JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Июли 2020 05:57

Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ дар низоми геополитикии муосир

Муаллиф: Юсупов Ғайрат Маъруфҷонович

    Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароиро мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки паҳлӯҳои гуногуни ин масъаларо шарҳу баён намояд. Ба андешаи муаллиф, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ хусусияти табиӣ дошта аз давлату миллатҳо ва одамон вобастагӣ надорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кишвару миллатҳо таъсири худро расонида метавонад ва ин падида имрӯз бояд боиси таҳлилу таҳқиқи ҷиддӣ қарор ёбад.

    Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар низоми сиёсию геополитикии дунё дигаргуниҳои назаррас ба миён омад. Дар илмҳои сиёсӣ мафҳумҳои нав ба монанди “ҷаҳонишавӣ”, “геополитика” ва “минтақагароӣ” пайдо шуданд. Олимон ва таҳқиқотчиён мафҳуми "ҷаҳонишавӣ" ва "минтақагароӣ"-ро дар шаклҳои гуногун баён намуданд. Тибқи андешаи сиёсатшиносони тоҷик «дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ шабакаҳои иттилоотӣ, андешаҳо, арзишҳо, сармояҳо, молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, намунаҳои рафтор ва шаклҳои гуногуни ҷаҳонбинӣ бидуни ягон монеа дар низоми ягонаи ҷаҳонӣ омезиш ёфта, фаъолияти одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муносибати мутақобилаи миёни онҳоро тағйир медиҳад». [1; с.393]    Бояд зикр кард, ки сатҳи инкишофи давлатҳо ва минтақаҳо ба ташаккулу рушди равандҳои умумисайёравӣ таъсир мебахшанд. Дар кишварҳои мухталифи олам самти инкишофи стратегиро, асосан равандҳои трансформатсионӣ, информатсионӣ ва модернизатсионӣ ташкил менамоянд.  Қариб дар ҳар макон маъно ва моҳияти онҳоро аз як ҳолат ба ҳолати сифатан нав омадани ҷомеа, муносибати байни одамон ва ҷомеаи сиёсӣ, ташхиси самти стратегии инкишоф ва сатҳи воқеигардонии онҳо ташкил менамоянд.

    Гузашта аз ин, муҳаққиқи шинохта Иноземтсев В.Л. иброз дорад, ки ҷаҳонишавӣ ҳамчун «ҷараёни воқеӣ, ки аз ҷониби одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ҳатто халқиятҳои том кам вобастагӣ дошта, фаҳмида мешавад».[2; с.5] Ба андешаи муаллиф, ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳозираи иҷтимоиро фаро гирифта, таъсири худро ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, амсоли соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, экологӣ ва ғайра мерасонад. 

   Муаллифи дигар Стиглитс Ҷ. ҷаҳонишавиро ҳамчун бартараф намудани монеаҳо дар роҳи савдои озод ва якҷояшавии зичии иқтисодҳои миллӣ мефаҳмад. [3;] Маврид ба зикр аст, ки дар дигар ҷой онро ҳамчун бартарии ҷаҳонии қоидаву қонунҳои бозори иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки фазои иқтисодию иттилоотиро ташкил медиҳанд фаҳмида мешавад. Ҷаҳонишавӣ марҳилаи рушду такомули сифатан нав дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

    Дар баробари паҳншавии ҷаҳонишавӣ дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар сартосари дунё ҷараёни минтақагароӣ низ афзуда истодааст. Дар адабиёти илмӣ мафҳуми ягонаи ин падида мушоҳида намешавад. Баъзе аз олимону таҳқиқотчиён минтақагароиро ҳамчун “шакли ҳамгироикунонии байнидавлатӣ дар ҷавоб ба афзоиши муборизаи рақобатпазир ва нобаробарии рушди иқтисодии давлатҳо ва минтақаҳо” [4;с.79]  мебинанд. Дигарон бошанд, дар он ақидаанд, ки “минтақагароии иқтисоди ҷаҳонӣ ин ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ дар миқёси хурд – дар сатҳи минтақавӣ мебошад, гурӯҳи муайяни давлатҳои соҳибистиқлолро фаро мегирад, ки ҷомеаи ҳамгироишударо ташаккул медиҳанд”. [5;с.79] Баъзе аз олимон дар он ақидаанд, ки “минтақагароӣ – давраи байнифосилавии ҷаҳонишавӣ аст ва он ҳамчун ҷараёни мухолиф ва гуногунсамти якҷояшавӣ ифода меёбад”. [6;с.43,84]  

