JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Июли 2020 06:09

Илми таърихнигории тоҷикон дар аҳди Манғит: «Таърихи Хумулӣ» чун сарчашмаи муътамади таърихӣ

Муаллиф: Аҳмад Ҳоҷизода

 «Суханеро, ки як бор шунидам, кам фаромӯш кардам. Ҳар ҷо ки зикри илми уламо мерафт, ба тинати худ маҳви он калом будам. Дар ин муддат ҳар гоҳ дар китоби форсӣ ба калимаи арабӣ дучор мешудам, орзуи фаҳмидани маънии он дар дилам хорҳо мешикаст. ..»

Хумулӣ

  Ин  мақола ба мавзӯи таърихнигорӣ дар забони тоҷикиву форсӣ рабт дорад, он ба ҳаёт ва осори Ҷумъақулии Хумулӣ (тав.1190/1776 м./ -  яке аз таърихнигорони хонадони манғития- охирин сулолае, ки дар аморати Бухоро ҳукумат рондааст, бахшида шуда, кӯшиши аввалини ба доираҳои илмии ҷумҳурӣ расонидани маълумоти нисбатан мукаммал роҷеъ ба ин муаллиф мебошад. Муҳимтарин асари ӯ «Таърихи Хумулӣ» аст, ки таърихи сулолаи мазкурро аз асосгузори сулола – Муҳаммад Раҳимхон (1747-1759) то оғози ҳукмронии амир Ҳайдар (1800-1826) дарбар мегирад. Аммо қисмати бештари асари Хумулиро воқеаҳои таърихии давраи ҳукмронии амир Шоҳмурод (1785-1800) бо тафсилоти гароиши ӯ ба тариқаи нақшбандия ва лашкаркашиҳои ин амири «Маъсум» ташкил медиҳанд.

  Воқеаҳои давраи ҳукмронии амир Насруллоҳ (1827-1860)-ро Хумулӣ дар маснавие бо номи «Шоҳу гадо» ба назм дароварда, лашкаркашии ӯ ба хонигарии Қӯқанд, дар мухолифат бо Муҳаммадалихонро тасвир намудааст. Аз Хумулӣ манзумоти таърихӣ ва низ девоне ба мерос мондааст, ки дар он ашъори ба форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иншошуда, гирдоварӣ шудаанд.

  «Китоби форсӣ» ва «орзуи фаҳмидани маънӣ» аз миёни ибороти бешумор ва ҷаззоби осори таърихии Хумулӣ аст, ки ишора ба ишқи омӯхтани забон ва гирд кардани дониш мекунанд. Омӯзиши ин мавзӯъ ҳар яки моро водор ба он мекунад, ки таърихро бояд омӯхт ва аз он бояд сабақ гирифт. Донистани гузаштаи таърихии ҳар кадом қавму миллат дар фаҳмидани вазъи ҳозираи он кумак мекунад, зеро ҳар як ҳодиса заминаи пешинаи худро дорад ва ин заминаи сабабу воқеаҳо метавонад дар даврони гузаштаи дур ё наздик ошкор шуда бошад ва ба раванди минбаъдаи таърихи халқ таъсиргузор бошад. Ба ҳамин манзур аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастурҳое, ки дар мавридҳои гуногун ва махсусан, дар мулоқот бо зиёиён медиҳанд, ба ин масъала ишора намудаанд.

  Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҳозиронро ба зарурати омӯзиши мероси гузашта ҷалб намуда, ин корро, махсусан барои муҳаққиқони риштаи таърих вазифаи аввалиндараҷа эълом доштанд: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».[1] Бояд гуфт, ки таърихнома ва санаду ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва қавлу сухани шоҳидони воқеаҳои таърихӣ боарзиштарин асноде мебошанд, ки аз гузаштаи дур маълумоти равшан медиҳанд ва мо бо истифода аз онҳо метавонем тасаввур пайдо кунем, ки дар кадом шароити таърихӣ ва бо кадом орзую омол наслҳои гузашта – аҷдоду авлоди онҳо зиндагӣ ба сар бурдаанд. Ин амр ба ҳар кадом қавму миллат хос аст ва табиист, ки ба халқи тоҷик низ дахли бевосита дорад.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми тоҷик дар тафовут аз аксари қавму миллатҳои курраи замин  осори гаронбаҳое аз гузашта ба мерос гирифтааст, ки шомили ёдгориҳои таърихии бузург ва адабиёти илмӣ ва бадеии оламшумули ҳазорсола мебошад. Сарвари фарҳангпарвари давлати имрӯзаи тоҷикон ба таъкид изҳор медоранд, ки «мо бояд баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд, аз хотир набарорем».[2]

  Бале,  Пешвои миллат бо дарки ҳақиқат ва дилсӯзӣ ба фарҳанги миллат чунин дастур мефармояд, оё метавонем таърихи халқро бе омӯзиш ва ба табъ расонидани  ёдгориҳои мероси таърихии он ба тарзи шоиста ва дақиқ таҳия созем. Оё доир ба таърихи илм бе донистани нусхаҳои аслии осори илмӣ чизе навиштан мумкин аст, оё таҳқиқоте оид ба идеологияи даврони гузашта, бе хондани манбаъҳои асосӣ, анҷом додан мумкин аст? Ба ҳамаи ин пурсишҳо шахсе, ки дорои ақли солим аст, албатта, посухи манфӣ медиҳад. Ҳол он, ки маълумоти хеле муҳиму арзишманд дар баҳри беканори маводи дастнавис ба забони тоҷикӣ, ки дар хазинаи нусхаҳо ва китобхонаҳои кишварҳои гуногуни Аврупо, Осиё, Африқо ва қисман Амрико нигоҳ дошта мешаванд, ниҳон аст.

