JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 22 Июли 2020 09:31

Ризоият, инқилоб, хурофот ва қудратҳои ҷаҳонӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Яке аз масъалаҳои мураккаб ва баҳсноки иҷтимоӣ ин шеваи идоракунӣ ва нигоҳдошти рушди низоми иҷтимоӣ маҳсуб аст. Дар ин замина дар ҷомашиносии охири саддаи 19 ва аввали саддаи 20 ду назарияи асосӣ: яке назарияи низоии рушди иҷтимоӣ ва дигаре назарияи функсионалии рушди ҷомеа ба миён омаданд. Назарияи низоъӣ ҷомеаро муборизоти ҳамешагӣ медонад, ки ин муборизот ба хотири дастёбӣ ба сарват ва қудрат сурат мегиранд ва ҳолати ҳамешагӣ ва давомдори ҷомеъаанд. Назарияи низоъро вобаста ба бунёд ё ҷавҳари низоъ метавон ба ду шоха тақсим намуд: яке, шохаест, ки қудратро асли низоъ медонанд ва дигаре, назарияи марксистии инкишофи ҷомеа мебошад. Поягузори шохаи аввал  Георг Зиммел буда, консепсияи он аз тарафи ҷомеашиноси олмонӣ Ралф Дарендорф бунёд ёфтааст. Мутобиқи ин назария, афроде, ки сари қудратанд, тавассути роҳҳои мухталиф афродеро, ки нисбатан ҳокимияти камтар доранд, бо роҳи маҷбурсозӣ барои ба даст овардани манфиат истифода мебаранд. Имконияти тақсими ҳокимият ниҳоят маҳдуд буда, аз ин рӯ, аъзо ҷомеаҳои гуногун барои аз сари нав тақсим кардани ҳокимият мубориза мебаранд. Ин мубориза метавонад пинҳонӣ амалӣ гардад. Ҳамин тариқ, мутобиқи афкори Дарендорф, асоси низоъро на мақсадҳои иқтисодӣ ташкил медиҳанд, балки пеш аз ҳама, мақсадҳои тақсимоти ҳокимият дар бар мегирад. Сарчашмаи низоъ инсони сиёсй (Инсон, ба назари Арасту, ҳайвони сиёсист) ба ҳисоб меравад. Тибқи ин назария, тақсим намудани ҳокимият яке аз масъалаҳои доимӣ дар ҳама гуна ҷомеаҳо ба шумор меравад. Тақсим кардани ҳокимият доимӣ буда, аз он гурез нест ва чун воситаи қаноаткунандаи мақсадҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

  Шохаи дуввуми назарияи низоъ - ин назарияи марксистии инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, ки он сарчашмаи низоъро дар тақсими ноодилонаи сарватҳои табиӣ медонад ва он боиси пайдо шудани синфҳои мухталиф мегардад. К. Маркс синфҳоро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки вобаста ба шаклҳои таърихии ҷомеа синфҳо низ тағйир меёбанд ва инкишофи ҷомеа ба ногузирии тағйирёбии ҳокимият оварда мерасонад. Бархӯрд байни синфҳо сабаби ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои гуногуни иҷтимоӣ мешвад, ки яке аз ин гуна ҳаракатҳо ҳаракати инқилобӣ мебошад. Ҳаракати инқилобӣ бо роҳи инқилобӣ сохтори мавҷудаи ҷомеаро тағйир дода, сохти нави ҷамъиятиро барпо менамояд. Ҳама ҳаракатҳои иҷтимоӣ аз норизогӣ ба ягон чиз сар мезананд. Вале бояд тазаккур дод, ки на ҳамаи норизогии иҷтимоӣ сабаби ба вуқӯъ омадани ҳаракатҳои иҷтимоӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар тафаккури аксари мардум ақидае пайдо мешавад, ки ҳукуматдорон барои ҳалли проблемаҳо кӯшиш намеварзанд. Дар ин ҳолат норозогии иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, ҳаракатҳои иҷтимоиро созмон медиҳад.

