JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон», «соҳибқирони шоирӣ» ва «падари шеъри форсӣ» устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид кардааст:

   Субҳи дирӯз --- 15 сентябр қалби пуршӯру пурэҳсоси шоир, адиб, публитсист ва равшанфикри муосири миллӣ, устод Мирзо Боқӣ дар синни 74-солагӣ аз тапидан бозмонд. Қалбе, ки бо гармию ҳарорати ҳамешагӣ дар ёди миллият, Меҳан, халқ, инсоният метапид ва барои расидан ба аҳдофи олӣ дар тапиш буд. Аз бозе ки устод Мирзо Боқӣ худро шинохт, сарнавишташро бо шеъру сухан пайваст ва рисолати шоириро ба унвони миссияи адабӣ, фикрӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш гирифта, то вопасин лаҳазоти умр дар масири рӯшангарии миллӣ гомҳои устувор бардошт. Устод хуб дарк карда буд, ки тавассути шеъру каломи мавзун метавон ҷомеаро ангезаю таҳрик ва ба сӯйи огоҳӣ, шинохт, ҳушёрӣ ва бедорӣ савқ дод.

Ҷумъа, 13 Сентябри 2019 05:07

Илм ва истиқлолият

Муаллиф:

 Ҷомеаи  инсонӣ дар  баробари  пешрафти  илму фановарӣ рушд мекунад  ва  инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва  кашфиёти  олимон  мавриди истифодаи  башарият  қарор  мегиранд,  ки он  сабаби  некуаҳволии  инсонҳо  мегардад. Дар  ҳар  давру  замон  вазифаи  илм  дар  ҷомеа  ба  амал  овардани  донишҳои илмӣ-назариявӣ  буда, дастовардҳои он  дар  ҳаёт  татбиқ  мегардид. Таърихи  инсоният  вазифаҳои   асосии илмро  дар  ҷомеа  муайян  кардааст,  ки  иборатанд аз:

Ҷумъа, 06 Сентябри 2019 09:44

Симин ва мусиқӣ

Муаллиф:

 

  Дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори шоираи маъруфи Эрон Симини Беҳбаҳонӣ (1927 - 2014) ва вижагиҳои ғазали ӯ муҳаққиқону донишмандони хориҷу дохили кишвар таҳқиқоти пурарзише иншо намудаанд. Аммо доир ба муносибати ӯ ба мусиқӣ ва оҳанг, инчунин эҷоди суруд аз ҷониби оҳангсозону мусиқидонон ба шеърҳои ин устоди ғазал пажӯҳиши қобили таваҷҷуҳ ҳанӯз сурат нагирифтааст.

  Модоме сухан дар бораи суруду мусиқӣ рафт, месазад он нуктаро хотирнишон сохт, ки ҳанӯз аз нимаҳои дуюми асри гузашта сарояндагону мутрибони зиёде аз кишварҳои форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба шеърҳои ин устоди каломи бадеъ оҳангҳои дилнишин баста, сурудҳои фаровонеро эҷод намудаанд, ки ҳамеша тавассути телевизиону радио садо медиҳанд ва ҳамчун гавҳари гаронбаҳо дар хазинаи тиллоӣ ҷой гирифтаанд.

Китобҳо