  Муҳаққиқони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки «бе тасаввури равшан оид ба ҷузъиёт ва ҳаҷми захираи муҳташами осори форсӣ-тоҷикӣ, бунёд намудани таърихи фарҳанги воқеан илмии мардумоне, ки ин ганҷинаро фароҳам сохтаанд, амри маҳол аст».[3] Ҷиҳати ба амал баровардани дастурҳои арзишманди Пешвои миллат тасмим гирифтаем, ки асари таърихиеро, ки аз таълифоти қозӣ Ҷумъақулии Хумулӣ мебошад,  барои хонандагони арҷманд муаррифӣ намоем.

  Хумулӣ кӣ буд?! Чаро дар кишвари мо дар бораи ӯ маълумоти кам дорем? Ин дар ҳоле, ки чунончи аз иқтибоси боло мебинем, ӯ бо ҷозибаи бузург дар бораи ишқи  худ ба забон ва китоби тоҷикии форсӣ суҳбат мекунад. Дар бораи Хумулӣ дар доираҳои илмии Тоҷикистон ба ҷуз маълумоти кӯтоҳи тарҷумаиҳолӣ, ки дар Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидааст, чизеро пайдо кардан душвор аст. Дар китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ танҳо ба зикри номи Хумулӣ ҳамчун шоири зуллисонайн дар қатори шоирони нимаи авали асри XIX қаноат кардаанд. [4] Аз донишмандони тоҷик нахустин шахсе, ки аз Хумулӣ ёд мекунад, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Дар «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» устод Айнӣ дар хотимаи китоб, зимни зикри 9 маъхази истифодакардааш «Таърихи мулло Хумулии самарқандӣ»-ро бо таъкид қайд кардааст.[5] Академик А. Мухторов дар асарҳои худ ҳангоми баррасии воқеаҳои таърихии марбут ба Уротеппа ва Ҳисор, аз «Таърихи Хумулӣ» истифода намуда нақли қавл мекунад.[6] Ҳамчунин дар маълумоти мухтасаре, ки одатан таҳиягарони феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ доир ба муаллифони нусхаҳо дарҷ мекунанд, аз ҷумла, дар феҳристҳои собиқ Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, зикри номи Хумулӣ ва асарҳои ӯ низ рафтааст.[7]

  Дар доираҳои илмии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ ба Хумулӣ ва эҷодиёти ӯ аз солҳои 70-уми асри XX шурӯъ мешавад. Маълумоти тарҷумаиҳолӣ доир ба ӯ дар китобҳои таърихи адабиёт ворид мегардад[8] ва ҳаёту фаъолияти Хумулӣ мавзӯи рисолаи таҳқиқотӣ қарор гирифта, ба ин васила доираҳои илмӣ оид ба шахсияти ӯ огоҳии бештар пайдо карда ва ба намунаҳои эҷодиёти ӯ шинос мешаванд.[9] Вале фақат дар адабиёт ва таърихи узбек, ин дар ҳоле ки бештари осори ӯ ба забони тоҷикӣ аст. Ҷои таассуф аст, ки шахсият ва осори ин таърихнигори тоҷику форсизабон дар Тоҷикистон кам муаррифӣ шудааст ва бадтар аз ин ки инҷо кам омӯхта мешавад. Ин дар ҳоле ки шахсият ва осори Хумулӣ дар доираҳои шарқшиносии Аврупо низ аз тарафи ҳамсояҳои мо ба таври системанок муаррифӣ карда мешавад. Муҳаққиқони Ӯзбекистон ба мавзӯи фаъолияти аҳли сӯфия, аз ҷумла тариқати нақшбандия, ки дар доираҳои шарқшиносии олам низ таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб кардааст, муроҷиат намуда, рисолаи Хумулӣ  «Маноқиби шайх Мӯсохони Даҳбедӣ»-ро мавриди таҳқиқоти илмии густарда қарор додаанд.[10] Бисёр афсӯс, ки мероси фарҳангии тоҷикон, ки дар қаламрави давлати ҳамсоя мондааст, ки мебоист мероси фарангии муштарак муаррифӣ мешуд, аз тарафи онҳо яктарафа чун мероси фарҳангии як миллат баррасӣ мешавад.

  Ҷои хушнудист, ки ниҳоят, кори илмии мукаммал доир ба Хумулӣ анҷом шудааст, ки шомили матни интиқодии асари ӯ «Таърихи Хумулӣ» ва муқаддимаи муфассал ба забонҳои англисӣ ва ӯзбекӣ мебошад.[11] Матни аслии асар ба забони форсии тоҷикист, вале дар Тоҷикистони мо аз он ёд немекунанд ва онро ба нашр ҳозир намекунанд. Чаро?

  Хеле хуб аст, ки дар дасти мо шарҳи ҳоли ин нобиғаи илми таърих вуҷуд дорад. Зиндагиномаи Хумулиро аз худи ӯ беҳтар касе ба қалам наовардааст. Зеро муаллифони асри XIX танҳо номи ӯ ва ба ду забон эҷод кардани ӯро дар шакли хеле фишурда зикр мекунанд. Қорӣ Раҳматуллоҳ Возеҳ дар «Туҳфату-л-аҳбоб фи тазкирати-л-асҳоб» Хумулиро «уъҷубаи замон ва нодираи даврон» ном бурда, солҳои зиёд қозии вилояти Ургут будани ӯро таъкид намудааст.[12] Бояд огоҳӣ дошта бошем, ки Ургут ва Самарқанд то ба ин наздикӣ тоҷикзабон буданд, ҳарчанд ки дар миёнашон намояндагони халқи турк низ иқомат карданд. Вале забони аксарият тоҷикии форсӣ буд.

