонад. Бинобарин ҳангоми ба инсон муроҷиат намудан ва ба ӯ гуфтани ибораи “Ту ҳамон ҳастӣ” ҳеҷ иштибоҳе нест ва тибқи андешаи китобҳои Ведоӣ моҳияти кулл ва ҷузъ як аст. Гардиши чархи фалак, ки дар худ фаъолияти дар назар намоёни махлуқу мавҷуди зиёдеро дорад, бо воситаи қонуни кайҳонии “карма” (коркард, фаъолият) маънидод шудааст.

Карма, ки моҳиятан аз пиндору гуфтору рафтори махлуқ ва мавҷуд сурат мегирад, худ муродифи қонуни сабаб ва натиҷа аст. Вобасата аз ин дар фалсафаи Ведоӣ карма ба се намуд ҷудо мешавад. Яке кармае, ки натиҷааш то ҳол амалӣ нагаштааст, дуввум кармаии натиҷааш ҷамъшуда ва сеюм кармаи аз ҷиҳати натиҷагирӣ ба итмом расида.

Кармаи аввал ба номи “санчиямана – карма” маълум аст. Ин намуди карма натиҷаи амалест, ки ҳаррӯза мо онро бо пиндору гуфтор ва рафтори худ меофарем. Нмуди дуввумро “санчита – карма” гӯянд. Ин навъи карма натиҷаи коркарди ҳаёти гузаштаи инсон[12] аст. Ҳамагуна амали нек ва зиште, ки инсон дар зиндагии гузаштаи худ ба миён овардаат, акнун ин амалҳо пухта расида, меваи онҳо мавриди истифода қарор гирад. Аз чунин натиҷагирӣ барои инсон ҷои гурезе намемонад. Намуди сеюми карма “прарабудҳа” номида мешавад[13].

Маҳсули чунин карма инсонро ба зиндагии заминӣ, яъне тавлиди нав маҷбур месозад. Чунон, ки мегӯянд “ҳар киштеро, ки инсон мекунад, вайро бояд даравидан. Натиҷаи нек ё бад гирифтан, ба ақидаи мутафаккирони Ведоӣ, танҳо ва танҳо аз инсон, аз дараҷаи фаҳмиши вай вобаста аст.

 Аз ин рӯ, танҳо дониш, худшиносӣ ва амали нек қодиранд инсонро аз чанголи карма озод ва бениёз гардонанд.

Аҳкоми классикии Ведоӣ асоси ҷаҳонбинӣ дар тасвири муқоисавии тинати инсон ва кайҳон

Асоси ҷаҳонбинии Ведоиро аҳкомҳое ташкил медиҳанд, ки барои тасвири табиати инсон ва баъдан фаҳмиши сохтори олам мусоидат намудаанд. Ин аҳкомҳо дар ҳақиқат аз аҳкомҳои фалсафии динҳои дигар фарқият доранд. Бояд қайд намуд, ки ин образҳо (парадигмаҳо) моҳиятан таҳкурсии асотирӣ надошта, бештар ҷанбаи ратсионалӣ – мантиқӣ доранд, ки мухолиф ба фаҳмиши илмҳои табиатшиносии муосир нестанд. Одатан тафаккури фардии мо имрӯз инъикоскунанадаи тафаккури коллективӣ ва ё худ гурӯҳӣ гардидааст.

Андешаҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба ақидаи донишмандони Ведоӣ фаҳмиши моро дар чорчӯбаи муайян нигоҳ дошта, намегузоранд, ки тафаккури фард бо кӯшиши худ аз ин чорчӯбаи фикрӣ бурун омада, ба ҷаҳон бо чашми дигар нигарад. Пас ҷисм ва хиради мо тобеи андешаҳои аз тарафи аксарият эътирофшуда гардида, ҷустуҷӯи бо тарзи дигар дарк намуданро, надорад. Бо ҳамоҳангӣ бо гуфтаҳои дар боло зиркшуда мо бояд чунин андеша дошта бошем:

  1. Тибқи андешаронии аксарият, ҷаҳони моддӣ новобаста аз шахси мушоҳид вуҷуд дошта, ҷисми биологии мо қисме аз ин ҷаҳони объективист.
  2. Ҷисми биологии инсон аз лахтаи материя, ки дар фазо ва вақт аз ҳамдигар ҷудо мебошанд, иборат аст.
  3. Хирад ва ҷисми биологии инсон новобаста аз якдигаранд.
  4. Модда (материя) аввал аст, шуур – дуввум, ба ибораи дигар, мо машинаи физикиеро мемонем, ки фикр карданро омӯхтаем.
  5. Шуури инсон – маҳсули биохимиявист.
  6. Ҳамчун фардҳои муҷаррад, мо дар сифати махлуқи аз ҳам ҷудо ва худмухтор мавҷудем.
  7. Инсон оламро бо тариқи автоматикӣ дарк менамояд ва чунин дарк тасвири ҳақиқии ашё ҳисобида мешавад.
  8. Вақт ин ҳолати мутлақест, ки махлуқу мавҷуди олам ҳама асири вай гаштаанд.
  9. Табиати аслии мо дар ҷисм аз худинӣ ва эътирофи шахсияти худ иборат аст. Мо лаҳзаи ба хотироварӣ ва хоҳишро мемонем, ки дар ниқоби гушту устухон омадаем.
  10. Азобу машаққат ҳатмӣ мебошанд, чунки аз ҳақиқати воқеиянд. Аз ин сабаб, мо қубони маризӣ, пирӣ ва марг ҳастем.