    Дар замони муосир минтақагароӣ ва ҷаҳонишавӣ ҳамчун ду ҷараёни тезҳаракат рушд ёфта истодаанд ва ба якдигар таъсири мутақобила доранд. Ҷаҳонишавӣ афзоиши алоқаҳои мутақобиларо байни қисматҳои гуногуни дунё дар назар дорад ва он на танҳо ба воситаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ, балки ба воситаи минтақакунонӣ низ ба даст оварда мешавад. Ва ҷараёни минтақагароӣ метавонад ҳамчун воситаи нигоҳ доштани ҳувияти минтақавӣ дар шароитҳои ҷаҳонишавӣ баррасӣ шавад. Ба андешаи мо, фарқият байни ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ танҳо дар миқёси фаъолияти онҳо ба назар мерасад. Ҷаҳонишавиро метавон дар натиҷаи фаъолияти мутақобилаи минтақаҳо ба даст овард. Ворид шудани минтақаҳои хурди миллӣ ба саҳнаи байналмилалӣ, паҳншавии фаъолияти онҳо берун аз сарҳадҳои миллии онҳо ин натиҷаҳои ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ, афзоиши вобастагӣ ва таъсири мутақобила мебошанд, ки дар сартосари ҷаҳон ба амал омада истодаанд.

  Муаллифи дигар Зокиров Г.Н. қайд менамояд, ки “глобалистҳо давлатҳои оламро ба ҳафт минтақаи асосӣ ҷудо менамоянд. Интегратсияи дохилӣ асоси рушди онҳоро ташкил медиҳад. Минтақагароиро ибтидои федератсияи ҷаҳонӣ меноманд”. Муаллиф иброз медорад, ки глобалистҳо бар андешае мебошанд, ки агар олам ягона бошад, пас бояд тарҳи умумиро дарёфт намудан лозим аст ва онҳо онро ҳамчун низоми глобалӣ тавсиф менамоянд. Баъдтар муаллиф қайд мекунад, ки дар ҳама минтақаҳо равандҳои ҳамгироикунонӣ рушд ёфта истодаанд. Ин равандҳо халқу давлатҳои гуногунро ба якдигар пайваст карда, аз якдигар вобаста мегардонанд. Консепсияҳои асосии тарҳи ислоҳоти низоми олам ин “Ҳудудҳои инкишоф”-и Д. Медоуз ва “Динамикаи ҷаҳонӣ”-и Д. Форестер ба ҳисоб мераванд. [7;с.134-136]

  Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳонишавӣ ба таври дигар хусусияти дуҷониба дорад ва ба як давлати муайяне табдил ёфтааст, ки аз дигар давлатҳо бо надоштани сарҳади муайян фарқ мекунад. Ҷаҳонишавӣ метавонад ба ҳудуд ва соҳибихтиёрии кишварҳои дунё таъсир расонад ва ё онҳоро ба худ тобеъ кунонад. Ҷаҳонишавӣ раванди воқеӣ буда, бо рушди воситаҳои алоқавӣ ва технологияи навини иттилоотӣ алоқаманд аст. Он ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа: сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғ. таъсир мерасонад. Омӯзиш ва баррасии адабиёти гуногун нишон медиҳанд, ки ба пайдоиши равандҳои ҷаҳонишавӣ омилҳои зерин мусоидат менамоянд:

- вобастагии кишварҳои рӯ ба инкишоф аз давлатҳои абарқудрати иқтисодаш  пешрафта;

- пайдоиши созмонҳои байналмилалӣ ва паҳншавии таъсиру фаъолияти онҳо дар тамоми арсаи ҷаҳонӣ;

- фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми коммунистии ҷаҳонӣ;

- паҳншавии забонҳои гуногуни байналмилалӣ;

- омилҳои иқтисодӣ, ба монанди афзоиши ҳаҷми содирот ва воридоти молу маҳсулот;

- пешрафти илму техника, иттилооту реклама, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ;

- рушди сайёҳӣ;

- гузариш аз иқтисоди нақшавии давлатӣ ба шакли нави бозорӣ ва ғ.

  Маврид ба зикр аст, ки олимону таҳқиқотчиён ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам ҷиҳатҳои манфии таъсири ҷаҳонишавӣ ва минтақагароиро дар корҳои илмии худ баррасӣ менамоянд, ки ин хусусияти мухолифиро пайдо мекунад, зеро, ба ақидаи мо, ҷаҳонишавӣ агар ба манфиатҳои миллии давлатҳо таъсири манфии худро расонад, минтақагароӣ, баръакс, метавонад ба он таъсири мусбӣ расонад. Масалан, яке аз шаклҳои минтақакунонии давлатҳо ин Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки он тамоми давлатҳои ғарбии Аврупо ва баъзе аз қисмати шарқии онро ба ҳам пайваст кардааст. Дар натиҷаи ин интегратсия миёни ин давлатҳо сарҳадҳо шикаста шуданд, дар Аврупо низоми ягонаи гумрук ва ҳаракати бемонеаи шаҳрвандони он ворид карда шудааст. Ҳар як шаҳрванд метавонад бемонеа берун аз кишвари худ ҳаракату фаъолият кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, агар дар дигар кишвар ҷойи кор ёбад, метавонад бе ягон гирифтани виза ба он давлат сафар карда, он ҷо кору фаъолият намояд. Дар натиҷаи якҷояшавии халқу миллатҳои Аврупо омезиши фарҳангу маданияти халқу миллатҳо, ворид намудани технологияҳои муосир ба кишварҳои камтар тараққикарда, таъмин намудани амнияти ҳар як кишвари Иттиҳоди Аврупо, таъмин намудан бо ҷойҳои кории холӣ, ворид намудани воҳиди ягонаи пулии "евро" ва ғ. ба назар мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки минтақакунонӣ дар баъзе аз гӯшаҳои дунё аз манфиат холӣ нест. Ин ба манфиатҳои миллии давлатҳо таъсири манфӣ расонида наметавонад. Дар дилхоҳ маврид, ин давлатҳо ҳуқуқ доранд, ки аз Иттиҳод бароянд.

  Минтақагароӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ муфид аст. Ташкил намудани чунин созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ва дар оянда Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё (ЕВРАЗЕС) барои ҳамаи иштирокчиёни он паҳлӯҳои зиёди мусбӣ дорад. Дар натиҷаи ҳамгироикунонӣ метавон иқтисоди ин давлатҳоро баланд бардошт, иқтисоди он кишварҳое, ки ба ин созмонҳо дохиланд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда ё рӯ ба инкишоф ҳисоб мешаванд метавон баланд бардошт ва ё онро ба сатҳи ҷаҳонӣ овард. Метавон бо ёрии он кишварҳое, ки абарқудрат ба ҳисоб мераванд (Русия, Чин, Ҳиндустон ва Эрон), узви ин созмонҳо ҳастанд ва ё қисман шомиланд, иқтисоди дигар давлатҳои иштирокчиёни ин иттиҳодҳоро баланд бардошт, сатҳи некӯаҳволии мардумони ин минтақаҳоро хубтар кард. Аз дигар тараф дар якҷоягӣ метавон бо дилхоҳ қувваҳои беруна, экстремизм ва терроризм муборизаи беамон бурд ва истодагарӣ кард. 