  Дар ин замина яке аз назарияҳои маъмул назарияи инқилоби иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки дидгоҳҳои марксистӣ низ аз он пайгирӣ мекунанд ва онро ба ҳайси як воқеияти бебаҳси иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Онон ин равандро ҳатмӣ ва ногузир арзёбӣ менамоянд. Дар ин замина метавон аз инқилоби Октябри соли 1917-и Руссия ва инқилобҳои дигаре, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ пайвастаанд, ном бурд. Назарияи инқилобӣ дар баробари тарафдорон мухолифини хешро низ дорад. Аксари мухолифини ин назария онро мавриди интиқод ва мазаммати сахт қарор медиҳанд ва даъвояшон ин аст, инқилобҳо ба хунрезиҳои бардавом мунҷар шуда, пойгоҳи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоро мешикананд ва боиси марги зиёди одамон мегарданд. Даҳсолаҳо кишварҳоро аз рушд боз медоранд. Ба ин далелҳо ин назарияро хатарнок ва камсамар арзёбӣ менамоянд.

  Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм, ки инқилобҳо пайваста дар саросари кишварҳои ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст, ба хотири пешгирӣ аз инқилоб ва нигоҳдошти таъодули иҷтимоӣ кишварҳои аврупоӣ усули нави иҷтимоӣ, яъне назарияи функсионалии рушди ҷомеаро пешниҳод намуданд. Ин назария барои аз байн бурдани низоъҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ шеваи консесиус (ризоияти ҷомеа)-ро пешниҳод кард, ки моҳияти он ризоияти иҷтимоӣ бартар аз бархӯрду низоъи иҷтимоӣ аст. Тибқи он, бояд тағйиротҳои иҷтимоӣ тадриҷӣ ва зина ба зина ба амал оянд, барои ба роҳ мондани чунин тағйиротҳо дар ҷомеа аз усули функсионалӣ- структуралӣ кор гирифта мешуд, ки моҳияти он аз ин хусусият аст, ки барои ҳалли ин ё он мушкилоти бавуқӯъомада, сохтор ва ниҳодҳои нав ба вуҷуд оварда ба онҳо функсия- вазифаҳое муайян кардан даркор аст, то мушкилоти бавуқӯъпавастаро аз байн баранд ва барои ба вуҷуд омадани норизогии иҷтимоӣ, ки натиҷатан ба инқилобҳо мунҷар мешавад, имкону заминаҳои он рафъ гардад.

  Тибқи ин назария, ҷомеа мавриди таҳлил ва омӯзиши пайваста қарор гирифта, ҳамарӯза мушкил, монеъа, сатҳи зиндагӣ ва муносибати гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва роҳҳалҳои онҳо пешниҳод гардида, дурнамои вазъи иҷтимоӣ амсиласозӣ мешвад. Дар ин ҳолат, бояд илми ҷомеашиносӣ ба ҳайси диагностикаи асосии ҷомеа амал намуда, тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ дар асоси омӯзишҳо ва натиҷагирии марказҳои ҷомеашиносӣ сурат бигирад, то маҷмӯи мушкилоти иҷтимоӣ зина ба зина ҳалли худро пайдо намуда, фаъолияти онҳо боз ҳам муассиртар сурат бигирад. 