Ин нишондодҳо берун аз маризӣ раванди пирӣ буда, ҳолатҳои ҷудоӣ, таназзул ва маргро дар худ доранд.

Вақт ҳамчун зиндоне, ки аз вай ба ҳеҷ ваҷҳ гурехтан нашояд, тасвир мешавад.

Қисмҳои мо ин мошинаҳои биохимиявие мебошанд, ки монанди мошинаҳои дигар бояд ҳатман шикаста шаванд. Чунин нуқтаи назар бисёре аз масоили ҷаҳони фиребандаро инкор менамояд. Инсон, ки худ дар ҳама кайҳон махлуқи нотакрорест, қодир аст бо қувваи хирад ва хоҳиши худ табиаташро дигаргун созад. Мавҷуд будани хирад ба мо имконият медиҳад, ҳар он чӣ, ки мо дарк намоем ин равандро хирад таъсррасон бошад. Вале ҳар як нишондод ва образе, ки мо бо таъсири муҳит қабул намудаем, метавонем вайро бо андешаи ҳақиқӣ пурра гардонем. Гарчанде ки нишондодҳои ҷадид ба тариқи мутлақ ифода нашуда бошанд ҳам, вале онҳо қодиранд ирода ва қувваи моро дучанд гардонанд. Бо ин восита мо метавонем барои раванди ташаккули худ барномаи ҷадиде биофарем.

Дар асоси андешаҳои дар боло зикршуда, муаллифони тазкираҳои фалсафаи Ведҳо нишондодҳои дигареро пешниҳод намудаанд, ки тибқи онҳо на танҳо тасвири табиати инсон, балки тасвири тинати кайҳон низ сурати ба худ хосеро дорост. Ин нишондодҳо чунинанд:

  1. Ҷаҳони моддӣ аз он ҷумла ҷисми биологии мо, аз тарафи мушоҳидакунанда, акси садое мебошанд. Инсон ҷисми биологии худро ба монанди он ки дарки ҷаҳони худро меофарад,тавлид мекунад.
  2. Дар бунёди худ ҷисми биологии инсон на аз ҳаюло (материя), балки аз қувва ва ахбор таркиб ёфтааст. Ин қувва ва ахбор моҳиятан судури майдони беохир – қувва ва ахборест, ки тамоми кайҳонро фаро гирифтааст.
  3. Хирад ва ҷисми инсон ягона ва ҷудонашавандаанд. Ин ягонагӣ (“худ”-и инсон) ба ду бахши фаҳмиш тақсим шудааст: аз як тараф, “ худ” – и инсон ҷаҳони андешаҳоро бо ҳиссиёт ва хоҳиш, аз тарафи дигар, “худ”-и инсон ҷаҳони объективии ҷисмро меомӯзад. Дар сатҳи болотар ҳар ду бахш дар сарчашмаи офариниш бо ҳам омехтаанд. Мо асосан аз ин сарчашма сарнавишти зиндагӣ карданро гирифтаем.
  4. Биохимияи ҷисми биологӣ ин маҳсули худфаҳмист. Боварӣ, андешаҳо ва ҳиссиёт реаксияи химиявиро ба миён меоваранд, ки ҳаётро дар ҳар як ҳуҷайра пойдор нигоҳ медоранд. Ҳуҷайраҳои фарсудашуда истеъмоли охирини фаҳмишанд, ки чи гуна ҷавон нигоҳ доштани ҳуҷайраҳоро фаромӯш кардаанд.
  5. Дарк ҳамчун вазифаи автоматикист, вале моҳиятан вай ҳодисаи озмудашуда ва азхудшудааст.

Ҷаҳоне ки мо дар он зиндагӣ дорем бо назардошти фаҳмиши ҷисми биологӣ бутун аз чигунагии ин фаҳмиш вобастагӣ дорад. Агар мо битавонем, ки дарки худро дигаргун созем, мо имконият пайдо мекунем, ки дарки ҷисми худ ва оламро низ тағйир бидиҳем.