 Бинобар маълумоти дар муқаддимаи ноширони нашри интиқодии «Таърихи Хумулӣ»  овардашуда, Мирсиддиқ Ҳашмат дар «Тазкирату-ш-шуаро» зикри номи Хумулиро бо намунае аз порчаҳои шеърӣ ба форсӣ ва туркӣ овардааст. Ҳашмат ягона муаллифест, ки Хумулиро ҳамчун «таворихшинос» ёдоварӣ мекунад.[13] Муҳаммадшариф Садри Зиё низ дар «Рисолаи хаттотон» аз ашъори Хумулӣ намунаҳо овардааст.[14]

  Аз муаллифони аврупоӣ дар китоби био-библиографии Ҳофман аз Хумулӣ ёдоварӣ шуда, маълумоте, ки асосан таҳиякунандагони феҳристҳои нусхаҳои хатти ганҷинаи дастхатҳои Тошканд ва Душанбе  дар феҳристҳои  чопшуда дарҷ намудаанд, ба мутолиаи муҳаққиқони аврупоӣ пешниҳод гардидаанд.[15] Муҳаққиқи таърихи минтақаи Осиёи Миёна аз донишгоҳи шаҳри Берн (Австрия) профессор Анке фон Кюгелген, ки чанд вақт боз бо мо дар иртиботи илмӣ қарор дошт, ба таърихи сулолаи манғития таҳқиқоти муҳимме анҷом додааст, дар бораи Хумулӣ ва асари ӯ «Таърихи Хумулӣ» бо мӯшикофии хоси донишмандони аврупоӣ, зиндагинома ва асари ӯро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додаст.[16] Ӯ аз «Таърихи Хумулӣ», чунонки қаблан тазаккур додем, беҳтарин баёнгари зиндагиномааш аст, тамоми лаҳзаҳои ба тарҷумаи ҳоли муаллиф алоқамандро бо диққати фавқулодда берун оварда, зиндагиномаи Хумулиро барои хонандагонаш хеле равшан баён месозад. Хеле аҷиб аст, ки намояндаи як халқи аз Осиёи Марказӣ дур бо чунин шавқу завқ ба таърихи ин минтақа робита дорад ва онро аз мо беҳтар меомӯзад. Чаро?

  Бояд эътироф намуд,ки асари таҳқиқотии профессор Анке фон Кюгелген кори аз қабили худ беназирест, ки масъалаи қонунмандӣ/шаръияти ҳукмронии хонадони манғитияро аз дидгоҳи нуҳ муаррихи асри  XIX, аз ҷумла Хумулӣ, ба риштаи таҳқиқ кашидааст.[17]Чаро мо ин гуна корҳо намекунем, шояд методология тадқиқи мо кӯҳна шудааст?! Дар таҳқиқоти Б. Бобоҷонов, ки яке аз муҳаққиқони шинохтаи замони мо оид ба таърихи тариқаи нақшбандияи муҷаддидия дар Мовароуннаҳри асрҳои XVIII – ибтидои асри XX аст, асари зикршудаи Хумулӣ истифода гардида ва мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ оварда шудааст. [18]

  Чунонки пештар ҳам зикр рафт, Ҷумъақулии Хумулӣ аз муаррихони камназирест, ки зиндагиномааш дар таълифоти ӯ хеле равшан баён ёфтааст. Саҳифаҳои ҳаёти ӯ бо тарзи нигориши фавқулодда самимонаи саршори меҳри фарзандӣ дар асари «Таърихи Хумулӣ»  инъикос дода шудааст. Дар бораи ному тахаллус ва нисбату мартабаи худ Хумулӣ чунин маълумотро барои хонанда манзур менамояд: «Ҷумъақулии мулаққаб би-л-Хумулӣ ибн ас-сӯфӣ Муҳаммад Тағой[19] ат-туркӣ ас-Самарқандӣ аш-Шавдорӣ ал-Ургутӣ мелодан ва маншаъан, ал-қозӣ». Доир ба санаи таваллудаш Хумулӣ аз забони падар мегӯяд: «Бегоҳи ҷумъа дар мавзеи Кандрӯд, ки аз тавобеи Муғиюн[20] аст, дар санаи 1190 /1776 м./, соли гӯсфанд, дар ахири фасли зимистон мутаваллид шудӣ».[21]

