JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 17 Июни 2020 06:58

Ваҳдат-номаи тақдири миллат

Муаллиф: Наҷмиддиниён Файзулло
  Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое  мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
  Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу  ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори  кишвар ва бақои миллат, сабаби рушду нумӯи он мегардад. Миллате, ки худогоҳ аст, миллате, ки ифтихору ғурури миллӣ дорад, миллате, ки «деҳқонаш барои дигарон кишт намекунад», рушди ҷовидона меёбад:
 
Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,
Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.
 
  Шоирони  ваҳдатсароямон, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем,  худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.
 
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ
Мекӯш ба хештаншиносӣ.
 
 Халқи  азизамон хеле хуб арзёбӣ мекунад, ки «Давлат ҳама з - иттифоқ хезад…», ки ин дурдонаи маънии халқамон тайи чандин қарнҳо аз насл ба насл ба мерос гузаштааст ва ифшогари афкори халқи қадимаи мост. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқи мо дар садсолаи сипаригардида, ки ба тавассути тифоқӣ насибамон гардид, ин истиқрори сулҳи комилу тақдирсоз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол мебошад. Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд. Дар ин роҳ теша бар решаи ҳамаи фитнаангезону сияҳдилон ва ҳасудони миллати кишвари мо зад.
 Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.
Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.  Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу  субот ва оромиву осоиштагӣ  хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.
Шоири дардошнои миллат устод Бозор Собир аз ободкориҳо, музафариятҳо ва созандагиҳои  халқу Ватан, ки  бо сарварии  Қахрамони ваҳдат -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон  ҳамарўза дар саросари кишвар амалӣ мегарданд,  руҳу тавон мегирад  ва бо қаноатмандиву хушнудӣ ва самимияту эҳтироми хоса дар шеъри  «Соядасте ба Президенти ҷумхурӣ мухтарам Эмомалӣ Рахмон»    аз таҳти дилу ҷон мегўяд:
 
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони   ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи   Қасри миллат.
 
Дар шеъри  дигараш, ки «Мефишорам дастҳои маҳкаматро» унвонӣ шудааст, устод фармудааст:
Мефишорам  сахт дасту  панҷаҳои    маҳкаматро,
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳкон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшули деҳқонбачаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем,
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рўи ту мебинем,
Рўи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки дар пешонаи бози ту мебинем,
Мо хати тақдири миллатро...
  Боиси зикр аст, ки  хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан бениҳоят калон аст. Танҳо як мисол мерем, НБО Роѓунро кишвари пуриқтидори Шуравӣ оё сохта наметавонист, ва, чаро насохт?!.
  Вале, Президенти  маҳбубу дардошнову дилогоҳи миллат аз уҳдаи ин кори душвор ва дар тасаввур иҷронашаванда бо сарбаландӣ баромаданд ва илова бар ин худ дар булдозер иишаста дарёи саркаши Вахшро ба хидмати инсоният таслим намуданд.
Ин лаҳзаҳои таърихӣ низ аз назари диққати шоири бузург   Бозор Собир дур намондааст:
Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.
 
  Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани чархаҳои 1-2  НБО Роѓун кишвари мо барои гузаштан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами бузурге гузошт.
Хуллас,  Ваҳдати миллӣ  бо ташаббус ва  роҳбарии оқилонаи Қаҳрамони ваҳдат-наҷотбахши миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад.           
 Аз ин хотир, фурсате моро даст додаст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он   бештар бикӯшем.
               
Наҷмиддиниён Файзулло
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хондан 3281 маротиба