  1. Шавқмандии хирад ҳар лаҳза шаклҳои нави ҷисмро меофарад. Мо ҷамъи ҳамаи ин шавқмандиро ташкил медиҳем, дигаргун сохтани сохтори ин шавқмандӣ боиси дигаргун гаштани худи мо мегардад.
  2. Новобаста аз вонамуд будани фардҳои ҷудогона ҳамаи мо дар уқёнуси хиради ноб, ки кайҳонро фаро гирифтааст, махлутем. Ҷисми мо қисме аз ҷисми кайҳонист, хиради мо ҷанбаи хиради кайҳонро мемонад.
  3. Вақт мутлақ нест, вале абадист. Вақтеро, ки мо онро вақти хати рострав мебинем, танҳо инъикоси он аст, ки мо тағйирёбиро дар ашёҳо мебинем. Агар мо ҳолати сокитро дарк менамудем, вақт барои мо аз байн мерафт. Мо метавонем мубодилаи тағйирёбии моддаро дигаргун созем ва мутлақияту абадиятро дарёбем.
  4. Ҳар кадоми мо дар реалияте зиндагӣ дорем, ки бетағйир аст. Дар ботини мо, дар ҷое, ки барои панҷ ҳиссиёт дастнорас аст, асоси ҳастӣ – майдони тағйирёбандае мавҷу аст, ки шахсият, худбинӣ ва ҷисми биологии моро ба миён овардааст. Чунин ҳастӣ дар ҳақиқат ҳастии моҳиятии мо ба шумор меравад ва ин ҳастӣ ҳолатест, ки мо дар ҳақиқат ҳамонем.
  5. Мо қурбони пирӣ, маризӣ ва марг намебошем. Ин ҳолатҳо танҳо қисме аз раванди “барномавӣ” буда, инъикоси худи мушоҳидакунанда нестанд. Мушоҳидакунанда “худӣ”-и инсон аст, ки ифодакунандаи ҳастии абадист.

Гуфтаҳои дар боло зикршуда, ба пайравони фалсафаи Ведоӣ дасуре мебошанд, ки ҳақиқати асилро ба мо равшан месозанд. Аз тарафи дигар, чунин андешаҳо мухолифи дастовардҳои муосири физикаи квантӣ нестанд.

Ин андешаҳои классикӣ бо мурури замон дар мактабҳои фалсафии Ведоии асрҳои 7-8 мелодӣ такмил ёфта, асоси ҷаҳонбинии гурӯҳи зиёди таҳқиқотчиён гаштаанд. Аз тарафи дигар тасфири табиати инсон и мконият медиҳад, ки тасвири консептуалии олам низ равшан гардад. Дар замони муосир ҳангоме ки ҷараёнҳои фалсафии идеализм ва материализм, мутаассифона, то андозае мухолифи якдигар қарор гирифтаанд, ин андешаҳои консептуалӣ сурати андешаҳои хилофи якдигар, яъне фикри куҳан ва навинро гирифтаанд, ки ҳоло мо онҳоро пешкаши хонандагон қарор медиҳем.

Инак, андешаи куҳан: тибқи андешаи аввал, андешаи моддигароӣ бар он  аст, ки мо ҳам аз бунёди худ ва аз якдигар ҷудоем.

Андешаи навин: мувофиқи тасаввурот нисбат ба майдони ягонаи хиради ноб, мо  бо бунёди худ ва худ бо худ зич алоқамандем.

Андешаи куҳан: олами моддӣ аз аносири дидашаванда ва қувваи ғайримоддии диданашаванда иборат аст.

Андешаи навин: ҷаҳон аз майдони информатсионии ягонаи диданашавандаи бохирад иборат аст.

Андешаи  куҳан: таҷрибаи ҳиссӣ, ки аз биноӣ, шунавоӣ, бӯй, ламс ва лаззат асос мегирад, ягона реалияти раднашавандаест, ки мо ба он боварӣ дорем.

Андешаи навин: майдони ахборот, ки мо онро бо тарзи субъективӣ дарк менамоем ин хирад аст; ҳамон майдони ахборот, ки мо вайро бо тариқи таҷрибаи ҳиссӣ, яъне объективӣ қабул дорем, олами объектҳои моддист.

Андешаи  куҳан: объектҳои шахшуда – ношаффоф ва лахтҳои дидашавандаи материалӣ дар фазо ва вақт аз ҳамдигар ҷудоянд.

Андешаи навин: объектҳои “ҷафс ва сахт” дар ҳақиқат чунин набуда, дар фазо ва вақт аз ҳамдигар ҷудо нестанд.

Объектҳо нуқтаҳои мутамарказшудаи ахбор дар дохили майдони ахборот мавҷуданд.

Андешаи куҳан: хирад ва унсур ҳодисаҳои аз ҳам новобастаанд.

Андешаи навин: хирад ва унсур моҳиятан яканд. Онҳо ифодаи иловагӣ дар майдони хиради нобанд, ки тамоми олами моддӣ дар тасаввури субъект офарида шудааст.

Андешаи куҳан: ҷисми инсон ин машинаи физикист, ки фикр намуданро омӯхтааст.

Андешаи навин: хиради ноб майдонест, ки бо як тартиби ба мо номаълум шаклгирии фикрро офаридааст, ки баъдан дар ҷисми инсон равшан аён гаштааст. Пайкар ва фикр маҳсули дидашавандаи майдони хиради нобанд.

