JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Июни 2020 05:18

Худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ

Муаллиф: Фирдавс МИРЗОЁРОВ

  Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлолият барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.

  Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносист. Ҳанӯз К. Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист».

  Ба навиштаи М. Шукурӣ «Ҷамъият, ҷомеа ба хештаншиносии шахс асос ёфтааст. Худшиносии шахс ба чи дараҷа амиқ рафта бошад, савияи хештаншиносии ҷамъият ба ҳамон дараҷа баланд хоҳад буд». 
Аз соли 2000-ум ба баъд дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тағйирот ба вуқӯъ омад, аммо ба сабаби он ки ҳанӯз идеяи ягонаи миллӣ дар ҷомеа устувор нашуда буд, дар самти худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ пеш-равиҳои назаррас ба таври дилхоҳ рушд накард. Барои идроки ин қазия назари сатҳӣ ба инкишофи фарҳангу арзишҳои миллӣ кифоя аст. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон зиёиён ва олимону муҳаққиқон ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуданд, ки онҳоро шартан чунин тақсимбандӣ кардан мумкин аст:
  Дингароён. Ин гурӯҳ тамоми арзишҳои маънавиву фарҳангиву иқтисодиро марбут ба дин медонанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки буҳрони асосии ҷомеаи Тоҷикистон маҳдуд кардани тарғиби динҳо мебошад. Ҷонибдорони ин гурӯҳ нафароне ҳастанд, ки аз илми муосири ҷаҳонӣ бохабаранд, аммо ҳамқадами замон будан намехоҳанд ва ё нафароне ҳастанд, ки дар замони Шӯравӣ зиндагӣ карда, ормонҳои амалинашуда доранд. Ҳамчунин ба ин гурӯҳ ҷавононе шомиланд, ки танҳо китобҳои динӣ мехонанд ва фақат аз ахбори шабакаи ҷаҳонии интернет истифода намуда, ба он эътимод мекунанд.
  Равшанфикрони қолабӣ. Ин қишри ҷомеа танҳо супоришро иҷро мекунанд ва барои пешрафти ҷомеа андешаи солиму созандае пешниҳод карда наметавонанд. Дар таърихи башарият намояндагони ин табақа ҳамеша буданд ва танҳо нақши иҷрокунандаро мебозанд. Аз бетарафиву тарсуӣ ва ноуҳдабароии ин қишри ҷомеа соҳибистеъдодҳои зиёде маҳв гардиданд. Имрӯз ҳам дар ҳама соҳаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ин қабил бо ном «равшанфикрон» кору фаъолият доранд.
Муҳаққиқони андешаманд. Ин гурӯҳ дар ҷомеа хеле кам буда, барои пешрафту тараққиёти ҷомеа кӯшиш мекунанд. Ба ин гурӯҳ метавон олимони сарсупурда, ҷавонони худшинос ва андешаи созанда доштаро шомил намуд. Ҳарчанд ин гурӯҳ қишри камро ташкил медиҳанд, умед аст, ки дар оянда маҳз онҳо метавонанд, самти рушду инкишофи илмиву фарҳангиро ба даст гиранд ва созандагони ояндаи Тоҷикистон бошанд.
Ба андешаи муҳаққиқони ҷомеашинос худшиносӣ бояд пояи устувори илмиву назарӣ ва амаливу ҳаётӣ дошта бошад, то ки аз аввал то ҳадди имкон ба сӯи дарки ҳақиқиву воқеӣ роҳ пеш гирад. Аммо магар метавон бо ин қабил олимону муҳаққиқон, ки дар боло зикр намудем, ояндаи хубро интизор шуд? Ба андешаи инҷониб, не! Зеро муҳимтарин василаи сохтани идея ин андеша аст. Агар андеша солим бошаду созанда, он метавонад, барои рушду инкишофи илм мусоидат намояд.
Арҷгузорӣ ба мероси адабиву фарҳангӣ кори хуб аст, агар дар асоси методҳои илмӣ амалӣ карда шавад. Дар ҳама ҷо таъкиди он, ки мо таърихи ғаниву мероси пурарзиши фарҳангӣ дорем, танҳо марҳилаи аввал аст. Мероси адабиву фарҳангиро омӯхтану таҳқиқ кардан ва ба оламиён омӯзондани ҷанбаҳои созандаи ин фарҳангу мероси адабӣ василаи аслии арҷгузорӣ ба ин мерос мебошад. Замони он аст, ки илми таърих натанҳо рақаму ҳодисаҳоро сабт кунад, балки ояндаро низ пешгӯӣ намояд, то ки мардум ояндаи равшани худро тасаввур карда тавонад. Инчунин он давроне фаро расидааст, ки шоирону нависандагон ва аҳли илму адаб побанди арзишҳои мазҳабиву хурофотӣ нашуда, барои ояндаи равшан тавассути эҷоди асарҳои фарогири арзишҳои инсонӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
  Имрӯз мо дар марҳилае қарор дорем, ки бояд ба мероси гузаштаи худ аз назари муҳаққиқони хориҷӣ баҳогузорӣ нанамоем, зеро ҷаҳони муосир ҷаҳони манфиатҳост. Ҳар давлат ва кишвар ва муҳаққиқони он ҳадафҳои худро доранд. 