  Лавҳаҳои айёми кӯдакии худро Хумулӣ ба хотир оварда менависад: «Аз панҷсолагӣ то овони булуғ волидайн ин муҳаққарро ба ҳар кор таклиф ва ба ҳар касб таъниф менамуданд, ба ҳеч кадом аз саноеъи рӯзгор рушде дар худ намеёфтам. Зеҳни дар ғояти даррокӣ доштам, муштоқи хондан ва ошиқи илм будам. Аз он ваҷҳ, ки волиди марҳумро шаш писар буд, се нафар аз фақир калон буданду савод доштанд. Мақсуди волидайн ин буд, ки маро ба шубонӣ фармоянд, бинобар ин, то ба сини сенздаҳсолагӣ ба мактабе нафиристодаанд.  Ҳарчанд дар ҳирфаи шубонӣ пештар ҳам вуқуф надоштам, ба такаллуф худро дар таҷоҳул андохта, алами ноқобилӣ меафроштам. Ва ба хидмат, ки волидайнам, раҳамаҳумо Аллоҳ, мефармуданд, камоянбағӣ (тавре ки бояд) намепардохтам. Девонавор ба ҳар сӯ ҳарзатозиҳо мекардам ва беваҷҳ арозҳои  бемаврид менамудам, то дили эшонро танг кардам, аз ман ба ҷон омаданд. Алҳол аз он беадабиҳо пушаймонам. Кошки тамомии умрам ба ризоҷӯии падару модар сарф мешуд. Афсус, ҳазор афсус, аз тарки он хизмат, дареғу сад дареғ, аз фавти он давлат, қадри падарро нашинохтам, то соҳиби писар нашудам. Ва қимати модарро надонистам, то падари духтар нагаштам.Акнун чӣ суд аз ин ҳарзахонӣ?

  То он ки дар санаи 1202/1788м./ ки шавқи хондан беқарорам кард, тазарруъи бисёр ба хидмати волидайн намудам. Бинобар зарурат, иҷозатам доданд, аммо худ ба мактабдор набурданд. Дар он наздикӣ мактабе буд, худ дар он ҷо рафтам, аз устоди мактаб талаби таълим намудам. Ҳар рӯз, ки ба мактаб мерафтам, мунтазири фурсат будам, ки кадом атфол ба иҷозати охунд ба саҳро мерафт, то аз китоби ӯ сабақе хонам. То соҳиби китоб аз ҳоҷат баргардад, чанд сабақ хонда мешуд. Ба ин дастур муддате барнаомад, ки аз бисёрии ҳамсабақон сабқат кардам». Мушаххас аст, ки арзиши тарбиявии ин гуна сатрҳо барои имрӯз ҳам то кадом андоза бузург аст! Тассаввур кардан душвор нест, ки чӣ гуна ибратбахшанд ин гуна сатрҳои муаррихи замони гузашта, онҳо худ як мактаби тарбия ва таълиманд, ки ҳоло бисёре аз мо аз камбуди шароити таълим шикоятҳо дорем, вале аз камбуди шавқу завқи худ шикояте содир намекунем. Чаро?

  Бештар аз ин Хумулӣ шавқи зиёд ба омӯзиш доштани худ ва дорои хотираи нодиру наҷиб будани худро бо тасвирҳои рангине ифода мекунад, ки тасвири Ибни Сино аз зиндагиномаи худро ба хотир меорад: «Суханеро, ки як бор шунидам, кам фаромуш кардам. Ҳар ҷо, ки зикри илми уламо мерафт, ба тинати худ маҳви он калом будам. Дар ин муддат ҳар гоҳ дар китоби форсӣ ба калимаи арабӣ дучор мешудам, орзуи фаҳмидани маънии он дар дилам хорҳо мешикаст.  Дар ин фурсат ҳар вақт ба қироати каломи Худой азза ва ҷалла, ё ҳадиси Расул, саллалоҳу алайҳи ва саллам, кор меафтод, шавқи донистани мафҳум нафас дар гулӯям мебаст, оё чӣ гуна калом, оё ин чӣ забони ширин аст, ки аз хондани он кони ҷон намакин аст. Ва кадом баён рехтан аст, аз шунидани он ақлу ҳуш рангин».

  Баъди чанд муддати дар мактаб омӯзиш дидан, Хумулӣ аз волидайн бо исрори зиёд ва ҳатто бо «сар ба саҳро задан», ки тафсилоташро дар «Таърихи Хумулӣ» мехонем, тақозо мекунад, ки ӯро ба мадраса баранд. «Билохира, аҳбобро видоъ намуда ҳазрати волидам радифи худ ба балдаи Китоб, ки зубдаи ҳавошии шаҳри Кеш буд, дар мадрасаи Холбой ишикбошии кенагас ба ғуломии мавлавии ваҳид ва алломаи фарид, воқифи мавоқифи улуми раббонӣ, аънӣ ҷаноби охунди мулло Эрназари намангонӣ, қаддаса Аллоҳу рӯҳаҳу, супурданд».

  Хумулӣ дар назди охунди мулло Эрназари намангонӣ   «Кофия»-и Ибни Ҳоҷибро тарзе азхуд мекунад, ки: «басирати комил дар он фан рӯзӣ гашта муҷиби тааҷҷуби ақрон гардид». Баъди аз дунё даргузаштани мулло Эрназари Намангонӣ дар соли 1212 /1797м. бо ризояти волидон Хумулӣ таҳти тарбияи устоди дигар аз хонаводаи бонуфузи мазҳабии минтақа – Муҳаммад Лутфуллоҳхоҷа, ки дар шаҳри Китоб мударрис будааст, қарор мегирад. Маълумоте, ки дар «Таърихи Хумулӣ» аз ҷараёни минбаъдаи зиндагии муаллифи мо дарҷ ёфтааст, аз он дарак медиҳад, ки бо ин устоди худ китобҳои илмии мутадовили замон, аз ҷумла «Ҳошияи Қутбия»-ро мавриди омӯзиш қарор додаст. Инчунин дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсили илм кардани Хумулӣ ва дар сини бистсолагӣ ба ҷараёни нақшбандия таваҷҷуҳ пайдо кардани ӯ аз нақли воқеаҳое маълум мегардад, ки ба маноқиби халифаҳои пешвои тариқати нақшбандияи замон - Мӯсохони Даҳбедӣ иртибот доранд.

  Аз воқеаҳои таърихие, ки Хумулӣ худро шоҳиди бевоситаи онҳо ба қалам медиҳад, дар ду маврид мо ӯро бо амир Шоҳмурод (солҳои ҳукмрониаш) ва як маврид бо амир Ҳайдар (солҳои ҳукмрониаш 1800-1826) мебинем. Дар мавриди аввал бо амир Шоҳмурод, Хумулӣ хислатҳои писандидаи ӯ - таҳаммулу хунсардии ӯро дар баробари таҳқире, ки аз ҷониби аҳли раият ба ӯ раво дониста мешавад, ситоиш мекунад. Қисса ба ин шарҳ аст: …Ду нафар аз уламои фуқарои нав овардагӣ, ки номи яке мавлавӣ Худойназар ва он дигаре охунди домулло Қурбони хавосӣ буданд, ҳозир гардиданд. Чун баробари он подшоҳи ғуфронҷойгоҳ истоданд, бе сабақати салом мулло Қурбони мазкур ба дуруштии тамом ба амири мазкур хитоб намуду гуфт, ки: «Эй золими мазлумозори худонотарс, гуноҳи мо чӣ буд, ки аз ватани мо ба қаҳр бароварда, ба муҳосилони ғилоз ва сипоҳиёни шидод супоридӣ, ки бисёре аз авлоди мо аз машаққати роҳ ва дар зери пои аспон ҳалок шуданд. Аёлони мо бо сару пои бераҳна афтону нолон ва амволи мо ба дасти залама тороҷ ва толон. Худҳои мо саросема ва ҳайрон ба ҳазор уқубат ба ин вилоят ба балои мусофират гирифтор шудем. Фардои қиёмат дасти мо дар домани ту, эй золим! Худро ба дурӯғ сӯфӣ ва муттақӣ ном гузоштӣ. Ва мо бечорагон ба эътиқоди тақво ва худотарсии ту эътимод намуда, ба ҷое фирор нанамудем». Ин боварнокарданист,ки чи гуна дар гузашта фуқаро дар баробари амир бо чунин ҷуръат ва тавонмандӣ суханронӣ ва дифоъ аз ҳуқуқу эҳтиром аз шахсияти худ мекунанд! Дар мавриди дуюм, Хумулӣ «дарси» аз амир Шоҳмурод гирифтаашро дар овони ҷавонӣ, ки бе тааммул ба баҳси уламо шарик шуда густохӣ аз худ нишон додаст, нишон медиҳад:

 «Чун ин банда ин густохӣ намуд, /амир/ ба маломат савол намуд, ки ин сухани мавлавӣ /Ҷомӣ/ дар кадом китоб аст?  Арз намудам, ки дар «Нафаҳоту-л-унс». Фармуд, ки ту он китоб дорӣ? Арз кардам, оре! Ба таваҷҷуҳи тамом сӯи ман  нигариста, ин иборатро адо намуд, ки амри мо ба ту воҷиб аст. Бояд, ки ба гӯши ҳуш шунида ба мазмуни он амал намоӣ! Чун ба мадраса равӣ, он китобро шуста, дигар ба он нусха назар насозӣ, ки хайрияти ту дар ин аст. Ҳоло истеъдоди мутолиаи амсоли ин китоб дар ҳаққи ту мафқуд аст. Мақсуди он ҷамоаро фаҳмиданат маҳол, зинҳор ба сад зинҳор, ба ин китобҳо назар масоз, ки ба хусрони абадӣ дармемонӣ! Ва инчунин ба зиёрати қубури бузургон нарав, ки туро истеъдоди файз гирифтан аз асҳоби қубур нест!». Воқеаи марбут ба замони амир Ҳайдар, ки Хумулӣ шоҳиди он будааст, дар қалъаи Қаротеппа саркӯб гардидани «қавми ануд»-и кенагас бо мадади «саворони ғайбӣ» мебошад.

  Дар зиндагиномаи Хумулӣ мавқеи калон ишғол намудани устоди дуввуми ӯ - Муҳаммад Лутфуллоҳхоҷа ба хубӣ мушоҳида карда мешавад.  Чунонки ҷараёни минбаъдаи воқеаҳо нишон медиҳанд, муносибати самимонаи устоду шогирд на танҳо дар замони зиндагии онон, балки солиёни дароз баъди даргузашташон аз дунё низ идома меёбад. Хумулӣ айёми донишандӯзии худро дар назди Муҳаммад Лутфуллоҳхоҷа бо камоли ихлос чунин баён мекунад: «Ин ҳама аз баракати фуюзи он Хизри роҳи дин нақди авқоти ин хӯшачини мазраи яқин буд. Агар аз ҳар сари мӯе забоне атоям кунанд, аз уҳдаи шукри эҳсонашон барнаметавонам омадан. Аммо ин камина низ аз вуфури иродат, ки доштам, ҳарчанд фарзандворам менавохтанд, ғуломосо хидмати онро ба ҷону дил ба ҷо меовардам. Тамомии хидмат дар хонаро ба шавқи тамом омода медоштам. Остонрӯбӣ  ва соисӣ ва фаррошӣ ҳама аз ман буд. Гоҳо хитоб бар ман намуда ин байтро ба забони ғайбтарҷумон меоварданд, ки байт:

Хидмат туро ба кунгураи кибриё кашад,

 Ин сақфгоҳро беҳ аз ин нардбон махоҳ. 