Андешаи  куҳан: одамон моҳиятеро  мемонанд, ки аз ҳамдигар ҷудоянд, ки ҳудуди онҳо бо пайкар амиқ гардидааст.

Андешаи навин: одамон бо туфайли сохтори ахбории кайҳон бо якдигар пайвасти ногусастанӣ доранд. Дар бунёди олам ҳудудҳои муайяншуда байни пайкари фардӣ ва кайҳон вуҷуд надоранд.

Андешаи  куҳан: пайкари инсон аз ҳайюлои дар вақт ва фазо шахшуда таркиб ёфтааст.

Андешаи навин: ҷисм ва тафаккури инсон ин таркиби ахбори дигаргуншаванда ва ҳаракаткунандаест, ки доимо худро аз нав меофаранд.

Андешаи куҳан: талаботи мо аз ҳамагуна талаботи махлуқи зинда фарқ дорад.

Андешаи навин: талаботи мо аз талаботи махлуқи зинда ҷудонашаванда буда, давоми ақлонии чунин талабот аст.    

Андешаи  куҳан: олами беруна ҳақиқист, чунки табиати физикӣ дорад. Олами ботинии мо ғайриҳақиқист, чунки вай танҳо дар хаёл вуҷуд дорад.

Андешаи навин: олами зоҳирӣ ва ботинӣ проексияи ҳастии ягонаанд, ки ин ҳастӣ ҳастии реалист. Ҳар ду ҷаҳон ҳамчун тарзи ҳаракати қувва дар майдони хиради нобанд.

Андешаи  куҳан: тибқи ҷаҳонбинии моддигароёна мо дар фазо маҳдуд зиндагӣ дорем.

Андешаи навин: тибқи тасаввурот дар бораи майдони беохири ягонаи хиради ноб мо дар олами номаҳдуд зандагӣ дорем.

Андешаи  куҳан: ҳолат дар вақт ва фазо нишондиҳандаи мутлақ аст.

Андешаи навин: мавҷудот ва махлуқот дар кайҳон ҳолати маҳдудкунандаро надоранд. Ин чунин маъноро дорад, ки мо наметавонем ҷойгиршавии ашёҳоро бо мафҳумҳои “инҷо, онҷо ё дар куҷое” муайян намоем.

Андешаи куҳан: ҳолат дар вақту замон новобаста аз мушоҳидакунанда мебошад.

Андешаи навин: ҳолат дар вақту замон худ масъалаи дарк аст. Наздик ва дур, дар боло ва поён, дар Ғарб ва Шарқ ҳама ин танҳо аз дидгоҳи мушоҳидакунанда мазмун мегирад.

Андешаи  куҳан: хирад дар майна ҷойгир аст ва хиради пайкар бошад дар  системаи асаб.

Андешаи навин: хирад қисме аз майдони бузурги номаҳдудест, ки аз ҳудуди кайҳони моддӣ низ берун аст. Ҳолати хиради дар пайкар ҷойгирифта низ чунин аст.

Андешаи  куҳан: аз дидгоҳи моддигароӣ мо дар чорчӯбаи вақти маҳдудбуда зиндагӣ дорем.

Андешаи навин: тибқи тасаввурот дар бораи майдони хиради ноб мо дар олами аз доираи вақт берун зиндагӣ мекунем.

Андешаи  куҳан: вақт ҳодисаи мутлақ аст.

Андешаи навин: вақт нисбист. Мутахасисони соҳаи физика мафҳуми “вақт”- ро истифода намебаранд. Онҳо мафҳуми “вақт” – ро бо мафҳуми “континууми фазою вақт” иваз намудаанд.

Андешаи  куҳан: вақти дар фазо ҷойдошта ченакпазир ва маҳдуд аст.

Андешаи навин: вақт дар фазо бемакон, берун аз ченак ва абадист. Далеле, ки мо метавонем координатҳоро дар вақт истифода барем инъикоси сифатии дарки мо буда, аз хусусияти диққати инсон бармеояд.

Андешаи  куҳан: одамон гирифтори доми бузурги вақтанд, ки аз ҳолатҳои гузашта, ҳозира ва оянда иборатанд.

Андешаи навин: на “гузашта”, на “оянда”, на “он вақт”, на “ҳоло”, на “то” ва на “баъд” вуҷуд надоранд. Танҳо лаҳзаи абадии гузаранда мавҷуд аст. Абадият ҳамеша ба пеш ва қафо идомаёбанда аз ҳар як лаҳза аст.

Андешаи  куҳан: вақт новобаста аз мушоҳидакунанда вуҷуд дорад.

Андешаи навин: вақт танҳо дар тафаккури мушоҳидакунанда вуҷуд дорад. Вақт ин консепсия, гуфтугӯи ботинист, ки мо барои фаҳмондани дигаргуниҳои аз тарафи хуламон даркнашуда, истифода мебарем.