  Имрӯз низ дар ҷомеаи мо аз ҷониби баъзе ашхос назарияи инқилобӣ тарғиб мешавад. Ин нафарон оқибатҳои шуми инқилобҳоро ё мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд ё онҳоро дониста худро барои расидан ба ҳадафҳояшон ба нодонӣ мезананд. Мусаллам аст, дар расидан ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ яке аз шеваҳои асосии ин шеваи консесиус ё ризоияти иҷтимоӣ буд, ки тавонист миллати моро ба мақсуд расонад. Мо ба Ваҳдати Миллӣ расидем ва 23 сол аст дар фазои оромиш ба сар мебарем. Масъалаи дигар ин нигоҳдошт ва таҳкими ваҳдат аст, ки бояд ҳамеша рӯи он андеша ва амаламонро тамаркуз диҳем. Ҷомеаи моро имрӯз низ зарур аст аз шеваҳои консесиус истифода намояд ва ҳамеша дар рафъи мушкилоти иҷтимоӣ саҳим бошад ва вазифаи иҷтимоии хешро дуруст ва комил анҷом бидиҳад. Вале, мутаассифона, роҳбарони баъзе аз ниҳодҳо камбудиҳоро рӯйпуш мекунанд ва ба ҷои ҳал кардани мушкилӣ, баръакс, мушкилоти нави иҷтимоиро ба миён меоранд ва аз натиҷаю оқибатҳои он, ки боиси шикаста шудани фазо байни ҳокимияти сиёсӣ ва мардум мешавад, намеандешанд. Ин раванд оқибатҳои хуб надошта, ҳамбастагии иҷтимоиро аз байн мебарад ва дар зеҳнияти ҷомеа бовариро ба оянда тира месозаду ҳамоқатро тавлид мекунад. Аксари чунин нафарон аз шеваҳои дурусти муосири муносибат бо зердастон истифода намебаранд ва аксаран меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро вайрон намуда, аз шеваҳои дағалӣ, таҳқир, нописандӣ ва амсоли инҳо истифода мебаранд. Чунин тарзи рафтор ва муносибати баъзе аз роҳбарон муҷиби он мешавад, ки дар зеҳнияти ҳамаи зердастон чунин тасмиме ба вуҷуд ояд, ки на танҳо ҳамон шахсияти мушаххас, балки дар кул низоми роҳбарӣ ҳамин ҳолатро дорад, ки минбаъд чунин тарзи фаҳмиш обрӯи ҳокимияти сиёсӣ ва мақомоти роҳбарикунандаро хадчадор менамояд. Аксари чунин нафарон дар баробари истифода намудан аз чунин шеваҳои номақбул, гоҳо чунин даъворо пеш меоранд, ки гӯё барои татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ онҳо аз чунин шева кор мегиранд. Аксари чунин нафарон, ба ҷойи он ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриро татбиқ ва аз механизми татбиқи дуруст истифода намоянд, баръакс мухолифати иҷтимоиро дар баробари сиёсати мавуҷуда ба миён меоранд, зеро мардум дар симои онҳо нафари аз ҷониби ҳукумат таъиншуда ё аз ҷониби Сарвари Давлат таъин шударо мебинанд. Гоҳо чунин нафарон ҳатто аз ваколатҳои мансабӣ суйистифода намуда, барои шиор ва рӯпуш намудани худ аз номи Роҳбари давлат истифода мекунанд ва ба сиёсати созанда ва мардумии Роҳбари Давлат иснод меоранд. 

  Тибқи назари консесус ё ризоияти иҷтимоӣ, бояд мушкилоти иҷтимоие, ки пеш меоянд, бо усули муайян намудан ва таҳлилу баррасии сабабу оқибатҳои онҳо ва дар ин асос андешидани чораҳои амалӣ ва муайян намудани роҳи дуруст ва илмии мушкилоти ҷой дошта рафъ карда шаванд, то мухолифатҳо дар заминаи барҳам задани суботи иҷтимоӣ хунсо гарданд. Баъзе аз шеваҳои бади идоракунӣ айни ҳол вуҷуд доранд, ки аз назари моҳиятӣ онҳоро шартан метавон ба ин навъҳо дастабандӣ намуд: 

