Дар шароити кунунӣ бо назардошти суръати рӯзафзуни рушди ҷомеаи башарӣ ва мураккаб шудани муносибатҳои байналмилалӣ талоши давлатҳои абарқудрат барои дастёбӣ ба манотиқи аз лиҳози геосиёсӣ муҳими ҷаҳон, ки кишвари мо низ дар яке аз ин гуна минтақаҳо ҷойгир аст, беш аз пеш меафзояд. Ин давлатҳо ба хотири таъмини заминаҳои устувори рушди ояндаи хеш вазъи байналмилалиро амиқ омӯхта дар робита ба он сиёсати дохилӣ ва хориҷиашонро ҳамчун нақшаҳои оянданигаронаи илман асоснок матраҳ мекунанд.
Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст[1]. Ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.
Дар назарияҳои фалсафии мутаффакирони форсу тоҷик мафҳуми ҷамъияти шаҳрвандӣ, моҳият ва равандҳои он дар ҷомеа баррасӣ нашудааст. Бинобар ин ҳам таърихан мафҳуми мазкур танҳо мазмуни ахлоқи фалсафӣ дошта, асосҳои ҳуқуқӣ, масъалаҳои муносибати “давлат ва шахс”, озодии инсон ва муносибат ба моликияти хусусӣ ноаён аст. Хусусияти хоси ҷамъияти шарқи исломи аслан ба равандҳои динӣ ҳамоҳанг буда, нишонаҳои иштирок намудан дар идоракунии давлат вуҷуд надорад. Раванди таърихии тараққиёти ҷамъиятҳои исломӣ нигоҳ доштани ҷамъияти анъанавӣ буда, он то давраи нав ва навтарин моҳияти амалии худро нигоҳ дошта меояд, ки он то ба ин рӯз дар шуури мардуми кишвар махсусан дар оилаҳои деҳоти минтақаҳо ҳамчун атрибути асосии оила нигоҳ дошта мешавад. Ҳатто дар давраи мавҷудияти қариб 70-солаи Ҳукумати Шӯравӣ масъалаи ҷамъияти шаҳвандӣ ва хусусиятҳои хоси он ба таври назариявӣ мавриди таҳқиқ қарор наёфта буд. Танҳо пас аз ба даст даровардани истиқлолият масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ дар баъзе мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ баррасӣ шуданд, ки онҳо аслан ҷиҳатҳои назариявӣ дошта, моҳияти амалӣ надоранд. Ҳарчанд дар ҷамъияти имрӯзаи кишвар кӯшишҳои аз ҷиҳати назарӣ тадқиқ намудани масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар соҳаи ҳуқуқи инсон вуҷуд дошта бошад ҳам, лекин он амалан низоми анъанавии ҷамъияти ва сохти давлатдориро дар назар дорад.
Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрӯзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣ?