JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Августи 2020 12:44

Пешвои ман, Президенти ман, Интихоби ман!

Муаллиф: Рустам Ҳайдаров

  Тоҷикистони азизи мо дар арафаи руйдоди муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Тоҷикистон қарор дорад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии ҶТ  “Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи навбатӣ рузи 11 октябри 2020 баргузор хоҳад гардид. Дар давоми 29 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин интихоботи панҷуми Президенти кишвар хоҳад буд, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад. Дар солҳои сипаришуда ҳамватанони мо таҳти сарварии Пешвои миллат бо заҳмати шабонарузии худ  Истиқлоли Ватанро таҳким дода, мақоми ҷумҳуриамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Дар эъмор ва таҳкими аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон нақши калидӣ бешубҳа ба Роҳбари мамлакати мо тааллуқ дорад. Дар 29 соли даврони Истиқлол миллати тоҷик ҳам лаҳзаҳои мудҳиш ва ҳам руйдодҳои  фараҳбахшро паси сар кард. Ҳам дар ғаму ҳам дар шодии миллат Роҳбари давлат дар паҳлуи ҳамватанони худ дар Тоҷикистон буданд. Дар лаҳзае, ки бархе аз ҳамватанони динзада ва мутаассиб аз маҳфуз доштани давлати миллӣ даст кашида, ба эъмори давлати исломӣ иқдом намуданд, Пешвои миллат ҷабҳаи посдорони истиқлоли давлатии тоҷиконро сарварӣ карданд ва бар зидди душманони миллати тоҷик муборизаи беамон бурданд.

  Мо имрӯз вобаста ба қаҳрамонии Роҳбари ҷумҳуриамон баҳри ҳифз ва таҳкими давлати миллии тоҷикон, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Пешвои муаззами мо рамзи олии Тоҷикият аст. Тоҷикона зистан, тоҷикӣ фикр кардан, тоҷиквор дӯст доштани Ватанро мо бояд аз Сарвари миллати худ омузем. Вақте сухан дар бораи муқаддасоте мисли Ватан ва Модар меравад, роҳбари кишвари мо дар бораи ин 2 арзиши волои ҳар 1 тоҷики баномус бо самимияти хос ва таъсирбахш сухан мекунад. Ватанро ҳамчун Модар дӯстдоштану Модарро ҳамчун  Ватан иззату эҳтиром кардан-ин аст тоҷиквор дӯстдоштани кишвар, ки мо намунаи онро дар фаъолият ва зиндагии пурфайзи роҳбари давлатамон мушоҳида мекунем.

Мактаби Давлатдории Эмомалӣ Раҳмон

  Пешвои миллат, дар давоми ҳаёти пурбаракати худ тавонистанд на танҳо давлати миллии тоҷиконро идора ва обод кунанд, балки фарзандони меҳнатдусту ватанпарвар, фарҳангёру илмпарастро тарбия намоянд, ки онҳо имрӯз дар  муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баҳри рушди Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ яке аз намунаҳои барҷастаи мактаби давлатдории Роҳбари давлат мебошанд. Бо кушиши пайвастаи худ Раиси ш.Душанбе, симои пойтахти Тоҷикистонро куллан тағйир дода, дар он ботадриҷ  инфрасохтори замонавӣ бунёд карда истодааст. Дар атрофи Раиси ш.Душанбе имрӯз ҷавонони болаёқату ватанпараст муттаҳид гашта, баҳри рушди пойтахти Ватан саҳми арзанда гузошта истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун Сарвари насли ҷавони сиёсатмадорон, соҳибкорон ва умуман мутахассисон фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Бешубҳа ӯ ин хусусиятҳои сарвариро аз Роҳбари Тоҷикистон омӯхта ва мерос ҳам гирифтааст. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Тоҷикмеҳварӣ ва динзадагӣ

  Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки бо омадани сиёсатмадори боғайрату ватанпараст  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба арсаи сиёсии Тоҷикистон, анъанаи дар асосҳои принсипи тоҷикмеҳварӣ амалӣ сохтани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар идома  хоҳад ёфт. Ҳар тоҷике, хоҳ дар дохили кишвар аст, хоҳ дар хориҷи он қарор дорад, бояд андешаи тоҷикмеҳвар дошта бошад. Пешвои миллат бунёдгари принсипи тоҷикмеҳварӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон аст. Имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ- матбуоту санъат, илму фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, амнияти миллӣ дар асоси принсипи тоҷикмеҳварӣ (таджикоцентризм) фаъолият доранд. Риояи ин принсип барои наслҳои имрӯза ва ояндаи тоҷикон имконият медиҳад, ки Истиқлоли кишвар  ва манфиатҳои миллии худро дар дилхоҳ давру замон ҳифз  намояд. Сухан на танҳо дар бораи солҳои наздик меравад, балки мо тоҷикон бояд ояндаи дури худро ба нақша гирем. Дар 25 ё 50 соли оянда, мо худро ва кишварамонро дар куҷо, дар кадом мақом ва дар кадом сатҳ мебинем? Тоҷике, ки андешаи тоҷикмеҳвар дорад, кӯшиш мекунад, ҳатто аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон мадад намояд ва баръакс ҳамватанони динзадаи мо, ки андеши динмеҳвар доранд, ҳатто дар дохили кишвар зарари худро ба Ватан мерасонанд. Ман мутмаинам, ки агар ҳар яки мо андешаи тоҷикмеҳвар дошта бошем, пас ояндаи дурахшон дорем. Душманони асосии давлати миллии тоҷикон имруз ҳамон ҳамватаноне ҳастанд, ки андешаашон динмеҳвар ва тафаккурашон динзада мебошад. Ба ҳамин хотир Пешвои миллати мо аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсӣ, кушиш карданд, ки душманони миллати мо ба ҳадафҳои зиддитоҷикии худ, яъне эъмори давлати исломӣ ноил нагарданд. Дар асоси ин муборизаҳои сиёсии Пешвои миллат маҳз принсипи тоҷикмеҳварӣ меистад. 