  1. Шеваи дағалӣ ва фишор овардан. Ин шева агар натиҷа диҳад ҳам, зердастон худро таҳқиршуда меҳисобанд ва мухолифатҳоро дар оянда байни гурӯҳҳои мухталиф ва табақоти иҷтимоӣ ба миён меоранд.
  2. Шеваи популизм. Ҳадафу амал на татбиқи дурусти сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, балки расидан ба ҳадафҳои молиявию таҳкими нуфузи сиёсии инфиродии хеш ва ин воқеиятро таҳриф карда нишон додан дар назди ҳокимияти иҷроия.
  3. Бо ҳар роҳу восита нигоҳ доштани мақом ва мансаби худ. Ҳадафи гурӯҳи мазкур на танҳо амали намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, балки баръакс, ба ҳар қимат, ки набошад, худро «дилсӯзу ҷоннисори миллат» вонамуд карда, дар доираҳои тасмимгир воқеияти таҳрифшударо нишон додан аст. 
  4. Ҳисси масъулиятшиносӣ надоштан ва андеша накардани ин ки зери дастон ё кормандони ниҳод низ шаҳрванди комилҳуқуқанд ва онҳо низ дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои худ мебошанд. Ин вазъро метавон суйистифода аз мансабе берун шудан аз ваколатҳои касбӣ унвон кард.
  5. Носипосӣ ва бепарвоӣ нисбати мардум, ҳал накардани мушкили иҷтимоии мардум, риоя накардани қонуният, фосилагирӣ аз мардум, худро бартару болотар нишон додан аз мардум. Ҷойи ин ки нишон диҳанд, ки дар хидмати мардум ва барои мардум ва барои мардуманд, баръакс, худро аз мардум ҷудо мекунанд ва элита меҳисобанд. Ин вазъ шикофро миёни давлат ва мардум ба вуҷуд меоварад.

  Шеваҳои мазкур ҳолати инфиолиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд ва дар ҳар ниҳоде, сарфи назар аз хурду бузург, вақте чунин шеваҳо истифода мешаванд, ҳатман гурӯҳҳои норизо ва мухолифро ба вуҷуд меоранд. Барои бозингарони геосиёсии минтақавию ҷаҳонӣ ҷалб кардани ҷунин гурӯҳҳои ранҷидахотир тез ва ба осонӣ даст медиҳад. Мо аксар маврид шиква мекунем, ки бегонагон суботи иҷтимоии моро намехоҳанд ва аз бехабарии ва нохудогоҳии мардуми мо суйистифода мекунанд. Бояд қайд кард, ки тарзу шеваҳои бади мудирият боиси афзудани мухолифатҳои иҷтимоӣ шуда, гурӯҳҳои осебпазиреро ба вуҷуд меорад, ки онҳо, вақте ки мушкили иҷтимоии худро ҳал карда наметавонанд, вақте ки худро таҳқиршуда ё беҳуқуқ эҳсос мекунанд, ба гурӯҳҳои мухталиф шомил мешаванд ва сафи мухолифини сиёсиро афзуда, дар дурнамо суботи иҷтимоиро барҳам мезананд. Ин вазъ моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки аз усулҳои функсионалистиву консесиус кор бигирем ва ҷомеаро аз ҳар гуна бахӯрди инқилобӣ эмин нигоҳ дорем. Пас, боястӣ ҳар нафар дуруст ва то ба охир вазифаи худро анҷом диҳад, на ба хотири худнамоиву популизм, балки барои рушд ва устувории ҷомеаи тоҷик хидмат кунад.

=2=

  Солиёни охир дар иддае аз кишварҳои шарқӣ, бахусус, дар Шарқи Наздику Миёна инқилобҳое ҳам сурат гирифтанд, ки натавонистанд ниёзҳои иҷтимоиро бароварда созанд.

