Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки забони адабии тоҷик дар тӯли таърихи инкишофу такомули худ бо гӯйишҳои мардумӣ ё худ лаҳҷаҳо дар баробари заминаҳои фонетикӣ ва морфологиву синтаксисӣ дар заминаи луғавӣ низ муносибати доимӣ доштааст ва ин муносибат ҳамчун яке аз муҳимтарин навъҳои муносибати миёни ин ду гунаи як забон асосан дар шакли доду гирифти воҳидҳои луғавӣ сурат мегирифтааст.
Баъди таҳияи харитаи пурраи кураи Замин, ки аз ҷониби аврупоиҳо дар асрҳои XV-XVI сурат гирифт, сиёсати геополитикии муосир вориди амал шуд ва дар асри нуздаҳум ба авҷи аълои худ расид. Албатта, пеш аз ин давра низ манфиатҳои давлатҳои қудратманд дар сатҳи фаротар аз қаламрави худ бо ҳам дар бархурд буданд ва дар ин рақобатҳо нишонаҳое аз сиёсатҳои геополитикӣ дида мешуд. Аммо онҳо характери минтақавӣ дошта кулли ҷаҳонро дар бар намегирифтанд. Сиёсати геополитикии муосир бошад кулли ҷаҳонро дар бар гирифта, аз он давра оғоз шуд, ки сиёсатмадорони аврупоӣ ба қавли Ҷон Анню “нигоҳе аз нокуҷо” ба “ҷаҳон дар маҷмуъ” андохтанд.[1] Тасвири пурраи кураи Замин дар рӯйи қоғаз шароитеро барои сиёсатмадорони кишварҳои қудратманд фароҳам овард, ки онҳо метавонистанд худро берун аз он тасаввур карда, нисбати заминҳои берун аз ҳудуди кишвари худ тасмимгирӣ намоянд. Ин тақсимот рақобатҳои сатҳи гуногунро дар худ дошта, минтақаеро обод месохт ва минтақеро ба харобазор табдил медод. Кишварҳо ва миллатҳои суннатгаро ҳамеша бозичаи дасти миллатҳои пӯё ва сахткӯш буданд ва аслан зиён ба манофеи миллии онҳо мерасид ва дар шароити кунунӣ низ вазъият чунин аст. Дар тули таърих махсусан қавмҳои эронинажод бештарин зиёнро аз рақобатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дидаанд.
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. (М.Турсунзода)
Тоҷикон бо сарзамини зебоманзару мусаффояшон аз қадим чун миллати донишманд, бомаданият, босавод, ҷасуру тавону паҳлавон, косибу ҳунарманду деҳқон ва меҳмоннавозу меҳмондор шӯҳрат доштанд. Бештари муаррихону нависандагон, гардишгарону тоҷирони дохиливу хориҷӣ аз ҷумла Роберт Мидлетон ва Ҳав Томас тоҷику Тоҷикистонро дар китобе зери унвони "Тоҷикистон ва қуллаҳои баланди Помир" ба таври хос зикр карда, хотироташонро муфассал баён кардаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо истифодаи маънавӣ пайдо кунад. Чунонеки дар ҳикмати халқӣ омадааст,"Бузургон шиносанд қадри бузургон" масалест, ки ишора ба он мекунад, ки "қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ". Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз гӯзаштаи қадим дорои фарзандоне буд ва ҳаст, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад.Зеро онҳо касоне буданд, ки тамаддун ва адабу фарҳанги миллати моро ба авҷи камол расонданд ва ба ҷаҳониён онро низ нишон доданд.
Имрӯз санъатшиносӣ – яъне шинохти амиқ ва дарки ҳамаҷонибаи падидаҳои гуногунранги ҳунарҳои зебо - қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба маънои васеъаш ин илм маҷмӯи номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва дар он асосан фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли намудҳои ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва ғ.), қонуниятҳои ташаккул ва рушди онҳо, таҷассуми воқеияти ҳаёт, нақш ва таъсири онҳо дар ташаккули афкори омма, алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа, хулоса кулли масоили вобаста ба шакл ва мазмуни осори намудҳои ҳунар мавриди омӯзиш ва таҳқиқи тахассусӣ қарор гирифта мешаванд.