 Ҳазрати устод ба он ду мансаби хатир /тадриси мадрасаи Тиллокорӣ ва ифтои Самарқанд/ мансуб буда, ҳалли ишколи талабаи дин ва исъофи ҳоҷоти оммаи муслимин менамудаанд. Дар камоли вараъ ва ниҳояти тақво зиндагонӣ мефармуданд. Бо камоли хузуъ ва хушуъ буда, аз хушомадии ҳукком ва аз мудоҳанати соири аном эҳтирози тамом доштанд. Дар  ҳасбати авомир ва навоҳӣ сулб буданд ва дар изҳори ҳақ адил надоштанд. Калимаи «ал-ҳаққу насиҳат»-ро бар ҳукком ва қузот ва умарову вулот бе хавфу ҳарос ба ҷо меоварданд. Дар мунозара бо уламо ва муҷодала бо фузало бар амсолу ақрон дар ҳуҷҷату бурҳон аксар ғолиб буданд. Ва дар дафъи мункар ҳарчанд муртакиби он ҳокими зоҳир ё қозии қоҳир будӣ, бемуҳобо мекӯшиданд».

 Хумулӣ ба алоқамандие, ки бо устоди худ ва хонаводааш доштааст, дар бораи шаҷараи авлодии онҳо маълумоти муфассале манзури хонандагонаш мекунад. Аз ҷумла, бо ин хонавода хешовандӣ карда, ду духтари худро дар никоҳи бародарзодаи устодаш даровардани Хумулӣ гувоҳи ин суханҳо мебошад.

 Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаёти Хумулӣ фоҷеаҳои зиёде рух додаанд, ки ба фавти бемаҳали фарзандонаш овардаанд, аз нуҳ фарзанде, ки ба дунё овардааст, шаш нафар, ду духтари ёдоваригардида ва чаҳор писар, ҳангоми зиндагонии ӯ аз дунё гузаштаанд. Хумулиро тарзе ки маълум аст, баъзе  манбаъҳо «қозӣ Ҷумъақулии Хумулӣ» гуфта ёдоварӣ намудаанд. Вале худи ӯ танҳо дар як маврид ишора дорад, ки: «ин бандаи муқассир дар он вақт ба ҳукми қадар қазои он вилоят/Ургут/ро мутақаллид будам».

 Таърихи вафоти Хумулӣ дақиқ маълум нест, аммо он тақрибан баъди соли 1263/ 1845 м. иттифоқ афтодааст, зеро дар хотимаи «Таърихи Хумулӣ» ишорае ҳаст, ки:   «Дар санаи 1263 як ҳазору дусаду шасту се, вақте ки соли умри ин бебизоат Ҷумъақулии Хумулӣ ба ҳафтоду се расида, ба меҳрубонии Эзидӣ ба бемории истисқои лаҳмӣ мубтало гардида, ахир ин беморӣ  ба нотавонию дарҷомондагӣ оид шуданӣ, он ҷумла баъди як солу ҳашт моҳ ба тахфифе ҳосил гардида, ҳанӯз сиҳҳати комил наёфта буд». Дар «ҷаридаи олам» сабт ёфтани номи Хумулӣ ба асари таърихии ӯ, ки устод Айнӣ аз он «Таърихи Ҷумъақулии Хумулӣ» ёдоварӣ кардааст, марбут мебошад.

  Дар «Таърихи Хумулӣ» воқеаҳое инъикос ёфтаанд, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон тақрибан аз миёнаҳои асри XVIII (дақиқтар агар гӯем, ба Мовароуннаҳр лашкар кашидани Нодиршоҳ (шоҳи Форс) дар соли 1740) то ибтидои ба сари ҳокимият омадани чаҳорумин амири манғитӣ – амир Ҳайдар ҷараён доштанд. Бештарин саҳифаҳои ин таърихнома ба давраи ҳукмронии амир Шоҳмурод бахшида шуда, лашкаркашӣ ва «кишваркушоиҳои» ӯ ва натиҷаҳои фоҷеабори ҳуҷумҳои лашкари «зафарасар»-ро бо тасвирҳои зиндае пеши назари хонанда ҷилвагар месозад. Аз навиштаҳои Хомулӣ усули таърихнигории интиқодӣ ва таҳлилиро метавон омӯхт ва истифода кард.

  Ин асари Хумулӣ дар доираҳои илмӣ то кунун дар се нусха маълум аст, ки ҳар кадоме аз ин се нусха дорои хусусиятҳои худ мебошад. Аввал бояд аз нусхае ёдовар шавем, ки дар Душанбе маҳфуз буда, сабаби мавзӯи таҳқиқ қарор гирифтани Хумулӣ ва мероси ӯ дар ин мақола гаштааст. Ин нусхаи асари Хумулӣ таҳти рақами 94 дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад ва дар феҳристи нусхаҳо ҳамчун «Тарҷумаи ҳоли қозӣ Ҷумъақулии Хумулӣ» сабт гардидааст.[22]