  Яке аз суолҳои матраҳе, ки дар зеҳн русух мекунад, ин аст, ки чаро дар кишварҳои шарқӣ инқилобҳое, ки ба амал меоянд, на танҳо вазъро беҳбуд намебахшанд, балки бо сарнагун шудани як қудрати худкома қудрати худкомаи дигареро рӯи кор меоваранд. Чунин навъи инқилобҳоро дар сад соли гузашта дар аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна метавон ба осонӣ мушоҳида намуд. Иддае аз ин инқилобҳо пирӯз мешаванд, вале бо набуди роҳкорҳои дуруст ба шикаст мувоҷеҳ мегарданд ва хостаҳои мардумро бароварда намесозанд. Ба назар мерасад, ки набуди як барномарезии мушаххас, ноогоҳӣ аз шароити мавҷудаи ҷомеа, дар назар нагирифтани манофеи миллӣ, эҳтиром нагузоштан ба ҳуқуқи ақаллиятҳо таҳаммул накардани дигарандешон аз омилҳои нокомии ин гуна раванд ва ҳаракатҳои сиёсӣ гардидаанд. Сарнагунӣ ва барандозии бидуни огоҳӣ, шинохти шароит, истиқомат ва пойдорӣ ба натиҷаи матлубе нахоҳад расид ва мушкилотро ҳал нахоҳад кард. Зеро бо сарнагунии низоми худкома мушкилот ҳал намешаванд, костиҳо аз байн намераванд ва адолати иҷтимоӣ барқарор намегардад. Сарнагунии низом монанди мубориза ба нишонаҳои маризӣ аст, на бо худи маризӣ. Бинобар ин раҳоӣ дар мубориза ба худкомагӣ аст. Яъне, он тарзи тафаккуре, ки худкомагиро ба миён меоварад, на ба худи худкома. «Агар сад бор ҳукуматҳоро аз беху бун иваз намоӣ, агар тамоми душманони фарзӣ ва ҳақиқиятро аз рӯи замин маҳв кунӣ, агар тамоми афлок ва самовотро ба хидмат дароварӣ, то решаи мушкилро дар худамон хушк накунем, тамоми ин авомил эҳтимолан мусакинҳое хоҳанд буд ва дард баъд аз муддате ба наҳва ва шакли дигаре боз ҳам гиребонатро хоҳад гирифт» (Ҷомеашиносии худкомагӣ. Таълифи Алии Ризоқулӣ.  Теҳрон: “Нашри най”, 1373. -244 саҳ.). Ба ин маъно. «Тазмини ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ иқтисодии афрод, сохтори вижаеро металабад, ки заминаи он ҳаргиз дар ҷомеаҳои мо ба вуҷуд наомадааст ва мардумони мо тавқифи шинохтани онро надоштаанд. Аз ин рӯ куштан бо шамшер, табар ва арракардан аз абзори аслии таҳмили иродаи қавитар барои ҷуброни таҷовуз ба ҳуқуқи афрод будааст. Ҳуқуқи сиёсӣ ба шакле, ки имрӯз дар ҷаҳон шинохта шуда, дар Эрон ҳаргиз вуҷуд надоштааст. Ҳуқук бояд дар равобити иҷтимоӣ ҷон бигирад ва тазмин пайдо кунад. Касоне, ки мехоҳанд дар ҷомеаи инсонӣ решаи арра карданҳоро бихушконанд, мебояд кинаи худро фақат мутаваҷҷеҳи арра ва арракашӣ накунанд, чаро ки арра ва арракаш ҳар ду аз падидаҳои иҷтимоӣ ҳастанд» (Ҷомеашиносии худкомагӣ. Таълифи Алии Ризоқулӣ. Теҳрон: “Нашри най”, 1373. -244 саҳ.). 

  Агар ба воқеъбинӣ ва хирадгароӣ мушкилотро решаёбӣ кунем, мебинем, ки инқилоби идеологӣ ва ё инқилоби сиёсӣ роҳи ҳал нест ва ё ҳадди ақал ба танҳоӣ роҳкушо ва раҳоянда намебошад.