Андешаи  куҳан: ҳодисаҳо пайдарҳам сурат мегиранд. Ҷаҳон тавассути алоқаи  сабаб ва натиҷа амал мекунад.

Андешаи навин: ҳама яку якбора сурат мегирад. Ҳар як ҳодиса алоқаманд ва бо таври синхронӣ бо ҳам аст.

Андешаи куҳан: физиологияи инсон бо ҳеҷ ваҷҳ аз шарҳи таҷрибаи худӣ вобаста нест.

Андешаи навин: шарҳи таҷрибаи худӣ бевосита ба физиология ва ҳолати пиршавӣ то андозае ифодаи метаболии шарҳи мо нисбат ба вақт мебошад.

Андешаи куҳан: тибқи андешаҳои моддигароӣ мо дар олами объективӣ зиндагӣ дорем.

Андешаи навин: тибқи тасаввурот нисбат ба майдони хиради ноб мо дар олами субъективӣ зиндагӣ дорем.

Андешаи куҳан: олами “беруна” аз мушоҳидакунанда вобаста нест.

Анешаи навин: олами “беруна” бе мушоҳидакунанда вуҷуд надорад. Вай ҷавоби реаксияи мушоҳидакунанда мебошад. Бо лаҳзаи мушоҳида мо ҷаҳонро сохтор мебахшем.

Андешаи  куҳан: мушоҳида ҳодисаи автоматикист. Ҳиссиёти мо қодир аст реалияти объктивиро бо тариқи объективӣ шарҳ диҳад.

Андешаи навин: мо дар олами интерактивӣ зиндагӣ дорем. Мо ҷаҳонро ба воситаи ҳиссиёт шарҳ медиҳем ва ин омӯзиш таҷрибаи ҳар як шахсро ташаккул медиҳад.

Андешаи куҳан: ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии мо аз муҳит, ҳолат, муносибатҳо ва шароит вобаста аст.

Андешаи навин: ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии мо бо ҳам алоқаманданд; дараҷаи лапиши равони мо онҳоро муайян месозад.

Бо ҳамин тартиб ин андешаи куҳан ва навин асоси ҷаҳонбиниро меофарад ва вобаста аз интихоби ин ва ё он андеша тасвири олам низ сураташро дигар мекунад.

Андешаҳои дар боло зикршуда бо мақсади амиқ ва дуруст фаҳмонидани ҷаҳонбинии Ведоӣ дар нисбати шаклҳои ҷаҳонбинии дигар оварда шудаанд. Тасвири олам ва одам аз дидгоҳи чунин ҷаҳонбинӣ андешаҳои гуногунро дар болраи ҳастии Кайҳон дар бар мегирад. Аз чунин дидгоҳ, масъалаҳои ягонагии олам, ягонагии худи ҳаёт, ваҳдат, касрат ва ғайра мазмуни дигареро мегиранд. Онҳо масъалаҳое мебошанд, ки асоси ин ва ё он шакли ҷаҳонбиниро меофаранд. Дар намуди фишурда ин масъалаҳои ҷаҳонбиниофар чунин маъноро дар худ доранд.

 

Ягонагии олам

  Дар олам танҳо ҳаёти ягона мавҷуд аст. Бунёди ҳаёти ягонаро реалияти асил, ки бо мафҳуми “ман” ифода намуданаш мумкин аст, ташкил медиҳад. Сифатҳои моҳиятии ин ҳаёт чунинанд: яке Хиради ноб, дигаре Ҳастии мутлақ ва сеюм Бениёзӣ ё худ Кайфияти мутлақ аст. Дар забони Ведоӣ ин ягонагиро нисбат ба Кайҳон  бо мафҳуми “Браҳман” ва дар нисбати тинати инсон бо мафҳуми Атман ифода шудаанд. Ҳар ду маъно муродифи якдигаранд ва дар китобҳои муқаддаси Ведоӣ чунин тасвир шудаанд: “Атман аз ҳама шакл ва номҳои мавҷудбуда тафовут дорад, чунки ӯ ботинӣ ва муқаддас аст. Вай ба монанди эфир ҳамаро шадда намудааст, бесифат, бедоғ, аз ҳама гуна ҳаракату фаъолият ( омадану рафтан) озод, холӣ аз тасаввури “ман”, бегона, бехоҳиш, аз нафрату кина ва аз кӯшиш низ озод аст. Вай бо шарофати табиати худ ба монанди гармии оташ ё нури офтоб мунаввар, берун аз алоқа бо аносир (эфир ва ғайра), на ба монанди интеллект соҳиби узв буда, аз се сифати кайҳонӣ озод, берун аз қувваи ҳаётбахш ва панҷ маҷрои ҳаётӣ, вай озод аз таъсири гуруснагӣ, ташнагӣ ва ғаму андӯҳ, зулмот пиршавӣ, марг. Ин аст Атман, ки дар қалби ҳама махлуқи олам сокит аст”. Браҳман – Атман (Кирдгор) худ мавҷудест, ки дар ҳақиқат Ҳастии мутлақ аст. Ҳама олами дидашаванда ва даркшаванда, ҳама ҳаёти гуногунранг бозии дар назар ҷилвагар аз ӯст. Инсон қодир нест, ки ӯро ба тасвир дарорад, чунки ӯ аз тасвир, мафҳум, андеша ва образ берун аст. Ҳаёт ва муҳаббат ду ҳолате мебошанд, ки инсоният ин сифатҳоро ба ӯ нисбат додааст. Ҳаёт сифати зоҳирӣ ва муҳаббат сифати ботинияш ҳисобида шудаанд.