  Нусхаи дигар - дастнависи асари Хумулӣ аст, ки бинобар маълумоти ноширони матни интиқодии «Таърихи Хумулӣ», дар китобхонаи шахсии сокини қишлоқи Мерганчаи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз буда, ба қалами яке аз бародарзодагони Муҳаммад Лутфуллоҳхоҷа - устоди  Хумулӣ, китобат шудааст.[23] Ин нусха шомили тамоми қисмати нусхаи Душанбе, инчунин таърихи амирони манғития то ба сари ҳокимият омадани амир Ҳайдар мебошад. Ва ниҳоят нусхаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.[24]  Нусхаи мазкур  мукаммалтарин дастнависи «Таърихи Хумулӣ» аст, ки ба ғайр аз он чи дар нусхаҳои Душанбе ва Самарқанд сабт ёфтааст, рисолаеро бо зикри маноқиби халифаҳои тариқаи нақшбандияи Мӯсохонхоҷаи Даҳбедӣ, дар бар гирифтааст, ки барои муҳаққиқони таърихи афкори диниву фалсафӣ ва ирфонии тоҷикон хеле  муфид хоҳад буд.  Бояд тазаккур дод, ки рисолаи мазкур, ки ба «Таърихи амирони манғития»-и нусхаи Тошканд мулҳақ гардидааст, дар маҷмӯаи дигаре аз нусхаҳои хаттии ба маноқиби пайравони тариқаи нақшбандия бахшидашуда низ дохил гардида,  зимни сарчашмаҳои истифодашуда дар таҳқиқи таърихи тариқаи нақшбандияи муҷаддидия зикр ёфтааст.[25]

  Аз Хумулӣ «Девони ашъор» низ ба мерос мондааст, ки шеърҳои ба форсӣ-тоҷикӣ ва туркии мовароуннаҳрӣ иншонамудаи ӯро дар бар мегирад. То ба ҳол се нусха аз ин девон ба доираҳои илмӣ маълум гаштааст, ки як нусхаи он дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошад,[26] ки интизори муҳаққиқони адабиёту забони форсиву тоҷикӣ ва Анҷумани байналмиллии Забони форсӣ мебошанд.

  Метавон чунин хулоса намуд, ки Хумулӣ дар эҷоди таърихномаҳои манзум қобилияти хуб доштааст, ба қалами ӯ таърихи воқеаҳои гуногун ба риштаи назм кашида шуда, дар шакли маҷмӯае бо номи «Манзумоти таърихия» фароҳам оварда шудаанд. Шояд ба ҳамин манзур бошад Ҳашмат дар тазкираи худ Хумулиро «таворихшинос»  гуфта муаррифӣ менамояд. Ба ғайр аз ин аз Хумулӣ маснавии «Шоҳу гадо» ба мерос мондааст, ки воқеаҳои таърихии замони амир Насруллоҳ, дақиқтар гӯем, лашкаркашии ӯ ба хонигарии Қӯқанд дар мухолифат бо Муҳаммадалихонро ба тасвир кашидааст. Ин маснавӣ дар оғози «Девони ашъор»-и Хумулӣ, ки дар Душанбе маҳфуз аст, оварда шудааст.

  Бояд қайд кард, ки аксари асарҳои манзуми Хумулӣ ба забони форсии тоҷикӣ ва дар пайравӣ аз шоирони номдори форсизабон иншо шудаанд. Шеърҳои Хумулӣ бо равонӣ ва сабки бадеии худ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ аз салиқаву завқи шоирона бархӯрдор будааст. Порчаҳои шеърӣ дар «Таърихи Хумулӣ» низ ба муносибатҳои гуногун фаровон истифода гардида, ин асари таърихиро ҳамчун як намунаи мероси фарҳангии гузаштагони дар муҳити шеъру шоирии забони форсии тоҷикӣ парваришёфтаи мо ҷилвагар месозад. Вале бояд қайд кард, ки арзёбии маҳорати шоирии Хумулӣ ва баҳо додан ба ашъори офаридааш, бавежа «Девони ашъор»-и ӯ, мавзӯест, ки муҳаққиқони худро интизор мебошад. Чаро муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик дар ин масъала хомӯшанд, масъалаи дигар аст, ки бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад.

 

Аҳмад  Ҳоҷизода

Ходими илмии Маркази синошиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

 ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019.

[2] Ҳамон манбаъ.

[3] Стори Ч.А. Персидская литература. Био-библиографический обзор. В трех частях. Перевел с английского, переработал и дополнил Ю.Э. Брегель. Часть 1, стр. 7.

[4] Мақолаи Усмон Назиров дар Энциклопедияи советии тоҷик, ҷ 8, с. 38; Ҳодизода Р., Каримов У., Саъдиев С. Адабиёти тоҷик Асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX. Душанбе, 1988, с. 242.

[5] Садриддин Айнӣ. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Куллиёт, ҷ. 10. Душанбе, 1966, с. 14, 22, 190.

[6] Мухторов А. История Ура-тюбе (конец XV начало XXвв). (Второе дополненное издание), Душанбе, 1999, 286 с, саҳифаҳои 69, 71, 72, 79 ; Мухторов А. Ҳисор: очерки таърихӣ (охири асри XV авали асри XX). Душанбе, 1995, 304с, саҳифаҳои 104-106.

[7] Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Том II. Ташкент, 1954; том III. Ташкент, 1955;  Собрание восточных рукописей Академии наук Республики Узбекистан. История/Составители: Д. Юсупова, Р. Джалилова. Ташкент, 1998; Каталог восточных рукописей. Том I. Сталинабад, 1960; Каталог восточных рукописей. Том IV. Душанбе, 1970.

[8] Ўзбек адабиёт тарихи XVIII асрнинг охири –XIX асрнинг биринчи ярми, т. IV. Тошкент 1978.