  Барои роҳҳалҳои ин мушкил бояд хирадгароиро дар ҷомеа тавсеа дод ва пеш аз ҳама, огоҳӣ ва дониши илмиро бар нодонию вопасгароӣ тарзеҳ дод. Воқеаиятгариро бар идеалгарӣ, ҳақиқатталабиро ба ҷои таваҳҳум ва кушишталабиро ба ҷои тавакал дар ҷомеа бояд тавсеа дод. Яъне, то замоне ки мушкил дар равону мағзи як ҷомеа ё миллату халқияте ислоҳ нашавад, ҳеҷ як инқилобе наметавонад мушкилро ҳал кунад ва он ҷомеаро иваз намояд. 

   Дар тӯли таърих мардумони сарзаминҳои Шарқи мусалмониро ҳукуматҳои худкома, ки худро машруияти илоҳӣ медонанд, бо зулму истибдод бартарии хешро бар қонун нишон додаанд ва сабабгори норасоиҳои иҷтимоӣ, набуди имкони баробар барои ҳама тафовути зиёди табақотӣ ва фақри густурдаро ба миён овардан гардиданд. Дар низоми худосолорӣ қонун на барои барқарории адолат, балки ҷиҳати барқарории итоат аст. Нобаробарӣ ва беадолатии ҳукуматҳои истибдодӣ мардумони ин манотиқро табдил ба афроди якрав, худсар, худмеҳвар, масъулиятнопазир ва тамошочӣ гардонидааст, ки нуқтаи муқобилест бар шаҳрванд, пӯёӣ ва масъулиятпазирӣ.

=3=

  Масъалаи дигар ин нақши абарқудратҳо (қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ) ва таъсири онҳо дар шаклгирии ҷомеаамон ба ҳисоб меравад. Гоҳо, тибқи назарияи тавтеа, фикр мекунем, ҳама мушкилот ва нотавонии мо аз абарқудратҳо вобаста аст ва онҳо намегузоранд, ки мо рушд кунем ё вазъиятҳои инқилобиро ба вуҷуд меоваранд ва ҷомеаро вобаста ба манофеъашон ба изтироб меоваранд. Чунин андеша то андозае ғалат ва ғайривоқеӣ аст. Зеро омилро дар ҷомеа худи мо ба вуҷуд меоварем ва он аз дуруст ва воқеӣ иҷро нашудани вазоифи ниҳодҳои муайяни иҷтимоӣ сурат мегирад. Чунини навъи муносибат заминаро барои бархӯрд ба вуҷуд меоварад. Яъне, вақте ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ ниёзҳои мардумро бароварда карда наметавонанд ва мушкили иҷтимоӣ сари вақт ҳалли худро намеёбад, ором-ором мухолифатҳо то сарҳади бархӯрд омада мерасанд ва байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фосилаи тӯлонӣ ва халои фазоӣ ба вуҷуд меояд. Бадтарин ҳолат он аст, ки вақте эътимоди мардум ба давлат ва ниҳодҳои иҷтимоӣ аз байн меравад ва ҳадди ноадолатӣ дар ҷомеа то он ҷо боло мегирад, ки дигар ҷомеа дар симои  як фард давлати дигар ё идеологияи дигар, агарчи ҳеҷ решаи худӣ надошта, ба дасти бегонагон тарроҳӣ шуда бошад ҳам, мушкилкушои худро мебинад. 