  Ҳамин тариқ  маҳз татбиқи принсипи тоҷикмеҳварӣ дар сиёсати давлат, ки  бо кушиши роҳбари  кишвари мо дар таи 29 соли Истиқлол амалӣ шуда истодааст, ба Тоҷикзамин имконияти рушди бонизоми иқтисодӣ, фарҳангӣ  ва иҷтимоиро фароҳам овард.

Бунёдгузори нахустдавлати Тоҷикӣ

  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Яке аз проблемаҳои асосии кишвари мо дар солҳои нахустини Истиқолол, албатта, норасоии кадрҳои баландихтисоси  маҳаллӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буд. Дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи экстремистони динӣ, қисми зиёди  кадрҳои баландихтисос - муҳандисон, олимон, омӯзгорон, табибони русзабон ва маҳаллӣ Тоҷикистонро тарк намуданд. Президенти кишвар дар чунин шароити мушкили иҷтимоӣ-сиёсӣ  ба барқарорсозии соҳаи маориф, тиб, иҷтимоиёт, фарҳанг шуруъ намуд. Дар давраи баъд аз низоъ дар Тоҷикистон  ташаккули элитаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии ватанпараст яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  роҳбари  мамлакат буданд. Дар натиҷаи коркарди стратегияи нави рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, Президенти кишвар ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ  афзалияти аввалиндараҷаро бахшид, чунки ин соҳаҳо тавлидкунанди сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин барои таъмини сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ мебоист робитаи доимии минтақаҳои Тоҷикистон таъмин гардад. Вобаста ба ин масаъала  бо ибтикори Президенти кишвар амалисозии лоиҳаи  “Нақби Анзоб”  шуруъ гардид. Президенти Тоҷикистон бо ҷумлаи таърихии "мо бо нохун бошад ҳам, нақби Анзобро меканем ва сохтмонашро ба анҷом мерасонем”, ки 20 майи соли 1999 дар оғози корҳои сохтмони нақби Анзоб садо доду ба шиори умумимиллии тоҷикон мубаддал гашт, умеди шаҳрвандони кишварро ба ояндаи дурхшон қавӣ намуд. Нақши нақби Анзоб дар расидан ба яке аз ҳадафи стратегӣ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон хеле назаррас аст, чунки он имкониятро барои рафтуомади шаҳрвандон, интиқоли мол ва савдо, ҳамкории  иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳои кишвар фароҳам овард. Албатта, дертар якчанд нақби дигар дар Тоҷикистон сохта шуданд, аммо нақби Анзоб ба назари мо рамзи барҷастаи Ваҳдати миллӣ мебошад,чунки он дорои аҳамияти бузурги  иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ барои миллати мост. Умуман дар давоми фаъолияташон Президенти Тоҷикистон саъйу кушиши худро барои ноил шудан ба 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намуданд. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ   Қулма- Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон ба истифода дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти ин шоҳроҳ ҳамчунин инкишофи инфрасохтории шаҳру деҳоти Тоҷикистон вусъат гирифт.  