 

Ҳаёти оламро фарогиранда

  Ҳаёти ягона вуҷуд дорад, ки вай дар тинати тамоми мавҷудот ва махлуқоти олами беохир ҷой гирифтааст. Аз ҳаёт танҳо ҳаёт тавлид мешавад ва ҳаёт танҳо аз ҳаёт ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳама маҷудоти суратгирифта, дорандаи ҳаёти ягонаанд. Табақоти олами минералӣ,наботӣ ва ғайра аз ҳаёт саршору лабрезанд. Мавҷудоти берун аз доираи ҳаёт дар олам ҳастие надоранд. Шаклҳо ва намудҳои Ҳашарот ва ҳайвонот дигаргун мешаванд, вале ҳаёт худ абадӣ ва беохир боқӣ хоҳад монд.

 

Иродаи эҷодкор

  Дар олам танҳо як Қудрат, як Қувва – Неру вуҷуд дорад. Ин неру ифодаи ҳаёти ягона аст. Нерӯи дигаре нест ва наметавонад бошад, чунки бағайр аз нерӯи ягона касе ва чизе нест, ки соҳиби чунин қувва бошад. Қувваи дигаре, ки аз ҳаёти Ягона берун бошад, мавҷуд нест, чунки ба ғайр аз Ӯ ҳеҷ қуввае нест. Қувваи Ягонаро мо аз ифодашавиаш дар шакли қонунҳо ва қувваҳои табиат мебинем, ки ин қувваро Иродаи эҷодкор меноманд. Ин Иродаи эҷодкор муҳаррики ботинии бедоркунанда ва фишордиҳандаест, ки дар зери ҳар як шакл ва намуди ҳаёт ниҳон аст. Дар ҳар як зарра, ҳуҷайра, растанӣ, махлуқоти обӣ, ҳайвон ва инсон принсипи Иродаи эҷодкор ҳамеша амал мекунад, меофарад, нигоҳ медорад ва давом медиҳад. Мо метавонем ин Иродаро малака, табиат номем, вале ҳарчи ки номгузорӣ шавад вай амали Иродаи эҷодкор аст. Ин Ирода дар ботини ҳар як қувва: қувваи физикӣ, механикӣ ва равонӣ ҷой дорад. Ҳар як қуввае, ки бошуурона ё тариқи таҳтулшуурӣ истифода мешавад, аз як марказ, якманбаъ бармеояд, ки исмаш Иродаи эҷодкор аст.

 

Ягонагии ҳаёт

 Коинотро танҳо ҳаёти Ягона фаро гирифтааст. Ин ҳаёт натиҷаи судури Мутлақ аст ва ҳама гуна шаклҳо, намудҳо ва ифодашавӣ аз мавҷудияти ҳаёти мутлақ шаҳодат медиҳанд. Ҳар кас ва ҳар чиз ин ҳаётро ҳолати шахсии худ дарк менамояд.

 

Ваҳдат ва касрат

  Бо кадом сабаб Рӯҳи мутлақ аз худ бо роҳи судур шаклҳои гуногуни ҳаётро офаридааст? Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Офаридгор хоҳише надорад. Хоҳиш худ ҳолатест, ки аз махлуқи гузаранда ва фаношаванда судур мекунад. Кирдгор худ бениёз аст.

Ҳаёти оламро фарогиранда

Агар Кирдгорро ба чизе эҳтиёҷ мебуд, пас чизе берун аз Ӯ вуҷуд намедошт, чунки Худ ҳама Ӯст.

Бо ҳамин тариқ, агар мо Кирдгорро бениёз донем, пас бояд ҳама гуна андешаҳое, ки хоҳиш доштани Ӯро эътироф доранд напазирем.

Вале саволе ба миён меояд, ки чаро Ҳақиқати матлақ, ки дорандаи ҳама ҳастист ва ниёзе ба ҳеҷ чиз надорад, аз Худ ва дар доираи Худ олами моддиро ба  миён овардааст? Ҷавоб ба ин савол аз имкон берун аст. Ҳар ҷавобе, ки инсон ба ӯ қаноатманд шавад, дар асл ғайриқаноатбахш ва тахминист. Аз ин рӯ, бояд қаноатманд шуд, ки судури Хиради ноб дар намудҳои гуногуни олами моддӣ  худ барномаест, ки ҳадафи онро ба ҷуз Кирдгор ҳеҷ кас пай набурд, намебарад ва нахоҳад бурд.