  Дар ин росто низ бояд қайд кард, ки қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ бо ҳар кишвар вобаста ба тарзи тафаккур, худшиносии мардуми он муносибатҳои хешро матраҳ месозанд. Мусаллам аст, ки равобити абарқудратҳо ва муносибати онҳо на танҳо ба кишвари мо, балки ба ҳар кишваре, ки набошад, бар мабнои манофеъ сурат мегирад. Яъне, ҳар кишвари, ки даъвои қудрати минтақавию ҷаҳонӣ дорад, бо кишварҳои дигар аз рӯи мақсадҳои хоси иқтисодию баҳрабардорӣ муносибат мекунад. Барои онҳо фарқе надорад, ки кишвари мавриди назар аврупоӣ аст, африқоӣ аст ё осиёӣ. Аммо нуқтаи асосӣ ин аст, ки вобаста ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ба онҳо муносибат хоҳад кард. Барои мисол, Олмон ва Ҷопонро метавон мавриди таҳлил қарор дод, ки баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ин кишварҳо шикаст хӯрда ва ҳама чизро аз даст дода буданд. Махсусан, Олмон вазъи фалокатборе дошт на танҳо корхона ва коргоҳҳои қобили мулоҳизае, ки солим монда ва тавлидоте дошта бошанд, надошт, балки аксари хонаҳои истиқоматии мардум зери бомбаборонҳо аз байн рафта буданд. Шаҳрҳояш ба харобазорҳо мубаддал гардида буданд. Амрикоиҳои сарватманд на ба хотири кӯмак ва инсондӯстӣ, балки ба хотири манфиатталабӣ ва нафъҷӯӣ барои олмониён ва ҷопониҳо сармогузорӣ карданд, то аз коргарон ва мутахассисони арзони ин кишварҳо истифода кунанд ва бозорҳои ин кишварҳоро барои маҳсулот ва маснуоти худ истифода намоянд. Сарфи назар аз ҳар навъ ангезаҳое, ки амрикоиҳо барои ин кор доштанд, пас аз гузашти муддати ночизе дар баробари таърихи дигар миллатҳо Ҷопон ва Олмон худро аз банди вобастагии дигарон озод сохтанд ва ором -ором ба яке аз рақибони иқтисодии Амрико низ табдил ёфтанд. Ин, пеш аз ҳама бозгӯкунандаи он аст, ки ин ду миллат, чун миллати огоҳ ва хирадгарову хирадпеша буданд, ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуданд ва аз сармоягузориҳои қудратҳо истифода ва худро ба ҳайси як қудрати минтақавӣ муаррифӣ карданд. Яъне, аз ин бармеояд, ки амалкарди абарқудратҳо ва муносибати онҳо низ вобаста ба чигунагии афкор, андеша ва фаҳму дарки миллатҳои дигар аст. Ба ин далел, мушкил дар абарқудратҳо нест, балки мушкил дар худи мо аст. Мушкил дар тарзи тафаккур, тарзи муносибат ва нодониву вопасгароии худи мо аст. Агарчи сохторҳои иҷтимоиро ба сохторҳои муосири мардумсолор ва муосир монанд мекунем, вале аксаран тақлидҳои зоҳирӣ ва механикии фаннӣ ва низомии кишварҳои дигаранд. Онҳо моҳиятан вазифа ва функсияҳои хешро то охир иҷро намекунанд. Барои эҷоди як кишвари дар воқеъ, мардумсолор бояд заминаҳои фарҳангӣ ва тафаккуриву ҳувиятӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд оварда шавад, то ин ки тарзи тафаккури ҳар фарди ҷомеаи мардумсолор бошад. Он гоҳ метавонем ба мардумсолорӣ бирасем. Суоли матраҳе, ки аз муносибати Ҷопону Олмон бо Амрико ба миён меояд, ин аст ки чаро Амрико бо он ҳама сармоягузорӣ, ки дар Олмону Ҷопони шикастхӯрда кард, натавонист салтанат ва истисморашро барои ҳамеша ҳифз кунад ва онро идома диҳад? Вале кишварҳоеро бе сармоягузории чандоне  дар ихтиёри хеш нигоҳ медорад. Пас, иллат вуҷуди абарқудратҳо нест, балки иллат дар зафъ ва нотавонии худи кишварҳост, ки он, пеш аз ҳама, ба суннатгароӣ, таассубу хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолати бошандагони ин кишварҳо марбут аст.

Исомиддин Шарифзода 

Хондан 1033 маротиба