Деҳаҳо шаҳрак ва “посёлка”-ҳо шаҳр шуданд

  Дар даҳсолаи гузашта таҳти роҳбари Президенти кишвар аксарияти деҳоти Тоҷикистон тадриҷан ба шаҳракҳои замонавӣ мубаддал гардида, соҳиби инфрасохтори гуногун гаштанд. Роҳбари давлат ба ҳалли масъалаҳои гуногуни дар деҳот мавҷудбуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунанд, зеро беш аз 73% аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Дар натиҷаи сиёсати ободкории роҳбарияти кишвар, дар шаҳракҳои наву куҳан мактабҳои нави замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, кохҳои фарҳанг, хонаҳои хизмати маишӣ, майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд, ки ин албатта заминаи устувори баланд шудани сатҳи зиндагии  аҳолии ин макон  мебошад. Саҳми Президенти кишвар барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле баланд аст. Зеро маҳз мавҷудияти иродаи қавии сиёсии Президенти Тоҷикистон сабаб гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳамсоякишварҳо анҷоми сохтмони НБО Роғунро дастгирӣ намуданд ва инак 2 агрегати ин иншоот неруи барқ истеҳсол мекунад. НБО Роғун таҷассуми нерӯи созанда ва иродаи шикастнопазири миллати тоҷик аст. Оғози фаъолияти ин нерӯгоҳ ба ҷаҳониён паём фиристод, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботи сиёсӣ пойдор асту мо қудрати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва амалӣ намудани сиёсати хориҷии мустақили худро  дорем. Президенти мо дар сохтмони НБО Роғун асосан ба мутахассисони миллӣ такя намуданд ва ин иқдоми роҳбари кишвар ба раванди ташаккули насли нави зиёиёни техникӣ, муҳандисон, коргарони баландихтисоси техникии маҳаллӣ ҳусни оғоз бахшид.

Фармони инқилобӣ

  Президенти Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафи сеюми стратегӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамчун сиёсатмадори дурандеш амал намуданд. Заминаи  расидан ба ин ҳадафи стратегӣ ҳануз дар вақти қабули Қарори стратегии Президенти Тоҷикистон оид ба тақсим намудани замин ба аҳолии деҳот гузошта шуд. Сокинони Тоҷикистони рӯзҳои мураккаб ва ниҳоят ҳассоси давраи аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус солҳои 1992-1994-ро хуб ёд доранд, ки яке аз  асоситарин масъалаҳои мубрами он вақт таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ба ҳисоб мерафт. Бо дарназардошти вазъи мураккаби иқтисодию сиёсии ҳамон давра, Роҳбари давлат дар хусуси ба мардум тақсим кардани заминҳои кишоварзӣ фармони инқилобӣ содир намуданд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа дар ҳамон замон ва имрӯз барои расидан ба ҳадафи сеюми стратегӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, мусоидат намуд. Бо гузашти чанд даҳсола ҳамаватанони мо аз ин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат, ки «заминҳои президентӣ» ном гирифт, бо қадрдонӣ ёд мекунанд.

  Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии иқтисодиёти Ватан ва аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон равона мебошад. Таҷрибаи муқовимат аз паҳншавии вируси COVID-19 бори дигар исбот намуд, ки  Президенти Тоҷикистон дар интихоби ҳадафи чоруми стратегӣ ҳақ баромад. Пандемияи вируси тоҷдор нишон дод, ки ҳар кишвар бояд соҳиби иқтисоди  саноатишуда бошад ва то ҳадди имкон худ молҳои ниёзи аввалро истеҳсол намояд. Баъд аз  пандемияи вируси COVID-19, кишварҳои муттарақии олам, кӯшиш хоҳанд кард, ки иқтисоди миллиашонро ҳарчӣ бештар аз вобастагӣ ба истеҳсолкунандагони хориҷӣ озод намоянд. Минбаъд ҳар давлати ҷомеаи ҷаҳонӣ кушиш хоҳад кард, ки истеҳсоли  доруворӣ, васоити ёрии аввали тиббӣ, хурокворӣ ва умуман маводи ниёзи аввалро бештар дар кишвари худ ба роҳ монад. Бӯҳрони COVID-19 ба раванди глобализатсияи иқтисодӣ, зарбаи ҷиддӣ  ворид сохт. Ба ҳамин хотир, Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар саноатикунонии иқтисодиёти миллиро амалӣ созад. 

Интихоби мо-Президенти мо

  Имрӯз умури идораи давлат бояд дар дасти сиёсатмадороне бошад, ки таҷрибаи зиёди сиёсӣ ва идоракунӣ доранд. Дар интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри 2020 баргузор мегардад, мо имрӯз ба ҳайси номзади арзанда маҳз сиёсатмадори таҷрибадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинем. Соли 2013 мо ба мисли аксари ҳамватанони худ Президенти Тоҷикистонро интихоб намудем. Дар давоми 7 соли гузашта, роҳбари давлати мо бо фаъолияти пурмаҳсули худ тамоми нуқтаҳои барномаи пешазинтихоботии худро барзиёд иҷро намуда, Ватани моро ба сатҳи нави тараққиёт бароварданд. Интихоби мо  интихоби комилан дуруст буд. Имрӯз ҳам ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз интихоби мо-ватандорони асил вобаста аст. Роҳбари кишвари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзади сазовор ба  мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, чунки  Пешвои ман, Президенти ман, Интихоби ман аст!

 

Рустам Ҳайдаров, 

доктори илмҳои фалсафа,  

муовини Директори Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи  А.Баҳоваддинови 

АМИ Тоҷикистон

http://cccp.tj/tj/component/k2/item/7415-peshvoi-man-prezidenti-man-intihobi-man.html?fbclid=IwAR3qNrV4CqT2RH3dGFCl7mOV6nrlnhAHcu5B8rOXvTDEtj37XIrxbYWU5g8 

Хондан 3424 маротиба