  Миллат бе худогоҳии миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Огоҳии пурра, на кӯр - кӯрона аз гузаштаи ҳастии миллии худ, ҷанбаҳои гуногуни он, амиқан донистани ҳамбуди этникӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллат решаҳои миллатро устувор мекунад ва ояндаи онро таъмин менамояд.
  Фарҳангу забон нишонаи асосии миллат аст ва ҳар пешрафту пасмондагии миллат бештар аз вазъи забону фарҳанг ошкор мешавад. Забон, ки ҳодисаи иҷтимоист, ҳар тағйироту таҳав-вулотеро ки дар ҷомеа ба вуқӯъ меоянд, дар худ инъикос мекунад. Фарҳанг низ аз ин ҳолат истисно нест. 
  Ҳанӯз соли 1989 академик М. Шакурӣ дар мавриди забони миллӣ навишта буд: «Забони миллӣ он гоҳ ба савияи зарурии инкишоф расида метавонад, ки дар ҷамъият вазифаи худро ҳамаҷониба иҷро намояд, дар соҳаҳои асосии он – дар маориф ва мактаби миёнаву олӣ, дар илм, маданият, санъат, қисми зиёди ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, маҷлисҳои хурду калон, дар муомилаи муқаррарии миёни мардум ҳамаи имкониятҳои худро амалӣ кунад».
  Хушбахтона, забони тоҷикӣ ба савияи зарурии инкишоф расидааст ва дар ҳамаи сохторҳои ҷомеа истифода мешавад. Мушкилоти асосие, ки дар ин самт вуҷуд дорад ва бештар ба таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна иртибот дорад, «қоидаҳоро аз ёд намудани хонандагон» мебошад. Барои бартараф намудани ин камбудӣ зарур аст, ки методи таълими забонро тағйир диҳем, то хонанда бештар ба матн кор карда, нутқи худро инкишоф диҳад ва озодона бо забони миллӣ андешаи худро баён намуданро омӯзад.
  Ҳамчунин, барои бартараф намудани баъзе норасоиҳо ва проблемаҳое, ки дар самти рушд ва инкишофи забони миллӣ - забони тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ ва идеяи миллӣ дар ҷомеа мавҷуданд, олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки бо баррасии ҳамаи таҳаввулоти фарҳангиву адабӣ аз диди илми муосир роҳҳои баромад аз ин бунбастро ба таври илмӣ пешниҳод намоянд. Дар ин самт, ба андешаи инҷониб, чунин корҳоро ба сомон расондан саривақтӣ мебошад:
  Огоҳ намудани ҷомеа аз дастовардҳои илми муосир. Коркарди иттилооти илмиву санҷидашуда дар ҳамаи самтҳои илмӣ ва фарҳангӣ. Аз лиҳози илмӣ ба баррасӣ гирифтани мероси илмиву фарҳангии гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик. Бештар ба илм ҷалб намудани ҷавонони худшиносу худогоҳ, ки қишри асосӣ ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Сохтани фазои мусоид барои таҳқиқоти илмӣ. Махсусан, фароҳам намудани фазои солиму созанда барои рушди илмҳои гуманитарӣ, зеро барои рушди инсони худшинос, пеш аз ҳама, илмҳои гуманитарӣ мусоидат мекунанд. Ҷорӣ намудани таълими илмҳои гуманитарие, ки инсонро инсон месозанд. Махсусан, таълими илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, мантиқ, равоншиносӣ, зебоишиносӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна. Дурусту илмӣ таҳлил намудани вазъи ҷаҳони муосир, нақш ва мақоми миллати тоҷик, нишон додани мақому мартабаи илм дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон. Тарғибу ташвиқи илм ва дастовардҳои олимони Тоҷикистон тавассути васоити ахбори омма, махсусан, телевизион, радио ва интернет.
  Хулоса, дар шароити имрӯз, ки фарҳангҳои мухталиф дар раванди ҷаҳонишавӣ ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ таҳмил шуда истодаанд, баҳсҳо сари тозагии забон, нақши он дар ташаккули андешаи миллӣ аз ҷониби як зумра зиёиёни имрӯза дар матбуоти даврӣ ривоҷ доранд. Мутаассифона, ин баҳсҳо дар доираи илмҳои филологӣ маҳдуд гардида, моҳияти амиқи фалсафӣ надоранд.
Аз ин рӯ, ба назари мо, забони миллӣ бояд дар мағзу устухони зиёиёни тоҷик ҷой бигирад, то ки барои барқарор шудани фазои тоҷикона замина фароҳам ояд. Алҳол зиёиён ва рӯшанфикрони асили тоҷик дар ин самт кӯшиш карда истодаанд.

 Фирдавс МИРЗОЁРОВ

номзади илмҳои филология

http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=16820 

Хондан 3510 маротиба