[9] Абдуллаев И., Ҳикматуллаев Ҳ. Самарқандлик олимлар. Тошкент, 1969, 104с, саҳифаҳои 92-93; Абдураҳмонов  А. Хумулий Ургутий ва унин ижоди мероси. Диссертация. Самарқанд, 1972; Асрлар нидоси. Октябрь революциягача булган давр ўзбек адабиётидан намуналар. Тошкент, 1982. Хумулий. Оши ҳалол қайда? Танлаган ғазаллар. Самарқанд, 1993.

[10] Бабаджанов Б. Политическая деятельность суфийских шайхов Накшбандиййа в Мавераннахре.// Диссертация на соискание ученой степени к.и.н. Ташкент 1996;

Bobodzanov Baxtiyor. “On the history of the Naqshbandiya mugaddidiya in central Mawara’ annahr in the late 18th and early 19th centuries”// Muslim culture in Russia and Central Asia from the18th  to the early 20th centuries|t.1| C. 385-413; Юлдашходжаев Х. Мусохон Даҳбедийнинг Нақшбандия-мужаддадия тариқати ривожида тутган ўрни (XVIII аср). Диссертация на соискание ученой степени к.и.н., Тошкент, 2008.

[11] Мулло Ҷумъақулӣ Хумулӣ ибни Сўфимуҳаммад ас-Самарқандӣ аш-Шавдорӣ ал-Ургутӣ. Таърихи Хумулӣ (матни илмӣ-интиқодӣ). Тасҳеҳи Ғулом Каримӣ ва Ирода Қайюмова, зери назари Ҳайдархон Юлдошхоҷа. Самарқанд-Тошканд, 2013. 236с. Ин ҷо муносиб медонам, ки ба донишмандони муҳтарам аз Олмон - ҷаноби Волфган Освалд ва аз шаҳри Берн (Шветсария) - профессор-хонум Анке фон Кюгелген – муҳаққиқони варзидаи таърихи Осиёи Миёна, барои тавсия ва ҳамкорӣ, ки дастрасӣ ба нусхаи электронии ин китобро бароям муяссар сохтанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намоям /А.Ҳ/.

[12] Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ. Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб. Бо муқаддима, таҳия ва тавзеҳоти Ҷўрабек Назрӣ. Душанбе, «Дониш», 2020, 286с, с. 85.

[13] Мулло Ҷумъақулӣ Хумулӣ ибни Сўфимуҳаммад ас-Самарқандӣ аш-Шавдорӣ ал-Ургутӣ. Таърихи Хумулӣ (матни илмӣ-интиқодӣ), муқаддима. С.1

[14] Ҳамон ҷо.

[15] Hofman, Turkish literature, Section III. Utrecht 1969. Part I, p. 247-249.

[16] Кюгельген А. ф. Легитимация среднеазиатской династии Мангитов в произведениях их историков (XVIII –XIXвв.). Алматы, 2004,516с. Бояд тазаккур дод, ки ба 9 муаррихе, ки ин муҳаққиқ дар мавзўи таҳқиқоти худ осорашонро мавриди баррасӣ қарор додаст, Аҳмад Махдуми Дониш ва устод Садриддин Айнӣ низ шомил ҳастанд. /А.Ҳ./

[17]Кюгельген А. ф. Легитимация среднеазиатской династии Мангитов в произведениях их историков (XVIII –XIX вв.). Алматы, 2004, с.158-167.

[18] On the history of the Naqshbandiya mugaddidiya in central Mawara’ annahr in the late 18th and early 19th centuries”// Muslim culture in Russia and Central Asia from the18th  to the early 20th centuries.   T.1. pp. 387-388.

[19] Муҳаққиқон Б. Бобоҷонов ва профессор Анке фон Кюгелген  «Тағой»-ро «Нуғой» хондаанд. Ниг.: On the history…  p. 387; Кюгельген А. ф. Легитимация…,с.158.

[20] Хумулӣ «Муғиюн» гуфта Моғиёни ноҳияи Панҷакенти имрўзаи моро дар назар дорад ва дар «Таърихи Хумулӣ» ба таъкид қайд мекунад, ки «ҳоло ба ағлоти омма Муғиюнро Моғиён ва аҳлашро моғиёнӣ мехонанд».

[21] Дар ин ҷо ва минбаъд порчаҳои тарҷумаиҳолии Хумулиро мо аз рўи нусхаи № 294, ки дар Маркази мероси хатии Академияи миллии Тоҷикистон маҳфуз  аст, меорем.

[22] Каталог восточных рукописей. Том I. Сталинабад, 1960, стр 188.

[23] Мулло Ҷумъақулӣ Хумулӣ ибни Сўфимуҳаммад ас-Самарқандӣ аш-Шавдорӣ ал-Ургутӣ. Таърихи Хумулӣ (матни илмӣ-интиқодӣ). Тасҳеҳи Ғулом Каримӣ ва Ирода Қайюмова, зери назари Ҳайдархон Юлдошхоҷа. Самарқанд-Тошканд, 2013. Муқаддима, с. 10.

[24] Инв. № 37/VI ( Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Том  III. Ташкент, 1955, стр.405).

[25] On the history of the Naqshbandiya mugaddidiya in central Mawara’ annahr in the late 18th and early 19th centuries”// Muslim culture in Russia and Central Asia from the18th  to the early 20th centuries.   T.1. pp. 387-388

[26] Инв.№ 1055. (Каталог восточных рукописей. Том IV. Душанбе, 1970, с.130-131.)

Хондан 1904 маротиба