Дар хиради Кирдгор

Танҳо ҳастии Ягона вуҷуд дорад, он Кирдгор аст. Дар хиради беинтиҳои Кирдгор образи тасаввурӣ ё кайҳони моддӣ сурат гирифт.

Аз андешаи дар бораи қадами аввали фикрӣ, гузашта ба қадами дуввум – неруӣ (энергетикӣ) ва дар охир ба дараҷаи моддиёт расидан, равиши инволютсионӣ дар пайдоиши олам буд. Пас аз ин, зинаи таҳаввул оғоз гадид ва марказҳои индивидуалӣ ва ягона ба вуҷуд омаданд.

Раванди таҳаввул баҳри кушоиши “ман” – и инсон барои амалӣ гаштани қувваи Кирдгор нигаронида шуда буд. Партофтани ниқобҳо паси ҳамдигар инсонро оҳиста – оҳиста ба дарки маҷуд будани хиради Кирдгор дар ҷисми мо оварда расонд. Ин моҳияти таҳаввул ва асрори ҳаёт аст. Аз ин рӯ, олам дар хиради Офаридгор ҷой дорад. Пас ҳеҷ “боло”, “поён”, “ин ҷо”, “он ҷо” бидуни Кирдгор вуҷуд надорад. Фазо ва вақт, ҳама қонунияти кайҳон танҳо маҳсули тасаввурии Кирдгоранд.

 

Таҳаввули кайҳонӣ

Андешаи моддигароӣ бар чунин ақидааст, ки хирад маҳсули дуюмдараҷа, натиҷаи таҳаввули моддиёт аст. Тибқи андешаи Ведоӣ хирад  дар ҷавҳари олами моддӣ дар намуди ноб қарор дорад. Кӯшиш баҳри ошкоршавӣ лаҳза ба лаҳза “ман” – и дар дохили олами моддӣ бударо равшантар мегардонад ва дар зинаи худшиносии субъективӣ ба асли худ – Кидгор бармегардад[14].

Баъзе аз андешаҳои илмӣ чунин мазмун доранд, ки “вазифа аз ташкилёбии ҷисм” пештар аст, яъне организми зинда вазифаи муайянро иҷро мекунад. Барои иҷро намудани ин ва ё он вазифа узви махсус дар организм ба воя мерасад. То ба анҷом расидани ташаккулёбии чунин узв,организм вазифаи худро ба тарзи номукаммал иҷро менамояд.

Дар Ведҳо гуфта мешавад, ки агар вазифа пеш аз ташаккулёбии ҷисм муайян бошад, пас хоҳиш аз вазифа пештар аст.

Ба ибораи дигар, хоҳиш то ба пурра ташаккул ёфтани ҷисми зинда, мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки дар ин раванд ангезае аз тарафи Хирад бо хоҳиши ташаккулёбии ҷисм падид меояд ва махлуқи зинда ин ангезаро дар намуди хоҳиши норавшан дарк менамояд. Пас чунин ангеза дар ниқоби хоҳиш оҳиста – оҳиста аёнтар мегардад. Ин ангеза аз тарафи Хирад, ки дар ҷавҳари олами моддӣ ҷой дорад, кӯшиши озодшавӣ аз “завлона” – и моддиёт аст. Маҳз ин нуқтаест, ки тафовут байни назария дар бораи таҳаввулро аз андешаи Ведоӣ дар бораи инкишоф равшан месозад.

 

Роҳ ба сӯи инсон

Тибқи ақоиди баъзе аз табиатшиносон ҳаёт новобаста аз мавҷуд будани хирад пайдо буд ва хирад натиҷаи ташаккули ҳаёт аст. Муаллифони Ведҳо бар чунин андешаанд, ки хирад (дар шакли хиради ноб) ҳамқадами таҳаввул аст. Вай таҳкурсиии таҳаввул буда, ҳеҷ гоҳ натиҷа ё маҳсули таҳаввул шуда наметавонад. Дар назарияи таҳаввул гуфта мешавад, ки хирад натиҷаи кӯшиши олами моддист, ки ҳадаф аз ин кӯшиш ба вуҷуд овардани шаклҳои навини материя мебошад. Баръакс, дар назарияи таҳаввули Ведҳо гуфта шудааст, ки таҳаввул натиҷаи кӯшиши хирад буда, ҳадафаш ҳарчи болотар ва равшантар ҳувайдо шудани худи хирад аст.

Мубориза ва машаққати таҳаввул ин раванди зоҳиршавии хирад буда, ҳадафи озод шудан аз бастагиҳои моддиёт мебошад. Вале ин бастагиҳо табиати дуввуми  инсонро ташкил медиҳанд, ки сарфи назар намудан аз он дар ин зинаи таҳаввул ба инсон муяссар нагаштааст. Ин вобастагӣ ҳангоме аз байн меравад, ки инсон дигар пойбанди қонуни сабаб ва натиҷа (карма) набошад.