  Белашов И. се вазъи геополитикии дунёи ояндаро пешбинӣ кардааст. Якум, ин қудрати ҷаҳонӣ доштани ИМА, ки даҳсолаҳои оянда дар сартосари дунё сиёсати худро паҳн кардан мегирад. Дуюм, ин пайдо шудани рақибони ИМА, ба монанди Чин ва Иттиҳоди Аврупо, ки дунёро ба бисёрқутбӣ оварда мерасонад. Сеюм, ин дунёи гуногунсатҳа ва бисёрқутбӣ, ки дар он Чин, Олмон, Русия ва Ҳиндустон метавонанд ҳамчун қудратҳои минтақавӣ баромад кунанд. [8;с.42-66] Умуман муаллиф оиди масъалаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ дар шароитҳои кунунии рушди сиёсии дунёи ҳозира фикру андешаҳои ҷолибро пешкаши хонанда намудааст.

  Ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ дар ҷаҳорчӯбаи низоми геополитикии муосир равандҳои табиӣ буда, аз давлатҳо, миллатҳо ва одамон вобастагӣ надорад. Заминаи пайдоиши ин равандҳо ин пош хӯрдани низомҳои пешинаи коммунистӣ, бӯҳрони иқтисодию сиёсӣ, ивазшавии иқлим дар сайёраи Замин ва ғайра мебошанд. Бояд зикр кард, ки ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ заминаи вобастагии иқтисодию сиёсии мутақобилаи давлатҳо аз якдигарро дорад. Ҳамчунин, ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ хусусияти дуҷониба ва мухолиф дорад: аз як тараф он ба кишварҳо ва халқиятҳо метавонад таъсири мусбӣ расонад ва аз тарафи дигар бошад, таъсири манфӣ. Он ба фарҳанг, иқтисодиёт, анъанаҳои миллӣ, забон ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа таъсиргузор аст.

  Ба андешаи мо, ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ тамоюлҳои асосии геополитикии замони муосир мебошанд, ки ба ташаккулёбии сиёсати берунаи давлатҳо дар сатҳи минтақавӣ таъсири худро мерасонанд ва онҳо омилҳои асосии ворид шудани давлатҳо ва минтақаҳо ба саҳнаи фаъолияти байналмилалӣ маҳсуб мегарданд.

 

 Юсупов Ғайрат Маъруфҷонович

                                 аспиранти соли сеюми Институти фалсафа,  

                               сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи

                                       А. Баҳоваддинови АМИТ 

 

Адабиёт:

  1. А.Н. Муҳаммад, М.У. Хидирзода, Х.Қ. Сафарализода - "Сиёсатшиносӣ" Душанбе: Паёми ошно,2018 саҳ.393.
  2. Иноземцев В.Л. Мифы политиков и реализм экономиста: предисл.//Бхагвати Дж. В защиту глобализации. М., 2005, стр.5.
  3. Joseph E. Stiglitz. Globalization and its discontents. –New York-London: W.W. Norton&Company, 2002.
  4. Дендак Г.М. Регионализация в условиях глобализации мировой экономики. – Курск, 2011, стр.16, 79.
  5. Регионализация мировой экономики/Под ред. Ф.Р. Миришли. –М., Известия, 2014, стр.79.
  6. Асаул А.Н., Джаман М.А., Пасяда Н.И., Шуканов П.В. Глобализация и регионализация мира. – СПб.: Издательство СПбГАСУ, 2010, стр.43,84.
  7. Зокиров Гулмаҳмад. Давлат. Қ.1. Монографияи илмӣ. Душанбе, Истеъдод, 2012, саҳ. 134-136.
  8. Белашов И.И. Геополитические интересы в структуре современного политического процесса: дисс. кпн: Ставрополь, 2004, стр. 42-65.

 

Хондан 1414 маротиба