 

Карма

   Мафҳуми “карма”, чунонки қайд гардид, ба забони санскрит тааллуқ дошта, аз ҷиҳати маъно ифодакунандаи қонуни кайҳонии сабаб ва натиҷа аст.

Ба андеши мутафаккирони Ведоӣ карма худ принсипи ахлоқиест, ки вобаста аз пиндору гуфтору рафтори шахс тамоми ҷисму равон ва хтради инсонро шадда намуда, дар ҳар як бозгашт ба зиндагии навин роҳнамо ва роҳбари инсон мегардад.

Бояд хотирнишон сохт, ки ба ақидаи муаллифони Ведоӣ инсон то ба ҳолати ба бақо расидан, чандин бор ба замин омада, аз нав тавлид мешавад ва дар колбади инсонӣ аз дунё даргузашта, боз ба олами моддӣ бармегардад. Чунин ҳолат то ҳангое идома хоҳад ёфт, ки шахс масъулияте ҳис кунад ва худ роҳбар ва роҳнамои пиндору гуфтору рафтори  худ гардад. Ҳангоми равшан тасаввур намудани моҳияти худ, шахс бояд пиндору гуфтор ва рафтори худро танҳо ба тарафи мусбат равона созад, аз некию бадии ҳаёт дар канор буда, худшиносӣ ва худошиносиро ҳадафи зидагӣ қорор диҳад. Танҳо устуворӣ дар ин роҳ метавонад шахсро аз зулмоти олами моддӣ наҷот бидиҳад. Чунин раванд бояд то ҳангоме идома ёбад, ки инсон ба дараҷаи бақо ё озодӣ расида тавонад.

Хулосаҳои мухтасаре, ки бо омӯзиши фалсафаи Ведоӣ ба даст меоянд, ҳамзамон тасвире мебошанд, ки тинати инсон ва кайҳонро пеши назари мо ҷилвагар месозанд.

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ

доктори илмҳои фалсафа

профессор, узви вобастаи АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (20), 2020 

 

[1]Ниг.Шанкара. “Атмабодха” ба китоби  Семь трактатов.Санкт-Петербург.1998.

[2] Ниг.ба тазкираи  “Браҳмасутра” (Веданта сутра) Санкт – Петербург, 1995, 206 с.

[3] Дар адабиёти динию фалсафии ба Ведҳо таалуқдошта “эфир” бо номи “AKASHA” омадааст.

[4] Шри Шанкара. Таттвабодха. М., 1901.- С.3.

[5] Шри Шанкарачоря. Пятирияность. Путь к совершенному самопознанию. Санк-Петербург, 1993 – С. 91.

[6] Ниг.Таттвабодха.- С.6.

[7] Мафҳуми “карма” ин ҷамъи натоиҷи амалеро мефаҳмонад, ки аз пиндору, гуфтору рафтори шахс сурат гирифта бошад.

[8] Ҳамон асар. – С.8-9.

[9] Мафҳуми “таттва” дар забони санскрит ҷамъи сифатҳоро ифода мекунад.

[10] Мейстер Экхарт:  Яков Бёме. Духовные проповеди и рассуждения. Киев, 1998.-С.274.

[11] Ниг. Нисаргадатта Махарадж.  Я есть то. М. 2003.

[12] Амале, ки бо ҳадаф ва кӯшиши шахс сурат нагирад, ҳеҷ як кадом намуди кармаро ба миён намеорад. Карма ҳангоме сурат мегирад, ки шахс бо хоҳиш ва ҳадафи муайян кореро анҷом медиҳад ва аз иҷрои ин кор натиҷаи дилхоҳе мегирад. Ҳангоме, ки шахс бо майлу хоҳиш кореро ба анҷом мерасонад, вобаста ба натиҷаи мусбат ва мафнӣ доштани чунин амал иҷрокунанда соҳиби натиҷаи хуб ва ё бад мегардад. Дар чунини ҳолат дар номаи аъмоли ӯ некӣ ва ё бадӣ навишта мешавад.

[13]Бояд қайд намуд, ки ба андешаи мутафаккирони Ведоӣ инсон моҳиятан миранда нест ва ҳар бор, ки ҷисми биологии худро тарк мекунад, амал ва ё натиҷаи коркарди заминии ӯ дар хиради ноб сабт гардида, дар натиҷаи ҳазорон маротиб аз нав тавлид ёфтан коркарди худро (карма) ё ба тарафи мусбат ва ё манфӣ мебарад. Дар натиҷа то ҳангоме ки инсон аз  сифатҳои манфӣ озод нагардад, аз зиндагии заминӣ наҷот нахоҳод ёфт.

[14]Ниг. ба асари  В.Г.Гегел “ Фалсафаи рӯҳ

Хондан 1309 маротиба